Главная / Чамъият / Фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Фаъолияти наклиётию экспедитсиони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти наклиётию экспедитсиони

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2006, №3, мод. 155)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 205 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 12, моддаи 729) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 181 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 2, моддаи 43) чонибдори гардидааст.

11

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии танзими фаъолияти наклиётию экспедитсиони ва усулхои амали гардонидани онро бо максади мухайё сохтани шароит  барои таъмини талаботи ахоли ва иктисодиёт ба хизматрасонии наклиётию экспедитсиони ва рушди минбаъдаи он дар Чумхурии Точикистон   муайян менамояд.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти наклиётию экспедитсиони–шакли махсусгардонида-шудаи фаъолият оид ба хизматрасонии наклиётию экспедитсиони мебошад, ки экспедитор тавассути шартномаи экспедитсияи наклиёти амали мегардонад;

хизматрасонии наклиётию экспедитсиони– шакли хизматрасони оид ба ташкили расонидани бор, ичрои амалиётхои вобаста ба расонидани бор мувофики шартномаи экспедитсияи наклиёти мебошад;

экспедитор – шахси вокеи ё хукуки буда, хизматрасонии наклиётию экспедитсиониро мувофики шартномаи экспедитсияи наклиёти анчом медихад;

мизоч – шахсони вокеи ва хукукие, ки мутобики шартномаи бо экспедитор басташуда хизматрасонии наклиётию экспедитсиониро  истифода мебаранд;

боринтиколдиханда –шахси вокеи ё хукукие, ки вазифадор аст борро ба чои таъиншуда расонад ва онро ба боркабулкунанда ё намояндаи вай супорад;

терминал-мачмуи воситахои техникию мухандисие мебошад, ки барои хамохангсозии кори намудхои гуногуни наклиёт хангоми амалисозии интиколи бор, амалиётхои расонидани бор ва идоракунии он пешбини шудааст;

боркашонии интермодали– як намуди боркашонии байналмилали, ки он бе ивази зарф бо намудхои гуногуни наклиёт интикол додани борро ифода менамояд;

санади умумии сугурта –  санадест, ки мувофики шартхои он хамаи борхои кабулшаванда ва ё интиколшаванда дар давоми вакти муайян ва дар хачми муайян тахти масъулияти сугуртакунанда карор дорад.

 

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Конунгузори дар бораи фаъолияти наклиётию экспедитсиони ба Конститутсияи (Сарконуни)  Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки  Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 

Моддаи 3. Максади фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Максади фаъолияти наклиётию экспедитсиони аз инхо иборат аст:

-таъмини сатхи кафолатноки сифати хизматрасонии наклиётию экспедитсиони ба шахсони вокеи ва хукуки;

-хавасмандгардонии инкишофи фаъолияти наклиётию экспедитсионии милли бо максади таъмини фаъолияти устувори комплекси хочагии кишвар, воридшавии Точикистон ба иктисодиёти чахони ба хайси шарики баробархукук.

 Моддаи 4. Вазифахои фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Вазифахои асосии фаъолияти наклиётию экспедитсиони аз инхо иборатанд:

– таъмини баробарии хукуку масъулияти  шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали гардонидани фаъолияти наклиётию экспедитсиони;

-мухайё кардани  шароит барои инкишофи сохибкори ва   ракобати солим дар  сохаи фаъолияти наклиётию экспедитсиони;

– ракобатпазир гардондани ташкилотхои наклиётию экспедитсионии махалли дар бозори байналмилали;

-ташкил намудани фазои ягонаи экспедитсияи наклиёти дар саросари каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси талабот ва меъёри ягонаи фаъолияти наклиётию экспедитсиони;

-хавасмандгардони барои чори кардани технологияхои пешкадами хизматрасонии наклиётию экспедитсиони, боркашонии контейнери ва контрейлери;

-таъмини мутобиксози ва хамгироии  кори намудхои мухталифи наклиёт, пеш аз хама дар марказхои умумишабакавии наклиёти;

-мухайё намудани шароит барои ташкили боркашонии мустакими омехта, инкишофи интиколи интермодали дар гузаргоххои байналмилалии наклиёти;

-зиёд намудани номгуи хизматрасони ва бехтар кардани сифати хизматрасонии наклиётию экспедитсиони ба мизочон;

-барои мизочон мухайё намудани шароити интихоби озоди экспедитор ва инчунин ба экспедитор мухайё намудани шароит барои интихоби озоди боринтиколдиханда;

-таъмини бехатарии фаъолияти наклиётию экспедитсиони дар асоси чори кардани меъёри ягонаи стандартхо ва системаи сертификатсиякунони.

 

Моддаи 5. Аккредитатсияи давлатии фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Аккредитатсияи давлатии фаъолияти ташкилотхои наклиётию экспедитсиони аз тарафи макоми ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Сертификатсияи фаъолияти наклиётию экспедитсиони

Воситахои наклиёт, терминалхо ва дигар чузъхои фаъолияти наклиётию экспедитсиони ва хамчунин хизматрасонии наклиётию экспедитсиони сертификатсия  карда мешаванд.

Иншоотхои ташкилотхои наклиётию экспедитсиони ва хизматрасонии наклиётию экспедитсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сертификатсия карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Коидахои фаъолияти наклиётию экспедитсиони

  1. Коидахои фаъолияти наклиётию экспедитсиониро макоми ваколатдори  Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  2. Дар коидахои фаъолияти наклиётию экспедитсиони талаботи зерин муайян карда мешаванд:

– руйхати хуччатхои экспедитор (хуччатхое, ки баста шудани шартномаи экспедитсияи наклиётиро тасдик мекунанд);

– талабот нисбати сифати хизматрасонии наклиётию экспедитсиони;

– тартиби хизматрасонии наклиётию экспедитсиони.

 

Моддаи 8. Хукукхои экспедитор ва мизоч

  1. Экспедитор хукук дорад бори дар ихтиёраш бударо то пардохтани музд ва чуброни маблаги ба манфиати мизоч харчкардааш ё то замони    ухдадориашро оид ба пардохти музд ва чуброни харочот ба таври бояду шояд   ичро кардани мизоч боздорад. Дар ин холат мизоч харочоти нигох доштани амволро низ мепардозад. Чавобгарии боре, ки бинобар дар мавридхои пешбининамудаи хамин кисм барои онро нигох доштан экспедитор  зарар дидааст, ба зиммаи мизоч аст.
  2. .Экспедитор метавонад то пешниход кардани хуччатхои зарури, аз чумла маълумот  дар бораи хусусиятхои бор, дар бораи шартхои хамлу накли он ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор барои ичрои вазифахояш заруранд, ба ичрои ухдадорихои пешбининамудаи шартномаи   экспедитсияи наклиёти шуруъ накунад.

Экспедитор хамчунин хукук дорад дурустии хуччатхои зарури ва   маълумоти пешниходкардаи мизочро дар бораи хусусияти бор, шартхои хамлу накли он ва дигар маълумоти барои ичрои вазифахояш зарурро, ки дар шартномаи экспедитсияи наклиёти пешбини гардидааст, тафтиш намояд.

  1. Агар дар шартномаи экспедитсияи наклиёти тартиби дигар пешбини нашуда бошад, экспедитор метавонад бо назардошти манфиати мизоч намуди наклиёт, хатти сайри боркашони, навбати боркашониро бо навъхои гуногуни наклиёт интихоб намояд ё тагйир дихад. Дар ин маврид экспедитор вазифадор аст,ки мизочро бо тартиби муайянкардаи шартнома аз тагйироти дар кисми 6 моддаи мазкур  зикршуда фавран огох гардонад.
  2. Экспедитор хукук дорад дар холатхои зерин бо назардошти манфиати мизоч аз риояи дастури у даст кашад:

– агар   дар холатхои ба у новобаста розигии мизочро дар бораи риоя накардани тартиботи муайянкардаи шартномаи экспедитсияи наклиёти пешаки напурсида бошад  ё худ дар давоми як шабонаруз чавоби дархосташро гирифта натавониста бошад;

– агар дастурхои мизоч носахех ё худ ба шартномаи экспедитсияи наклиёти номувофик бошанд ва экспедитор дар холатхои ба вай новобаста имконияти аник кардани дастури мизочро надошта бошад.

  1. Экспедитор  хукук надорад аз номи мизоч, агар ин дар шартномаи экспедитсияи наклиёти  пешбини нашуда бошад, дар бораи сугуртаи бор шартнома бандад.
  2. Мизоч хукук дорад, ки:

– хатти сайри боркашони ва навъи наклиётро интихоб намояд;

– аз экспедитор, агар ин дар шартномаи экспедитсияи наклиёти пешбини шуда бошад, пешниход кардани  маълумотро дар бораи рафти боркашони талаб кунад;

– ба экспедитор мувофики шартномаи экспедитсияи наклиёти дастур дихад.

 

Моддаи 9. ухдадорихои экспедитор

Экспедитор ухдадор аст:

– мутобики шартномаи экспедитсияи наклиёти хизмат расонад;

– оид ба риоя накардани дастури мизоч ва ё дар давоми як шабонаруз нагирифтани чавоби  дархосташ мизочро аз риоя нашудани дастураш  бо тартиби муайянкардаи шартнома огох намояд;

– ба мизоч хуччати экспедитори ва хамчунин нусхахои асли шартномахоеро дихад, ки мутобики шартномаи экспедитсияи наклиёти аз номи  мизоч  дар асоси ваколатномаи у бастааст.

 

Моддаи 10. ухдадорихои  мизоч

Мизоч ухдадор аст:

– ба экспедитор барои ичрои ухдадорихои дар шартномаи экспедитсияи наклиёти пешбинигардидаи у, ки чихати назорати гумруки, санитари ва дигар намудхои назорати давлати заруранд, дар бораи хусусиятхои бор, шартхои хамлу накли он маълумоти пурра, аник ва дуруст пешниход намояд;

– ба экспедитор аз руи тартиби пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи наклиёти музд дихад ва хамчунин харочоти ба манфиати мизоч кардаи уро чуброн намояд.

 

Моддаи 11. Асосхои умумии чавобгари

  1. Экспедитор ва мизоч барои ичро накардан ё номатлуб ичро кардани вазифахои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи наклиёти ва Конуни мазкур  дар асоси боби 24 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва ба андозаи муайянкардаи он чавобгаранд.
  2. Дар боркашонии равобити байналмилали хадди чавобгарии экспедитор барои ичро накардан ё номатлуб ичро кардани ухдадорихои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи наклиёти аз 666,7 (хадди чавобгарии экспедитор барои ичро накардани шартнома аз хисоби 1000 вохиди шарти) вохиди хисобкунии як чой ё вохиди дигари борбардори, ба истиснои чавобгарии экспедитор, ки дар кисми 2 моддаи 14 хамин Конун пешбини шудааст, зиёд буда наметавонад.
  3. Барои максадхои Конуни мазкур хангоми хизматрасонии экспедитсионие, ки бо боркашонии равобити байналмилали алокаманд аст, тахти мафхуми вохиди хисобкуни вохиди хукуки махсуси иктибосии муайянкардаи Фонди байналмилалии асъор хисобида мешавад. Арзиши асъори милли дар вохидхои хукуки махсуси иктибоси аз руи тарзу усули муайян намудани арзише, ки Фонди байналмилалии асъор ба санаи дахлдор барои ахдхо ва муомилоти худ татбик менамояд, хисоб карда мешавад. Арзиши асъори милли дар рузи кабул гардидани карори суд ё дар рузи мукаррарнамудаи созишномаи тарафхо ба арзиши вохидхои хукуки махсуси иктибоси мутобик  гардонида мешавад.
  4. Агар экспедитор исбот карда натавонад, ки бори барои экспедитсияшави кабул карда гирифтааш ба сабаби амал ё беамалии у касдан ва ё бинобар беэхтиётии дагалона гум ё камомад шудааст ва ё зарар дидааст (вайрон шудааст), коидахои махдудкунии чавобгари, ки дар кисми 2 хамин модда ва кисми 2 моддаи 12 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, татбик карда намешаванд.
  5. Дар сурати яктарафа даст кашидан аз ичрои шартномаи экспедитсияи наклиёти мизоч ё экспедитор ба чониби дигар товони зарари бекор кардани шартномаро медихад ва ба андозаи мукаррарнамудаи шартнома  чарима месупорад.

 

Моддаи 12. Асос ва андозаи чавобгарии экспедитор дар назди мизоч барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор

  1. Экспедитор дар назди мизоч барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор дар асоси шартномаи экспедитсияи наклиёти ба андозаи зерин чавобгар мебошад:

– бо зикри кимати он хангоми гум шудан ё камомади бор- ба андозаи кимати зикршуда ё як кисми кимати зикргардида мутаносиби кисми камомади бор;

– бе зикри кимати он хангоми гум шудан ё камомади бор – ба андозаи кимати вокеии бо хуччат тасдикшудаи бор ё кисми камомади он;

– бо зикри кимати он хангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор- ба андозаи паст фуромадани кимати зикршуда ва дар сурати набудани имконияти баркарор кардани бори зарардида, ба андозаи кимати зикршуда;

– бе зикри кимати он хангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор – ба андозаи паст фуромадани кимати вокеии бо хуччат тасдикшудаи бор ва дар сурати набудани имконияти баркарор кардани бори зарардида ба андозаи  кимати вокеии бо хуччат тасдикшудаи бор.

Экспедитор музди пешпардохтаи мизочро, ки ба кимати бор дохил нашудааст, мутаносиби кимати бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда) тибки шартномаи экспедитсияи наклиёти бармегардонад, хамчунин  дар баробари чуброни зарари вокеи ба мизоч ба андозаи мукаррарнамудаи хамин модда товони фоидаи аз дастрафтаро медихад.

  1. Хангоми хизматрасонии экспедитсиони, ки бо боркашонии равобити байналмилали  алокаманд аст, андозаи чавобгарии зерин муаяйн карда мешавад:

– чавобгарии экспедитор барои  хар килограмми вазни умумии бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда), аз ду вохиди хисобкуни (вохиди хукуки махсуси иктибосии муаяйнкардаи Фонди байналмилалии асъор) зиёдтар буда наметавонад;

– фоидаи аз дастрафта пурра, вале на бештар аз андозаи чавобгарии мукаррарнамудаи Конуни мазкур чуброн карда мешавад.

  1. Арзиши вокеии бо хуччат тасдикшудаи бор бо нархе муайян карда мешавад, ки дар шартнома ё суратхисоби фурушанда зикр ёфтааст ва дар сурати набудани ин гуна нарх он бо нархи миёнаи хамин гуна моли дар он чо мавчудбуда, ки бор бояд дар рузи конеъгардонии ихтиёрии чунин талаб ё, агар талаб ихтиёран конеъ гардонида нашуда бошад, дар рузи кабул гардидани карори суд дода мешуд, муайян карда мешавад.
  2. Баъди си рузи гузаштани мухлати боррасони, ки дар шартномаи экспедитсияи наклиёти муайян карда шудааст ва ё агар чунин мухлат дар шартнома муайян карда нашуда бошад, дар давоми мухлати маъкули барои расонидани бор зарури ва аз рузи барои хамлу накл борро кабул карда гирифтани экспедитор гумшуда хисоб меёбад. Агар экспедитор мизочро аз тартиби муайяннамудаи шартномаи экспедитсияи наклиёти сари вакт огох гардонида бошад, боре, ки расонида шудааст, вале ба ихтиёри боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи наклиёти зикргардида ё ба шахси ваколатдори у ба сабаби напардохтани музди экспедитор супурда нашудааст, гумшуда хисоб намеёбад.

 

Моддаи 13. Огох кардан аз гум шудан, камомад ё зарар дидани  (вайрон шудани) бор

  1. Боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи наклиёти зикршуда ё шахси ваколатдори у экспедиторро  аз гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор хатти огох менамояд.
  2. Дар сурати бо усули маъмули кабул карда гирифтани бор, агар мукаррар намудани гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) онро муайянкардан имконнопазир бошад, экспедитор  на дертар аз си рузи таквимии кабул карда гирифтани бор огох карда мешавад. Рузи чунин огохномаро гирифтани экспедитор рузи огох гаштани у хисобида мешавад.

 

Моддаи 14. Асос ва хадди чавобгарии экспедитор  барои вайрон кардани мухлати ичрои ухдадори аз руи  шартномаи экспедитсияи наклиёти

  1. Экспедитор зарареро, ки ба мизоч барои вайрон кардани мухлати ичрои ухдадории шартномаи экспедитсияи наклиёти расидааст, ба истиснои холатхои рафънопазир, чуброн мекунад.
  2. Барои риоя нашудани мухлати ичрои ухдадории шартномаи экспедитсияи наклиёти, экспедитор ба мизоч барои хар шабонаруз (зимнан шабонарузхои нопурра хамчун шабонарузхои пурра хисоб мешаванд) ё соати (агар мухлат бо соат зикр шуда бошад) гузаронидани мухлат ба андозаи мукаррарнамудаи шартнома, вале на зиёдтар аз хаштод фоизи музди (хизматонаи) экспедитор ноустуворона (чарима) месупорад ва хамчунин агар бар асари кувваи рафънопазир ё бо айби мизоч риоя нашудани мухлати ичрои ухдадории шартномавиро исбот карда натавонад, зарари аз ин ба мизоч расидаро чуброн менамояд.

 

Моддаи 15. Асос ва хадди чавобгарии мизоч дар назди  экспедитор

  1. Мизоч дар назди экспедитор дар холатхои зерин чавобгар мебошад:

– барои зараре, ки бинобар ичро нашудани ухдадори оид ба пешниходи маълумоти дар Конуни мазкур зикрёфта ба экспедитор расидааст;

– барои даст кашидан аз пардохти  харочоти экспедитор ба максади ичрои вазифахои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи наклиёти ва супоридани чарима ба андозаи мукаррарнамудаи шартнома.

  1. Мизоч барои сари вакт напардохтани хизматонаи экспедитор ва дер чуброн кардани харочоте, ки экспедитор ба нафъи мизоч кардааст,   барои хар рузи гузарондани мухлати пардохт ба андозаи мукаррарнамудаи шартнома, вале на бештар аз хизматонаи  экспедитор ва харочоти ба манфиати мизоч кардаи у ноустуворона месупорад.

 

Моддаи 16. Иддао  ва даъво

Хангоми вайрон шудани шартхои шартномаи экспедитсияи наклиёти тарафхо хукуки пешниход намудани иддао ва даъворо тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон доранд.

 

Моддаи 17. Сугурта кардан

Хизматрасониро оид ба бастани шартномаи сугуртаи бор экспедитор амали мекунад, агар он бевосита дар шартномаи экспедитсияи наклиёти пешбини шуда бошад.

Экспедиторе, ки санади умумии сугурта дорад, барои ба расмият даровардани шартномаи сугурта барои хар як гурухи борхо ухдадор намебошад.

 

Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби  мавриди амал карор  додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас  аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти Чумхурии Точикистон                       Э.Рахмонов

             ш. Душанбе  3 марти соли 2006

             №165

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …