ГАДУДХОИ АРАК (Glandulae sudoriferae), гадудхои пуст, ки араки баданро хосил, чамъ ва ихроч менамоянд. Г. а. бахри танзими харорати организм ахамияти калон дошта, ба чисм буи махсус медиханд. Вобаста ба тарашшух Г. а. апокрини ва мерокрини мешаванд. Г. а.-и апокрини калон буда, дар пусти зери каш (багал), зери ноф, хоя, лабхои калони фарч, макъад чой гирифтаанд. Г. а. – и мерокрини хурд мебошанд; онхо дар пусти тамоми бадан вучуд доранд. Адади Г. а. хусусан дар кафи дасту по бисёр аст; дар бадан микдори онхо нисбат ба андомхои болои ва сар камтар мебошад.
Махсули Г. а. барои дар сатхи доими нигох доштани фишори осмосии хун ва моеъи байни хучайрахо ахамияти калон дорад; чунин амали физиологи дар натичаи ба тавассути арак хорич шудани обу намакхо сурат мегирад. Ахамияти арак дар ихрочи гармии барзиёди организм низ мухим аст. Он хамчунин махсули тачзияро, ки дар мавриди мубодилаи моддахо хосил мешавад, аз организм дур месозад.
Ба ночурихои Г. а. нукси инкишоф, тагйироти дистрофи, илтихоб, омосхои гуногун мансубанд.
Ниг. низ Арак, Аракшори, Пуст.
КЛ
Сохти пуст (накша): I – эпидермис; II – дерма (пуст); III – насчи зери пуст; 1 – муй; 2 – гадуди чарб; 3 – мачрои гадуди аракбарор; 4 – решаи муй; 5 – гадуди аракбарор.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …