Главная / Гуногун / Фалсафаи эхё ва замони нав

Фалсафаи эхё ва замони нав

Мазмун ва хусусиятхои фалсафаи Эхё

Давраи Эхё (лотини Ренессанс, ба руси Возрождение) аз огози асрхои XIV  то интихои асри XVI-ро дарбар мегирад, ки аз чихати ходисахои ичтимоию фарханги давраи нихоят бою пурсамар ва пурмухтаво мебошад. Дар ин давра рухияи аз нав зинда кардани тамаддуну фарханги бостонии Аврупо, ки намунаи баланди он фарханги Юнони кадим аст, хукмрон буд. Он аз бозгашт, нусхабардории тамаддуни гузашта ибтидо ёфта, то ба ташаккули илму фарханги наву тоза дар сатхи баландтаре анчомид.

Намоёнтарин  ходисахои ин давра: огози муборизаи сиёси ва мафкурави бо сохти феодали ва калисои  католики; пайдоиши суннати инсондусти (гуманизм); огози харакати ислохталаби (реформатсия)-и дини насрони; инкилоби амик дар чахонбини ва сурати илмии олам.

Дар ин давра  дар хама сохахои фарханг барчастатарин шахсиятхо, ки то имруз осорашон намунаи шохкорихо ва шохасархо ба шумор мераванд, ба миён омаданд. Аз чумла, дар сохаи адабиёту фарханг, муаллифи «Базм» ва «Мазхакаи илохи»-и Данте Алигер, «Кантсисер» ва сонатахои Франсиско Петрарка, муаллифи «Декамерон»-и Чованни Боккаччо, хамчунин адибон Вилям Шекспир, Сервантес, Ф.Рабле, мусаввирон Леонардо да Винчи, Раффаэлло Санти, хайкалтарош Микеланчело Бусмарати мебошанд.

Дар сохаи илм ва фалсафаи табиат Николай Коперник (1473-1543), Галилео Галилей (1546-1642), Иоганн Кеплер (1571-1630); дар сохаи дин зухури харакати Ислох (М.Лютер (1483-1546), У.Сивингли (1484-1531), Ш. Калвин (1509-1531); дар илми сиёсат: Никколо Макиавелли (1469-1527), Жан Баден (1530-1536) ва сотсиалистони ормони Томас Мор (1479-1555), Томмазо Кампанелла (1568-1639) зухур карданд.

Файласуфони маъруфи ин давра Георги Гемистос (1360-1425), Пико де Мирандола (1463-1495), Петро Помпанатси (1462-1525), Мишел де Мантен (1833-1592) муаллифи китоби «Тачрибахо», Ларентсо Вала (1407-1457) муаллифи «Дар бораи неъматхои хакики ва дуругин», «Дар бораи озодии ирода»; Николаи Кузани (1401-1464) муаллифи «Хоксор», «Оид ба хирадманди»; Чордано Бруно (1546-1600) муаллифи китоби «Дар бораи беохирии Кайхон ва оламхо» мебошанд.

Фалсафаи давраи Эхё асосан чунин усул ва хусусиятхоро дорост:

Инсонмарказият (антропосентризм) баръакси кайхон- марказият (космосентризм)-и Юнони бостон ва худомарказият (теосентризм)-и асрхои миёна, васфи аклу хирад, имконот ва кобилиятхои инсон, зебогии зохирию ботинии он, аз мухимтарин мавзуъхои адабиёт, санъат ва фалсафа ба шумор мерафт.

Дар фалсафаи табиат  (натурфилософия) гузариш аз чахонбинии заминмаркази (геосентризм) ба чахонбинии офтобмаркази (гелиосентризм), исботи гардиши замин дар атрофии офтоб, аз чустучуи хакикати мовароуттабиат ва маънию максади зиндаги, ба чустучуи хакикати ашё ва гайра (Галилей, Коперник, Бруно, Кеплер).

Гуманизм ва арзишёбии фардият ва шахсияти инсон (инсон офаридгори худии худ).

Хамахудои (пантеизм)-и Н.Кузани, Ч.Бруно.

Тачрибагарои ва усули тадкик дар фалсафаи давраи Нав

Фалсафаи асрхои XVII ва XVIII. Дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII се кашфиёти мухим: чопи китоб, борут ва сузани кутбнамо (компас) кашф шуда, симо ва холати хамаи оламро дигаргун кард ва такони бесобикае ба пешрафти тачрибави дод.

Мухимтарин  аломати рухияи ин давра майли зиёд ба донистани асрори табиат ва истифодаи он ба  нафъи инсон аст. Ин рухия ба он водошт, ки тамоми фалсафаи гузашта, зери танкид карор гирифт. Ин равия аз Бэкон огоз гардида дар Декарт, Кант, то таълимоти марксистии асри XIX таъйинкунандаи равиши фалсафаи нав гардид.

Рухияи мавсуф зарурати коркарди усулу равишшиноси (методологи)-и навро ба миён гузошт. Ин буд, ки масъалахои асосии бахсхои фалсафии замони Нав пеш аз хама дар атрофии назарияи маърифат давр мезаданд. Мухимтарин равишхои фалсафии ибтидои асри XVII то охири асри XVIII аз инхо иборатанд.

Фалсафаи маорифпарвари ва аклгарои, ки намояндагонаш Р.Декарт (1596) Б.Спиноза (1632-1677), Г.В. Лейбнис (1616-1716); тачрибагарои: Г.Гоббс (1588-1650), Ч.Локк (1632-1777), Ч.Беркли (1685-1753), Д.Юм (1711-1776); маорифпарварии франсави: Б.Паскал (1623-1662), Ф.М.Волтер (1694-1778), Ш.Монтеске (1623-1663), Ж.Ж.Руссо (1712-1778), Ш.О.Ламетри (1709-1751), П.Голбах (1723-1789), К.Гелветсий (1715-1771), Д.Дидро (1713-1784) буданд.

Френсис Бэкон (1561-1626) асосгузори равиши нави илми, сардафтари тачрибагарои (эмпиризм) дар фалсафа буд. Аз худи номхои осори Бэкон «Органони нав» ва «Атлантидаи нав» навоварии у дар сохахои фалсафа хувайдост.

Хадафи илм ба акидаи Бэкон хокимияти инсон бар табиат аст, яъне бояд ба инсон хизмат кунад, илм ин тавонои, кудрат аст. Бэкон рохи дастёби ба хокимияти инсон бар табиатро аз тарики дониш имконпазир медонист, барои расидан ба чунин дониш бояд равиши тахкикро ислох кард.

Бэкон вучуди монеахо дар касби илму дониш ва шинохти хакикатро ошкор карда, масъалаи аз миён бардоштани онхоро гузошт. Ин монеахоро Бэкон шабаххо ё бутхо номидааст, ки иборатанд аз бути шахси, бути бозори, бути намоиши. Бэкон дар «Органони нав» тамоми фалсафаи юнони (ба чузъ мактаби табииёт) ва фалсафаи мадраси (схоластика)-ро сахт танкид намудааст.

Вай мегуяд, онхое, ки бо илм машгул будаанд ё тачрибагаро (эмпирик) буданд, ё  чазмиятгаро (догматик). Эмпирикхо мисли мурча факат ба чамъ кардан машгуланд. Ратсионалистхо мисли тортанак аз худ дар атрофи худ тор мекашанд. Замбурони асал усули мобайниро интихоб карда,  аз гулхои бог ва сахро накхат гирд меоранд, онро тагйир медиханд ва бо кобилияти худ дигаргун месозанд. Бэкон мегуяд, кори хакикии фалсафи аз хамин кори замбур фарк надорад ва бояд умедвор буд, ки байни мушохидоти тачрибави ва тафаккур иттифоки наздику вайроннашаванда баркарор хохад шуд.

Бэкон дар китоби «Атлантидаи нав» тимсоли давлати ормониро нишон додааст, ки бар хилофи давлати ормонии Афлотун бунёди он на ба шохи одилу хаким, балки ба илму техникаи нав мебошад, харчанд ки накши шохи одилу хаким низ дар ин давлат муассир аст.

Томас Гоббс (1588-1650) фалсафаи Бэконро низом бахшид. Мувофики назарияи Гоббс чахон мачмуи кулле аз чисмхои модди аст, ки хама бар конуни харакати механики тобеанд. Вай хатто зиндагии равони-психикии инсонро бо меъёрхои харакати механики баён ва равонро таркибе аз механизми бадан медонад. Усули маърифати у пайвасти сунъии ратсионализм-аклгарои ва номинализм – номгарои аст. Гоббс вучуди рухро  бе чисм инкор мекунад ва мегуяд, агар  чавхар  рухони мебуд, вай донистанашаванда буд. Рухро вай хамчун чисми табиии нихоят тунуке медонад, ки ба эхсости мо таъсир надорад, вале фазоро пур кардааст.

Асари маъруфи Гоббс дар мавзуи ичтимои ва давлатдори «Левиафан» мебошад, ки дар инкишофи афкори ичтимоии аврупои таъсири калон расонидааст. Вай таълим медод, ки  вазифаи якумдарачаи давлат баркарории сулх ва таъмини осоиштагии шахрвандон, амнияти байни мардумон ва халкхо мебошад.

Чон Локк (1632-1704) файласуфи англис хамчун тачрибагаро ва эхсосгарои модди шухрати бештаре пайдо кардааст. Вайро асосгузори равиши эхсосгарои (сенсуализм) мешуморанд. Бар хилофи акидаи Сукрот у дониши фитриву модарзодиро инкор кардааст. Тибки таълимоти Локк равони кудак хангоми таваллуд, то тачрибаи хисси мисли «tabula rasa» , яъне тахтаи тоза соф аст. Дар он хеч гуна идеяхои фитри – модарзоди нест. Ин андешахои Локк инкори назарияи Сукрот, Афлотун ва пайравони онхо буд. Чон Локк донишро махсули ду навъ тачриба: тачрибаи зохири ва ботини медонад.

Рене Декарт (1596-1650) асосгузори фалсафаи навини аврупои аст. Вай мисли Бэкон ба хамаи мухокимахои гузаштае, ки инсоният ба он бовари дошт, шубха карданро талкин намудааст. Сарлавхаи китоби маъруфи у «Усули фалсафа» бо чунин чумла огоз мешавад: «Барои озмуни хакикат, хар кас бояд дар тули зиндагии худ, то он чо ки мумкин аст, як бор дар мавриди хама чиз шакк кунад».

Хануз пеш аз Декарт дар таърихи фалсафаи точик Имом Фахри Розиро «шайхулмашкукин» номида будаанд. Ин дуюмин хакиме (яъне Декарт), ки масъалаи зарурати шаккро дар маърифат ба миён гузоштааст. Шакк кардан нишонаи андешидан аст ва назди Декарт андешидан, ё фикр кардан мафхуми чавхари аст. Сухани у «Ман меандешам, пас хастам» – Coqito erqo sum бо номи «бурхони когито» дар фалсафаи навин маъруф гардидааст.

Фалсафаи Декарт дугаро-санави (дуалисти),  яъне муътакид бар вучуди ду чавхар (субстансия) аст.

Декарт мегуяд, ки гети аз ду таркиб (constituent) ё ду гуна чавхар (substance) бо номи чисм ва зехн иборат аст. Нишонаи зотии чисм ё модда ё тулу арз (extension) ё андоза (dimension) мебошад. Нишонаи шиносоии зехн (ё чавхари зехни) андеша, ё фаъолияти андеша аст. Факат чисм ва зехн чавхаранд, хама чизи гети ба яке аз ин ду тахвилпазиранд ё оризанд. Аммо чисм ва зехн хеч кадом ба рости устувор ба зот нестанд, зеро ки ба акидаи Декарт танхо Худо (ё чавхари илохи) коим ба зот аст ва ин ду чавхари дигар ба баракати у чавхаранд.

Пантеизм ва масъалаи чавхар дар фалсафаи давраи Нав

Файласуфи нидерланди Бенедикт Спиноза (1632-1677) асосгузори фалсафаи пантеизм (хамахудои, ё вахдати вучуд) ба шумор меравад. Мухимтарин осори у «Рисолаи илохи-сиёси», «Рисолаи сиёси» ва «Ахлок» аст. Дар ташаккули афкори фалсафии у таъсири Ч.Бруно, Р.Декарт ва Г.Гоббс зиёд мебошад. Ба акидаи Спиноза хасти аз як чавхар беш нест, он чавхар хамон табиат (худо) аст. Худо  ва табиат аз хам чудо нестанд. Чавхар дорои сифати зиёд аст, вале барои акли инсони фони танхо ду сифати он: имтидод ва тафаккур ошкор мешавад. Ин ду сифат (атрибут)-и чавхари бар акси Декарт хусусияти санави (дуалисти) нестанд, балки айни зоти чавхари вохиданд.

Спиноза яке аз аввалин муборизи рохи озодии эътикод, сухан ва хукукхои башар мебошад. Ба акидаи Спиноза «Хадафи нихоии давлат он нест, ки одамонро дар тарс, зери султаи дигарон нигох дорад, балки баръакс дар он аст, ки хар якеро аз тарс озод кунад, то вай бехатар чи кадар ки мумкин аст, зиндаги кунад»…

Г.В. Лейбнитс (1646-1716) муаллифи китобхои «Тачрибаи нав оид ба хиради инсони», «Усули табии ва илохи»,  «Монадашиноси» ва «Теодесия» аст. Вай таълимоти Декарт ва  Спинозаро рочеъ ба назарияи чавхари имтидод ва таълимоти тозае дар ин маврид оид ба монадахо (вохидхо) – чавхархои соддаву тачзиянопазир, «атом» ё зарроти хакикии табиат ё унсурхои ашё ба вучуд овард. Монадахо абади ва фанонопазиранд, онхо ба таври табии пайдо ва нест шуда наметавонанд, балки сарчашмаи илохи доранд. Ягона сифати чавхарии монадахо бояд андеша бошад.

Лейбнитс монанди Декарт ва Спиноза фалсафаи худро бар пояи мафхуми чавхар карор медихад. Ихтилоф бо онхо дар бобати микдори чавхархо ва робитаи рух бо модда мебошад. Лейбнитс бар вучуди чавхархои номахдуд муътакид аст. Вай дар мантик илова ба ду усули тафаккури Арасту: асли танокуз – зиддият ва хакикат, асли сеюм асоси кориро дохил кард.

Монадахо ё вохидхо силсиламаротиберо ташкил мекунанд, ки дар онхо хар вохиде мартабаи худро дорад. Лейбнитс хадди се синф монадахоро бар асоси зинахои майл (appetitio nes)-и онхо ба камол чудо кардааст, ки ба истилохи Мавлоно Руми хамон зинахои чамодиву наботи (дар якчояги) ва хайвониву инсони ё се нафс: нафси наботи, хайвони, аклонии Арасту мебошад ва ин зинахои майл ба камол бо зинаи инсони хотима намеёбад ва дар масири камоли илохи бенихоят аст. Хама монадахо як вохиди хамоханги ягонаи табииро ташкил мекунанд «хеч чоне бе тан ва хеч тане бе чон нест».

Ч.Беркли (1685-1753) яке аз зехнгароёни субъективисти давраи Нав дар фалсафа мебошад. Вай хамчун мунаккиди таълимоти моддагарои ва инкори модда чун асоси чавхари чисм ва назарияи И.Нютон дар бораи фазо ва хам инкори таълимоти Ч.Локк дар бораи пайдоиши модда ва фазо дохил шудааст. Вай акида дошт, ки инсон мустакиман хеч чизеро чузъ идеяхояш дарёфт намекунад ва вучуди чизхо вобаста ба идрок аст. Намудхо – идеяхо бошанд, худ ба василаи як зоти гайричисмони, яъне рух дарёфт мешаванд, ки кодир ба офариниши идеяхо аст.

Идеализми субъективии Беркли аз тарафи Давид Юм (1711-1776) такмил дода мешавад. Юм файласуфи шаккок ва позитивист аст. Вай ба саволи «оё олам вучуд дорад?  -Намедонам» чавоб медод. Сабаб он аст, ки мувофики акидаи у, одам кудрати берун омадан аз худуди эхсосоти худ ва фахмидани  чизе берун аз худро надорад.

Тартибдиханда: МИРБОБОЕВ М.К , СОЛИЧОНОВ Р, АБДУЛАТИПОВ У.Х. ФАЛСАФА

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-02-21

          Накша

Мазмун ва хусусиятхои фалсафаи Эхё

Тачрибагарои ва усули тадкик дар фалсафаи давраи Нав

Пантеизм ва масъалаи чавхар дар фалсафаи давраи Нав

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …