Главная / Чамъият / Фондхои гайридавлатии нафака

Фондхои гайридавлатии нафака

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи фондхои гайридавлатии нафака

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, № 12, мод.661;  с. 2011, № 6, мод. 448;  Конуни ЧТ аз 27.11.2014 с., № 1162)

Конуни мазкур муносибатхои хукуки ва иктисодии марбут ба таъсис, фаъолият, азнавташкилдихи ва бархамдихии фондхои гайридавлатии нафакаро дар Чумхурии Точикистон танзим намуда, татбики хукукхои   шахрвандонро барои таъминоти ихтиёрии иловаги бо нафака таъмин менамояд.

Амали Конуни мазкур ба муносибатхое, ки хангоми анчом додани таъминоти нафакаи давлати ба миён меоянд, татбик намегардад. Конуни мазкур барои махдуд сохтани хукуки шахрвандони Чумхурии Точикистон  ба  сугуртаи ихтиёрии нафака ва сугуртаи ичтимои истифода бурда намешавад.

Боби 1.

Мукаррароти умуми 

Моддаи 1. Фондхои гайридавлатии  нафака

 Фонди гайридавлатии нафака (минбаъд–Фонд) шакли махсуси ташкилию хукукии ташкилоти гайритичоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шахрвандон бо нафака ба тарзи ихтиёри мебошад.

Фонд новобаста аз системаи давлатии таъминоти нафака ва илова ба он фаъолият менамояд.

Намуди истисноии фаъолияти Фонд аз таъмини гайридавлатии ихтиёрии  шахсони вокеи бо нафака дар асоси шартномахои нафака иборат мебошад.

Фаъолияти Фонд аз чамъоварии сахмхои нафака, чамъоварии активхои нафака ва бахисобгирии ухдадорихои нафакави, чойгиркунонии активхои нафака бо максади гирифтани даромад аз сармоя, таъинва пардохти нафакахои гайридавлати ба гирандагон ба тарзи ихтиёри  иборат аст.

Шахсони хукукие, ки ба талаботи Конуни мазкур нисбати фондхо  ба истифодаи калимахои «фонди гайридавлатии нафака» мувофикат намекунанд   дар номи худ дар хама холатхо хукук надоранд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фондхои гайридавлатии нафака  

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фондхои гайридавлатии нафака ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз  Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва инчунин санадхои байналмилалие, ки  Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мафхумхои асосие, ки дар хамин Конун истифода шудаанд  

Дар хамин Конун мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

cахмгузор – шахси вокеи ва ё хукуки, ки сахмгузории  нафакаро ба манфиати гиранда дар асоси шартномаи нафака анчом медихад;

маблаги гарав– маблаги пулие, ки Фонд ба сахмгузор – гиранда мепардозад ё бо супориши сахмгузор хангоми бекор кардани шартномаи нафака ба дигар фонд мегузаронад;

диверсификатсия – талаботи хатми оид ба хифзи активхои Фонд чихати махдудсозии чойгиркунонии онхо бо максади мухофизат аз хатари аз хад зиёд ва беасос;

шахсони мансабдори Фонд– шахсоне, ки сиёсати Фондро муайян мекунанд ё ваколатдоранд дар амалиёти асосии Фонд иштирок намоянд ё вокеан иштирок мекунанд, сиёсати Фондро ташаккул медиханд, сарфи назар аз он, ки онхо ройгон кор мекунанд ё барои он подош мегиранд;

даромади сармоягузори – даромаде мебошад, ки дар натичаи сармоягузории активхои нафакави ба даст меояд;

активхои нафака –  шакли активхои пулии (маблагхои пулии) Фонд, ки аз хисоби сахмхои нафака ва кисми даромад аз чойгиркунонии онхо ташаккул ёфта, дар хисобномахои нафака  ба хисоб гирифта шудаанд;

сахми нафакамаблаги пулие, ки сахмгузор мутобики шартхои шартномаи нафака ба манфиати гиранда мегузаронад;

шартномаи нафака – созишнома байни Фонд ва сахмгузор ба манфиати гиранда, ки мутобики он сахмгузор ухдадор мешавад, кисахми нафакавиро гузаронад ва Фонд ухдадор мешавад, ки ба гиранда нафакаи гайридавлатиро мутобики накшаи интихобнамудаи нафака пардозад;

маблаги чамъшудаи нафака – маблаги умумии сахмхои нафакави ва даромаде,  ки ба манфиати гиранда дар хисобномаи нафакаи у чамъ шудааст ва андозаи ухдадорихои пулии Фондро дар назди гиранда муайян менамояд;

коидахои Фонд – хуччате, ки муносибатхои байнихамдигари, хукуку ухдадори ва масъулияти Фонд, сахмгузор ва  нафакагирро муайян менамояд;

хисобномаи нафака – усули бахисобгирии тахлилии муомилоти сахмхои нафака ва пардохти нафака;

накшаи нафака – мачмуи шартхое, ки тартиби ташаккули маблаги чамъшудаи нафакавива пардохти нафакаро муайян менамояд;

нафакаи гайридавлати – маблаги пулие, ки ба гиранда мутобики шартхои шартномаи нафака таъин ва пардохт карда мешавад;

гиранда – шахси вокеие, ки шахрванди Чумхурии Точикистон, шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд буда, ба у мутобики шартномаи басташудаи нафака нафакахои гайридавлатибояд пардохта шаванд ё пардохта мешаванд;

ширкати идоракунанда (минбаъд-идоракунанда) – шахси хукукие, ки дорои ичозатнома (литсензия) буда, идоракунии активхои Фондро дар асоси шартномаи бо Фонд баста шуда  амали мегардонад.

 

БОБИ 2.

ТАЪСИС ВА ТАРТИБИ БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНД,

ИЧОЗАТНОМАДИХИ БАРОИ  ФАЪОЛИЯТИ ОН

Моддаи 4. Таъсиси Фонд

 

Фонд аз чониби шахсони вокеи ва ё хукуки хангоми мавчудияти мачмуи сахмхои муассисон (сахми муассис) тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.

Фонд шахси хукуки буда, дар асоси хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномаи Фонд амал намуда, хукук дорад дар каламрави Чумхурии Точикистон бахшхои худро кушояд.

Маблагхои пулии аз тарафи муассисон хамчун мачмуи сахмхо гузошташуда, ки барои фаъолияти оиномавии Фонд пешбини шудааст, моликияти Фонд  мебошад.

Фонд вобаста ба ухдадорихои худ бо хама маблагхои пули ва амволи марбутааш чавобгу буда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулиятро ба зимма дорад. Фонд вобаста ба ухдадорихои давлат, муассисон, сахмгузорон ва гирандагон чавобгу намебошад.

Муассисон, сахмгузорон ва гирандагон, инчунин давлат вобаста ба ухдадорихои Фонд чавобгар намебошанд.

Моддаи 5. Мачмуи сахмхои муассисони  (сахми муассиси) Фонд

 

Бо максади таъмини химояи хукукхои сахмгузорон ва гирандагон муассисони Фонд мачмуи сахмхои муассисон (сахми муассис)-ро ташаккул медиханд, ки он набояд аз андозаи панчох хазоркаратаи   хадди акали музди мехнат камтар бошад.

Хангоми гирифтани ичозатнома барои анчом додани фаъолият оид ба таъмини гайридавлатии нафака мачмуи сахмхои муассисон (сахми муассис) бояд пурра пардохта шавад.

Моддаи 6. Бакайдгирии давлатии Фонд ва ичозатномадихи барои фаъолият

 

Бакайдгирии давлаатии Фонд тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакаидгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» амали карда мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с., №737)

Фонд аз рузи гирифтани ичозатнома ба ичрои фаъолияти оинномави хукук пайдо мекунад. Ичозатнома тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» дода мешавад.

Моддаи 7. Хуччатхои таъсисии Фонд

 

Хуччатхои таъсисии Фонд  аз инхо  иборатанд:

– оинномае, ки  муассисони (муассиси) Фонд тасдик намудааст;

– шартномаи таъсиси, ки байни муассисони Фонд баста шудааст ва тартиби таъсиси Фондро муайян менамояд (дар холати зиёда аз як нафар будани муассис).

Дар оинномаи Фонд бояд инхо инъикос гарданд:

– номи пурра ва мухтасари Фонд бо хатман ворид намудани калимахои «Фонди гайридавлатии нафака» ва сурогаи хукукии он;

– мавзуъ (предмет) ва максади фаъолияти Фонд, тартиби идоракунии он;

– макомоти идора, назорат, тафтиш ва салохияти онхо, тартиби интихоб, бозхонд, инчунин масъулияти шахсони мансабдор;

– сохтор ва ваколати макомоти идоракунандаи Фонд, меъёри намояндаги дар макомоти идоракунанда;

– тартиби кабули карор;

– тартиби анчом додани назорати фаъолияти Фонд;

– тартиби хисоботдихии Фонд;

– тартиби нашри хисобот;

– тартиби таксими даромад аз чойгиркунонии активхои нафака;

– тартиби азнавташкилдихи, бархамдихии Фонд ва таксими амволи  он;

– тартиби ворид намудани тагйирот ба хуччатхои таъсиси.

Шартномаи таъсиси бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

– номи Фонд;

– сурогаихукукии Фонд;

– мавзуи (предмети) фаъолияти Фонд;

– маълумот оид ба муассисони Фонд;

– андозаи сахми муассисон хангоми таъсиси Фонд, инчунин тартиб ва шартхои интиколи он ба Фонд;

– дар бораи  макомоти идоракунандаи Фонд ва номгуйи ухдадорихои муассисон оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти Фонд.

БОБИ 3.

ФАЪОЛИЯТИ ФОНД

Моддаи 8. Вазифахои Фонд

 

Фонд вазифахои зайлро анчом медихад:

– накшахои нафакаро тахия менамояд;

– барои таъмини   нафака шартномахо мебандад;

– сахмхои нафакаро чамъ мекунад ва хисобномахои нафакаро пеш мебарад;

– бо максади анчом додани фаъолияти оинномави амволи худро ташаккул медихад, инчунин маблагхои пулии онхоро чойгир менамояд;

– бо  идоракунанда шартномахо мебандад;

– тавассути идоракунанда активхои Фондро чойгир менамояд;

– ба Фонд пурра ва сари вакт ворид гардидани сахмхои нафака ва ичрои ухдадорихои худро дар назди гирандагон назорат менамояд;

– таъин ва пардохти нафакаро анчом медихад;

– даромадро аз фаъолияти сармоягузори мувофики талаботи Конуни мазкур таксим мекунад;

– дар холати катъ гардидани шартномаи нафакави маблагхои дар хисобномаи  нафакави бударо (маблаги гаравро) ба сахмгузор-гиранда пардохт менамояд ё ба дигар Фонд интикол медихад;

– тибки тартиби мукарраргардида бахисобгирии мухосибавиро анчом медихад;

– оид ба фаъолияти худ ба макоми ваколатдор ва дигар макомоти давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маълумот пешниход менамояд;

–  ба сахмгузорон ва гирандагон оид ба  холати хисобномахои нафакавиашон, инчунин лоихахое, ки бо активхои нафака сармоягузори мешаванд, маълумот медихад.

Моддаи 9. Коидахои Фонд

Коидахои Фонд бояд инхоро дар бар гирад:

– номгуйи шакли накшахои нафака, ки Фонд истифода мебарад ва сабти онхо;

– шарт ва тартиби бастани шартномаи нафака, тагйир додан ва катъи амали шартнома;

– тартиби ба Фонд гузаронидани сахмхои нафака;

– тартиби ташаккул ва чойгиркунонии активхои нафака;

– тартиб ва шарти пардохти нафака;

–  хукуку ухдадорихои сахмгузорон ва гирандагон;

– шартхои масъулияти Фонд дар назди сахмгузорон ва гирандагон;

– шартхои ба миён омадан ва катъ гардидани ухдадорихои Фонд;

– тартиби ба дигар фондхои гайридавлатии нафакагузаронидани маблагхое, ки дар хисобномахои нафакави мавчуданд;

-тартиби баргардонидани маблагхо, ки дар хисобномахои нафакави мавчуданд (пардохти маблаги гарав) дар холати катъ гардидани шартномаи нафакави;

-меъёрхои муайян намудани хачми пардохти хизматрасонии Фонд, идоракунанда ва махфуздоранда (депозитарий) ва тартиби дар мавриди онхо фарохам овардани иттилоот ба сахмгузорон ва гирандагон;

– шарт ва тартиби ворид намудани тагйироту иловахо ба коидахои Фонд.

Ворид намудани тагйироту иловахо ба коидахои Фонд, ки ба хукук ва ухдадорихои сахмгузорон ва гирандагон дахл дорад, танхо хангоми розигии шахсони зикргардида ичозат дода мешавад.

Коидахои Фонд метавонанд дорои дигар мукаррароте бошанд, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон ва хамин Конун нестанд.

Коидахои Фонд бояд мутобики хамин Конун тахия гардида, тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор ба кайд гирифта шаванд.

Коидахои Фондро Шурои Фонд тасдик менамояд.

Моддаи 10. Шартномаи нафака

 

Шартномаи нафака бояд инхоро  дар бар гирад:

– номи тарафхо;

– мавзуи (предмети) шартнома;

– хукуку ухдадори ва масъулияти тарафхо;

– шакли накшаи нафака;

– шарт ва тартиби гузарондани сахм;

– шарт ва тартиби пардохти даромади сармоягузори;

– тартиби пардохти нафака;

– мухлати амал ва катъи шартнома, тартиб ва шартхои бекор кардан ё тагйир додани шартнома;

– реквизити тарафхо;

– тартиби танзими бахсхо ва дигар мукаррароте, ки хилофи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон намебошанд.

 

Моддаи 11. Ухдадорихои Фонд

 

Фонд ухдадор аст:

– фаъолияти худро мутобики хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномаи Фонд анчом дихад;

– хангоми аз чониби сахмгузор вайрон кардани шартхои накшаи интихобнамудаи нафака ё катъи гузаронидани сахмхои нафака хисоби фоизхоро ба маблаге, ки дар хисобномаи нафака чамъ шудааст, то гузаштани мухлати шартномаи нафака идома дихад;

– тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» оид ба ахдхо ва амалиёти шубханок ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм маълумот пешниход намояд; (КЧТ аз 27.11.14г., №1162)

– нигохдории нусхаи хуччатхоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, на камтар аз панч соли баъди анчом ёфтани муносибатхои кори таъмин намояд; (КЧТ аз 27.11.14г., №1162)

– бахисобгирии алохидаи сахмхои нафакавии гирандагон, бахисобгирии активхои нафака ва даромадро вобаста ба сармояхоанчом дихад.

Фонд хукук надорад бо тартиби яктарафа кароре кабул кунад, ки хукуки сахмгузорон ё гирандагонро вайрон ё махдуд намояд.

Бо максади хифзи манфиатхои гирандагон ба Фонд манъ аст:

–  намуди фаъолияти худро тагйир дихад;

– карз дихад, оид ба ичрои ухдадорихои пулии шахсони сеюм кафолат дихад ва амволи Фондро ба гарав гузорад;

– ба истиснои сахмхои нафака карз ё дигар навъи воситахои карзи гирад;

– хамчун муассиси ташкилот бо масъулияти пурраи амволи баромад кунад;

– вомбаргхо ва билетхои лотерея барорад;

– эмиссияи (баровардани) когазхои киматноки худро анчом дихад.

Моддаи 12. Хукуку  ухдадорихои сахмгузорон ва гирандагон

 

Хукуку  ухдадорихои сахмгузорон ва гирандагони Фонд мутобики хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки, коидахои Фонд, шартномахои нафака танзим мегардад.

Сахмгузорон хукук доранд:

– аз Фонд мутобики шартномаи нафака дар хачми пурра ичро намудани ухдадорихояшонро талаб намоянд;

– хамзамон ба сифати гиранда баромад кунанд;

– шартномаи нафакаро бекор кунанд, маблагхои дар хисобномахои нафака мавчударо тибки тартиб ва шартхои пешбининамудаи шартнома ба дигар фондхо гузаронанд ва чихати ворид намудаи тагйирот ба шартнома ташаббус зохир кунанд;

– накшаи нафакаро интихоб намоянд;

– хангоми бархамдихии Фонд як кисми амволро мутаносибан ба маблаге, ки дар хисобномаи нафака чамъ шудааст, гиранд;

– оид ба холати хисобномахои нафака ва фаъолияти Фонд иттилооти пурра гиранд;

– тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати амали Фонд шикоят пешниход кунанд.

Гирандагон хукук доранд:

– нафака гиранд;

– ба истиснои холатхои аз чониби Фонд ичро накардани ухдадорихои худ маблагхои дар хисобномахои нафака чамъшударо на бештар аз як маротиба дар се сол ба дигар фондхои нафака гузаронанд;

– маблагхои дар хисобномахо чамъшударо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба мерос васият намоянд ё ба дигар кас диханд;

– хамзамон ба сифати сахмгузор баромад кунанд;

– шартномаи нафакаро бекор кунанд ва хангоми  барои зисти доими хорич шудан аз каламрави Чумхурии Точикистон ё хангоми бархамдихии Фонд ё ба миён омадани холатхои фавкулоддаи раднашаванда маблагхои дар хисобномахои нафака чамъшударо гиранд;

– оид ба холати хисобномахои нафака ва фаъолияти Фонд маълумоти пурра ба даст оранд;

– тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбат ба амали Фонд шикоят пешниход кунанд.

Сахмгузорон ва гирандагон вазифадоранд:

– сари вакт, тибки хачм ва мухлатхои пешбининамудаи шартномаи нафака сахмхоро гузаронанд;

– хангоми катъи пардохти сахмхои нафака маблагхои чамъшударо то ба охир расиданимухлати шартномаи нафака дар активхои Фонд нигох доранд;

– сари вакт Фондро дар хусуси тагйироте, ки ба ичрои ухдадорихояшон дар назди Фонд таъсир мерасонад, огох намоянд.

Моддаи 13. Сирри тичорати

 

Маълумот оид ба андозаи сахмхои нафака дар хисобномахои нафака ва пардохтхои нафака сирри тичорати ба хисоб меравад.

Фонд хукук надорад маълумоти дорои сирри тичоратиро ба шахсони сеюм дихад. Маълумоти зикргардида метавонад, танхо дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба дигар шахс дода шавад.

Пешниход намудани маълумот ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм ифшои сирри хизмати, тичорати ва ё сирри дигари бо конун хифзшаванда намебошад. (КЧТ аз 27.11.14г., №1162)

Кормандони макоми ваколатдор хукук надоранд маълумоти дорои сирри тичорати ва дигар маълумоти марбут ба Фонд ва мизочони онро, ки вобаста ба мансаби ишголнамуда барояшон маълум гардидааст, ошкор созанд.

 

Моддаи 14. Бахисобгирии мухосибави ва хисоботдихи

 

Фонд мутобики санадхои меъёри дар бораи  бахисобгирии мухосибави, ки макоми ваколатдор тасдик намудааст, бо назардошти хусусиятхои хоси фаъолияти вобаста ба таъмини гайридавлатии нафака бахисобгирии мухосибави ва хисоботдихиро анчом медихад.

Бахисобгирии мухосибави бояд гирифтани хисоботро тибки мухтаво ва шакле, ки чавобгуи меъёрхои байналмилалии  бахисобгирии мухосибави мебошанд, таъмин намояд.

Хангоми бахисобгирии мухосибави Фонд набояд амволи барои таъмини фаъолияти оинномави таъингардида ва активхои нафакаро омехта намояд.

Фонд вобаста ба хар як накшаи нафака бо хачми сахмхои муайянгардидаи нафака бахисобгирии маблагхои нафакаи чамъшуда ва пардохтшударо алохида пеш мебарад.

Соли хисоботдихи соли таквими буда, аз 1 январ то 31 декабрро дар бар мегирад.

Хисоботдихии мухосибави ва мувозинахо вобаста ба амволи барои анчом додани фаъолияти оинномави таъингардида ва активхои нафака алохида тахия мегардад.

Хисоботдихии мухосибавии Фонд дар кисми активхои нафака вобаста ба натичаи соли хисоботи бо хулосаи аудити мустакил тасдик мегардад, ки кисми чудонопазири хисоботи солона оид ба фаъолияти Фонд мебошад.

Фонд ба макоми ваколатдори анчомдихандаи вазифахои назорати ва макоми дахлдори давлати тибки тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти худ хисобот пешниход менамояд. Фонд ухдадор аст на камтар аз як маротиба дар як сол хисоботи молиявиро нашр кунад.

Фонд хифзи хуччатхои вобаста ба хисобномахои нафакаи сахмгузорон ва гирандагонро аз санаи ба охир расидани   ухдадории Фонд дар чараёни се сол таъмин менамояд.

БОБИ 4.

АМВОЛИ ФОНД

 

Моддаи 15. Амволи Фонд

Амволи Фонд иборат аст аз:

– амволи худи, ки барои анчом додани фаъолияти оинномави таъин гардидааст;

– активхои нафака;

– фонди эхтиёти.

Даромадхои аз истифодаи маблагхои худии Фонд ба дастомада дар хачми пурра ба Фонд марбутанд.

Моддаи 16. Активхои нафака

Активхои нафака аз хисоби сахмхои нафака ва кисми даромад аз чойгиркунонии онхо, ки дар хисобномахои нафака ба хисоб гирифта шудаанд, ташаккул меёбад.

Маблагхои дар хисобномахои нафака чамъшуда барои пардохти ухдадорихои карзи ва дигар ухдадорихои сахмгузоронугирандагон истифода намегарданд ва аз чониби  макомоти давлатии Чумхурии Точикистон ба таври бахснопазир ситонида намешаванд.

Ситонидан танхо бо карори суд сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 17. Фонди эхтиёти

Фонд барои таъмини кафолати ичрои ухдадорихо дар назди гирандагон вобаста ба пардохти нафака фонди эхтиёти таъсис медихад.

Фонди эхтиёти аз хисоби зайл ташаккул меёбад:

– сахми даромади харсолаи сармоягузори;

– сарфаи маблаге, ки барои таъмини фаъолияти оинномавии Фонд нигаронида шудааст. Фонди эхтиёти дар Фонд алохида ба хисоб гирифта шуда, маблаги он дар шакли бозоргир нигох дошта мешавад.

БОБИ 5.

ЧОЙГИРКУНОНИИ АКТИВХОИ  НАФАКА

 

Моддаи 18. Принсипхои чойгиркунонии активхои нафака

Активхои нафака бояд мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон бо риояи принсипхои эътимодноки, хифз, бозоргири ва диверсификатсия чойгир карда  шаванд.

Моддаи 19. Чойгиркунонии активхои нафака

Активхои нафака ба манфиати гирандагон танхо бо максади хифз ва афзоиши онхо чойгир карда  мешаванд.

Активхои нафака чунин чойгир карда мешаванд:

– ба когазхои киматноки давлатии Чумхурии Точикистон;

– ба когазхои киматноки ташкилоте, ки дар биржаи сармояхои Чумхурии Точикистон арзиш дорад;

– ба депозитхо дар бонкхои Чумхурии Точикистон;

– ба амволи гайриманкул ва дигар навъи активхое, ки ба принсипхои чойгиркунонии дар моддаи 18 Конуни мазкур пешбинишуда мутобик мебошанд.

Фаъолияти Фонд оиди чойгиркунии маблагхои захирахои нафака ва сармоягузории онхо фаъолияти сохибкори хисобида намешавад.

 

Моддаи 20. Идоракунии активхои нафака

Фонд вазифахои идоракунии активхои нафакавиро мустакилона анчом медихад ё вазифахои идоракунии активхои худро ба ширкати идоракунанда, ки барои идораи активхои нафака тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дорои ичозатнома   мебошад, вомегузорад.

Фонд хукук дорад барои идоракунии активхои нафака хамзамон бо як ё якчанд ширкати идоракунанда шартнома бандад.

Идоракунанда  хукук дорад барои идоракунии активхои нафака хамзамон бо ду  ё якчанд  фондхо шартнома бандад.

Идоракунанда барои хифз, баргардонидашаванда будани активхои Фонд ва афзоиши он дар асоси шартномаи гарав ба маблаги на камтар аз 120 фоиз аз арзиши активхои додашудаи Фонд масъулияти пурраи модди ва молияви дорад.

Барои ичрои номатлуби вазифахои ба зиммааш гузошташуда ширкати идоракунанда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин шартномахои гарав ва сармоягузории дучонибаи байни идоракунанда ва Фонд басташуда масъулият дорад.

Идоракунанда ичрои талаботро оид ба диверсификатсияи активхои нафака, нигох доштани кобилияти харидории онхо аз хисоби интиколи сармоя ба лоихахое, ки даромадро кафолат медиханд, таъмин менамояд.

Идоракунанда активхои нафака ва даромадро алохида ба хисоб гирифта, аз руи онхо дар мухлати  мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба Шурои Фонд ва макоми танзимкунанда хисобот пешниход менамояд.

Идоракунанда хукук надорад вазифаи идоракунии активхои Фондро ба шахси сеюм интикол дихад.

Аз активхои нафака ситонидани карзхои идоракунанда ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 21. Хифзи активхои нафака, ки дар когазхои киматнок чойгир карда шудаанд

Бахисобгири ва интиколи хукук ба когазхои киматнок, ки ба активхои нафака чойгир карда шудаанд, дар асоси шартнома барои хизматрасонии махфуздоранда (депозитарий) сурат мегирад.

Махфуздоранда метавонад танхо шахси хукукие бошад, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои анчом додани фаъолияти касби вобаста ба когазхои киматнок ичозатнома дорад.

Махфуздоранда бахисобгирии хукук ба когази  киматнокро, ки дар он активхои нафакаи Фонд чойгир карда шудааст, бояд алохида аз бахисобгирии хукук ба амволи марбут ба махфуздоранда ё дигар шахсон, бо рохи кушодани хисобномаи алохида пеш барад.

Махфуздоранда наметавонад когазхои киматноки Фондро барои дигар максадхо, аз чумла барои амалиёти кредити ва асъори, инчунин  пардохти карзхои худ ва дигар ухдадорихо истифода барад.

Барои вайрон кардани шартхои шартномаи бо Фонд басташуда махфуздоранда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.

Моддаи 22. Таксими даромади сармоягузори

Даромади сармоягузори аз чойгиркунонии активхои нафака  таксим  мешавад:

– барои афзоиши активхои нафака – 70 фоиз;

– барои Фонди эхтиёти – 10 фоиз;

– барои пушонидани харочоти Фонд чихати таъмини фаъолияти оинномави ва молиявию хочаги – на бештар аз 20 фоиз.

БОБИ 6.

МАКОМОТИ ИДОРАКУНИИ ФОНД ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

 

Моддаи 23. Макомоти идоракунии Фонд

Хайат ва сохтори макомоти идоракунии Фонд тибки Конуни мазкур ва оинномаи  Фонд муайян карда мешавад.

Сохтори макомоти идоракунии Фонд бояд хатман макоми дастачамъи– Шурои Фондро дар бар гирад, ки бо тартиби  муаяйнкардаи  оинномаи Фонд  созмон дода мешавад.

Оинномаи Фонд бояд таъсиси Шурои сарпарастон-макоми дастачамъиро, ки вазифахои назорати ва таъмини назорати чамъиятии фаъолияти Фондро ба ухда дошта бошад, пешбини намояд.

Бо максади назорати фаврии фаъолияти макомоти ичроияи Фонд тибки оиннома комиссияи тафтишотии Фонд таъсис дода мешавад.

Муассиси (муассисони) Фонд:

– оинномаи Фондро тасдик менамояд;

– хайати Шурои Фондро ташкил ва низомномаи  Шурои Фондро тасдик менамояд.

Моддаи 24. Шурои Фонд

Макоми доимоамалкунандаи идоракунии Фонд – Шурои Фонд мебошад. Шурои Фонд рохбарии умумии фаъолияти Фондро амали менамояд. Сохтор, тартиби таъсис, салохият ва мухлати ваколати Шурои Фонд, тартиби кабули карорхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оинномаи Фонд муайян менамояд.

Аъзои Шурои Фонд барои ичрои вазифахояшон метавонанд мукофотонида шаванд, ба шарте, ки ин дар оинномаи Фонд дар назар дошта шуда бошад. Маблаги мукофоти аъзои Шурои Фонд  дар хачми  муайян мукаррар карда мешавад.

Ба салохияти Шурои Фонд дохил мешаванд:

– ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи Фонд;

– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директори генералии Фонд, муовинони у ва сармухосиб;

– интихоб ва муайян намудани лоихахои сармоягузори барои чойгиркунонии активхои нафака ва маблагхои худии Фонд;

– бастани шартнома бо идоракунанда ва бозхондани шартномахо;

– бастани шартнома бо махфуздоранда (депозитарий);

– чалби аудиторхо ва баходихандагони мустакил;

– тасдики коидахои Фонд ва ворид намудани тагйиру иловахо ба он;

– тасдики низомнома оид ба макоми ичроия, Шурои сарпарастон ва комиссияи тафтишот;

– тасдики тартиби таксими даромадхои сармоягузори;

– тасдики сметаи харочот оид ба таъмини фаъолияти оинномавии Фонд ва барои рушди он;

– тасдики хисоботи солона ва мувозинаи мухосибави бо назардошти хулосаи аудит;

– кабули карор дар бораи азнавташкилдихии Фонд ё мурочиат ба суд чихати бархамдихии он;

-вогузориикисми ваколатхои худ ба зиммаи  Раиси Шурои Фонд;

– халли дигар масъалахое, ки мутобики мукаррароти оиннома тахти салохияти он карор дорад.

Ба Шурои Фонд Раиси Шуро рохбари менамояд.

Моддаи 25. Макоми ичроияи Фонд

Бо максади амали намудани рохбарии фаврии фаъолияти Фонд оинномаи Фонд метавонад макоми ягонаи ичроия (директори генерали, раис) ва ё макоми дастачамъии ичроияи Фондро (дирексияи ичроияро) пешбини намояд.

Макоми ичроияи Фонд фаъолияти худро дар доираи ваколатхое, ки Конуни мазкур ва оинномаи Фонд муайян намудааст, анчом медихад ва тибки оинномаи Фонд ва низомнома дар бораи макоми ичроияи Фонд, ки Шурои Фонд тасдик мекунад, амали мегардонад.

Шахсони мансабдори Фонд ухдадоранд, чавобгуи  талаботи  хадди акали мукаррарнамудаи макоми ваколатдор бошанд. Шахсони мансабдори Фонд, ки интихоб (ё таъин) гардидаанд, тибки тартиби мукарраргардида чихати мутобикат ба талаботи хадди акали мукаррарнамудаи макоми ваколатдор аз мувофикаи хатмии макоми ваколатдор мегузаранд.

Шахс наметавонад аъзои Шурои Фонд, рохбар  (директори генерали) ё сармухосиби Фонд бошад, агар:

– дорои маълумоти олии  сохави  набошад;

– доги суди дошта бошад, ки  он тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори бархамхурда  ё бардошта нашуда бошад;

– агар у рохбари (сармухосиби) шахси хукуки бошад, ки бо рохи бархамдихи тахти расмиёти муфлиси карор дорад;

– агар мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз хукуки дохил шудан ба хайати макомоти идоракунандаи  шахси хукуки ё машгул шудан бо фаъолияти касби махрум гардида бошад.

Рохбари (директори генерали) Фонд бояд дар мансабхои рохбарикунанда дар фондхо, ширкатхои сугурта ё дигар ташкилотхои молияви на камтар аз панч сол   тачрибаи  кори дошта бошад.

Сармухосиби Фонд бояд вобаста ба ихтисос на камтар аз панч сол  ва ба сифати сармухосиб на камтар аз се сол тачрибаи кори дошта бошад.

Моддаи 26. Шурои сарпарастон

Бо максади назорати фаъолияти Фонд ва хифзи манфиатхои сахмгузорон ва гирандагон Фонд Шурои сарпарастон таъсис медихад.

Тартиби таъсис ва ваколатхои Шурои сарпарастонро оиннома ва низомнома оид ба   Шурои сарпарастон, ки бо карори Шурои Фонд тасдик шудааст, муайян менамояд.

Ба Шурои сарпарастони Фонд намояндагони ваколатдори муассисон, сахмдорон ва гирандагон дохил карда мешаванд. Хангоми овоздихи сахмдорон ва гирандагон бояд на камтар аз нисфи овозхоро дошта бошанд.

Аъзои Шурои сарпарастон вазифахои худро беподош ичро мекунанд.

Аъзои Шурои сарпарастон наметавонанд дар як вакт аъзои Шурои Фонд бошанд.

Хайати Шурои сарпарастон бояд аз се нафар кам набошад.

Моддаи 27. Комиссияи тафтишот

Бо максади таъмини назорати фаъолияти молиявии Фонд комиссияи тафтишот таъсис дода мешавад. Тартиби фаъолият ва хайати комиссияи тафтишот мутобики низомномаи комиссияи тафтишот ва оинномаи Фонд муайян карда мешавад.

БОБИ 7.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТ

ОИД БА ТАЪМИНИ ГАЙРИДАВЛАТИИ НАФАКА

 

Моддаи 28. Назорати фаъолияти Фонд

Назорати давлати ва тафтиши фаъолияти Фонд аз чониби макоми ваколатдоре, ки Хукумати Чумхурии Точикистон  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, анчом дода мешавад.

Макоми ваколатдор:

–                      назорат ва тафтишро чихати риоя шудани талабот аз чониби субъектхои муносибатхо оид ба таъмини гайридавлатии нафака, таъсис ва чобачокунии маблагхои эхтиётии нафака, таъсис ва сармоягузории маблагхои чамъшудаи нафака тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамояд;

–                      дар доираи ваколатхои худ чихати масъалахои танзими фаъолияти Фонд, аз чумла тартиб ва тавсияхои методи оид ба муайян намудани меъёрхои иттилооти ва намудхои хисобот, инчунин оид ба масъалахои назорат нисбати фаъолият карор кабул мекунад;

–                      коидахои Фондро ба кайд мегирад.

Санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор ба конунгузории Чумхурии Точикистон  мухолифат карда наметавонад.

Низомнома, сохтор ва вазифахои макоми ваколатдори давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. Харочоти нигохдории макоми ваколатдор аз хисоби маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон  амали мегардад.

Моддаи 29. Комиссияи давлати оид ба дарачабандии хатар

Барои дарачабандии хатар ба активхои молиявии Фонд, ки ширкатхои идоракунанда истифода мебаранд ва махдудиятхои вобаста ба он барои фаъолияти сармоягузори дар назди макоми ваколатдор аз хисоби намояндагони Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, Фонди хифзи ичтимоии ахолии назди Хукумати Чумхурии Точикистон  ва намояндагони фондхои гайридавлатии нафака комиссияи давлати таъсис дода мешавад.

Комиссияи давлати тадбирхои диверсификатсиониро оид ба хифзи активхои нафакаи Фонд тахия менамояд, ки махдудсозии сармоягузорихоро барои хамон як манбаъ, инчунин махдудиятхоро вобаста ба навъи актив дар бар мегирад.

Ширкати идоракунанда, ки бо он Фонд шартнома бастааст, бояд  талаботи диверсификатсияро катъиян риоя намояд.

Моддаи 30. Муносибати байнихамдигарии Фонд бо макомотхои  давлати

 

Дахолати макомотхои давлати ба фаъолияти фондхои гайридавлатии нафакави манъ аст, ба истиснои холатхои вайрон кардани конунхои Чумхурии Точикистон аз тарафи фондхо, ки барои онхо чавобгари пешбини шудааст.

Моддаи 31. Андозбандии Фонд

Фонд мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозбанди карда  мешавад.

БОБИ 8.

АЗНАВТАШКИЛДИХИ  ВА  БАРХАМДИХИИ ФОНД

 

Моддаи 32. Азнавташкилдихи ва бархамдихии Фонд

 

Фаъолияти Фонд метавонад бо рохи зайл катъ карда  шавад:

– азнавташкилдихи (муттахидшави, таксимшави,  хамрохшави, чудошави ва табдилёби);

– бархамдихи.

Азнавташкилдихии Фонд дар асоси карори Шурои Фонд бо мувофикаи макоми ваколатдор мутобики хулосаи аудитори мустакил анчом дода мешавад.

Хангоми азнавташкилдихи бояд хукукхои амволи ва дигар хукукхои Фонд таъмин карда шаванд.

Фондхое, ки дар натичаи азнавташкилдихи аз нав таъсис меёбанд, бояд мувофики Конуни мазкур аз кайди давлати гузаранд ва ичозатнома   гиранд.

Бархамдихии Фонд бо карори суд анчом дода мешавад.

Хангоми бархамдихии Фонд активхои нафака танхо барои конеъгардонии талаботи сахмгузорон ва гирандагон равона карда мешавад.

Маблагхо аз фуруши амволе, ки моликияти Фонд мебошад ва барои таъмини фаъолияти оинномавии он таъин гардидааст, хангоми нокифоягии активхои нафака ва хама гуна кредитхо мутобики навбати мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон (тибки тартибе, ки барои ташкилотхои карздиханда пешбини шудааст)  барои конеъгардонии талаботи сахмгузорон ва гирандагон  равона карда мешавад.

Маблагхои пулии дар Фонд бокимонда, аз чумла фоида аз фуруши амволи он, баъди ичрои хамаи ухдадорихо барои максадхое, ки дар оинномаи Фонд зикр гардидаанд, равона карда мешаванд.

Хангоми бархамдихии Фонд ваколати идоракунандаи корхои Фонд ба зиммаи комиссияи бархамдихи, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил гардидааст, мегузарад.

Аз лахзаи дар макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлатии Фонд ворид намудани сабт дар хусуси катъ гардидани фаъолият  бархамдихии Фонд хотима ёфта ва  Фонд бархамхурда ба хисоб меравад.

Комиссияи бархамдихи вазифадор аст сахмгузорон ва гирандагонро дар хусуси бархамдихии Фонд тавассути воситахои ахбори омма огох созад.

БОБИ 9.

Мукаррароти хотимавЇ

 

Моддаи 33. Баррасии бахсхо

 

Бахсхои сахмгузорон ва гирандагон бо Фонд бо рохи гуфтушунид ва машварати байни онхо ё тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал карор додани  Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода  шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали Рахмон

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2005,

№ 149

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …