Главная / Гуногун / Фирефтаи зебоги

Фирефтаи зебоги

Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки чон гуфта ва матмахи назараш чое хатарнок ва вартаи халок , на лукмае, ки мутасаввир шуди, ки ба ком ояд, ё мурге, ки ба дом афтад.

Чу дар чашми шохид наёяд зарат,
Зару хок яксон намояд барат.

Боре ба насихаташ гуфтанд: «Аз ин хаёли мухол тачаннуб кун, ки халке хам бад-ин хавас, ки ту дори, асиранду пой дар занчир». Гуфт:

куни калон«Дустон гу, насихатам макунед,
Ки маро дида бар иродати уст.
Чангчуён ба зури панчаву китф
Душманонро кушанду хубон дуст.

Шарти маваддат набошад, ба андешаи чон дил аз мехри чонон баргирифтан:
Ту, ки дарбанди хештан боши,
Ишкбози дуругзан боши.
Гар нашоядба дуст рах бурдан,
Шарти ёрист дар талаб мурдан.
***
Гар даст расад, ки остинаш гирам,
В-арна биравам, бар остонаш мирам».

Мутаалликонро, ки назар бар кори у буду шафкат ба рузгори у, пандаш доданду ниходанд. Суде накард.

Дардо, ки табиб сабр мефармояд,
В-ин нафси харисро шакар мебояд.

***
Он шуниди, ки шохиде ба нухуфт
Бо дилзадастрафтае мегуфт:
«То туро кадри хештан бошад,
Пеши чашмат чи кадри ман бошад!»,

Овардаанд, ки мар он подшохзодаро, ки манзури назари у буд, хабар карданд, ки чавоне бар сари ин майдон мудовимат менамояд, хуштабъу ширинзабон ва суханхои латиф мегуяду нуктахои бадеъ аз у мешунавад ва чунин маълум мешавад, ки дилошуфтаасту шуре дар сар дорад. Писар донист, ки дили у овехтаи уст ва ин гарди бало ангехтаи у, маркаб ба чониби у ронд. Чун дид, ки наздики у азм дорад, бигристу гуфт:

«Он кас, ки маро бикушт, бозомад пеш,
Моно, ки дилаш бисухт бар куштаи хеш!».

Чандон ки мулотифат карду пурсидаш: «Аз кучои ва чи ном ва чи санъат дони?» Дар каъри бахри маввадат чунон гарик буд, ки мачоли нафас надошт.

Агар худ хафт субъ азбар бихони,
Чу ошуфти «алиф», «бе», «те» надони

Гуфто:
– Сухане бо манн чаро нагуи, ки хам аз халкаи дарвешонам, балки халкабагуши эшонам?!
Он гах ба куввати ситиснои махбуб аз миён талотуми амвочи мухаббат Сар бароварду гуфт:

«Ачаб аст бо вучудат, ки вучуди ман бимонад.
Ту ба гуфтан андар оиву маро сухан бимонад».

Ин бигуфт ва наърае бизад ва чон ба хак таслим кард.

Ачаб аз кушта набошад ба дари хаймаи дуст,
Ачаб аз зинда, ки чун чон бадар овард салим?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …