Главная / Гуногун / Фехристхои давлати (КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН)

Фехристхои давлати (КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН)

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи Фехристхои давлати

 (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1992, №9, мод. 126; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, №23, мод. 356; соли 2002, №4, к-1, мод. 221; соли 2008, №12, кисми 2, мод.993)  

Боби 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максади Фехрист

Конуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва бархамдихии Фехристхои давлатиро мукаррар менамояд.

Максади таъсис ва корбарии  Фехристи давлатии Чумхурии Точикистон чамъовари ва махфуз нигох доштани маълумоти асоснок дар бораи мачмуи пурраи объектхои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти макомоти хокимияти давлатию идора ва дар дигар холатхои бо Конуни мазкур пешбинишуда мебошад.(КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 2. Таърифи Фехристи  давлати 

Фехристи давлати аз мачмуи далелхо иборат мебошад ва дар худуди категорияи аник муайянгардида маълумотхоро дар бораи тамоми объектхо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Фехристи давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки регистрхои алохидаро танзим мекунанд, сурат мегирад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 21 . Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Фехристи давлатч

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Фехристи давлатч ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

(КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 3. Намудхои  Фехрист

  1. Фехристи давлати, чумхурияви ва махалли шуда метавонад.
  2. Фехристи чумхурияви объектхои категорияхои дахлдорро дар Чумхурии Точикистон дар бар мегиранд (Фехристи корхонахо, Фехристи ахоли, Фехристи замин, Фехристи сарватхои табии ва гайра).
  3. Макомоти худидоракунии махалли барои такмили фехристи чумхурияви метавонанд захирахои махаллиро, ки мачмуи маълумотхоро барои худидоракунии махалли дар бар мегиранд, таъсис диханд (Фехристи кишлокхо, Фехристи бинохо ва гайра). (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Боби 2. ТАЪСИСИ ФЕХРИСТХОИ ДАВЛАТИ

Моддаи 4. Муассиси Фехрист ва корбари  Фехрист

 

Фехристи Чумхурии Точикистон дар асоси дархости макомоти давлати таъсис дода мешавад. Чамъовари, сабту нигохдори, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотхоро муассиси Фехрист ё макоме, ки корбари Фехрист номида мешавад, мебарад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 5. Таъсиси Фехристи Чумхурии Точикистон

  1. Фехристи Чумхурии Точикистон дар асоси дархости макомоти давлати бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад. Хангоми таъсис додани Фехристи Чумхурии Точикистон мавчудияти хуччатхои зерин зарур мебошад:

а) лоихаи Низомнома дар бораи Фехрист;

б) хулосаи макоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, чамъовари ва истифодабарии маълумотхо;

в) лоихаи  харчномаи Фехрист.

  1. Таркиби маълумотхои Фехрист бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Фехрист васеъ карда мешавад.
  2. Фехристе, ки маълумотхои шахсии шахрвандонро дар бар ме­гирад, бо Конуни алохидаи Чумхурии Точикстон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 6. Таъсиси Фехристи махалли 

Фехристи махалли бо карори макомоти худидоракунии махаллч дар худуди таркиби маълумотхое, ки дар Фехристи давлати пешбини шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар холатхои дигар бошад, макомоти худидоракунии  махаллч ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои гирифтани ичозати таъсиси Фехрист бо таркиби маълумотхои васеъ дархост, лоихаи Низомнома дар бораи Фехрист ва хулосаи макоми давлатии омори чумхуриро дар хусуси мувофики максад будани васеъгардонии таркиби маълумотхои Фехрист пешниход мекунанд. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Фехрист, мутобикати он ба меъёрхо

Таркиб ва усулхои истифодабарии маълумотхои Фехрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотхо бояд ба меъёрхои байналмилали мутобикат кунанд. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 8. Пешниход намудани маълумотхо

  1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Фехристи давлати хатми мебошад, ба истиснои маълумоте, ки тахти амали Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони иифироди» карор мегирад, аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки пешниход карда мешавад.
  2. Маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди аз тарафи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с №641)

Моддаи 9. Бархамдихии Фехристхои давлати 

Фехристи давлати аз тарафи макоме, ки таъсис додааст, бо пешниходи корбари Фехрист ва дар сурати мавчуд будани хулосаи макоми давлатии омори Чумхурии Точикистои дар хусуси мувофики максад будани бархамдихии Фехрист, бархам дода мешавад.

Маълумотхое, ки дар Фехристи бархам додашаванда нигох дошта мешуданд, ба бойгони супурда мешаванд ё мувофики Низомнома дар бораи Фехрист нобуд карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Боби 3. Фехристдори ва истифодаи фехристи давлати

 Моддаи 10. Хукук ва вазифахои фехристдор 

  1. Агар фехристдори давлати ба сахехии маълумоти фехрист шубха дошта бошад, хак дорад дар бораи объектхои бакайдгирифташуда ба маълумотдихандагон дархост равон намояд.
  2. Фехристдор вазифадор аст маълумотхоро аз истифода ва интишори гайриконуни, тагйир додан ва нобуд сохтан химоя намояд.
  3. Фехристдор вазифадор аст ба талаботу дархостхои дар кисми 1 моддаи 11 Конуни мазкур зикршуда дар давоми се рузи кори чавоб гардонад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 11. Хукук ва вазифахои объекти бакайдгирифташуда

  1. Хар кадом объекти бакайдгирифташуда ё сохиби он хак дорад аз корбари Фехрист маълумотхоеро, ки дар бораи объект дар Фехристи давлати нигох дошта мешаванд, гирад, хамчунин ба корбари Фехрист дар хусуси мавчудият, асосноки ё пуррагии он маълумотхо равон намояд.
  2. Объекти бакайдгирифташуда ё сохиби он вазифадор аст асоснокии маълумотхои барои ба Фехрист дохил кардан пешниходшуда ва тачдиди онхоро мувофики тартиби дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраргардида таъмин намояд.
  3. Объекти бакайдгирифташуда ё сохиби он вазифадор аст ба дархости дар кисми 1 моддаи 10 Конуни мазкур зикршуда дар да­воми дах рузи кори чавоб гардонад. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотхои фехрисхо

 

  1. Хукуки истифодаи хизматии Фехристи давлатиро шахсони  вокеи ва хукуки дар низомнома дар бораи Фехрист муайянгардида доранд.
  2. Истифодаи маълумотхои дар Фехристи давлати мавчудбуда бо максадхое, ки мухолифи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунгузории Чумхурии Точикистон ва Низомнома дар бораи Фехрист мебошанд, манъ аст.
  3. Маълумотхои дар Фехристи давлати мавчудбуда барои истифодабари дар кор ба шахсони  вокеи ва хукуки метавонанд мувофики Низомнома дар бораи Фехрист дода шаванд. Шахсе, ки ба у маълумотхои дар Фехрист мавчудбуда дода шудаанд, метавонад онхоро танхо барои максадхое, ки хангоми додани маълумотхо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотхо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онхо маълумотхои Фехрист дода шудаанд, дар архиви Фехрист махфуз дошта мешаванд.
  4. Барои таъмини сахехии маълумотхои фехристи давлати дар панч сол як маротиба объектхои фехрист аз нав ба кайд гирифта шаванд. (КЧТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 13. Додани кодхо ба объектхои бакайдгиранда

 

Баъди бо тартиби мукаррарнамудаи конун ба кайд гирифтани шахсоне, ки тахти амали Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукива сохибкорони инфироди» карор намегиранд, муассисахои бонкхо дар сурати мавчуд будани варакаи бакайдгирии додани кодхои макоми омори давлати, ки фехристи корхонаю муассисахо, фирмахо сарфи назар аз шаклхои моликияташон, инчунин сохибкорони инфиродиро ба кайд мегиранд, суратхисоб ва дигар хисобномахо мекушояд. (КЧТ аз 29.12.10с №641)

 

Моддаи 14. Чавобгарч барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеч ва хукукч, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарч кашида мешаванд.  (КЧТ аз 31.12.08с №459).

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                           Р. НАБИЕВ

11 марти соли 1992  шахри Душанбе

№ 564

 

 

 

 

 

КАРОРИ ШУРОИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Дар хусуси татбики Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бо­раи Регистрхои давлати»

 

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1992, №9, мод. 127)

 

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Регистрхои давлати» аз рузи нашр гардиданаш дар амал татбик карда шавад.
  2. Девони Вазирони Чумхурии Точикистон:

дар хусуси даровардани тагйироту иловахо ба конунхои чории Чумхурии Точикистон ба Шурои Олии Чумхурии Точикистон таклиф пешниход кунад;

карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро ба Конуни Чумху­рии Точикистон «Дар бораи регистрхои давлати» мувофик намояд.

 

 

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                 С. КЕНЧАЕВ.

11 марта соли 1992  шахри Душанбе

№ 565

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …