Главная / Чамъият / Фаъолияти эхсонкори (хайриякуни)

Фаъолияти эхсонкори (хайриякуни)

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти эхсонкори

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2003, №4, мод.148)

Бо максади ривоч додани эхсонкори дар Чумхурии Точикистон Конуни мазкур асосхои хукукии танзими фаъолияти эхсонкориро мукаррар намуда, шаклхо, максадхои асоси ва роху воситахои имконпазири дастгирии онро аз чониби макомоти хокимияти давлати ва махалли муайян мекунад, хамчунин хусусиятхои таъсиси ташкилотхои эхсонкори ва фаъолияти онхоро бо рохи хавасмандгардонии иктисоди ва маънавии субъектхои дар фаъолияти эхсоикори иштирок дошта, дастгири мекунад.

xair-kardan

Боби 1. Мукаррароти умуми 

Моддаи 1. Конунгузори дар бораи фаъолияти эхсонкори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти эхсонкори ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Фаъолияти эхсонкори фаъолияти ихтиёрии шахсони вокеи ва хукукиест, ки бо расонидани кумаки (дастгирии) модди ё дигар намуди кумак, аз чумла ба тарзи бегаразона (ройгон ё бо шартхои имтиёзнок) ба шахсони вокеии мухточи чунин ёри ё шахсони хукукие, ки бевосита машгули чунин   ёрирасонианд, аз чумла ба ташкилотхои эхсонкори додани молу амвол ва маблагхои пули, бегаразона ичро намудани корхо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илми, таълими, маърифати ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати чамъият ба амал бароварда мешавад, алокаманд мебошад.

Ташкилоти эхсонкори ташкилоти гайридавлати, гайритичоратиест, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис шуда, барои ичрои максадхои эхсонкори барпо гардидааст ва максади асосии фаъолияти он эхсонкори буда, ба манфиати чамъият ё шахсони алохида амали мегардад.

Барномаи эхсонкори мачмуи чорабинихо бо максади амали гардонидани фаъолияти эхсонкори оиди халли масълахои аники ичтимои, ки чавобгуи вазифахои оинномавии ташкилотхои эхсонкори мебошанд. Барномаи эхсонкори сметаи эхтимолии даромадхо ва харочотхои накшавиро дарбар мегирад, ки бевосита барои нигахдории ташкилоти эхсонкори (аз он чумла маоши кормандоне, ки дар амалигардонии барномахо банд хастанд) равона карда мешавад.

Эхсонкорон шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки фаъолияти эхсонкориро бо чунин шаклхо ба чо меоранд:

– бегаразона (ройгон ё бо шартхои имтиёзнок) додани молу амвол, аз он чумла маблагхои пули ва обектхои моликияти аклони хамчун моликият;

– бегаразона (ройгон ё бо шартхои имтиёзнок) додани хукуки сохиби намудан, истифода ва ифодакунии хама гуна объектхои хукуки моликият дошта;

– бегаразона (ройгон ё бо шартхои имтиёзнок) ичро намудани корхо, расонидани хизмат ба эхсонкорон – шахсони вокеи ва хукуки.

Эхсонкорон хукук доранд максадхо ва тартиби истифодабарии хайрияи худро муайян намоянд.

Эхсонгирхо шахсони вокеи ва хукукие, ки ба манфиати онхо фаъолияти эхсонкори амали гардонида мешавад.

Ихтиёриён шахсони вокеие, ки фаъолияти эхсонкориро дар шакли мехнати ройгон ба манфиати эхсонгирхо, аз чумла ба манфиати ташкилотхои эхсонкори ба чо меоранд. Ташкилоти эхсонкори метавонад харочотхои ихтиёриёнро, ки бевосита ба фаъолияти онхо дар ин ташкилот вобастаанд (харочоти сафархои кори, рохкиро ва гайра) пардохт намояд.

Фонди эхсонкори ташкилоти беузвияти эхсонкори, ки аз тарафи шахсони вокеи ва (ё) хукуки дар асоси сахми ихтиёрии амволи таъсис дода шудааст ва максад аз он эхсонкорист.

Грантхо амволе (аз чумла маблагхои пулие), ки ба шахсони вокеи ва ташкилотхои гайритичорати барои амали гардонидани барномахо ва лоихахо ба тарзи бебозгашт дода мешаванд.

Хайрия кумаки ихтиёрии бебозгаште, ки дар шакли пули ва ё дигар шакл ба ташкилотхои гайритичорати ё ба шахсони вокеи, ки ба ин кумак мухточанд, бо максадхои эхсонкори ба тартиби муайянкардаи Конуни мазкур дода мешавад.

Чамьиятхои хочагидорие, ки ташкилотхои эхсонкори ташкил мекунанд ташкилотхое, ки даромади худро ба максади фаъолияти эхсонкори равона мекунанд ва муассисони (иштирокчиёни) онхо танхо ташкилотхои эхсонкори мебошанд.

Моддаи 3. Максадхои фаъолияти эхсонкори

Ба фаъолияти эхсонкори инхо дохиланд:

– дастгирии ичтимои, мутобикат ва химояи шахсони вокеи, аз чумла бехтаркунии вазъи модди, офияти ичтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсон, ки бо сабаби хусусиятхои чисмони ва аклонии худ ё дигар холатхо мустакилона хукук ва манфиатхои худро ба амал бароварда наметавонанд;

– ёри ба оилахои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони вокеии мухточи мутобикати ичтимои ё хифзи ичтимои;

– ёри ба бачахое, ки падару модар (волидайн) надоранд, ба муассисахои бачагона, инчунин дигар ташкилотхое, ки чунин бачагонро нигохубин мекунанд;

– ёри ба модарону кудакон оид ба мусоидати химояи онхо;

– баланд бардоштани обру ва макоми оила дар чомеа;

– ёри ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотхое, ки ба нигохубини онхо машгуланд;

– ёри ба зарардидагон аз офатхои табии, экологи, саноати ё фалокатхои дигар, низоъхои ичтимои, милли, мазхаби, инчунин курбонихои чазодихи (репрессия), гурезахо ва мухочирони ичбори;

– дастгири ба шахсони вокеии мухточи ёрии тибби ё нигохубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тибби ё хизматхои вобаста ба он (аз чумла харочоти рафту омад то махалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотхои дорои макоми муассисаи тибби;

– мусоидат барои фаъолият дар сохаи пешгири ва хифзи саломатии шахрвандон, инчунин таргиботи тарзи хаёти солим, бехгардонии вазъи   маънавию рухии шахрвандон;

– мусоидат ба фаъолияти муассисахои сохаи маориф, илм, фарханг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз чумла таъсиси стипендияхо;

– мусоидати фаъолият дар сохаи тарбияи чисмони ва варзиши оммави;

– хифзи ахоли ва хифзи мухити зист аз олудашави ё таъсири дигари зараровар;

– ёри ба муассисахои пенитенциари (ислохоти), агар фаъолияти онхо барои бехбуд бахшидани шароитхои нигохдори ё хизматрасонии тиббии махкумон равона шуда бошанд;

– мусоидат барои пойдории сулх, дусти, хамдигарфахмии байни халкхо, пешгирии низоъхои ичтимои, милли ва мазхаби;

– хифз ва дар холати муносиб нигохдории бинохо, объектхо ва минтакахои дорои ахамияти таърихи, динию оини ва фарханги;

– максадхои дигари ахамияти ичтимои дошта, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд.

Моддаи 4. Хукук барои фаъолияти эхсонкори

Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд бемонеа фаъолияти эхсонкориро дар асоси ихтиёри ва озодии интихоби максадхои нафъи умуми ба амал бароранд.

Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд озодона фаъолияти эхсонкориро алохида ё дар муттахиди, бо рохи таъсиси ташкилотхои эхсонкори ва ё бе таъсиси он ба амал бароранд.

Хеч кас хукуки махдуд кардани интихоби озодонаи максадхои фаъолияти эхсонкори ва тарзи ичрои онхоро, ки Конуни мазкур мукаррар кардааст, надорад.

Моддаи 5. Иштирокчиёни фаъолияти эхсонкори

Иштирокчиёни фаъолияти эхсонкори инхоанд:

– шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолияти эхсонкориро ба амал мебароранд, аз чумла бо рохи дастгирии ташкилоти мавчуда ё таъсиси ташкилоти нави эхсонкори (эхсонкорон, ихтиёриён);

– шахсони вокеи ва хукуки, ки барои манфиати онхо фаъолияти эхсонкори ба амал бароварда мешавад (эхсонгирхо).

Моддаи 6. Ташкилоти эхсонкори

Ташкилоти эхсонкори – ташкилоти гайридавлати, гайритичоратие мебошад, ки ба максадхои ичрои фаъолияти эхсонкори таъсис шуда, мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун ташкилоти эхсонкори ба кайд гирифта шудааст.

Дар холати зиёд шудани кисми даромади ташкилоти эхсонкори аз харочотхо, он маблаги барзиёд набояд байни муассисони онхо таксим шавад, балки барои амали гардонидани максадхое, ки ба хотири онхо ташкилоти эхсонкори таъсис шудааст, равона карда мешавад.

Моддаи 7. Шаклхои ташкилотхои эхсонкори

Ташкилотхои эхсонкори ба шакли ташкилотхои чамъияти (иттиходияхо), фондхо, муассисахо ва дигар шаклхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои фаъолияти эхсонкори пешбини намудааст, ташкил карда мешаванд.

Ташкилоти эхсонкори мумкин аст ба шакли муассиса ташкил ёбад, агар муассиси он ташкилоти эхсонкории дигаре бошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛДИХИ, АЗНАВТАШКИЛДИХИ ВА БАРХАМДИХИИ ТАШКИЛОТИ ЭХСОНКОРИ

Моддаи 8. Муассисони ташкилоти эхсонкори

Шахсони вокеи ва хукуки, вобаста ба шаклхои ташкилоти эхсонкори, муассиси он шуда метавонанд.

Макомоти хокимияти давлати ва хокимияти махалли, инчунин корхонахои давлати ва муассисахо муассиси ташкилоти эхсонкори шуда наметавонанд.

Моддаи 9. Барпо кардани ташкилоти эхсонкори

Ташкилоти эхсонкори мумкин аст бо рохи таъсис додан ё бо рохи азнавташкилдихии шахси хукуки (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табдил додан) барпо карда шавад.

Барпо кардани ташкилоти эхсонкори бо рохи таъсисдихи бо карори муассисон (муассис) амали гардонида мешавад.

Ташкилоти эхсонкори аз лахзаи ба кайди давлати гирифта шуданаш мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барпошуда ба хисоб рафта, шахси хукуки ба шумор меравад.

Моддаи 10. Оинномаи ташкилоти эхсонкори

Оинномаи ташкилоти эхсонкори бояд инхоро пешбини намояд:

– ном, максад ва вазифахои ташкилоти эхсонкори;

– сохтори ташкилоти эхсонкори, макомоти рохбарикунанда ва назорату тафтиши ташкилоти эхсонкори;

– шартхо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвияти ташкилоти эхсонкори, хукук ва вазифахои аъзои ташкилоти мазкур дар ташкилотхое, ки узвият доранд;

– хукук ва вазифахои ташкилоти эхсонкори;

– салохият ва тартиби ташкили макомоти ташкилоти эхсонкори, мухлатхои ваколатхои онхо, махалли вокеъ гардидани макоми доимамалкунанда;

– тартиби дохил намудани тагйирот ва иловахо дар оинномаи ташкилоти эхсонкори;

– манбаи ташкилёбии воситахои пули ва дигар амволи ташкилоти эхсонкори, хукуки ташкилоти эхсонкори ва вохидхои сохтории он дар идоракунии амвол;

– тартиби азнавташкилдихи ва бархам додани ташкилоти эхсонкори;

– коидахои дигаре, ки конунгузори пешбини кардааст.

Моддаи 11. Ба кайди давлати гирифтани ташкилоти эхсонкори

Бакайдгирии давлатии ташкилоти эхсонкори, дар асос ва бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

Аз руи карори макомоти бакайдгиранда дар бораи рад кардани бакайдгирии ташкилоти эхсонкори, инчунин саркаши аз бакайдгири бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 12. Макоми олии идоракунии ташкилоти эхсонкори

Макоми олии идоракунии ташкилоти эхсонкори, макоми дастачамъии он (мачлиси умуми мебошад, ки бо тартиби муайянкардаи оинномаи ташкилоти эхсонкори ташкил карда мешавад.

Карорхо дар бораи барпо кардани ташкилоти эхсонкори ва тасдики оинномаи он дар мачлиси умуми кабул карда мешаванд.

Ба ваколати истисноии макоми олии идоракунии ташкилоти эхсонкори инхо дохил мешаванд:

– тагйир додани оинномаи ташкилоти эхсонкори;

– созмон додани макомоти ичроияи ташкилоти эхсонкори, макомоти назорати-тафтишоти ва пеш аз мухлат катъ намудани фаъолияти онхо;

– тасдики барномахои эхсонкори;

– тасдики накшаи солона, бучети ташкилоти эхсонкори ва хисоботи солонаи он;

– кабули карорхо оид ба таъсиси ташкилотхои тичорати ва гайритичорати, оиди иштирок дар чунин ташкилотхо, кушодани филиалхо ва намояндагихо;

– кабули карорхо оид ба азнавташкилдихи ва бархамдихии ташкилотхои эхсонкори  (ба истиснои фондхои эхсонкори).

Аъзоёни макомоти олии ташкилоти эхсонкори ва шахсони масъули ташкилоти эхсонкори хукук надоранд, ки вазифахои штатиро дар маъмурияти ташкилотхои тичорати ва гайритичоратие, ки муассиси (иштирокчии) онхо хамин ташкилоти эхсонкори мебошад, ишгол намоянд.

Моддаи 13. Азнавташкилдихи ва бархамдихии ташкилоти эхсонкори

Азнавташкилдихи ва бархамдихии ташкилоти эхсонкори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Дар вакти бархамдихии ташкилоти эхсонкори, амволи бокимондаи он, баъди ичрои талаботи карзхохон (кредиторхо), барои максадхои эхсонкори бо тартиби мукарраркардаи оиннома, ё бо карори комиссияи бархамдихи, агар тартиби истифодаи амволи ташкилоти эхсонкори дар оинномаи он пешбини нашуда бошад, истифода мешавад.

БОБИ 3. ШАРТХО ВА ТАРТИБИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭХСОНКОРИ

Моддаи 14. Фаъолияти ташкилоти эхсонкори

Ташкилоти эхсонкори хукук дорад фаъолияташро, ки барои ичрои хадафхои ба миён гузоштааш равона шудаанд, инчунин фаъолияти эхсонкориеро, ки хамин Конун пешбини кардааст, ба амал барорад.

Ташкилоти эхсонкори хукук дорад ба фаъолияти чалби захирахо ва ичрои амалиётхои гайритичорати машгул шавад.

Ташкилоти эхсонкори хукук дорад фаъолияти сохибкориро танхо барои хадафхое, ки махз барои онхо ва ба хамин хадаф марбут ташкил шудааст, анчом дихад.

Бахри фарохам овардани шароити моддие, ки барои бадастоварии хадафхояш зарур мебошад, ташкилоти эхсонкор хукук дорад чамъиятхои хочагидори таъсис дихад. Иштироки ташкилоти эхсонкори дар чамъиятхои хочагидори якчоя бо шахсони дигар мумкин нест.

Ташкилоти эхсонкори хак надорад маблагхо ва амволи худро барои дастгирии хизбхои сиёси, харакатхо, гуруххо ва маъракахои сиёси сарф намояд ва истифода барад.

Моддаи 15. Филиалхо ва намояндагихои ташкилоти эхсонкори

Ташкилоти эхсонкори хукук дорад дар доираи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар худуди Чумхурии Точикистон филиалхо ташкил дихад ва намояндагихои худро кушояд.

Ташкили филиалхои ташкилоти эхсонкори ва кушодани намояндагихояш дар каламрави давлатхои хоричи, мувофики конунгузории ин давлатхо ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигаре дар шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон мукаррар нашуда бошад.

Филиалхо ва намояндагихо шахсони хукуки ба хисоб намераванд ва амволеро сохибанд, ки ташкилоти эхсонкории онхоро ташкил карда ба онхо додааст ва дар асоси низомномаи аз тарафи онхо тасдик шуда амал мекунанд. Амволи филиалхо ва намояндагихо, дар баланс алохидаи онхо, инчунин дар баланси ташкилоти эхсонкории онхоро таъсисдода ба хисоб гирифта мешавад.

Рохбарияти филиалхо ва намояндагихо аз тарафи макомоти олии идоракунии ташкилоти эхсонкори таъин карда мешаванд ва дар асоси бовариномае, ки ташкилоти эхсонкори ба онхо додааст, амал мекунанд.

Филиалхо ва намояндагихо фаъолияти худро аз номи ташкилоти эхсонкории онхоро таъсисдода ба амал мебароранд. Ташкилоти эхсонкорие, ки филиалу намояндагихоро ташкил додааст, барои фаъолияти онхо масъул мебошад.

Моддаи 16. Иттиходияхои (ассотсиатсия ва иттифокхо) ташкилотхои эхсонкори

Ташкилотхои эхсонкори, сарфи назар аз шакли ташкилию хукукияшон, хукук доранд дар асоси шартномахои таъсиси ва оиномахое, ки ташкилотхои эхсонкори кабул кардаанд, барои амали гардонидани хадафхои оинномавиашон, иттиходияхо (ассотсиатсия ва иттифокхо) ташкил диханд, ки онхо ташкилотхои гайритичорати мебошанд.

Аъзои иттиходияхои (ассотсиатсия ва иттифокхои) ташкилотхои эхсонкори мустакилияти худ ва хукуки шахси хукукиро нигох медоранд.

Иттиходияхои (ассотсиатсия ва иттифокхои) ташкилотхои эхсонкори, аз руи ухдадорихои аъзои худ масъулият надоранд. Аъзои иттиходияхо (ассотсиатсия ва иттифокхо) аз руи ухдадорихои он ба андоза ва мувофики тартиби дар хуччатхои таъсисии иттиходияхо (ассотсиатсия ва иттифокхо) пешбинигардида масъулияти субсидиари доранд.

Таъсис, фаъолият, азнавташкилдихи ва бархам додани иттиходияхои (ассотсиатсия ва иттифокхои) ташкилотхои эхсонкори, аз он чумла бо иштироки иттиходияхои хоричии гайритичорати, бо тартиби   муtаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 17. Манбахои ташаккулёбии амволи ташкилоти эхсонкори

Манбахои ташаккулёбии амволи ташкилоти эхсонкори инхо шуда метавонанд:

– пардохти муассисони ташкилоти эхсонкори;

– хакки аъзоги (барои ташкилотхои эхсонкории аз аъзоён иборатбуда);

– хайрияи эхсонкори, аз чумла хайрияи максаднок (грантхои эхсонкори), ки шахсони вокеи ва хукуки ба шакли пул ё мол додаанд;

– даромад аз амалиётхои гайритичорати;

– даромад аз когазхои кимматнок;

– воридот аз фаъолияти сохибкорие, ки мувофики хамин Конун ичозат шудааст;

– воридот аз фаъолияти чалби захирахо (гузаронидани маъракахои чалби эхсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабинихои шавкангез, фарханги, варзиши, гузаронидани маъракахои чамъоварии хайрияи эхсонкори, лотореяхо, ауксионхо) бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон, инчумин фуруши амвол ва хайрияи аз эхсонкорон омада, мувофики хохиши онхо;

– воридот аз фаъолияти чамъиятхои хочагидорие, ки ташкилоти эхсонкор таъсис додааст;

– мехнати ихтиёриён;

– дигар манбахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардаасту ба амали кардани фаъолияти асосии ташкилоти эхсонкори вобастааст.

Моддаи 18. Амволи ташкилоти эхсонкори

Дар ташкилоти эхсонкори хамчун моликият ё бо хукуки дигари амволи буда метавонанд: бинохо, иншоот, тачхизот, маблагхои пули, когазхои кимматнок, захирахои иттилооти, натичаи фаъолияти аклони ва навъхои амволи дигар, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад.

Ташкилоти эхсонкор метавонад бо моликияти худ ё амволи дигари дар ихтиёраш буда доду гирифт намояд, ба шарте, ки ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномаи ташкилот ва хукуки эхсонкор мухолифат накунад.

Ташкилоти эхсонкор хукук надорад барои пардохти хакки мехнати кормандони маъмурию идоравиаш беш аз 20 фоизи маблагхои молиявии дар соли молиявии ташкилот сарфшавандаро харч намояд.

Дар мавриде, ки эхсонкор ё барномаи эхсонкори тартиботи дигар мукаррар карда бошад, на камтар аз 80 фоизи хайрияи эхсонкори ба шакли пул бояд барои максадхои эхсонкории дар давоми соли ин хайрияро гирифтааш истифода гардад. Хайрияи ба шакли мол омада бояд барои максадхои эхсонкори дар давоми як соли гирифтани он истифода шавад, агар эхсонкор ё барномаи эхсонкори тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.

Амволи ташкилоти эхсонкори ба муассисони (аъзои) ин ташкилот нисбат ба шахсони дигар бо шартхои имтиёзнок дода шуданаш мумкин нест (бо рохи фуруш, пардохти нархи мол, кор, хизмат ва шаклхои дигар).

Моддаи 19. Харочоти маблагхои ташкилотхои эхсонкори

Маблагхои ташкилотхои эхсонкори мумкин аст барои максадхои эхсонкори ва нигахдории ташкилоти эхсонкори равона карда шаванд. Харочоти нигахдории ташкилот мумкин аст масорифи зайлро дарбар гирад:

– маоши кормандони маъмурию идори;

– хиссачудокуни барои маош;

– харочоти дафтардорию хочаги;

– харочоти сафархои хизмати;

– харидории тачхизот ва асбобу анчом;

– таъмири асоси ва чори;

– пардохти ичора;

– харочотхои дигар (хисоббаробаркуни бо бучет, фондхои гайрибучети ва гайрахо).

Хайрияхои максадноки барои амали кардани барномахои эхсонкори равона гардида, тибки шартхои хамин хайрия истифода мешаванд.

Махдудкунии харочоти маош барои пардохти хакки мехнати шахсони дар барномахои эхсонкори бандбуда, дахл надорад.

Маблагхои барои дарчи хисоботи фаъолияти ташкилоти эхсонкори, хамчунин барои гузаронидани тафтиши хатмии аудитории фаъолияти фондхои эхсонкори сарфгардида, хамчун харочоти максадхои эхсонкори хисобида мешаванд.

Чудо кардани маблаг аз бучети чумхурияви, махалли ва фондхои максадноки давлати, барои ташкилоти эхсонкори манъ аст.

Моддаи 20. Барномаи эхсонкори

Барномаи эхсонкори аз мачмуи чорабинихое иборат аст, ки макоми олии идоракунии ташкилоти эхсонкори мукаррар кардааст ва барои халли вазифахои мушаххаси максадхои оинномавии ин ташкилот мувофиканд.

Барномаи эхсонкори сметаи воридоти эхтимоли ва харочоти ба накша гирифташавандаро (бо назардошти пардохти хакки мехнати шахсони дар амалигардонии барномаи эхсонкори ширкаткунанда) дарбар гирифта, мархила ва мухлатхои амалигардонии онро мукаррар менамояд.

Барои бо маблаг таъмин кардани барномахои эхсонкори (бо назардошти харочоти таъминоти моддию техники, ташкили, пардохти хакки мехнати шахсони дар амалигардонии барномахои эхсонкори ширкаткунанда ва дигар харочоти ба амалигардонии барномаи эхсонкори алокаманд) бояд на камтар аз 80 фоизи даромади соли молияви истифода бурда шавад. Хангоми ичрои барномахои эхсонкории дарозмуддат, маблагхои бадастомада, дар мухлатхои мукаррарнамудаи ин барномахо истифода мегарданд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ДАВЛАТИ БА ФАЪОЛИЯТИ ЭХСОНКОРИ

Моддаи 21. Дастгирии давлатии фаъолияти эхсонкори

Хукук ва манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки – иштирокдорони фаъолияти эхсонкориро, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, аз чониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд.

Шахсони мансабдоре, ки ба амали шудани хукукхои шахсони вокеи ва хукуки дар ичрои фаъолияти эхсонкори монеъ мешаванд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Макомоти хокимияти давлати ва хокимияти махалли, ахамияти ичтимоии эхсонкориро эътироф намуда, метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эхсонкориро дар шакли зайл дастгири кунанд:

– пешниход барои додани нишонхои фахри ва мукофотхо;

– додани имтиёзхо оиди пардохти андоз, бочхои гумруки ва дигар пардохтхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– дар асоси озмун, бо маблаг таъминкунии барномахои эхсонкори;

– бепул ё бо назардошти имтиёзхо ба моликияти ташкилотхои эхсонкор вогузор кардани амволи давлати ё махалли, дар чараёни гайридавлатикунони ё хусусигардони бо тартиби пешбининамудаи конунгузори.

Бо максади дастгирии фаъолияти эхсонкори, амали гардонидани хамкории макомоти хокимияти давлати, хокимияти махаллй ва ташкилотхои эхсонкори, мумкин аст шурохои (кумитахои) дастгирии эхсонкориро дар хайати намояндахои макомоти хокимияти конунгузори ва ичроия, ташкилотхои эхсонкори ва ташкилотхои чамъияти, ходимони чамъияти ташкил диханд. Ин шурохо (кумитахо) нисбат ба иштирокдорони фаъолияти эхсонкори, ваколати хокимиятиро доро нестанд. Карорхои онхо хусусияти тавсияви дорад.

Моддаи 22. Назорат ба фаъолияти ташкилоти эхсонкори

Макоми давлатие, ки ташкилоти эхсонкориро ба кайд гирифтааст, ба риояи коидахои оиннома оид ба максадхои фаъолияти эхсонкори назорат мекунад. Ташкилоти эхсонкори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бахисобгирии мухосиби мебарад.

Ташкилоти эхсонкор барои дастрас намудани хисоботи солонаи худ, аз чумла ба воситахои ахбори омма имконияти бемонеа медихад.

Маълумот дар бораи андоза ва сохтори даромадхои ташкилоти эхсонкори, инчунин маълумот оиди андозаи амвол, харочоти он, шумораи кормандон, маоши онхо, чалби ихтиёриён сирри тичорати шуда наметавонад.

Назорат аз болои фаъолияти ташкилоти эхсонкори аз тарафи макомоти назорати давлати, дар доираи салохияташон ба амал бароварда мешавад.

Бахсхо байни ташкилоти эхсонкори ва шахсони вокеию хукуки, ки ба ин ташкилот барои хаддафхои эхсонкори маблаг додаанд, оиди истифодаи ин маблагхо бо тартиби суди халлу фасл мешаванд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 23. Ба амал баровардани фаъолияти эхсонкории байналмилали

Иштирокдорони фаъолияти эхсонкори метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон фаъолияти байналмилалии эхсонкориро ба амал бароранд.

Фаъолияти байналмилалии эхсонкори бо рохи дар лоихахои байналмилалии эхсонкори, дар кори ташкилотхои байналмилалии эхсонкори, хамкори бо шарикони бурунмарзи дар доираи фаъолияти марбутаи эхсонкори, инчунин бо шаклхои дигари дар амалияи байналмилали кабулгардида ва ба конунгузории Чумхурии Точикистон, меъёрхою принсипхои хукукии байналмилали мухолифат надошта ба амал бароварда мешавад.

Ташкилоти эхсонкори хукук дорад дар муассисахои бонкии давлатхои дигар, мувофики конунгузории онхо суратхисобхо кушояд.

Ташкилоти эхсонкори барои гирифтани хайрияи эхсонкори аз шахрвандони хоричи, шахрвандони бетабаа, инчунин аз ташкилотхои хоричию байналмилали хукук дорад. Истифодаи хайрияи мазкур бо тартиби ичозатдодаи хамин Конун ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 24. Фаъолияти эхсонкории шахрвандони хоричи, шахрвандони бетабаа, ташкилотхои хоричи ва байналмилали дар каламрави Чумхурии Точикистон

Шахрвандони хоричи, шахрвандони бетабаа, ташкилотхои хоричи ва байналмилали, метавонанд дар каламрави Чумхурии Точикистон, мувофики талаботи хамин Конун дар фаъолияти эхсонкори иштирок дошта бошанд.

Моддаи 25. Чавобгари барои вайронкунии Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон намудаанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                            Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№18

 

  

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи фаъолияти эхсонкори»

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти эхсонкори» дар кироати дуюм кабул карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунгузории чори таклифхо пешниход намояд ва карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик намояд.

 

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                             С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  26 феврали соли 2003

№801

  

КАРОРИ МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти эхсонкори»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 2003, №4, мод.190)

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи фаъолияти эхсонкори» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти эхсонкори» чонибдори карда шавад.

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                       М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  7 апрели соли 2003

№375

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …