Главная / Чамъият / Филармонияи Давлатии Точикистон дар шахри Душанбе

Филармонияи Давлатии Точикистон дар шахри Душанбе

Филармонияи давлатии Точикистон ба номи А. Чураев – яке аз муассисахои консертии тобеи Вазорати фарханги Точикистон мебошад. Муассисаи консерти дар пойтахти Точикистон – ш. Душанбе чойгир аст.

Филармонияи Душанбе

Таърих

Филармонияи давлатии Точикистон дар асоси Карори ШКХ ЧШС Точикистон мохи декабри соли 1936 таъсис ёфтааст. Ба хайати эчодии Филармонияи давлатии Точикистон бисёр хунармандон аз Театри мусикии точик, коллективхои касбию хаваскорон, инчунин хофизони машхури халкии нохияхои гуногуни чумхури чалб гардиданд. Бехтарин хофизону навозандагон, аз чумла навозанда М.Мавлонов, Хофизи халкии РСС Точикистон Шариф Чураев, С.Тухтаев ва дигарон дар ташаккул ва тачаддуди анъанахои мусикии классикию халки хиссаи арзанда гузоштанд. Сарварии хофизони кухистониро Хофизи халкии РСС Точикистон Шариф Чураев ба ухда дошт, ки ба ин даста Хофизи халкии РСС Точикистон Пири Садир, С. Бобиев, Б. Шарифов, Х. Шаболова, Г. Хасанова, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Дар хайати Филармонияи давлатии Точикистон Ансамбли тарона ва ракс, оркестри миллии созхои халкиро ташкил намуда, рохбари бадеии он Ленский А.С. ва ансамбли рубобчизанон (рохбар Шариф Бобокалонов), дертар Ансамбли суруд ва ракси «Помир» таъсис ёфт. Солхои минбаъда дар ин даргохи санъати точик – Чурабек Муродов, Малика Каландарова, Нигина Рауфова, Зафар Нозим, Шоиста Муллочонова, Мастона Эргашева, Точиддин Мухиддинов, Самариддин Саъдиев, Мирбобо Зиёев, Абдулло Назриев, Зухро Каримова, Хошим Назаров, Муродбек Насриддинов, Хосият Отикова, Афзалшо Шодиев, Хаётой Муъминова ва дигарон хунарнамои кардаанд.

Сафархои хунари

Хайати эчодии Филармонияи давлатии Точикистон дар Дахаи санъати точик дар шахри Москва (1941) Дахаи адабиёт ва санъати точик дар Москва (1957), Рузхои маданияту санъати точик дар Москва (1967), инчунин бисёр дахаю хафтахо ва рузхои адабиёту санъати точик дар чумхурихои ИЧШС иштирок намудааст. Ансамбли фолклории «Ганчина» соли 1986 бо Карори Вазорати фарханг ЧШС Точикистон таъсис шуда, рохбараш Хунарпешаи мардумии Точикистон Зафар Нозимов буд, алхол ба пурраги фаъолият дошта санъати мардуми точикро ба чахониён таргиб намуда истодааст. Дастахои хунарии Филармонияи давлатии Точикистон дар бисьёр кишвархои хоричи – Афгонистон, Эрон, Хиндустон, Туркия, Канада, ИМА, Япония, Австрия, Ирок, Булгория, Германия, Чехославакия, Мугулистон, Ветнам сафархои хунари карданд.

Дастахои хунарии консерти

Имрузхо сарварии ин боргохи хунарро хофизи мумтоз ва макбули хамагон, Хунарпешаи халкии Точикистон Афзалшох Шодиев ба зимма дорад. У пайваста барои баланд гардидани сатхи касбии хунармандони ин кохи хунар мекушад ва ният дорад, ки дар оянда онхо таргибгари фархангу хунари мардуми точик натанхо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар дигар мамолики чахон низ бошанд. Айни замон дар ФДТ ба номи А. Чураев дастахои хунарии зерин фаъолият доранд:

  1. Ансамбли тарона ва ракс – рохбар Хунарпешаи шоистаи Точикистон Абдумачид Бердиев.
  2. Ансамбли бонувони рубоби «Чаман» – рохбар Хунарпешаи халкии Точикистон Хаётой Муминова.
  3. Ансамбли «Шашмаком» – рохбар Хунарпешаи шоистаи Точикистон Хурсандмурод Зарифов.
  4. Оркестри созхои милли – сардирижёр Давлат Курбон.
  5. Ансамбли фолклори- этнографии «Ганчина» – рохбар Файзигул Юсуфова .
  6. Хори камерави – рохбар Елена Тиллоева.
  7. Ансамбли «Мехтариён» – рохбар Расул Юсуфов.
  8. Ансамбли камерави – рохбар композитор Шариф Бедаков.

Хунарпешагон

6 н. Хунарпешаи халкии Точикистон

12 н. Хунарпешаи шоистаи Точикистон 3 н. Арбоби хунари Точикистон

1 н. дорандаи ордени «Шараф» дарачаи 2

5 н, Дорандаи медали «Хизмати шоиста»

3 н. Дорандаи «Ифтихорнома»-и Президенти ЧТ

Боз нигаред

  • Хофизи халкии РСС Точикистон
  • Хунарпешаи халкии ЧШС Точикистон
  • Руйхати “Хунарпешаи халкии СССР аз Точикистон”

Манобеъ

Рохнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон. – Душанбе, 2010

Инчунин маводи судманд оиди Филармония дар сурогаи http://life.ansor.info/en/philharmoni-dushanbe/

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

andoz

Кадом намуди андозхоро Сохибкорони инфироди месупоранд.

Андози бизнесменхо чикадар аст? Маълумот дар бораи онки чикадар маблаг ва кадом намуди андозхоро сохибкорони …