Главная / Гуногун / Филми хинди

Филми хинди

Чунон ки гуфтам, вакте маро ба шуъбаи забони урду гузаронданд, дар бораи ин забон хеч тасаввуре надо- штам, гарчанде ки дар Точикистон он замон филмхои хинди хеле машхур буданд. Филмхои «Овора», «Бобби», «Чимми», «Раккоси диско» ва гайра хафтахо хонахои синаморо аз тамошобин пур мекарданд. Ёд дорам аввалин хархашаи хунин барои билети филми хинди дар кинотеатри «Точикистон» ба марг анчомида, вокунишхои зиёд ба бор оварда буд.

1461868997_5-pyanicaЗабонхои урду ва хинди ба ду хат – араби ва деванагри навишта шаванд хам, каблан як забон будаанд, вале дар асоси каш- макашхои сиёсию мазхаби тафовутхои хурде пайдо кардаанд. Ихтилофхои бар асари мочарои таксимоти пуркурбонии соли 1947 ба вучудомада сабабгор шуд, ки урду бештар ба истифо- даи вожахои форси ва хинди ба истифодаи вожахои санскрит тамоюл пайдо кунад. Вале ин тафовут бештар дар навиштор вучуд дорад, дар гуфтор харду як забонанд. Сарфу нахви харду забон хам якест, ки ин фарки лугавиро боз хам камрангтар мегардонад.

Вакте ин хакикат, ки забони хиндиро хохам донист, ба ман ошкор шуд, як дарача каноатманд шудам, зеро филмхои хин- диро, ки гох-гох синамои сайёр дар Панчруд ба намоиш мегу- зошт, хеле дуст медоштам. Махсусан, сурудхои ин филмхо хеле гушнавозу чолиб буданд.

Омухтани забони урду аз сабаби он, ки вожахои зиёди фор- си дошт, бароям мушкилие надошт. Фанхои дигарро хам ба осони хазм мекардам, бахусус, ки барномаи донишгох хеле сода буд ва дар асл ба мо хамон чизхоеро омузиш медоданд, ки пояашро дар мактаби миёна гузашта будем. Ахёнан бахои чор доштам, саъй мекардам хама бахохоям панч бошанд, зеро ин имкон медод, ки идрорпулии боло гирам.

Як имтиёзи асосии хондан дар факултаи шаркшиноси ин буд, ки донишчуёнро ба кишвархои хоричи барои тачрибаомузи ва кор мефиристоданд. Дар замони шурави сафар ба хорича ба кам касе муяссар мешуд. Чи тавре ки зикраш рафт, факултаи шаркшиноси хеле маъруф буд ва писарони нухбагону амалдо- рони зиёд дар ин чо тахсил мекарданд. Хар сол ба Хинд барои тачрибаомузи ду нафар донишчуи соли чорум – як нафар аз гурухи хинди ва як нафар аз гурухи урду бо яке аз устодон фиристода мешуданд.

Дар огози соли севуми хониш ман имкони ба хорича барои тачрибаомузи рафтани худамро баркашида дидам ва он ба на- зарам хеле ночиз намуд. Ягона афзалияти ман хамон бахохоям буданд, ки вокеан касе бо онхо ракобат карда наметавонист. Вале як фармоиш аз боло метавонист тамоми бартариеро, ки ман нисбат ба дигар хамкурсон доштам, ба сифр баробар ку- над. Агар хамин имтиёзи хоричарави набошад, хатмкардагони гурухи забони урду аз руи ихтисос кор ёфта наметавонистанд. Дар холати ба хорича барои тачрибаомузи рафтан имкони ба кори дипломати дохил шудан бештар мешуд. Вазорати хорича ва сафоратхои кишвархо хама дар Маскав буданд. Вагарна, ягона гузина барои хатмкунандагони ин шуъба, тагйир ва такмили ихтисос ба омузгории забону адаби точик буд, ки ман аслан худамро дар ин пеша хатто тасаввур карда наметавонистам.

Устоди забони урдуи мо муаллима Собирниёзова буданд. Рузе аз муаллима пурсидам:

– Муаллима, хамин саъю кушиши мо барабас нест?

  • Яъне чи? – чавоб баргардонд муаллима чилои айнаки зе- бояшро суям тофта.

Тавзех додам. Муаллима дар бораи фоидаи маълумоти оли гузорише доду гуфт:

  • Гайр аз ин тачрибаомузи меравед.

Ман бо истехзо гуфтам:

  • Бале, хатман яке аз мо меравад.
  • Шумо меравед, имкони рафтани Шумо аз дигарон бештар аст, – гайриихтиёр гуфт муаллима. У намедонист, ки ба чунин касе мисли ман набояд чизеро ваъда кард, зеро баъд факат бо ичро кардани он мешавад аз ман халос шуд. Рости, ман хам намедонистам, ки у чи гайрате дорад.
  • Мебинем, – гуфтам ман ва дарс идома ёфт.

Миёнахои соли чоруми тахсил байни донишчуён миш-миш сар шуд, ки аз Маскав сахмияи донишгох барои фиристодани донишчуён ба хорича содир шудааст ва ду нафар бояд ба Хинд мерафтаанд ва исм хам мебурданд, ки фалониву фалони ном- навис шудаанд.

Вакте муаллима ба дарси навбати омад, ман гуфтам:

  • Муаллима, Шумо нагуфта будед, ки имкони ба тачриба- омузи рафтани ман бештар аст?
  • Бале, – оромона чавоб дод у.
  • Пас, чаро исми дигарон номнавис шудааст? – пурсидам ман бо эътироз.
  • Ки? Киро номнавис кардааст? – бо шубха пурсид у.
  • Аз кафедра пурсед, – чавоб додам ман. Хама хамкурсон хомуш буданд.
  • Гайр аз шумо касе намеравад, Холиков! Ба дарс халал на- расонед, – каме асаби шуд у.

Баъд аз дарс вакте муаллима дар кафедра аз мудир мепур- саду маълум мешавад, ки сахмия омадааст, хохиш мекунад, ки интихоб дар асоси баррасии бахохои донишчуён сурат гирад, то ин ки хам адолат риоя шавад ва хам гапу калоча зиёд нашавад. Вакте муаллимаро бовар кунондани мешаванд, ки фалони аз соли гузашта нарафта монду шояд як нафар аз духтарон фири- стода шаваду гайра, муаллима сарохатан эълон мекунад, ки агар коида вайрон шавад ва адолат риоя нашавад, у ба шавхараш арз мекунад. Шавхараш сарханги КГБ, хадамоти бехатарии шурави будааст. Ин истидлоли муаллима чунон дандоншикан буд, ки рохи маро то Дехли софу хамвор кард, худо ачдоди муаллимаи азиз ва он сархангро биёмурзад.

Кисмат чи бозихое дорад, мане, ки аслан намедонистам, дар дунё забоне бо номи урду вучуд дорад ва аслан ба факултаи филологияи точик хуччат супурда будам, инак аз байни 16 дов- талабе, ки шояд ба сад умед ба ин шуъба дохил шуда буданд, ба хорича равон мешудам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …