Главная / Илм / ГАДУДХОИ УСОРАИ ДОХИЛи

ГАДУДХОИ УСОРАИ ДОХИЛи

gadudhoi-usorai-dokhiliГАДУДХОИ УСОРАИ ДОХИЛи, гадудхои эндокрини, гадудхои махсус, ки гормонхои хосилкарда ва ихрочнамудаи онхо бевосита ба хун, лимфа, моеъи хароммагз мегузаранд. Ба Г. гипофиз, чисми гурришакл, гадуди сипаршакл, гадудхои наздсипаршакл, гадудхои болои гурда, гипоталамус, гадуди зери меъда, хоя, тухмдон, гадуди чогар, хамрохак мансуб мебошанд.
Г. байни хам робитаи устувор дошта, системаи эндокринии томро ба вучуд меоранд. Системаи эндокрини зери назорати силсилаи асабхои маркази фаъолият менамояд; чузъи асосии тамос дар байни ин системахои мухимтарин гипоталамус мебошад. Баъзе хучайрахои дигар низ ба хун гормон ё моддахои биологии фаъоли шабехи онро ихроч мекунанд, хол он ки узвхои мазкур мансуби системаи эндокрини нестанд, мас., дил, меъда, руда, гадудхои оби дахон, гурда, чигар ва г.
Фаъолияти Г. дар натичаи тагйир ёфтани мухити атроф ва мухити дохилии организм дигаргун мешавад; дар ин гуна холатхо онхо бо рохи танзим ва худтанзим ихрочи гормонхои мувофикро зиёд ё, баръакс, кам мекунанд. Баъзан фаъолияти Г. бевосита аз чониби системаи гипофиз-гипоталамус танзим карда мешавад. Мас., биосинтези кортикостероидхо ва ба хун гузаштани онхоро гормони гипофиз (гормони адренокортикотропи), ки дар навбати худ тарашшухи он зери назорати кортиколиберинхои гипоталамус аст, танзим менамояд. Чунин тарзи танзим барои гадуди сипаршакл низ вучуд дорад (тиролиберин → гормони тиреотропи → гормонхои тиреоиди). Фаъолияти баъзе Г. аз чониби моддахои гуногуни табиаташон гайригормони низ танзим карда мешавад (мас., нейромедиаторхо, глюкоза, аминокислотахо, ионхо ва г.).
Ихтилоли фаъолияти бисёр Г. бо рохи табобат баркарор карда мешавад. Барои муоличаи ночурихои Г. аз усулхои чаррохи низ истифода мекунанд.
КЛ
Мавкеъи гадудхои усораи дохили дар чисми одам: 1 – гипофиз ва эпифиз; 2 – гадудхои наздсипаршакл; 3 – гадуди сипаршакл; 4 – гадудхои болои гурда; 5 – чазирачахои панкреатини (гадуди зери меъда); 6 – тухмдон; 7 – хоя.

С. Ч. Косимова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …