Главная / Гуногун / Фазилати исми Ваххоб

Фазилати исми Ваххоб

«Ё Ваххоб» – эй багоят бахшандаи анвоъи атоё ва ниами зохиру ботин бесабаб ва бегараз. Ва асхоби даъвоти ин исм ва мустафидони хосиёти асмо фармудаанд, ки ин исмест кассиру-л-баракот ва азиму-л-хосиёт ва сабаби суръати ичобати даъват ва хосиёти у аз он бештар аст, ки ба такриру баён рост ояд.

Ва акобирон фармудаанд, ки хар ки хохад дуое бикунад, хафт бор «Ё Ваххоб» бигуяд, албатта уро Хазрати Хак субхонаху ва таоло ичобат кунад.

Ва хар кас, ки чизе талабад, ё ба дасти хасме дар кайд афтад ва гирифтор бошад, ё дар ризки у танги бошад, ё дар касби у бисёр манфиат набошад, ё соликеро дар рох фатхе[1] падид наёяд, бояд, ки се шаб, ё хафт шаб дар нимаи шаб вузу созад ва ду ракъат намоз бикунад ва cap барахна кунад ва ду даст бардорад ва сад бор «Ё Ваххоб» бигуяд ва баъд аз он рафъи хочот бикунад ба Чаноби Хазрати Козию-л-хочот. Ва Хак субхонаху ва таоло хочати уро раво гардонад.

Ва гуфтаанд, агар касе мудовимат намояд бар он, ки баъд аз намози чошт сачда кунад ва хафт бор «Ё Ваххоб» гуяд, Хак субхонаху ва таоло уро тавонгари бахшад.

Ва хар ки бар адади таксир (14 бор) даъват кунад, ин исмро муддати чихил руз ба хузури калб ва меъдаи холи, он чи толиби он аст ёбад.

Ва манкул аст, ки азизе яке аз машоихро дид, ки бо муридону асхоб хама агниёанд. Аз баъзе аз он муридон пурсид, ки:

  • Шайх шуморо аз асмо кадом исмро талкину таълим карда?

Он мурид гуфт:

  • Мудовимати мо бар исми «Ваххоб» аст.

Рубои:

Он чо, ки камоли Кибриёи Ту бувад,

Олам наме аз бахри атои Ту бувад.

Моро чи хад(д)и хамду санои Ту бувад,

Хам хамду санои Ту сазои Ту бувад.

Ва дар «Сунани Тирмизи» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Нест бандаи мусалмоне, ки гуяд дар вакте, ки шом дарояд ва дар вакте, ки субх дарояд се бор:

«Разийно биллохи таоло Раббан ва би-л-исломи динан ва би-Мухаммадин саллаллоху алайхи ва саллам набийян».

Магар он, ки мебошад вочиб бар Худои субхонаху ва таоло ин, ки рози гардонад уро рузи киёмат.

Ва дар «Сахех»-и Муслим омада, ки марде пеши Хазрати Рисолатпанохи (с) омад ва гуфт, ки:

  • Ё Расулаллох (с), васф наметавонам кард он чи бар душ кашидам аз газидани акраб[2]. Пайгамбар (с) фармуд, ки:
  • Бидон ва огох бош, агар мегуфти дар вакти шом «Аузу бикалимотиллохи-т-томмоти куллихо мин шарри мо халак», зарар намерасонид туро акраб.

Ва низ дар «Сахехи  Муслим» омада, ки фармуд Пайгамбар (с), ки: Хар ки фуруд ояд дар манзиле, пас гуяд:

«Аузу бикалимогиллохи-т-томмоти куллихо мин шарри мо халак».

Хеч чиз зарар намерасонад уро, то он замон, ки куч кунад аз он манзил.

Дар «Сунан»-и Тирмизи ва Ибни Моча омада ин маъни, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Хар ки гуяд дар аввали хар рузе ва дар аввали хар шабе се бор:

«Бисмиллохи-л-Лази ло язурруху маа исмихи  шайъун фи-л-арзи ва ло фи-с-самои ва Хува-с-Самиъу-л-Алим».

Зарар намерасонад уро хеч чиз.

Агар касе «Аллохумма салли ало Мухаммадин фи кулли вактин ва хин» гуяд ва баъд аз он хомуш нишинад, хамчунон аст, ки хамеша ба салавот гуфтан машгул бошад. Ва агар ин дурудро гуяд ва хоб кунад, дар замони хоб кардани вай хукм кунад Худои таоло ба фариштагони худ, ки: Бар вай салавот гуед. Ва агар ин дурудро як бор бигуяд ва баъд аз он бимирад, замони хуфтидани у дар гур хукми он дорад, ки ба салавот гуфтан машгул бошад вай ва баъд аз он низ.

Байт:

Бедил, аз сози дилу дасти тихи шармандаам,

Чуз дуо дигар чи ояд аз мaнy сомони ман.

[1] Фатх – кушоиш.

[2] Акраб каждум.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Муборизаи миллию озодихохии халки Корея

Дар Корея хукмрон шудани истилогаронн Чопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онхо мардумро …