Главная / Биология / Фаъолияти рефлектории системаи асаб

Фаъолияти рефлектории системаи асаб

Рефлекс. Камонаки рефлектори. Реаксияи чавобии организмро ба ангезандахои беруни ва дохили, ки бо иштироки хатмии системаи марказии асаб ба амал меояд, рефлекс меноманд. Рохеро, ки ба воситаи он импулсхои асаби гузашта, рефлексро ба амал меоранд, камонаки рефлектори меноманд. Камонаки рефлектори аз панч кисм:

  • ретсептор;
  • торхои марказшитоб (афференти);
  • системаи марказии асаб;
  • торхои марказгурез (эфференти);
  • узви харакат (мушакхо, эффектор) иборат аст. 

 Камонаки рефлектори аз ретсептор сар мешавад. Хар як ретсептор барангезандахои махсус: рушнои, садо, буй, харорат ва гайраро дорад. Ретсептор чунин барангезандахоро ба импулси асаб ва сигнали системаи асаби табдил медихад. Импулсхои асаб табиати электрики (барки) дошта, бо пардаи шохахои дарози нейронхо пахн мешаванд. Ин импулсхо дар инсон ва хайвонот якхелаанд.

siatemai-reflektorii-asab-768x394

Импулсхои асаб аз ретсептор ба воситаи торхои хискунанда хабарро ба системаи марказии асаб мерасонанд. Аз системаи маркази бошад, импулсхо ба воситаи торхои харакаткунанда ба узвхои кори мераванд. Ба таркиби аксари камонакхои рефлектори инчунин нейронхои мобайниро, ки дар хароммагз ва магзи сар мавчуданд, дидан мумкин аст.

 Рефлексхои одам гуногун мешаванд. Баъзеи онхо хеле соддаанд. Масалан, хангоми сузан халондан ё сухтани пуст факат кашидани даст ба амал меояд. Аз таъсири моддахои гуногуни кимиёви рехтани ашк, хангоми ба ковокии бини ва роххои нафас дохилшавии гарду чанг ва заррачахои бегона сулфа ва атсазаниро мушохида намудан мумкин аст.

Ахамияти бахаячонои ва боздори дар хосилшавии рефлекс.

Чавоб гардонидан ба ангезандахои гуногун фаъолияти кории системаи узвхоро ба миён меорад. Масалан, даст кашидан аз чисми тафсон факат дар вакти кашишхурии баъзе мушакхо ва суст шудани мушакхои дигар ба амал меояд. Дар ин вакт кори дил, нафаскаши ва гайра ба таври рефлектори тагйир меёбад.

Чунин фаъолияти ба хам мувофики рефлектори дар системаи марказии асаб ба ду холат:

  • хаячонпазири, ки фаъолиятнокии нейронхо ва пурзур гаштани реаксияхои рефлекториро таъмин мекунад;
  • боздори, ки кори нейронхо суст ё пурра катъ мегардад, таъсири манфи мерасонад. 

Сустшавии боздори боиси хаячонпазирии нихоят кавии системаи асаб шуда, онро заиф мегардонад. Холати боздориро дар системаи марказии асаб олими рус И.М.Сеченов аввалин маротиба соли 1862 дар тачрибахои худ кашф кардааст. 

Баъдтар олимони дигар ба монанди Голс, Ухтомский, Данини-Ашнер Шеррингтон боздориро дар кисмхои канории организм ва узвхои даруни муайян кардаанд. 

Саволхо

  1. Рефлекс чист?
  2. Камонаки рефлекси чист ва аз кадом кисмхо иборат аст?
  3. Ретсепторхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
  4. Бахаячонои ва боздори чист?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …