Главная / Чамъият / Фаъолияти обухавошиноси

Фаъолияти обухавошиноси

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  Дар бораи фаъолияти обухавошиноси

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод. 167;

с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, к. 2, мод. 418;

Конуни ЧТ аз 23.07.2016 с., №1345)

Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолиятро дар сохаи обухавошиноси мукаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони хукукию вокеи ба маълумоти обухавошиноси, инчунин иттилоот дар бораи вазъи мухити зист равона гардидааст.

 Боби 1.

Мукаррароти умуи 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– фаъолияти обухавошиноси – раванди мушохидаи вазъи мухити зист, чамъовари, коркард, тахдил, нигохдори, пешниход, баамалбарории маълумот ва пешгуии тагйирёбии вазъи мухити зист, инчунин корхои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обухавошиноси ва дигар равандхои геофизики (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– мониторинги мухити табиии зист – мушохидаи дарозмухлат ба вазъи мухити зист, ходисахои табиии дар он баамалоянда, инчунин баходахи ва пешгуии вазъи он (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– нуктаи статсионарии мушохидавх ба вазъи мухити зист, (мннбаъд нуктаи статсионарии мушоидави) – мачмуе, ки китъаи замин ё як кисми акваторияи (китьаи бахр, дарё ва гайра) дар он асбобу анчом ва тачхизотхои барои муайян кардани хусусияти мухити зист пешбинишударо дар бар мегирад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– нуктаи сайёри мушохидави ба вазъи мухити зист (минбаъд – нуктаи сайёри мушохидави) – мачмуе, ки аз платформаи (дастгохи парвозкунанда ё дигар воситахои харакат) дар он асбобу анчоми барои муайян кардани хусусияти мухити зист насбшуда иборат аст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– шабакаи мушохидави – мачмуи нуктахои мушохидавии статсионари ва сайёр, аз чумла чойхои навбатдори, стансияхо, лабораторияхо, марказхо, идорахои обухавошиноси, расадхонахо барои мушохида ба равандхои физики ва кимиёвии дар мухити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятхои хавошиноси, иклими, аэрологи, обшиноси, яхшиноси гелиогеофизикию хавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дарачаи ифлосшавии хавои атмосфера, хок ва иншооти оби (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– шабакаи давлатии мушохидави – шабакаи мушохидавии макомоти махсуси ваколатдоркарашуда дар сохаи обухавошиноси ва сохахои ба он наздик (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилоот дар бораи вазъи мухити зист – маълумоте, ки дар натачаи мониторинги мухити зист ба даст оварда мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилооти таъчили – иттилооти таъчилан интикол додашаванда оид ба ходисахои хатарноки табии, тагйироти ногахонии амали ва пешбинишавандаи обу хаво ва ифлосшавии мухити зист, ки ба хаёту саломатии ахоли ва мухити зист зарар расонда метавонанд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– маводи иттилооти – иттилооти чамъбастшудаи дар натичаи тахлили маълумот бадастовардашуда, ки барои пахнкуни ва истифода  пешбини  шудааст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилооти таъиноти умуми – иттилооти дастраси коркардшуда оид ба вазъи вокеи ва пешгуишавандаи мухити зист ва сатхи олудашавии он (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилооти махсус – иттилоот дар бораи обухавошиноси, ки дар асоси шартнома пешниход мешавад ва барои омодасозии он гузаронидани корхои иловаги, аз чумла чамъовари, коркард ва тахлили иттилооти мазкур, зарур аст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– таъсиррасонии фаъолона – таъсиррасони ба равандхои хавопшноси ва дигар равандхои геофизики бо максади ба танзим даровардани онхо ва кам кардани зарари эхтимоли аз ин равандхо ба ахоли ва иктисодиёт (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– ташкилотхои махсусгардондашудаи таъсиррасоиии фаъолона ба равандхои хавошиноси – шахсони хукукие, ки растанихои кишоварзиро аз жола химоя карда, боришот, парокандашавии туман ва тармафароиро ба танзим медароранд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– стансияхои дурдаст – стансияхое, ки аз махалхои ахолинишини шахру дехот дар масофаи дур ва шароити мураккаби физикию чугрофи вокеъ гардида, бо онхо алокаи мунтазами наклиёти вучуд надорад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345).

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти обухавошиноси

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти обухавошиноси ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар конунхои Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд, иборат мебошад.

Боби 2.

Танзим ва идораи давлатии фаъолияти обухавошиноси 

Моддаи 3. Самтхои асосии танзим ва идораи давлатии фаъолияти обухавошиноси

Самтхои асосии танзими давлатии фаъолияти обухавошиноси аз инхо иборатанд:

– ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушохидави;

– таъмин намудани макомоти хокимияти давлати, Куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон, инчунин ахоли бо иттилоот дар бораи вазъи вокеи ва пешбинишавандаи мухити зист, аз чумла ахбори таъчили;

– муайян кардани талабот ба маводи иттилооти;

– муайян кардани номгуи корхои дорои ахамияти чумхурияви дар сохаи обухавошиноси, ташкил ва таъмини ичрои онхо;

– ташаккул додани захирахои иттилооти давлати дар сохаи обухавошиноси, таъсис додан ва ба рох мондани кори фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи мухити табиии зист;

– ташкил ва гузаронидани корхо оид ба таъсиррасонии фаъолона ба равандхои хавошиноси ва дигар равандхои геофизики, инчунин назорати давлати ба гузаронидани ин корхо дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон;

– таъмин намудани мухофизати шабакаи мушохидавии давлати;

– иштирок дар хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи обухавошиноси;

– додани ичозатномаи (литсензия) фаъолият дар сохаи обухавошиноси мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 4. Идораи давлатии фаъолияти обухавошиноси

Идораи давлатии фаъолияти обухавошиносиро макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардонад.

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти обухавошиноси

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти обухавошиноси аз инхо иборатанд:

– таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи давлати;

– кабули санадхои меъёрии хукуки, ки шарту тартиби амали гардонидани фаъолияти обухавошиносиро муайян менамоянд;

– ба амал баровардани сиёсати тарифи ва кредитию молияви;

– тасдики сохтори макомоти ваколатдоршудаи идораи давлати оид ба фаъолияти обухавошиноси;

– муайян кардани тартибу шартхои гузаронидани мониторинги мухити зист;

– хифз ва муайян кардани меъёрхои бехатари хангоми тахкики холати мухити зист, инчунин дар раванди ичрои он дар шароити махсус;

– мукаррар намудани тартиби чуброни зарар (зарари вокеи, фоидаи аздастдода) ва зарари расида дар раванди фаъолияти обухавошиноси;

– ташкили хамкории байналмилали дар фаъолияти обухавошиноси ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обухавошиноси;

– халли дигар масъалахои фаъолияти обухавошиноси мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 6.  Ваколати ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба фаъолияти  обухавошиноси

(КЧТ аз 26.07.14с., №1121; КЧТ аз 23.07.16 с., №1345)  

Салохияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба фаъолияти обухавошиноси аз инхо иборатанд: (КЧТ аз 26.07.14с., №1121)

– тасдики самтхои барномахои махаллии сохаи фаъолияти обухавошиноси;

– тасдики сметаи маблагтузори ба барномахои махалли, аз чумла ба фаъолияти истехсолию хочаги ва инкишофи инфрасохтори ичтимои, ки барои ичрои ин барномахои макомоти худудии макоми махсуси ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти обухавошиноси чалб карда шуданд;

– назорат ба фаъолияти шахсони хукуки ва вокеи, ки ба фаъолияти обухавошиноси дар худуди тобеи онхо машгуланд;

– бо тартиби мукаррари додани китьахои замин ва объектхои об барои ташкили шабакахои мушохидакунии (нуктахои алохидаи статсионарии мушохидакуни) холати мухити зист;

– халли дигар масъалахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 7. Ваколати махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти  обухавошнноси

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1345)  

Салохияти макомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обухавошиноси аз инхо иборатанд:

– гузаронидани сиёсати ягонаи давлати, тахия ва ба амал татбик намудани барномахои давлати, кору чорабинихо оид ба фаъолияти обухавошиноси;

– тайёр намудани лоихаи санадхои меъёрию хукуки, тахия ва кабули методикаи муайян намудани тартиби мушохидаи холати мухити зист;

– ба рох мондани фаъолият ва инкишофи сохаи обухавошиносии Чумхурии Точикистон;

– мутобик сохтани фаъолияти субъектхои сохаи обухавошиноси, ки ба макомоти давлатии обухавошиносии Чумхурии Точикистон дохил намешаванд;

– хамохангсозии пешбурд ва халли масъалахои марбут ба таъгйирёбии иклим (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– ташкил ва таъмини системаи давлатии мушохидави, чамъовари, коркард, тахлил, махфуздори, пешниход ва ба амал баровардани маълумотхо дар бораи холати мухити табиии зист;

– таъмини истифодабарандагон бо маълумоти вокеи ва пешгуи дар бораи холати мухити табиии зист, аз чумла маълумоти таъчили дар ин хусус;

– додани пешгуихои расми, дигар маводи иттилооти оид ба арзёбии холати мухити зист;

– ташкил ва гузаронидани тахкикоти илми оид ба баходихи ва пешгуии холати мухити зист;

– халли дигар масъалахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Боби 3.

Фаъолияти обухавошиносИ.

Обьектхо ва субъектхои фаъолияти обухавошиноси

 

Моддаи 8. Принсипхои фаъолияти обухавошиноси

 

Фаъолияти обухавошиноси бо риоя намудани принсипхои зерин ба амал бароварда мешаванд:

– мушохидаи хаматарафа ва бефосила ба вазъи мухити зист;

– ягонаги ва мукоисашавандагии усулхои мушохидакуни ба вазъи мухити зист, инчунин усулхои чамъкуни, коркард, нигохдори ва пахн намудани иттилооте, ки дар натачаи мушохидакуни ба даст оварда шудааст;

– бехатарии гузаронидани корхо оиди таъсири фаъолона ба равандхои хавошиноси ва дигар равандхо;

– якчоя кардани тартиби дохилидавлати ва байналмилалии мониторинги мухити зист;

– самаранокии истифодаи иттилоот дар бораи вазъи вокеи ва пешбинишавандаи мухити зист;

– мутобикати фаъолияти макомоти обухавошиноси бо вазифахои хифзи саломатии ахоли, хифзи мухити зист ва таъмини амнияти экологи;

– пурра, дуруст ва сари вакт дастрас будани иттилоот дар бораи холати вокеию пешбинишавандаи мухити зист ва самарабахш истифода бурдани он.

 

Моддаи 9. Объектхои фаъолияти обухавошиноси

 

Ба объектхои фаъолияти обухавошиноси иклим, шароити хавошиноси ва обшиноси, тагйири мухити зист дар натичаи таъсири омилхои табии ва антропогени, дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Субьектхои фаъолияти обухавошиноси

 

Субъекхои фаъолияти обухавошиноси инхо мебошанд:

– макомоти махсуси ваколатдори давлати дар сохаи обухавошиноси ва ташкилотхои минтакавии он;

– ташкилотхои шабакаи мушохидакуни;

– дигар шахсони хукуки ва вокеие, ки фаъолияти обухавошиносиро дар асоси ичозатнома (литсензия) ба амал мебароранд.

 

Моддаи 101 . Хукук ва ухдадорихои кормандони  макомоти обухавошиноси

 

Кормандони макомоти обухавошиноси хукукхои зерин доранд:

– пушидани либоси махсус ва доштани нишони фарккунанда;

– гирифта гаштан, нигох доштан ва истифодаи силохи гайринизомии намуди худмухофизати хангоми ичрои вазифахои хизмати (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– хукукхои дигаре, ки санадхои меъёрии хукуки мукаррар кардаанд.

Кормандони макомоти обухавошиноси ухдадорихои зерин доранд:

– риоя намудани интизоми хизмати;

– таъмини хифзи моликияти давлати;

– балнд бардоштани сатхи касби ва тахассуси;

-ухдадорихои дигаре, ки санадхои меъёрии хукуки муайян кардаанд.

(КЧТ аз 26.12.11с., №786)

 

Боби 4.

Асосхо ва тартиби анчом додани фаъолияти обухавошиноси

 

Моддаи 11. Ичозатномадихии  фаъолияти обухавошиноси

 

Ичозатномадихии фаъолият дар сохаи обухавошиноси ва сохахои ба он алокаманд, аз чумла ичрои корхои фаъолона таъсир расонидан ба ходисоту равандхои обухавошиноси ва геофизики, тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

Моддаи 12. Намудхои мушохидаи вазъи мухити зист

 

Мушохидаи вазъи мухити зист ба навъхои зерин таксим мешавад:

– хавошиносии назди замини;

– обшиноси;

– яхшиноси;

– хавошиносии кишоварзи;

– актинометри ва тавозуни гарми;

– аэрологи;

– хавошиносии радиолокатсиони;

– озонсанчи;

– дарачаи ифлосшавии атмосфера, обхо, хок, замин, кабати барф, олами наботот.

Мушохида ба вазъи мухити зист нисбати дигар чузъиёти мухити зист, инчунин дар шароити махсус ва ба максадхои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 13. Фаъолияти макомоти обухавошииосии Чумхурии Точикистон дар сохаи

                       хавошнноси

 

Фаъолияти макомоти обухавошиноси дар сохаи хавошиноси ба муайян кардани вазъият ва инкишофи ходисахои хавошиноси, равандаои техногени, физики, кимиёви ва дигар равандхо дар атмосфера хангоми таъсири мутакобила бо дигар объектхои мухити зист нигаронида шудааст.

Бо максади ба даст овардани маълумотхои хавошиноси дар баландихои дарачаи стандарти ва махсуси атмосфера мушохидаи аэрологи гузаронида мешавад.

Барои омухтани таъсири шароитхои хавошиноси ба инкишофи зироатхои кишоварзи ва парвариши хосил назорати хавошиносии кишоварзи анчом дода мешавад.

Вазифахои асосии фаъолияти обухавошиноси дар сохаи хавошиноси аз инхо иборатанд:

– таъмин намудани ташкилотхои пешгуи бо маълумотхои зарури барои тартиб додани пешгуии хамаи талаботи обухавошиноси ва огох намудан аз шароитхои номусоиди дарназардошта;

– огох кардани макомоти давлати, шахсони хукуки ва вокеи аз ходисахои хавфнок ва табиии атмосфера ё равандхои иклими, дигар тагйиротхои хавошиносии мухити зист;

– чамбасти маълумотхои боэътимод дар бораи низоми хавошиноси ва радиатсиони дар худуди Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 14. Фаъолияти макомоти обухавошиноси дар сохаи обшиноси

 

Фаъолияти макомоти обухавошиноси дар сохаи обшиноси ба максади чамъоварии маълумот дар бораи холати дарёхо, кулхо, обанборхо, каналхо, дигар объектхои об ва умуман дар бораи захираи оби руи замини, ки ба максадхои зерин зарур аст, анчом дода мешавад:

– конеъ гардонидани талаботи ахоли ва хочагии халк ба маълумотхои оид ба тагйирёбии низомхои обшиносии объектхои об ва ходисахои хавфноки обшиноси;

– омухтани конуниятхои фазоию муваккатии низоми обшиноси, бурдани хисоботи давлатии обхо, кадастри об, хисоби захирахои об ва тавозуни оби хавзахо ва худудхои оби, баходихи ба таъсири фаъолияти хочаги ба низоми объектхои об ва захирахои об.

 

Моддаи 15. Мушохида ва назорати макомоти обухавошиноси ба сатхи ифлосшавии

                         мухити зист

 

Макомоти обухавошиноси ба сатхи ифлосшавии атмосфера, обхои руизамини, хок, замин, олами наботот ва кабатхои барф бо максади муайян намудани сарбории антропогении ин объектхои мухити зист аз хисоби партовхои моддахои ифлоскунанда ва аз сархад воридшавии онхо назорат ва мушохида мекунад, инчунин ба ифлосшавии радиоактивии атмосфера, об, хок, замин ва тахшинхои зери замин мушохида ва назорат мебарад.

Номгуи моддахои ифлоскунандаро, ки онхо мавриди мушохида ва назорат карор мегиранд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Фаъолияти обухавошиноси дар шароити махсус

 

Фаъолияти обухавошиноси дар шароити махсус (офатхои табии, фалокатхо, садамахо ва дигар вазъиятхои фавкулодда, бархам додани окибатхои онхо) кисми таркибии амали системаи давлатии пешгири ва бархамдихии окибатхои вазъияти фавкулоддаи табии ва техногени мебошад.

Хангоми офатхои табии, фалокатхо ё садамахо, ки боиси ифлосшавии мухити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушохидахои иловаги ба тагйироти мухити зист гузаронида мешавад.

 

Моддаи 17. Мониторинги холати мухити зист

Амали намудани мушохидахо ва фаъолияти дигари пешбининамудаи моддахои 12-16 Конуни мазкур аз чониби макомоти обухавошиноси асоси мониторинги холати мухити зист ба хисоб меравад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345).

 

Моддаи 18. Нуктахои шабакахои мушохидакуни ва хифзи онхо

 

Вохиди ибтидоии истехсолии системаи миллии обухавошиноси ва шабакаи байналмилалии обухавошиноси, ки дар бораи холати мухити зист бевосита маълумот гирифта, онро кор карда, ба марказхои обухавошиноси пешниход менамояд, нуктаи шабакаи мушохидакуни мебошад.

Вайрон кардан ё ба чои дигар кучонидани нуктахои шабакахои мушохидакуни, инчунин кушодани объектхои нав ё бастани объектхои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушохидакуни дохил мешаванд, танхо бо ичозати макомоти махсуси ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти обухавошиноси бо мувофикаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати сурат мегирад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1121)

Бо максади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандхои табии дар чойхои гузаронидани мушохидаи холати мухити зист дар атрофи нуктахои шабакахои мушохидакуни, минтакахои мухофизати чори намуда, дар онхо фаъолияти хочаги ва дигар фаъолият махдуд карда мешавад.

Тартиби мукарар кардани минтакахои мухофизати ва номгуи махдудиятхои фаъолияти хочаги ва дигар фаъолиятро дар онхо Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Барои чойгаркунии шабакахои мушохидакуни чудо кардани китъахои замин ва акваторияи оби мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад

Сохибони заминхо, заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар китъахои замини онхо нуктахои шабакахои мушохидакуни чойгир шудаанд, ухдадоранд барои ба ин нуктахо омада анчом додани корхои мушохидави, интихоби намунахо, таъмиру баркарорсози ва дигар корхо имконият фарохам оваранд.

 

Моддаи 19. Маблаггузори ба фаъолияти обухавошиноси

 

Таъминоти молиявии фаъолияти давлатии обухавошиноси аз хисоби маблагхои зерин сурат мегирад:

– бучети давлати;

– маблагхои махсуси хифзи мухити зист (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345);

– манбахои дигари манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Фаъолияти обухавошиноси мумкин аст дар асоси шартнома аз руи фармоишхои шахсони хукуки ва вокеъи бидуни расондани зарар ба ичрои хачми корхое, ки аз хисоби бучет маблаггузори мегардад, низ ичро карда шавад.

Корхо дар сохаи обухавошиноси хангоми бархам додани окибатхои вазъияти фавкулода аз хисоби бучети давлати ва дигар манбахои манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаггузори карда мешаванд.

 

Боби 5.

Иттилоот дар бораи вазъи мухити зист

 

Моддаи 20. Категорияхои дастрасшавии иттилоот дар бораи вазъи мухити зист ва маводи

                        иттилоот

 

Иттилоот дар бораи вазъи мухити зист ва маводи иттилооти ошкоро ва ба хама дастрас мебошад, ба истиснои иттилоот, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба категорияи дастрасшавии махдуд мансуб дониста шудааст.

Иттилооти таъиноти умуми ба гурухи захирахои чумхуриявии иттилоот дар сохаи обухавошиноси мансуб дониста мешавад.

 

Моддаи 21. Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи мухити зист

 

Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи мухити зист, дар асоси чамъкуни, коркард, бахисобгири, нигохдори ва пахн намудани иттилооти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи мухити зист ташаккул меёбад.

Таркиб ва сохтори маълумоти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи мухити зист, инчунин тартиби ташаккул додан ва ихтиёрдори кардани фонди ягонаи давлатии маълумотро дар бораи вазъи мухити зист Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 22. Тартиби пешниход кардани иттилоот дар бораи вазъи мухити зист аз тарафи

                       шахсони хукуки ва вокеи

 

Пешниход кардани иттилоот дар бораи вазъи мухити зист, аз тарафи шахсони хукуки ва вокеи ба макомоти махсуси ваколатдори давлати дар сохаи обухавошиноси бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.

 

Моддаи 23. Шартхои ба истифодабарандагон (истеъмолкунандагон) пешниход намудани

                        итталоот ва маводи иттилооти дар бораи вазъи мухити зист

 

Иттилоот ва маводи иттилооти дар бораи вазъи мухити зист ба истифодабарандагон бепул, инчунин дар асоси шартномахо мувофики конунгузории Чумхрии Точикистон пешниход карда мешавад.

Иттилооти таъиноти умуми ба истифодабарандагон дар шакли матнхо ба тарзи хатти, таблитсахо ва чадвалхо ба воситаи алокаи почта, тавассути воситахои ахбори умум ва алокаи электрони мувофики тартиби иттилооти доими ё аз руи дархости истифодабарандагон расонида мешавад.

Иттилооти махсус дар бораи вазъи мухити зист ба истифодабарандагон дар асоси шартнома расонида мешавад.

Макомоти махсус ваколатдори давлати дар сохаи обухавошиноси вазифадораст, ки ба истифодабарандагон ба таркиби иттилооти пешниходшуда оид ба вазъи мухити зист, дар бораи шаклхои расонидани ин иттилоот ба ташкилотхое, ки ба истифодабарандагон хизмати ахбороти мерасонанд, маълумот дихад.

Тартиби пешниход намудани иттилоот дар бораи вазъи мухити зист аз тарафи шахсони хукуки ва вокеи давлатхои хоричи бо шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 51. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР СОХАИ ОБУХАВОШИНОСИ

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1345)

 

Моддаи 231. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи обухавошиноси

Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи обухавошиноси дар асоси шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. Чумхурии Точикистон ба ташаккул ва рушди шабакахои байналмилалии мушохидави ва мубодилаи иттилооти байналмилали дар бораи мухити зист васатхи олудашавии он мусоидат менамояд.

Макомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обухавошиноси хифзи манфиатхои Чумхурии Точикистон ва танзими фаъолияти шахсони хукукиро, новобаста ба шакли ташкилию хукуки ва шахсони вокеиро хангоми амалисозии хамкорихои байналмилали   дар сохаи обухавошиноси,таъмин месозад.

Тартиби иштироки макомоти махсуси ваколатдори давлати оид ба фаъолияти обухавошиноси дар хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон, аз чумла дар мубодилаи иттилоот оид ба вазъи мухити зист, дар асоси шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1345).

 

Боби 6.

Мукаррароти хотимавИ

 

Моддаи 24. Назорати давлати ба амали гаштани фаъолияти обухавошиноси

 

Вазифаи назорати давлати ба амали гаштани фаъолияти обухавошиноси аз чониби хамаи иштирокдорони он новобаста ба шаклхои моликият ва тобеъият ичро намудани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти обухавошиноси мебошад.

Ба амали гаштани фаъолияти обухавошиноси макомоти махсуси ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти обухавошиноси ва макомоти худудии он бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикисгон назорати давлати мебаранд.

 

Моддаи 25. Халли бахсхо байни иштирокдорони фаъолияти обухавошиноси

 

Бахсхои байни истехсолкунандагон ва истифодабарандагони маълумот дар бораи холати мухити зист бо тартиби суди барраси мешаванд.

 

Моддаи 26. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони хукуки ва вокеи, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                  Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002

№86

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …