Главная / Биология / Фотосинтез. Дар баргхо хосил шудани охар

Фотосинтез. Дар баргхо хосил шудани охар

Чи тавре ки шумо аллакай медонед, барои рушду инкишофи муътадили растанихо об, моддахои маъдани ва органики нихоят заруранд.

Об ва моддахои маъданиро растани аз хок кабул мекунад. Вале саволе пайдо мешавад, ки растанихо моддахои органикиро аз кучо мегиранд? Дар натичаи тадкикот маълум гардид, ки растанихо худашон кобилият доранд дар равшани аз моддахои гайриорганики (об ва гази карбонати хаво) моддахои органикиро хосил кунанд.

fotosintez

Ин ходиса раванди фотосинтез номида мешавад. Фотосинтез аз калимаи юнонй “фотос” — равшани ва “синтезис“ — пайвастаги, хосил мекунам, гирифта шудааст. Кобилияти фотосинтезкуни дош- тан ин хусусияти мутлако фарккунандаи растанихои сабз мебошад. Тамоми моддахои органикие, ки дар мева, тухм, бехмева, лундаме- ва, пиёзак ва гайрахо захира мешаванд, дар раванди фотосинтез хосил мегарданд.

Барои инро фахмидан тачрибаи зерин кумак мерасонад 52:. Ягон растании хонаги, масалан гули тутиё ё анчибар (ёронгул)-ро, ки баргхои пахни калон доранд, гирифта 3—4 шабонаруз дар чои (чевони) торик мегузорем. Бо гузашти ин муддат растаниро аз чои торик берун бароварда, ба харду тарафи яке аз баргхои он шакли ягон харфи (бо салохдиди худ) дар когази сиёх пас аз накшбанди бури- дашударо, ки пешаки тайёр карда шудааст, бо зуди мечаспонем ва нагз махкам мекунем, то ки дар байнашон равшани нагузарад. Шумо метавонед сабти “охар” (крахмал)-ро, ки дар когази сиёх накшбанди шудааст, истифода баред. Баъд тубаки растанидорро ба чои равшани офтобрас ё дар назди чароги барки мегузорем. Пас аз 6-8 соат баргро бурида, когази харфдорро аз он дур мекунем.

Баргро якчанд дакика дар оби чуш, баъд ба стакани спиртдор андохта, гарм мекунем. Вакте ки барг беранг шуд, онро гирифта мешуем ва дар лаълича пахн мекунем. Ба болои барги берангшуда махдули се- роби йод мерезем. Дар барги беранг дар он чойхое, ки равшани ра- сидааст, ранги кабуд пайдо мешавад. Яъне, бо таъсири равшани охар хосил шудааст. Зеро охар бо таъсири йод ранги кабуд пайдо мекунад. Зери когази сиёхи харфмонанд буридашуда бошад, беранг мон- дан мегирад. Зеро ба он чо равшани дохил намешавад (намерасад) ва охар низ хосил намешавад. Ва сабти харф, ё ибора ба хуби аён мегардад. Хамин тавр, охар факат дар равшани дар натичаи раван- ди фотосинтез хосил мешавад.

Тадкикотхо нишон доданд, ки дар барг аввал канд хосил мешавад ва он сипас ба охар ва дигар моддахои органики табдил меёбад.

Азбаски охар дар об хал намешавад, вай бо таъсири моддахои махсуси фаъол (ферментхо) ба канд табдил ёфта, аз барг ба дигар узвхои растани бурда мешавад. Хамин тавр, моддахои органикии дар вакти фотосинтез хосилшуда дар гизогирии органикии раста- нихо (гизогирии автотрофи) фаъолона ширкат меварзанд.

Акнун саволе пайдо мешавад, ки оё дар хамаи хучайрахои барг охар хосил мешавад? Барои ба ин савол чавоб додан чунин тачри- ба мегузаронем. Растании анчибари чипор (зеро баргаш хол-хол чойхои сафеди бехлорофилл дорад)-ро гирифта якчанд соат ба зери рушноии баланди офтоб ё назди чароги барки мегузорем. (Инчунин канори пахнаки баргаш низ зехаки сафед дорад). Баъд яке аз баргхои онро бурида гирифта, чун дар тачрибаи дар боло зикргардида беранг мекунем, Барги берангшударо 2-3 дакика дар махлу-ли сероби йод нигох медорем.

Мебинем, ки чойхои хол-хол сафед ва зехаки барги анчибари чипор кабуд нашудааст. Яъне, дар он чойхо охар хосил нашудааст. Зеро дар хучайрахои сабзи пахнаки барг хлоропластхо ва дар онхо пигменти хлорофилл хаст. Дар ин хел хучайрахо дар равшани охар хосил мешавад ва бо таъсири йод рангашон кабуд мешавад. Дар чойхои хол-хол ва зехаки сафеди барг хлоропластхои хлорофиллдор нестанд ва дар ин хел хучайрахо охар хосил намешавад ва бо таъсири йод беранг мондан мегиранд.

Хамин тавр, охар, канд дар равшании офтоб дар пластидхои ранги сабздоштаи хучайра — хлоропластхо хосил мешаванд. Ин ходисаро раванди фотосинтез меноманд.

  1. Барои хосил шудани охар дар барг кадом шароитхо заруранд?
  2. Хосилшавии охарро дар барг бо кадом тачриба исбот кардан мумкин аст?
  3. Чаро чои бо когази сиёх пушондашудаи барг бо таъсири йод кабуд намешавад?
  4. Чаро дар чойхои сафедранги барги анчибари чипор (хол-хол) охар хосил намешавад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …