Главная / Маданият ва санъат / Фазилати дарвеши

Фазилати дарвеши

Фазилати дарвеши

Бидон, ки факр фахри анбиёст, чунончи Расул (с) фармуданд, ки

дарвеши фахри ман аст ва факири собир некутар аз тавонгари шокир аст.

Хикоят. Саид бинни Омир аз сахобахои пархезгор буд ва бисёр камбагал буд. Амирулмуъминин Умар (р) аз байтулмол, яъне аз хазинаи умуми хазор динор назди вай фиристод. Чун зар ба Саид (р) расид, гирён шуд ва хамчунон гирён ба хонаи худ даромад. Оилаи мубораки вай савол кард, ки чи чиз гирёнид туро.

Саид гуфт: – Вокеае афтодааст, ки наздик аст аз саъодати дарвеши махрум монем.

Гуфт: – Чи афтод?

Саид гуфт: – Амиралмуъминин аз байтулмол хазор динор фиристода аст.

Пас аёли вай низ ба гиря даромад. Он шаб то руз хар ду мегиристанд ва мегуфтанд: – Худовандо, чи гунох кардаем, ки дунё ба мо руй овардааст?

Чун бомдод шуд, Саид (р) чомаи кухнаи худро пора-пора 1 кард ва зархоро гирех-гирех мебаст, баъд аз он он гиреххоро дар остини чомаи худ нихода аз хона берун омад ва хар киро медид, як гирехе аз онхо мекашид ва ба у медод, то хамаашро бидод. Як дирам дар хакки худ сарф накард. Баъд аз он гуфт:

– Аз Расули акрам (с) шунидам, ки фармуд: – Дарвешони уммати ман панчсад сол пеш аз тавонгарони уммати ман дар бихишт дароянд.

Накл аст, ки дар он рузи киёмат марде аз чумлаи тавонгарон худро дар миёни онхо андозад ва хохад, ки ба бихишг дарояд. Фаришта дасташ бигирад ва аз миёни онхо берунаш ораду гуяд: – сабр кун, ки хануз вакти даромадаии ту нест ва панчсад сол уро дар офтоби гарми киёмат дар хисобгох бидоранд, то хисоби моли худ бидихаду он гох ба бихишт равад.

Он гох Саид касам ёд кард, ки савганд бад-он Худое, ки Мухаммад (с)-ро ба рости ба халк фиристодааст, агар хамаи оламро аз моли халол пур кунанд ва ба ман диханд, бо ин дарвешии худ иваз накунам.

Назар кун, ки дарвешони он замон чи гуна будаанд ва кори дарвешони ин замон ба кучо расидааст?

Илохо, ба хурмати дарвешони содик моро ба шафоати онхо бирасон.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …