Главная / Маданият ва санъат / Фазилати шаш рузи аввали мохи шаввол

Фазилати шаш рузи аввали мохи шаввол

Фазилати шаш рузи аввали мохи шаввол

Расули акрам (с) фармуданд, ки касе баъд аз рузаи мохи Рамазон шаш рузи аввали шаввол бевосита руза дорад, гуё як соли мутассил руза дошта бошад. Як сол сесаду шаст руз бошад.

Касе си рузи мохи Рамазон руза дошта бошад, гуё сесад руз савоби руза доштанро ёфта бошад. Шаш руз аз мохи шаввол руза дошта бошад, шаст руз савоби руза доштанро ёбад. Аз руи ояи карима савоби яксола рузаро дар девони аъмоли у нависанд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар ки баъд аз тамом доштани рузаи мохи Рамазон шаш руз пай дар пай аз мохи Шаввол руза дорад, аз гунох чунон пок гардад, ки гуё аз модар нав таваллуд ёфта бошад.

Овардаанд, ки хар ки дар ашараи зулхичча руза дорад, Аллох таъоло дах чизро ба он банда ато кунад:

Аввал, дар умри у баракат ато кунад.

Дувум, моли уро зиёда кунад.

Сеюм, ахлу аёли уро аз офот ва балиёт нигох дора           д.

Чахорум, он рузаро кафорати гунохони у гардонад.

Панчум, хасаноти уро музоаф гардонад.

Шашум, сакароти мавти уро осон кунад.

Хафтум, кабри уро равшан гардонад.

Хаштум, дар мизон хасаноти уро зиёда гардонад.

Нухум, аз оташи дузах халоси бахшад.

Дахум, дарачаи уро дар бихишт баланд гардонад.

Ашараи зулхичча дах рузи пеш аз иди курбонро гуянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки Аллох таъоло тавбаи Одам  (а)-ро дар рузи аввали зулхичча кабул кард.

Хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло чамиъи гунохони уро магфират кунад. Рузи дувуми зулхичча Аллох таъоло дуъои Юнус (а)-ро кабул карда, аз шиками мохи  уро халоси бахшид. Хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло 1 яксола ибодат дар номаи аъмоли он банда мактуб гардонад, ки дар он ибодат хеч гунохе набошад. Сеюми зулхичча Аллох1 таъоло дуъои Закариё (а)-ро мустачоб карда, Яхё (а)-ро ато кард. Хар ки дар он руз руза дорад Аллох таъоло дуъои он1 бандаро кабул гардонад. Чахоруми зулхичча Исо (а) таваллуд ёфта буд, хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло камбагалиро аз он банда дур гардонад. Панчуми зулхичча Мусо (а) таваллуд ёфта буд; хар ки дар он руз руза дорад Аллох таъоло уро аз бадбахти нигох дошта, аз азоби кабр нигох дорад. Шашуми зулхичча Аллох таъоло Хайбарро бар дасти ман фатх гардонид, Хайбар номи як мавзеъест, ки Расули акрам (с) дар чанг уро шикаста гирифта буд. Хар ки дар он руз руза дорад Аллох таъоло ба назари рахмат бар он банда назар кунад, баъд аз он уро азоб накунад. Хафтуми зулхичча дархои дузахро банданд, то гузаштани ашараи зулхичча кушода нашаванд. Хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло си дар аз дархои сахтиро бар вай бандад ва си дар аз дархои осониро бар вай кушода гардонад. Хаштуми зулхичча явми тарвия аст; хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло ачре ба он банда ато кунад, ки гайр аз Аллох таъоло касе хисоби уро надонад. Нухуми зулхичча рузи арафа бошад; хар ки дар он руз руза дорад, Аллох таъоло гунохи яксола гузашта ва яксола ояндаи уро авф гардонад. Дахуми зулхичча явми узхияаст; хар ки дар он руз курбони кунад, ба хар катраи хуни курбонии он Аллох таъоло гунохи у ва гунохи ахлу аёли уро магфират кунад ва хар ки аз курбонии худ ба мусулмонон таом карда дихад ё аз гушти курбони садака кунад, тарозуи савоби уро аз кухи ухуд вазнин гардонад.

Хикоят. Овардаанд, ки Сафёни Саври рахматуллоху алайхи ба вилояти Басра рафта буд. Шабе аз шабхои ашараи зулхичча ба гуристоне сайр мекард. Дид, ки аз як кабр нуре ба осмон мебарояд, дар андеша шуд, ки сохиби ин кабр чи амал карда бошад. Аз он кабр овоз баромад, ки ё Сафён, ман аз рузадорони ашараи зулхичча будам, Аллох, таъоло ба  сабаби он ин хама нур ба ман ато кардааст.

Расули акрам (с) фармуданд, ки шахсе бедор бошад ва ибодат кунад дар шаби аввали мохи рачаб, Аллох таъоло пок гардонад уро аз гунох мисли рузи таваллуд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар касе аз уммати ман аз шабхои мохи рачаб бист ракаат намозро ба дах салом хонад – дуракаати дар хар ракаат баъд аз фотиха, яъне баъд аз алхамд сураи ихлосро як бор хонад, Аллох таъоло ахлу байти уро аз балохои дунё ва азоби охират дар хифзу амони худ нигох дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки рузи аввали мохи рачаб кафорати сесола гунохон аст. Рузи дувуми мохи рачаб кафорати дусола аст, рузи сеюми мохи рачаб кафорати яксола аст. Руза доштан дар дигар рузхои мохи рачаб хар руз кафорати якмоха аст.

Хикоят. Савбон разияллохи анху ривоят мекунад, ки хамрохи Хазрати Расули акрам (с) ба чое мерафтем. Ба назди гуристоне гузар кардем. Пайгамбар (с) ба макбарае расида истод ва гиряи сахт карда, баъд аз он дуо карданд.

Пурсидам, ки ё Расулаллох, барои чи гиря кардед?

Пайгамбар (с) гуфтанд: – Ё Савбон, сохиби ин кабр ба азоб гирифтор будааст, ки гиря ба ман голиб шуд, дуо кардам Аллох таъоло азоби уро сабук гардонид. Ё Савбон, агар ин мард як руз аз мохи рачаб руза медошт ва як шаб аз он мох бедори мекард, ин хама азоби кабрро намедид.

Гуфтам: – Ё Расулаллох, ба як руз руза доштан ва ба як шаб бедори кардани мохи рачаб аз азоби кабр начот медихад?

Расули акрам (с) гуфтанд: – Ё Савбон, касам ба он Худойе, ки маро Пайгамбар ба халк фиристода аст, агар мард ё зани мусулмон як руз аз мохи рачаб руза дорад ва як шаб бедори  кунад, Аллох таъоло дар номаи аъмоли он банда савоби яксола бедории шабро нависад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар ки аз уммати ман руза 1 дорад, се рузи аввали шаъбон ва се руз аз мобайни шаъбон ва се руз аз охири шаъбон, Аллох таъоло ба он банда савоби хафтод обидро ато кунад ва хар кадоми он обидон хафтод сол ба Аллох таъоло ибодат карда бошанд. Савоби ин хама ибодатро дар номаи аъмоли он бандаи рузадори мохи шаъбон нависанд ва агар он банда дар он сол бимирад, шахид бошад.

Расули акрам (с) фармуданд: – Хар бандаи муъмин таъзими мохи шаъбонро карда, амали солех ба чо оварда худро аз гунох нигох дошта бошад, Аллох таъоло хама гунохони уро магфират карда, дар он сол аз чамиъи балохо ва касалхо дар амони худ нигох дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби понздахуми мохи шаъбон шаби Барот аст. Хар гохе ки шаби Барот биёяд, он шабро муборак дониста, шабро ба намозу истигфор гузаронида, он руз руза доред. Вакти шом фариштае ба фармони Аллох таъоло муноди кунад, ки кист аз намозгузорони шаби Барот ва рузадорони руз? Хар хочатее, ки  хохад, Аллох таъоло хочати уро раво гардонад. Кучост истигфорхохандагон, ки Аллох таъоло магфират кунад онхоро ва кист ризку рузи талабкунанда, ки Аллох таъоло ризки уро зиёда гардонад.

Расули акрам (с) фармуданд, хар ки дар шаби Барот сад ракаат намоз гузорад, дар хар ракаат баъд аз “Фотиха” панч бор сураи “Ихлос” бихонад, Аллох таъоло амр кунад панчсад хазор фариштаро, ки ба дасти хар кадоме аз онхо дафтаре аз нур бошад, то бинависанд савоби намози баротхонандагонро.

Гуфтанд Наби (с): касам ба он Худойе, ки маро ба халк Пайгамбар фиристодаст, хар ки дар шаби барот салавот фиристад бар ман, ато мекунад Аллох таъоло бар он банда савоби пайгамбарони мурсал ва фариштагони мукаррабро.

Илохо, ба хурмати мохи шаввол ва ашараи зулхичча ва мохи рачаб ва мохи шаъбон ва шаби барот хамаи бандагони муъмин ва муъминотро тавфики руза доштани ин моххоро арзони дори ва аз азоби кабр начот дода, дар бихишти анбарсиришт дохил гардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …