Главная / Илм / Фалсафаи Юнони кадим

Фалсафаи Юнони кадим

Пайдоиши фалсафа дар Юнон ва мактаби Милети

Фалсафа дар Юнон дар асри VI пеш аз милод, дар шакли холис ташаккул ёфта буд. Фалсафаи юнони ва руми худуди 1000 сол аз асри VII-VI пеш аз милод  то асри VI милоди давом ёфтааст. Он чор давраро 1) пайдоиш ва ташаккул (асрхои VII-VI то милод); 2) давраи камолоту шукуфои (V-IV то милод); 3) давраи таназзули фалсафаи юнони ва огози фалсафаи румии давраи чумхурии Рим (III-I то милод); 4) давраи завол дар ахди империяи Рим (I-V милоди)-ро дар бар мегирад.

юнони кадим

Мактабхои асосии фалсафии Юнон инхоанд: мактаби Милети (Фалес, Анаксимандр, Анаксимен, Гераклит); пифагориён (Пифагор, Гиппас, Алкмеон); элиёиён аз Италияи чануби (Анаксагор, Ксенофан, Парменид, Зенони Элиёи, Эмпедокл); софистон (Протагор, Гогий, Гиппий, Продикт, Антифонт); мактаби Сукрот, мактаби Афлотун, мактаби Арасту, мактаби атомгароён (Левкипп, Демокрит, Эпикур); мактаби эпикуриён (Эпикур); мактаби калбиён (киникхо-Диоген); мактаби равокиён (стоикхо-Зенон, Сенека, Маркус Аврелий); мактаби навафлотуни (Фило, Плотин).

Файласуфони мактаби Милет ё табииён асоси ашё, хастиро ин ё он унсури табии: об, ё оташ, ё хаво, ё маводи дигар шуморида,  дар бораи табиат ва пайдоиши он бахсхо кардаанд. Ба Фалес кашфи харакати  Офтоб, коркарди таквим ва таъйини сол ба 365 руз ва 12 мохи 30 руза ва таксими осмон ба панч мухитро нисбат додаанд.  Фалес асоси хама чизхоро об медонист, Анаксимандр (610-540 то мелод) асоси пайдоиши чизхоро дар апейрон мебинад. Ба акидаи Анаксимен (509-428 то мелод) хама ашё аз хаво ба вучуд омадааст. Гераклит оташ ва харакатро сарчашмаи  пайдоиши мавчудоти олам мехисобад. у гуфта: «Мо наметавонем ду бор дар як рудхона фуру равем, зеро ки мудом чараёни тозатар руи бадани мо мерезад». Гераклит чахонро ба монанди дарёи тунду пурталотуме, ки босуръат дар чараён аст ва лахзае ороми надорад, тасвир мекард. Вучуд оташи шуълаварест, ки харгиз хомуш намешавад.

Мактаби атомгароён

Пайдоиши  таълимоти атомгароён бо номи Левкипп ва Демокрит (460-380) вобаста аст. Дар бораи хаёт ва таълимоти Левкипп маълумот хеле кам аст. Аммо Демокрит шогирди у аз маъруфтарин файласуфи моддагарои юнони буда, дар бораи у маълумотхо нисбатан бештар боки мондааст. Вай дар шахри Абдуга ба дунё  омадааст. Ин файласуф муддате дар кишвархои шарки: Миср, Байнаннахрайн ва Эрон сафар карда, бо фарханг ва афкори илмию фалсафии ин кишвархо ошно шудааст.

Демокрит бовари дошт, ки хасти аз ду асли азали: атом (эйдос)хо ва холиги иборат аст. Атом-зарраи таксимнашаванда ва тагйирнопазири микдоран беохир ва бехолиги буда, аз якдигар бо шакли зохири ва андозаи худ фарк мекунанд ва аз чобачошавии онхо дар холиги ашё ва харакат ба вучуд меояд.

Хакикат, ба акидаи Демокрит, танхо тавассути акл шинохта мешавад. Ду навъи маърифат аст: яке хакики, дигаре торик. Ба маърифати торик хамаи шаклхои маърифати хиссии зерин: бинои, шунавои, шомма, зоика, ломиса дохиланд. Аммо маърифати хакики ба кулли аз маърифати аввал фарк дорад. Ва он вакте шуруъ мекунад, ки воситахои маърифати хиссии номбурда аз кор афтанд ва кудрати дигари дарки мавзуъро надошта бошанд. Хамоно ба майдон маърифати хакики меояд, ки тавассути кувваи  тафаккур олати нозуктаре сурат мегирад.

Демокрит низ аз чумлаи он хакимон аст, ки дар фалсафаи худ ба инсон макому мартабаи баланд додааст. Метавон гуфт, ки у як андоза хикмати софистии Протагорро, ки мегуфт: «Инсон меъёри хамаи чизхост» ислох намуда, меафзояд, ки «Одами хирадманд меъёри хамаи он чизест, ки вучуд дорад».

Демокрит рухро ба оташ, ки аз атомхои пуртахаррук иборатанд, ташбех додааст. Вай хамчунин микдори чахонро бешумор хисобидааст, хам акида доштааст, ки баъзе ба вучуд меоянд ва баъзе аз миён мераванд, баъзе бештар аз як Моху Офтоб доранд ва баъзеро Моху Офтоб нест. Баъзе шояд дар асари бархурдан бо якдигар аз байн раванд.

Таълимоти Демокритро минбаъд Эпикур давом додааст.

Таълимоти Сукрот, Афлотун ва Арасту

Сукрот (469-349 то мелод) яке аз барчастатарин файласуфони юнони мебошад, ки дар таърихи фалсафаи чахони накши бузурге дорад. Сукрот  озодандеш ва мунаккиди гузаро буд.

Дар маркази фалсафаи у масъалаи инсон, накукори, ахлок, хукук, конунхои шахрванди, чангу сулх ва гайра карор дошт. Сукрот вазифаи хикматро чустучуи хакикат медонист ва ба  накукори ва адолат даъват мекард. Вай акида дошт, ки беадолатиро бо беадолати чавоб набояд дод. Ин мисли он аст, ки Исои Масех гуфта, ки бо бади бадиро наметавон аз байн бурд ва даъвати галаба  ба адоватро (бадиро) аз тарики мухаббат таргиб карда буд.

Сукрот асоси фахми усули ахлок, ватандори ва диндориро бо худшиносии инсон марбут медонист. у даъват мекард, ки инсон бояд ба овози даруни, яъне вичдон (даймонион) гуш андозад. Вичдон замонати дарёфти хакикати вокеи мебошад ва сарчашмаи илохи дорад. Хадафи нихойии хамаи хасти ба акидаи Сукрот инсон аст. Маънавияту ахлокияти хакики донистани хар он чи барои инсон дорои неъмати неки, зебои ва хамчунин муфид дар рохи расидан ба саодатмандии хаёти аст. Вай асоси накукориро дар худдори (голиби аз болои нафс), мардонаги (истодагари дар мукобили хатар) ва адолат (риояи конун ва андоза дар корхо) медонад. Ин накукорихоро инсон аз тарики маърифат ва худшиноси ба даст меорад. Маърифат мохияти накукорист.

Яке аз хизматхои бузурги Сукрот ин аст, ки аввалин шуда масъалахои фитри будани дониш, куллияти накукори ва адолат, худшиносии инсонро ба миён гузошт, инчунин сухани маъруфи «Худро бишнос» ба у нисбат дорад. Аз хикматхои Сукрот: «Ман факат онро медонам, ки чизе намедонам» чолиби диккат аст.

Афлотун дар   соли 427 то мелод дар хонаводаи ашроф ба дунё омадааст. Ба осори Афлотун чунин китобхо ба монанди «Дифои Сукрот», «Парменидос», «Федон (нафс), Чашн (Пир), «Протогорас» (Суфистоиён), «Навомис» (Конунгузори), «Сиёсат» ва «Чумхурият» тааллук дорад.

Афлотун  асосгузори назарияи идеяхост, ки дар фалсафаи бо унвони «мусули Афлотун» маъруф шудааст. Мувофики ин назария он чи дар ин дунё мушохида мешавад, аслу хакикаташон дар чахони дигар, олами тагйирнопазири макулот – «олами мусул» аст ва чизхо, чисмхо, афроди ин чахони хисшаванда ба монанди сояхо ва аксхои хакикатхои он чахони дигаранд ва инсони асил ва хакики, инсони он чахон аст, хамчунин хамаи ашё.

Назарияи мусули Афлотун хам чихати маърифати (гносеологи) ва хам хастишиноси (онтологи) дорад. Афлотун аввалин файласуфест, ки мавзуи куллият (универсум)-ро ба фалсафа дохил кард. Вай акидаи гузаштагонашро, ки як ё якчанд нахустунсур ё нахустиллати хасти: хаво, об, апейрон, оташ, эфир ва гайраро мечустанд, эътироф намекард. Ба сифати чунин иллат, маъни-логоси ашё, логоси хастиро мечуст. Ба хамин сифат у куллият – универсумро, ки дар назарияи мусули у ифода шудааст, кабул дорад. Ба акидаи Афлотун чизхои зебо аз он ру зебоянд, ки ба зебогии махз (мусул-эйдоси зебои) пайванданд, барои он одамон накукоранд, ки некуии махз вучуд дорад. Ба хамин тарик, мафхумхои кулли (мусул-эйдосхо), аз мавчудияти чузъии онхо мукаддаманд. Ин мафхумхо, на натичаи амали тачридии зехни инсон, балки дар зехни инсон хануз то таваллуд будаанд ва маърифат танхо ёдоварии онхост. Афлотун зимни ин назарияи худ масъалаи таносуби куллу чузъ, дар маърифат ва чустучуи куллият дар хастиро гузоштааст.

Арасту (таваллуд 384 – 323 то мелод) аз бузургтарин хакимони замони худ ва шогирди Афлотун буд, ки аз устодаш дар бисёре аз масъалахои хикмату илм пеш гузашта, дар таърихи фалсафа бо номи муаллими аввал маъруф гаштааст. Вай нахустин шуда усули мантикро танзим кардааст ва онро ба унвони олоти фикри сахех ба чуяндагони дониш ва мухаккикон такдим  намудааст. Арасту бунёдгузори мактаби машшоия (перипатетика) мебошад. Арасту дар боги ин мактаб бо шогирдонаш рохравон дарс мегуфтааст. Аз ин ру, онро мактаби  перипатетикхо, ба забони араби «машшоъ» -рох рафтан ва пайравони Арастуро машшоиён номидаанд.

Ба калами Арасту чунин асархо ба монанди «Органон», «Метафизика» ё «Фалсафаи уло», «Равоншиноси», «Политика» (Сиёсат), «Ахлоки Никомах», «Ахлоки Эвдеми», «Риторика», «Поэтика» ва гайра мансубанд.

Фалсафаи Арасту  аз коркарди илми мантик хамчун хунар ва равиши дуруст фикр кардан шуруъ мешавад.  Арасту аввалин шуда донишро ба пояи илми нихода, инчунин илмхоро табакабанди намудааст. Тибки табакабандии у фалсафа ба се кисм хикмати назари, амали ва шеър таксим мешавад. Хикмати назари худшиноси, хастишиноси, риёзиёт, физика, равоншиносиро фаро мегирад. Ба хикмати амали ахлок, тадбири манзил ва сиёсат дохил мешавад. Хикмати шеър ба пояи санъат ва зебои устувор аст.

Арасту таълимоти пешиниёнро дар бораи ин ки олам аз чахор унсур иборат аст, пазируфтааст.

Арасту чавхарро унсури нахустини олам мепиндорад. Чавхар он аст, ки дар чизхо нест, балки чизхост. Масалан, як инсон метавонад чавон, бемор, тандуруст ва гайра бошад, аммо хамеша хамон инсон аст. Чавхар хам ба ду кисм аст, ё мучаррад аст монанди акл ва нафс ва ё модди монанди чисм, ки мураккаб аст аз хаюло ва сурат.

Арасту ба назарияи идеяхо, мусули Афлотун эрод гирифтааст. у зикр мекунад, ки дар фалсафаи Афлотун робита миёни куллиёт ва чузъиёт равшан нест. Афлотун гохе падидахои хиссиро партаве ё инъикосе аз куллиёт фарз мекард ва гохе онхоро ба монанди тасвирхое, ки ба таклид аз куллиёт ба вучуд омадаанд, дар назар мегирифт. Дар хар сурат мафхуми «мусул» робитаи миёни чизи чузъиро бе мафхуми кулли равшан намекунад. Зеро умури эхсосшаванда ва чизи чузъи хамеша дар холи тагйир ва табдил аст, маъмулан, мафъули кулли баъд аз мушохидаи чузъиёт ба  вучуд меояд, дар холе ки Афлотун эътикодманди хилофи ин амр буд. Арасту бошад, вобаста ба ин мушкилот вучуди ашёро хакики медонист.

Аразхои як чавхар иборатанд аз: чанди, чуни, нисбат, изофа, кучои, мулк, вазъ, феъл ва инфиол. Инхо хеч кадоме худ чавхар нестанд, балки кобили тагйир ва дигаргуни мебошанд. Инсон гох чавон ва замоне пир аст, гох солим, гох бемор, гох бо либос, гох урён ва гайра, ки инхо хама аъроз хастанд, бар чавхар. Мачмуъи олам аз назари Арасту аз хамин дах макула: як чавхар ва нух араз иборат аст.

Ба акидаи Арасту модда, ё хаюло вучуди билкувва ва мояи аввали аст, ки метавонад тахаввул ёбад ва чунию чандии он тагйир ёбад, аммо вучуди он хамон аст, ки хаст. Аммо он чи хаюло ба суи он тахаввул меёбад, сурат аст ва сурати хар чиз феълияти он чиз аст. Вучуд замоне кувва аст ва гохе феъл аст, як тика санг билкувва мучассама аст, хок билкувва куза аст, яъне хаюло ё худ моддаи куза аст. Куза феълият ва сурати хок аст. Пас тахаввули хок ба куза тахаввули хаюло ба сурат аст. Аз кувва ба феъл даромадан, яъне тахаввули чизе ба суи чизи нав аст.

Арасту тагйири сурат ё гузаштани мавчудот аз кувва ба феълро харакат меномад ва ин харакат дар чахор макула аз макулоти дахгона анчом мепазирад, ки иборатанд: аз вазъ, чанди ва чуни. Дар чараёни тагйир факат сурати модда иваз мешавад.Сурат аз назари Арасту камоли модда аст.

Арасту оламро кадим ва азали мепиндорад ва аз тарафе мухаррики аввалро, ки Худост (Демиург) низ азали ва кадим медонист, бинобар ин вай файласуфи санави, дуалист мебошад.

Мактаби илмию фалсафии Искандария

Искандар дар соли 331 то милод шахри Искандарияро дар Миср бино кард. Пас аз у сулолаи Батолис, ки чонишинони вай дар Миср буданд, Искандарияро пойтахти худ карор доданд. Дар он замон шахрхои юнони ахамияти илмию фалсафии худро аз даст дода буданд. Бинобар он Батолис (асосгузори ин сулола Батлимус Сатер 323-282 то милод) Искандарияро ба маркази илму фалсафа низ табдил доданд.

Донишмандони мадрасаи Искандария илм ва фалсафаи юнониро ба илму хикмати шарки даромехта, ба он чанбаи чахони бахшидаанд.

Маъруфтарин олимони ин мактаб Уклидус (Евклид тав.с.330 то милод) риёзидон-математик (хандасашинос)-и машхури бостон, муаллифи китоби «Ибтидо», Аристрахус (тав.310 то мелод) аз шахри Самос хам чунин риёзидони бузург ва ба истилохи дигар Коперники Ахди кадим; Архимед (тав. 287 то мелод) бузургтарин нобигаи риёзидон, механик ва физики бостон; Батлимус (Птоломей) карни дуюми милоди аз уламои хайат (астрономия) ва чугрофидони бостон, муаллифи «Алмачасти» ва гайра мебошанд.

Аз файласуфони кадимтарини ин давра Флутин (Плотин) мебошад. Флутин асосгузори фалсафаи навафлотуни ба шумор меравад. Гайр аз у ба ин мактаб файласуфон Наменюс, Аммониус Саккас тааллук доранд. Флутин (204 – 269 мелоди) охирин файласуфи ахди кадим буда, дар Миср таваллуд шуда, дар шахри Рум аз олам чашм пушидааст.

Таълимоти мобаъдуттабиа (метафизика)-и Флутин (Плотин) аз се чизи мукаддас огоз меёбад: ахадият, акл ва  нафс. Ахадият мукаддам, яъне пеш аз акл аст ва  акл мукаддам ба нафс. Акл содир аз ахадият аст ва нафс содир аз акл, пас хар ду содир аз ахадиятанд, яке бевосита, дигаре бавосита.

Ахадиятро ба дурусти наметавон таъриф кард, чун у фавки таъриф аст ва хамчунин набояд сифате бар у нисбат дод, ки у фавки тавсиф аст, дар мавриди у сукут беш аз хар чиз дорои хакикат аст.

Хастии чахон аз ахадияти шинохтанашаванда ва диданашавандаи гайбии илохи огоз мешавад, ки дар ибтидо чун акли чахони, пас аз он чун нафси чахони тачалли мекунад. Пас аз он нафси чахони, нафси фарди ва тани фарди то хаюло – модда, яъне ба кавли Флутин – нести зухур мекунанд.

Фалсафа дар Юнони Кадим

Тартибдиханда: МИРБОБОЕВ М.К , СОЛИЧОНОВ Р, АБДУЛАТИПОВ У.Х. ФАЛСАФА

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-02-05

Накша

Пайдоиши фалсафа дар Юнон ва мактаби Милети

Мактаби атомгароён

Таълимоти Сукрот, Афлотун ва Арасту

Мактаби илмию фалсафии Искандария

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …