Главная / Чамъият / Фаъолияти бонкии исломи

Фаъолияти бонкии исломи

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар бораи фаъолияти бонкии исломи

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 2, мод. 405)

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломи фарохам месозад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

низоми бонкии Чумхурии Точикистон – Бонки миллии Точикистон ва ташкилотхои дигари карзии дар Чумхурии Точикистон фаъолияткунанда;

фаъолияти бонкии исломи – аз чониби ташкилотхои карзии исломи анчом додани амалиёти бонкии исломи ва ахдхое, ки дар Конуни мазкур пешбини гардидааст;

принсипхои маблаггузории исломи – амали намудани фаъолияти бонкии исломи бо риояи стандартхое, ки ба меъёрхои хукукии исломи асос ёфта, нисбат ба хизматрасонихои бонки татбик мегарданд;

стандартхои фаъолияти бонкии исломи – мачмуи коидахое, ки Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи маъкул дониста, аз чониби Бонки миллии Точикистон тасдик шудаанд ва тибки онхо ташкилотхои карзии исломи фаъолияти бонкии исломиро анчом медиханд;

ташкилотхои карзии исломи – шахсони хукукие (бонкхои исломи, ташкилотхои карзии гайрибонкии исломи, ташкилотхои маблаггузории хурди исломи, аз чумла «равзанаи бонкии исломи»), ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон хама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар Конуни мазкур пешбинишударо ичро менамоянд;

ташкилотхои карзии анъанави – шахсони хукукие (бонкхо, ташкилотхои карзии гайрибонки, аз чумла ташкилотхои маблаггузории хурд), ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон хама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбинишударо ичро менамоянд;

бонки исломи – ташкилоти карзии исломие, ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон ба фаъолияти бонкии исломи машгул мебошад;

ташкилотхои карзии гайрибонкии исломи – ташкилотхои карзии исломие, ки хукуки ичрои баъзе аз амалиёти бонкии исломиро доранд. Номгуи амалиёти бонкии исломиро барои ташкилотхои карзии гайрибонкии исломи Конуни мазкур ва Бонки миллии Точикистон мукаррар менамоянд;

ташкилотхои маблаггузории хурди исломи – ташкилотхои карзии исломие, ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон ба фаъолияти маблаггузории хурди исломи машгул мебошанд. Андозаи маблаггузории хурди исломи аз чониби Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад;

равзанаи бонкии исломи – филиали ташкилоти карзии анъанави, ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон пурра ё кисман амалиёти бонкии исломиро амали менамояд;

филиал – вохиди махсуси сохтории ташкилоти карзии исломи, ки берун аз махалли чойгиршавии он карор дошта, аз номи он пурра ё кисман фаъолияти бонкии исломиро ичро менамояд ва бо ташкилоти карзии исломи сармояи оинномави ва тавозуни ягона дорад;

филиали бонки исломии хоричи – вохиди махсуси сохтори, ки аз чониби бонки исломии хоричи барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи дар Чумхурии Точикистон таъсис дода шудааст;

ташкилоти карзии фаръии исломи – ташкилоти карзие, ки зиёда аз панчох фоизи сахмияхои (хиссаи) овоздихандаи он ба ташкилоти карзии дигари исломи тааллук дорад;

чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи – шахси хукукие, ки ташкилоти карзии исломи ба он тааллук дорад ё аз чониби он назорат карда мешавад;

чамъияти вобаста – шахси хукукие, ки ташкилоти карзии исломиро назорат мекунад, хамчунин шахси хукукии дигаре, ки аз тарафи он  назорат карда мешавад, аз чумла шахси хукукие, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ба ин гурух дохил мешавад;

намояндаги – вохиди махсуси сохтории ташкилоти карзии исломи, ки берун аз махалли чойгиршавии он карор дошта, манфиатхои онро хифз ва намояндаги мекунад, вале хукуки ичро намудани фаъолияти бонкии исломиро надорад;

Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи – макоме, ки  фаъолияти ташкилотхои карзии исломии дар асоси принсипхои маблаггузории исломи амалкунандаро танзим менамояд;

Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи – макоми ташкилоти карзии исломи, ки барои мутобик будани созишномахои (шартномахои) басташудаи онхо ба стандартхои фаъолияти бонкии исломи масъул мебошад;

кормандони рохбарикунанда – раиси ташкилоти карзии исломи ва муовинони у, раиси Раёсат ва аъзои дигари он, сармухосиби ташкилоти карзии исломи, рохбар ва сармухосиби филиали ташкилоти карзии исломи, рохбар ва сармухосиби «равзанаи бонкии исломи» ва филиали бонки исломии хоричи;

шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:

а) корманди рохбарикунанда;

б) аъзои оилаи корманди рохбарикунанда;

в) шахс ва аъзои оилаи у, ки дар ташкилоти карзии исломи хиссаи иштироки афзалиятнок доранд ва шахси хукукие, ки дар он шахс ё корманди рохбарикунанда дорои хиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;

г) шахси хукукие, ки дар он ташкилоти карзии исломи хиссаи иштироки афзалиятнок дошта, хангоми омодасозии хисоботи молиявии мачмуи ба инобат гирифта намешавад;

д) шахсе, ки ба ташкилоти карзии исломи ба сифати узви Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи хизмат мерасонад;

резидент – шахси вокеи ё хукукие, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба хамин сифат эътироф шудааст;

гайрирезидент – шахси вокеи ё хукукие, ки резидент нест;

форфейтинг – маблаггузории ахдхои тичорати бо рохи бахисобгирии векселхо бидуни ухдадории фурушанда;

факторинг – маблаггузори тахти гузашт кардани талаботи пули;

тратта (вексели интиколи) – хуччати аз чониби ташкилоти карзии исломи (ё аз номи он) пешниход карда шуда, ба пулхои накд баробар карда мешавад ва наметавонад бидуни пардохт ё фармоиши хаттии кредитор ба карздор оид ба пардохти маблаги муайян ба шахси сеюм баргардонида шавад ва баъди аз чониби карздор гирифта шудани хуччати мазкур эътибор пайдо мекунад;

низоми клиринг – низоми хисоббаробаркунии гайринакди ва байнибонки, ки ба талабот ва хисоби  ухдадорихои пардохти мутакобилаи пули асос ёфтааст;

шахси аз нигохи касби босалохият ва боэътимод – шахси вокеие, ки:

а) бо хукми суд барои содир кардани чиноятхои касдонаи (аз чумла хусусияти коррупсиони дошта) ба амалхои дини ё сиёсии у алокаманд набуда аз озоди махрум нашуда бошад;

б) аз тарафи суд дар давоми хафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;

в) аз тарафи суд барои кирдори ба амалхои дини ё сиёсии у алокаманд набуда аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян махрум нашуда бошад;

суратхисоби сармоягузори – суратхисобе, ки тавассути он ташкилоти карзии исломи маблагхои пулиро бо максади сармоягузори мутобики принсипхои маблаггузории исломи бидуни ба зимма гирифтани ухдадории пурра баргардонидани маблаг кабул менамояд, ба шарте ки:

а) танхо фоида ё фоидаву зарар мутобикан дар байни шахси маблагдиханда ва ташкилоти карзии исломии маблаггиранда таксим карда шавад;

б)  он бо пардохт ё бе пардохт бошад;

карзи исломи – маблаге, ки аз чониби ташкилоти карзии исломи ба муштари мутобики принсипхои маблаггузории исломи дода шуда, метавонад шартхои пардохти маблаги асоси, фоида, ичора ё хакки хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он;

амонат ё пасандозхои исломи – маблаги пули ва сарватхои дигари шахсони вокеи ва хукуки, ки барои нигох доштан ба ташкилоти карзии исломи бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба сохиби амонат ё намояндаи он, бо дархост ё ба мухлатхои мувофикашуда бо намудхои зерин ва бо риояи принсипхои маблаггузории исломи дода мешаванд:

а) амонати мухлатнок – маблагхои пулии ба ташкилоти карзии исломи додашуда, ки онхоро ташкилоти карзии исломи метавонад бо ичозати амонатгузор ё бо ихтиёри худ бо шартхои идоракунии боваринок ба сифати маблагхои сармоягузори истифода намояд. Ин маблагхо баъди тамом шудани мухлати пешбининамудаи шартнома метавонанд гирифта шаванд;

б) амонати пасандози – маблагхои пулие, ки ба ташкилоти карзии исломи барои нигахдори бо хукуки истифода бурдани онхо барои максадхои сармоягузори супурда шудаанд. Гирифтани ин маблагхо хангоми риоя шудани шартхои пешбининамудаи шартнома ичозат дода мешавад;

в) амонати дархости – маблагхои пулии ба ташкилоти карзии исломи додашуда, ки метавонанд хар вакт аз тарафи амонатгузор гирифта шаванд;

г) нигохдории амонати – нигохдории дороихои муштари аз чониби ташкилоти карзии исломи бе хукуки истифодаи онхо;

д) амонати сармоягузори – маблагхои пули, ки аз чониби муштари ба ташкилоти карзии исломи дар шакли амонат бо хукуки истифодаи онхо аз руи шартхои пешбиникардаи шартнома дода шудаанд;

даромад ё фоида – вобаста ба мафхумхои «карзи исломи», «суратхисоби сармоягузори» ва «амонат ё пасандозхои исломи» шаклхои гуногуни даромад, дивиденд ё фоида, рента (изофабахо), инчунин хакки хизматрасони ё тухфае, ки ба ташкилоти карзии исломи пардохта ё аз чониби он дода мешаванд;

ваколати назорат аз болои шахси хукукии дигар – ваколатхои шахсе, ки:

а) ба таври мустаким ё гайримустаким, тавассути як ё якчанд шахси молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он сахмияхои овоздиханда ва ё хиссахои шахси хукуки бошад;

б) имконияти интихоби аксарияти рохбарони шахси хукукиро дошта бошад;

в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Точикистон муайян кардааст;

хиссаи иштироки афзалиятнок – хиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустакилона ё тавассути ягон шахс ё якчоя бо як ё якчанд шахсони дорои зиёда аз 10 фоизи сармояи оинномави ё сахмияхои овоздихандаи ташкилоти карзии исломи мебошад ё хиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Точикистон муайян кардааст;

меъёрхои макбул – меъёрхои иктисодие, ки аз чониби Бонки миллии Точикистон бо максади танзими фаъолияти ташкилотхои карзии исломи мукаррар гардида, риояи онхо аз чониби ташкилотхои карзии исломи хатми мебошад;

аудити беруни – санчиши мустакилонаи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи мухосиби (молияви), ки аз чониби аудитори ватани ё хоричи гузаронида мешавад;

ичора – аз тарафи ташкилоти карзии исломи бо дархости муштари ба даст овардани тачхизот ё молу мулки дигар ва ба мухлати муайян ба ичора (кироя) додани он.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни мазкур нисбат ба хамаи бонкхо, ташкилотхои карзии гайрибонки ва ташкилотхои маблаггузории хурде, ки барои амали намудани фаъолияти бонки мутобики принсипхои маблаггузории исломи асосёфта ичозатномаи Бонки миллии Точикистонро доранд, татбик мегардад.
  2. Амали Конуни мазкур нисбат ба инхо татбик намегардад:

– макомоти давлати;

– ташкилотхои карзие, ки барои амали намудани фаъолияти бонкии исломи ичозатнома надоранд;

– иттифокхои карзие, ки фаъолияти худро дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи иттифокхои карзи» амали менамоянд;

– ташкилоти тичоратие, ки ташкилоти карзи нест.

Моддаи 4. Амалиёти бонкии исломи ва дигар ахдхои ташкилоти  карзии исломи

  1. Ба амалиёти бонкии исломи, ки ташкилотхои карзии исломи анчом дода метавонанд, тааллук доранд:

1) чалб намудан ва гирифтани амонати исломи, пасандози исломи ё пешбурди суратхисоби сармоявии шахсони вокеи ё хукуки;

2) кушодан ва хизматрасонии суратхисоби муштари (барои амонати исломи, пасандози исломи ё суратхисоби сармояви), суратхисоби муросилотии бонкхо ва ташкилотхои карзии гайрибонки ва инчунин суратхисоби бонкхо барои амалиёт бо металлу сангхои киматбахо;

3) амалиётхои кассави: кабул, аз нав хисоб кардан, иваз намудан, мубодила, бастан ва нигох доштани пулхои когази ва тангахо;

4) амалиётхои интиколи: ичрои хизматрасонихои интиколи барои интиколи маблаги шахсони вокеи ё  хукуки;

5) амалиётхои бахисобгири: ба хисоб гирифтани векселхо ва дигар когазхои киматбахои шахсони вокеи ва хукуки;

6) маблаггузории тичорат: додани карзи исломи дар шакли накди ё маблаггузории исломи (таъминшуда, таъминнашуда), аз чумла бидуни махдудияти:

– маблаггузории истеъмоли хамчун карзи истеъмоли, ипотеки ва байнибонки;

– факторинг;

– форфейтинг;

7) маблаггузории исломи барои сармоягузории асоси дар асоси фармоиши  сармоягузор;

8) амалиёти ба бовари асосёфта: идоракунии маблагхои пули (когазхои киматнок) ба манфиати молик ва дар асоси фармоиши он;

9) хизматрасонии фосилавии бонки, клиринги, хисоб-баробаркуни ва интиколи марбут ба воситахои пули, когазхои киматнок, супоришномахои пардохт ва воситахои дигари пардохт (аз чумла кортхои пардохти бонки, чекхо, чекхои сафари ва векселхо);

10) амалиётхои сейфи: хизматрасонихо оид ба бехатар нигох доштан ва хизматрасонихои амонати ва идоракунии хисобот, хуччат ва дороихои муштариён, аз чумла ба ичора гирифтани куттиву хонахои сейфи, нигохдории дороихо (пул, когазхои киматнок, металлхо, маснуоти заргари ва дигар дороихо);

11) гаравгузори: додани карзхои кутохмуддат бар ивази гарави когазхои киматноки мубодилашаванда ва моликияти манкуле, ки хамчун пасандоз истифода мешавад;

12) додани тратта;

13) чамъ кардан, кабул, пардохт ва тасдики хуччатхои пардохт, кушодан ва тасдик намудани эътиборномахои тичорати;

14) додани кафолати бонки, аз чумла кафолат ва эътиборномахо аз номи худ ва аз номи муштариён;

15) барориши воситахои пардохт, аз чумла кортхои пардохти бонки, чек, чекхои сафари, ухдадорихои карзи ва дигар воситахои пардохт;

16) кабул намудани инкассатсия  ва фиристодани пулхои когази, тангахо ва ашёи киматбахо;

17) ахдхо оид ба мубодилаи асъор;

18) хариду фуруши воситахои зерин аз хисоби  худ ё муштариён:

– воситахои бозории пул, аз чумла чек, вексел, ухдадориномахо ва тасдикномахои пасандоз;

– асъори хоричи;

– сахмияхо ва дигар когазхои киматноки интиколшаванда;

– карордодхои форварди, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар хосилахое, ки ба асъор, сахмия, вомбарг, металлу сангхои киматбахо ё курбу меъёрхои маблаггузории исломи дахл доранд;

19)  амалиётхои дигаре, ки аз амалиётхои дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон пешбини шудаанд ва ба принсипхои маблаггузории исломи мукобил намебошанд.

  1. Тартиби анчом додани амалиётхои бонкии исломи бо стандартхои фаъолияти бонкии исломи муайян мегардад.
  2. Бонки миллии Точикистон ба ташкилотхои карзии исломи барои анчом додани амалиётхои бонкии исломи, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини гардидаанд, ичозатнома медихад. Ичозатнома барои анчом додани намудхои фаъолияти дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба ташкилоти карзии исломи баъд аз бакайдгирии давлати тибки тартиби мукарраргардида дода мешавад.
  3. Ташкилотхои карзии исломи, гайр аз амалиёти бонкии исломии дар кисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, хукук доранд ахдхои зеринро амали намоянд:

– додани замонат, ки ичрои ухдадорихои пулиро дар назди шахси сеюм пешбини менамояд;

– ичораи молияви (лизинг);

– амалиёт бо металлу сангхои киматбахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– хизматрасони ба сифати агенти молияви;

– хизматрасони ба сифати мушовир ё маслихатгари молияви;

– хизматрасонии иттилоотии молияви ва карзи.

  1. Ташкилотхои карзии исломи хукуки ичро намудани танхо амалиётхои зерини савдоро доранд:

– амалиёте, ки ба фаъолияти бонкиву молиявии исломии дар кисмхои 1 ва 5 моддаи мазкур дарчгардида мувофик аст;

– фаъолияте, ки мувофики принсипхои маблаггузории исломи талаб карда мешавад;

– амалиёте, ки ба шартхои дар санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукарраршуда чавобгу аст.

Моддаи 5. Хусусияти фаъолияти ташкилотхои карзии исломи

  1. Ташкилотхои карзии исломи вазифадоранд ба муштариён хусусиятхои амалиёти бонкии ба принсипхои маблаггузории исломи асосёфта ва хавфхои ба он алокамандро шарх диханд.
  2. Ташкилотхои карзии исломи хукук надоранд:

– дар шакли фоиз мукофотпули ситонанд;

– баргардондани амонати сармоягузори ё даромад аз руи онро кафолат диханд;

– маблаггузории (карздихии) фаъолиятеро, ки ба истехсол ва (ё) савдои тамоку, махсулоти спирти, силох ва лавозимоти чанги, киморбози, муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва прекурсорхо вобаста мебошад, анчом диханд;

– дигар намудхои фаъолияти сохибкориро, ки маблаггузории (карздихии) он мувофики принсипхои маблаггузории исломи манъ шудааст, анчом диханд.

  1. Ташкилотхои карзии исломи пеш аз пешниходи воситахои пули ба муштариён ухдадоранд:

– бовари хосил намоянд, ки муштари ухдадорихояшро дар мухлати мукарраршуда ичро менамояд;

– кобилияти фаъолият ва пардохтпазирии муштари, фоиданокии лоиха, мавчудияти таъминоти гаравро хаматарафа бахо диханд.

  1. Ташкилотхои карзии исломи иштирокчии низоми сугуртаи хатмии амонатхо намебошанд ва амонатхо дар ташкилотхои карзии исломи аз руи низоми сугуртаи амонатхо кафолат дода намешаванд.
  2. Талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими худуди иштирок дар сармояи оинномави хангоми аз чониби онхо ба даст овардани сахмияхо (хиссаи иштирок) бо максади маблаггузории истехсолот ва фаъолияти савдои шахсони хукуки нисбат ба ташкилотхои карзии исломи татбик намегардад.

Моддаи 6. Муносибатхои байни ташкилоти карзии исломи ва давлат

  1. Ташкилоти карзии исломи ва давлат аз руи ухдадорихои хамдигар чавобгар намебошанд, ба истиснои холатхое, ки агар онхо чунин ухдадорихоро кабул карда бошанд.
  2. Ташкилоти карзии исломи ва Бонки миллии Точикистон аз руи ухдадорихои хамдигар чавобгар намебошанд, ба истиснои холатхое, ки агар онхо чунин ухдадорихоро кабул карда бошанд.
  3. Макомоти хокимияти давлати хукук надоранд ба фаъолияти ташкилотхои карзии исломи дахолат намоянд.

Моддаи 7.  Иттиходияхои (ассосиатсияхои) ташкилотхои карзии исломи

  1. Ташкилотхои карзие, ки дар асоси принсипхои маб-лаггузории исломи фаъолият менамоянд, бо максади химояи манфиатхои худ метавонанд иттиходияхо (ассосиатсияхо) таъсис диханд.
  2. Ташкилотхои карзие, ки дар асоси принсипхои маб-лаггузории исломи фаъолият менамоянд, метавонанд тавассути иттиходияхо (ассосиатсияхо) фаъолияти худро хамоханг созанд, ба робитахои байни ташкилотхои карзии ватани ва хоричи мусоидат намоянд, дастовардхои мутакобилаи илми, иттилооти ва касбиро дастраси хамдигар гардонанд, ба Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон ва дигар макомоти давлати оид ба фаъолияти бонкии исломи тавсияхо пешниход намоянд.

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ИЧОЗАТНОМАДИХИ БА ТАШКИЛОТИ КАРЗИИ ИСЛОМИ

Моддаи 8. Тартиби таъсис ва бакайдгирии давлатии ташкилоти карзии исломи

  1. Ташкилоти карзии исломи дар худуди Чумхурии Точикистон мутобики тартиби мукарраркардаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми», Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур таъсис дода мешавад.
  2. Барои таъсиси ташкилоти карзии исломи, филиал ё намояндагии он дар Чумхурии Точикистон ва таъини кормандони рохбарикунандаи онхо розигии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати талаб карда намешавад.
  3. Бонкхои исломи, ба истиснои бонки давлатии исломи, дар шакли чамъияти сахоми таъсис дода мешаванд.
  4. Бакайдгирии давлатии ташкилотхои карзии исломи, филиалхо ва намояндагихои онхо мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» сурат мегирад.
  5. Ташкилоти карзии исломи дар Чумхурии Точикистон бояд инхоро дошта бошад:

– номи расми ва ихтисоршудаи он, ки ба шакли ташкилию хукукии ташкилоти карзи ишора мекунад;

– номгуи фаъолияти он, ки ба забони давлати ва яке аз забонхои хоричи сабт шудааст;

– мухр бо зикри номи ташкилоти карзи ба забони давлати ва яке аз забонхои хоричи.

Моддаи 9. Ном ва рамзи ташкилоти карзии исломи

  1. Ташкилоти карзи, ки фаъолияти худро дар асоси принсипхои маблаггузории исломи амали мекунад, хукук дорад дар номгуи худ калимаи «исломи»-ро истифода намояд. Ном ва рамзи ташкилоти карзи, ки принсипхои маблаггузории исломиро истифода менамоянд, метавонанд танхо барои амали намудани фаъолияти бонкии исломи истифода шаванд.
  2. Калимахои «ташкилоти карзии исломи», «бонки исломи», «ташкилоти карзии исломии гайрибонки», «ташкилоти маблаггузории хурди исломи» ё калимахое, ки дар хар шакл аз онхо сохта мешаванд, наметавонанд нисбат ба фаъолият ё хизматрасони бе ичозатномаи Бонки миллии Точикистон истифода шаванд, ба истиснои холатхое, ки истифодаи онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ичозат додаанд ё дар матне, ки калимаю иборахои номбаршуда истифода шудаанд, фаъолияти бонкии исломи дар назар дошта нашавад.

Моддаи 10. Ичозатномадихи ба фаъолияти бонкии исломи

  1. Фаъолияти бонкии исломи дар Чумхурии Точикистон дар асоси ичозатнома барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи (минбаъд – ичозатнома) амали мегардад.
  2. Мутобики Конуни мазкур Бонки миллии Точикистон хукук дорад бархамдихии хар шахси хукукиеро, ки фаъолияти бонкии исломиро бе ичозатнома амали мекунад, талаб намояд.
  3. Ичозатнома мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла Конуни мазкур аз чониби Бонки миллии Точикистон дода мешавад.
  4. Бонки миллии Точикистон хукук дорад фаъолияти бонкии исломиро бе ичозатнома мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ба рох монад.
  5. Ташкилотхои карзии исломи аз лахзаи гирифтани ичозатнома хукуки огоз кардани фаъолияти бонкии исломиро пайдо менамоянд.
  6. Ташкилотхои карзии анъанави метавонанд ба ташкилотхои карзии исломи табдил дода шаванд. Тартиби табдилдихии ташкилоти карзии анъанави ба ташкилоти карзии исломи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  7. Ташкилотхои карзии исломи наметавонанд ба ташкилотхои карзии анъанави табдил дода шаванд.
  8. Ташкилотхои карзии исломи, ки дар натичаи табдилдихии ташкилотхои карзии анъанави ташкил карда шудаанд, метавонанд фаъолияти бонкии исломи ё намудхои алохидаи онро баъди гирифтани ичозатномаи Бонки миллии Точикистон огоз кунанд.
  9. Ташкилотхои карзии анъанави барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи дар доираи «равзанаи бонкии исломи» вазифадоранд, ки ичозатномаи Бонки миллии Точикистонро барои огоз кардани фаъолияти бонкии исломи гиранд. Ташкилоти карзии анъанави, ки барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи ичозатнома гирифтааст, бояд дар саридора бахши дахлдор ё берун аз махалли чойгиршавии саридора филиал кушояд.
  10. Розиги барои огози фаъолият ба филиалхои ташкилотхои карзии исломии хоричи танхо дар холате дода мешавад, ки ташкилоти карзии исломии асосии он аз чониби макомоти дахлдори давлате, ки ин ташкилоти карзии исломи дар он чойгир аст, зери танзим ва назорати мачмуии бонки карор дошта бошад.
  11. Ташкилотхои карзии исломии фаръи ва филиалхои ташкилотхои карзии исломии хоричи тибки талаботи нисбат ба ташкилотхои карзии исломии ватани мукаррарнамудаи Конуни мазкур тахти танзим ва назорат карор мегиранд.
  12. Бонки миллии Точикистон метавонад барои ташкилоти карзии исломии фаръи ва филиалхои ташкилоти карзии исломии хоричи оид ба ичро кардани фаъолияти бонкии исломи махдудиятхо мукаррар намояд, агар дар давлатхои дахлдори хоричи нисбат ба ташкилотхои карзии фаръи ва филиалхои ташкилотхои карзии ватании исломи чунин махдудиятхо пешбини шуда бошанд.

Моддаи 11. Хуччатхое, ки барои гирифтани ичозатнома заруранд

  1. Ташкилоти карзии исломи, ба истиснои ташкилоти маблаггузории хурди исломи ва «равзанаи бонкии исломи», пеш аз бакайдгирии давлати ва гирифтани ичозатнома бояд ба Бонки миллии Точикистон дархост, хуччатхо ва маълумоти зеринро ба забони давлати пешниход намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Точикистонро гирад:

1) нусхаи аз тарафи нотариус тасдиккардашудаи хуччатхои таъсиси бо нишон додани маблаги эълоншудаи сармояи оинномави;

2) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолият ё касб, тахсилот, маълумоти муфассал оид ба собикаи кории хар як корманди рохбарикунанда;

3) нусхаи хуччат дар бораи тахсилоти олии иктисодии кормандони рохбарикунанда, хамчунин нусхаи хуччат (сертификат, диплом) дар бораи доштани тахсилот дар сохаи фаъолияти бонкии исломи;

4) нусхаи хуччати тасдиккунандаи аз нигохи касби босалохият ва боэътимод будани хар як корманди рохбарикунанда;

5) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолият ё касби молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии хиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онхоро тасдик мекунад.

6) маълумотнома оид ба манбаи конунии маблагхои пулии ба сармояи оинномави воридшаванда;

7) нусхаи хисоботи молиявии шахси хукуки-молики хиссаи иштироки афзалиятнок доир ба се соли охир бо хулосаи аудити беруни;

8) руйхати сахмиядорон ва манфиатдорони нихоии сахмияхо, ки нишонии махалли чойгиршави ва микдори сахмияхоро дар бар мегирад;

9) эъломияи хатти аз чониби хар як молики хиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди рохбарикунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доги суди ва махдудият дар фаъолияти касби;

10) накшаи фаъолият бо назардошти максаду намудхои фаъолият, тавсифи сохтори ташкили ва низоми назорати дохили, аз чумла, тадбирхои дахлдор барои мубориза бар зидди конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, инчунин дурнамои хисоботи тавозуни, даромаду харочот ва гардишхои пули доир ба се соли ояндаи фаъолият;

11) барои хар як молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии чунин хиссаи иштироки афзалиятнок, руйхати шахсони хукукие, ки иштироки онхо дар сармояашон вучуд дорад, бо нишон додани хисса ва махалли чойгиршавии онхо;

12) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи дар сохтори ташкилоти карзии исломи ва дар бораи шахсоне, ки ба хайати Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи шомил шудаанд, бо зикри дорои донишу малака дар сохаи хукуки исломи ва фаъолияти бонкии исломи будани онхо;

13) маълумот оид ба махалли чойгиршавии саридора ва махалли дигари вокеъ дар Чумхурии Точикистон ё берун аз он, ки дар он чо фаъолияти бонкии исломи амали карда мешавад;

14) хуччати тасдиккунандаи пардохти хакки хизмати баррасии дархост;

15) хуччат дар хусуси он ки макоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хоричии (асосии) ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи дар он чой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анчомдихии фаъолияти бонкии исломии ташкилоти карзии исломи дар Чумхурии Точикистон мухолифат надорад ва назорати мачмуии бонкии дархосткунандаро амали месозад.

  1. Ташкилоти маблаггузории хурди исломи барои гирифтани ичозатнома бояд ба Бонки миллии Точикистон дархост, хуччатхо ва маълумоти зеринро ба забони давлати пешниход намояд:

1) дархост;

2) нусхаи аз тарафи рохбари ташкилоти маблаггузории хурди исломи тасдиккардашудаи хуччатхои таъсиси ва шаходатномаи бакайдгирии давлатии ташкилоти маблаггузории хурди исломи;

3) маълумот дар бораи кормандони рохбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шахрванди, чойи истикомати доими,  тахсилот, тахассус, собикаи кори, надоштани доги суди аз руи чиноятхои иктисоди ва хусусияти коррупсионидошта ва махдудият дар фаъолияти касби;

4) нусхаи шаходатномаи бакайдгирии давлатии муассисон барои шахсони хукуки ва раками мушаххаси андозсупоранда барои шахсони вокеи;

5) нусхаи хисоботи молиявии муассисон – шахсони хукуки доир ба фаъолият дар соли охир бо хулосаи аудити беруни;

6) маълумотномаи макоми ваколатдор оид ба ичрои ухдадорихо дар назди бучети давлати доир ба фаъолият дар соли охир;

7) маълумотнома оид ба конуни будани манбаи маблагхои пулии ба сармояи оинномави пардохтшавандаи муассисон – барои шахсони вокеи бо тартиби мукаррарнамудаи конун;

8) руйхати сахмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони нихоии сахмияхо (хиссахо) бо зикри нишони ва микдори сахмияхои (хиссахои) онхо;

9) накшаи кори бо назардошти максаду намудхои фаъолият, тавсифи сохтори ташкили ва низоми назорати дохили, дурнамои хисоботи тавозуни, даромаду харочот ва гардишхои пули барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди карзии хурди исломи);

10) маълумот дар бораи ташкили Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи дар сохтори ташкилоти маблаггузории хурди исломи бо зикри дорои малакаю дониш будан дар сохаи хукук ва фаъолияти бонкии исломи;

11) маълумот дар бораи махалли чойгиршави;

12)  хуччати пардохти хакки хизмати баррасии дархост.

  1. Бонки миллии Точикистон бо максади баррасии дархост барои пуррагардонии маълумотхои кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур метавонад маълумоти иловаги талаб намояд.

Моддаи 12. Тартиби додани ичозатнома ба ташкилотхои карзии исломи

  1. Бонки миллии Точикистон дар давоми се мох аз рузи кабули дархост дар бораи додани ичозатнома ба ташкилоти карзии исломи дар хусуси ба талаботи Конуни мазкур чавобгу будан ё набудани хуччатхои пешниходшуда хулосаи худро медихад. Дархости ташкилоти карзии анъанави барои кушодани «равзанаи бонкии исломи» ва гирифтани ичозатнома дар муддати як мох барраси карда мешавад.
  2. Бо максади тахияи хулоса Бонки миллии Точикистон хуччатхои пешниходшударо санчида, метавонад аз ташкилоти карзии исломи, макомоти дигари давлати ва макомоти дахлдори назоратии хоричи маълумоти иловагии заруриро талаб намояд.
  3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Точикистон дар муддати як мох аз санаи пешниходи дархост барои гирифтани ичозатнома ба ташкилоти карзии исломи ичозатнома медихад. Бонки миллии Точикистон метавонад шартхои додани ичозатномаро муайян ва баъдан тагйир дихад ё бекор намояд. То муайян кардани шартхои ичозатнома Бонки миллии Точикистон метавонад ба таври хатти дар хусуси тасмими худ дар бораи ин гуна икдом нисбат ба ташкилоти карзии исломи хабар дода, ба ташкилоти карзии исломи барои дар давоми чордах руз пешниход кардани асосноккуни оид ба бекор кардан ё тагйир додани шартхои ичозатнома имконият дихад.
  4. Дар холатхои истиснои Бонки миллии Точикистон метавонад мухлати дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо то ду мохи дигар тамдид намояд, ба шарте ки ташкилоти карзии исломии дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор намояд.
  5. Дар сурати манфи будани хулоса Бонки миллии Точикистон ба ташкилоти карзии исломи ва ташкилоти карзии анъанавии дархосткунанда дар хусуси радкунии додани ичозатнома бо зикри сабабхои он ба таври хатти чавоб медихад. Дар хамаи холатхо дархосткунанда барои баргардонидани хакки хизмати баррасии дархост хукук надорад.
  6. Бонки миллии Точикистон вазифадор аст хангоми баррасии дархост барои гирифтани ичозатнома истифодаи номи ташкилоти карзии исломиро манъ намояд, агар чунин ном то ин вакт дар Фехристи сабти ташкилотхои карзи мавчуд бошад.
  7. Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ талаботеро, ки хангоми баррасии дархостхо барои гирифтани ичозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.
  8. Бонки миллии Точикистон дар бораи додани ичозатнома ба ташкилотхои карзии исломи бо дарназардошти асосхои зерин карор кабул менамояд:

1) конуни, эътиборнок ва дакик будани маълумот ва хуччатхое, ки дархосткунанда пешниход кардааст;

2) каноатбахш будани вазъи молияви ва фаъолияти сахмиядорони дархосткунанда;

3) ба талаботи шахсони аз назари касби босалохият чавобгу будани моликон, шахсони дорои хиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони рохбарикунанда;

4) ба шарту талаботи ичозатномави мутобик будани сохтор ва хайати кормандон, захирахои чориву молияви ва ташаккули сармояи ташкилоти карзии исломии дархосткунанда барои ичрои ухдадорихои барои ичозатномадихи зарур;

5) макбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

6) вокеи будани накшаи фаъолият;

7) тасмими ташкилоти карзии исломи дар хусуси фаъолият дар Чумхурии Точикистон бо сурогаи доими;

8) амали шудани дарачаи макбули мушохида ва назорат аз чониби макомоти назорати хоричи дар асоси мачмуи.

  1. Баъд аз кабули карор дар бораи додани ичозатнома ташкилоти карзии исломии дархосткунанда дар муддати як мох аз таърихи кабули карори мазкур маблаги бокимондаи сармояи оинномавиро ворид намуда, хакки хизмати додани ичозатномаро ба суратхисобхои дахлдор дар Бонки миллии Точикистон пардохт мекунад. Баъди аз чониби ташкилоти карзии исломи ичро шудани шартхои мазкур Бонки миллии Точикистон дар муддати се рузи кори ба вай ичозатнома медихад.
  2. Карори Бонки миллии Точикистон оид ба додани ичозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
  3. Ташкилоти карзии исломи минбаъд дар хусуси хама гуна тагйирот, ки ба хуччатхои барои гирифтани ичозатнома пешниходшуда дахл доранд, Бонки миллии Точикистонро хабардор мекунад.

Моддаи 13. Филиал ва вохидхои дигари сохтории ташкилоти карзии исломии ватани

1.Ташкилоти карзии исломии ватани барои огози фаъолияти филиалхои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Точикистонро гирад. Бо ин максад он ба Бонки миллии Точикистон хуччатхо ва маълумоти зеринро пешниход менамояд:

– нусхаи карори макоми ваколатдори ташкилоти карзии исломии ватани дар бораи таъсиси филиал;

– нусхаи бо мухр ва имзои рохбари ташкилоти карзии исломии ватани тасдикгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгуи амалиётхои бонкии исломии ба филиал ичозатдодашуда;

– маълумоти муфассал дар бораи кормандони рохбари-кунандаи филиал мутобики талаботи Конуни мазкур.

  1. Масъалаи додани розиги барои огози фаъолияти филиали ташкилоти карзии исломии ватани аз чониби Бонки миллии Точикистон дар давоми як мох барраси карда мешавад.
  2. Анчом додани фаъолияти ташкилоти карзии исломии ватани ба воситаи филиал дар холатхои зерин манъ карда мешавад:

– ба талаботи тахассуси чавобгу набудани номзадхо ба вазифаи кормандони рохбарикунандаи филиал;

– мувофик набудани бинохо ва тачхизоти филиал ба талаботи санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон;

– аз чониби ташкилоти карзии исломи риоя нагардидани талаботи Конуни мазкур, санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва дигар меъёрхои макбул.

  1. Ташкилоти карзии исломии ватани дар хусуси бастани филиалхои худ дар Чумхурии Точикистон бояд Бонки миллии Точикистонро дар муддати 10 руз пас аз кабули карор хабардор намояд.
  2. Ташкилоти карзии исломии ватани ва филиалхои он метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон берун аз махалли вокеъгардидаи худ вохидхои дигари сохтори (марказхои хизматрасонии бонкии исломи, нуктахои интиколи пул ва нуктаи мубодилаи асъор) таъсис диханд.
  3. Вохидхои сохтории мазкур метавонанд аз номи ташкилотхои карзии исломии ватани амалиёти алохидаи бонкии исломиро, ки номгуи он бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда шудааст, ичро намоянд.

Моддаи 14. Таъсиси филиали бонки исломии хоричи

  1. Бонки исломии хоричи барои огози фаъолияти филиалхои худ дар Чумхурии Точикистон бояд розигии хаттии Бонки миллии Точикистонро гирад.
  2. Бонки исломии хоричи дархости худро барои гирифтани розиги дар шакли хатти ба забони давлати, бо замимаи хуччатхои зерин ба Бонки миллии Точикистон пешниход менамояд:

1) карори бонки исломии хоричи оид ба таъсиси филиал дар Чумхурии Точикистон, хуччатхои бакайдгири бо нишон додани махалли чойгиршавии бонки исломии хоричи ва филиале, ки кушодани он дар назар аст;

2) нусхаи бо мухр ва имзои рохбари бонки исломии хоричи тасдикгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгуи амалиётхои бонкии исломии ба филиал ичозатдодашуда;

3) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, миллат, шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолият ё касб, тахсилот, маълумоти муфассал оид ба собикаи кории хар як корманди рохбарикунанда;

4) нусхаи хуччат дар бораи дорои тахсилоти олии иктисоди будани кормандони рохбарикунанда;

5) руйхати сахмиядорон ва манфиатдорони нихоии сахмияхои бонки исломии хоричи бо нишон додани махалли чойгиршави, микдори сахмияхо ва нусхаи хуччатхои бакайдгирии сахмиядорон;

6) нусхаи хисоботи молиявии се соли охири бонки исломии хоричи бо хулосаи аудитори;

7) хуччати тасдиккунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доги суди ва махдудият дар фаъолияти касбии корманди рохбарикунанда;

8) накшаи фаъолият, ки максадхои кори ва намудхои фаъолият, тавсифи сохтори ташкили ва низоми назорати дохили, аз чумла тадбирхои дахлдор барои пешгирии конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, инчунин дурнамои суратхисобхои тавозуни, суратхисобхои даромаду харочот ва гардишхои пули барои 3 соли минбаъдаи фаъолиятро дар бар мегирад;

9) хуччати пардохти хакки хизмати баррасии дархост;

10) розигии хаттии макоми назорати бонкии хоричии давлате, ки дар он бонки исломии хоричи таъсис ёфтааст, барои дар Чумхурии Точикистон таъсис додани филиал, инчунин розигии макоми дахлдор чихати анчомдихии назорати бонкии мачмуии фаъолияти бонки исломии хоричи;

11) кафолати макоми олии идоракунии бонки исломии хоричи чихати чудо кардани маблаги зарури барои ичрои ухдадории филиал, ки аз амалиёти бонкии исломии дар ичозатнома пешбинишуда бармеояд. Навъи асъор ва чойи нигохдории маблаги чунин кафолат аз чониби Бонки миллии Точикистон муайян карда мешаванд.

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад дар холатхои зарури маълумот ва хуччатхои дар кисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо низ талаб намояд.
  2. Дархост дар бораи додани розиги барои огози фаъолияти филиали бонки исломии хоричи аз тарафи Бонки миллии Точикистон дар мухлати ду мох аз санаи пешниходи он барраси карда мешавад.

Моддаи 15. Таъсис додани «равзанаи бонкии исломи» дар ташкилоти карзии анъанави

  1. Ташкилоти карзии анъанави барои таъсис додани «равзанаи бонкии исломи» ва гирифтани ичозатнома бояд ба Бонки миллии Точикистон хуччатхои зеринро ба забони давлати пешниход намояд;

1) дархост;

2) нусхаи тасдикшудаи оиннома бо тагйиру иловахои воридшуда, ки масъалахои анчом додани фаъолияти бонкии исломиро муайян месозад, бо нишон додани хиссаи сармояи оинномавие, ки барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи равона шудааст;

3) хуччати тасдиккунандаи таъсиси «равзанаи бонкии исломи», ки барои анчом додани фаъолияти бонкии исломи мукаррар шудааст;

4) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи дар сохтори ташкилоти карзи;

5) маълумот дар бораи шахсоне, ки ба хайати Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи ворид шудаанд бо зикри дорои донишу малака дар сохаи хукуки исломи ва фаъолияти бонкии исломи будани онхо;

6) хуччати тасдиккунандаи пардохти хакки хизмати баррасии дархост.

  1. Ташкилоти карзии анъанави баъд аз гирифтани ичозатномаи Бонки миллии Точикистон хукуки амали намудани фаъолияти бонкии исломиро тавассути «равзанаи бонкии исломи»  пайдо мекунад.
  2. Ташкилоти карзии анъанави барои огози фаъолияти хар як «равзанаи бонкии исломи»-и худ розигии Бонки миллии Точикистонро мегирад. Бо ин максад ба Бонки миллии Точикистон хуччатхо ва маълумоти зеринро пешниход намояд:

1) нусхаи карори макомоти дахлдори ташкилоти карзии анъанави оид ба таъсиси «равзанаи бонкии исломи»;

2) нусхаи бо мухр ва имзои рохбари ташкилоти карзии анъанави тасдикгардидаи низомномаи «равзанаи бонкии исломи» бо зикри номгуи амалиётхои бонкии исломии ичозатдодашуда;

3) маълумотнома бо нишон додани насаб, ном ва номи падар шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолият ё касб, тахсилот, маълумоти муфассал оид ба собикаи кории хар як корманди рохбарикунандаи «равзанаи бонкии исломи»;

4) нусхаи хуччат дар бораи доштани тахсилоти олии иктисодии кормандони рохбарикунандаи «равзанаи бонкии исломи», хамчунин нусхаи хуччат (сертификат, диплом) дар бораи доштани тахсилот дар сохаи фаъолияти бонкии исломи;

5) маълумот оид ба махалли чойгиршавии «равзанаи бонкии исломи» дар Чумхурии Точикистон, ки дар он чо фаъолияти бонкии исломи амали карда мешавад.

  1. Бонки миллии Точикистон барои огози фаъолияти «равзанаи бонкии исломи»-и ташкилоти карзии анъанави дар холатхои зерин розиги намедихад:

1) ба талаботи тахассуси чавобгу набудани номзадхо ба вазифаи кормандони рохбарикунандаи «равзанаи бонкии исломи»;

2) мувофик набудани бино ва тачхизоти «равзанаи бонкии исломи» ба талаботи санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон;

3) аз чониби ташкилоти карзии анъанави риоя нагардидани талаботи конунхо, санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва меъёрхои макбул.

  1. Ташкилоти карзии анъанави дар хусуси бастани «равзанаи бонкии исломи» бояд Бонки миллии Точикистонро дар муддати дах руз аз санаи кабули карор дар ин бора  хабардор намояд.

Моддаи 16. Таъсиси намояндагии ташкилоти карзии исломии хоричи

  1. Ташкилоти карзии исломии хоричи барои кушодани намояндаги дар худуди Чумхурии Точикистон бояд розигии Бонки миллии Точикистонро гирад.
  2. Ташкилоти карзии исломии хоричи барои гирифтани розиги бояд бо замимаи хуччатхои зерин ба забони давлати ба Бонки миллии Точикистон дархости хатти пешниход кунад:

– карори макомоти дахлдори ташкилоти карзии исломии хоричи дар бораи кушодани намояндаги дар Чумхурии Точикистон;

– тасдики хаттии макомоти назорати бонкии давлате, ки дар он ташкилоти карзии исломии хоричии дархосткунанда барои ичрои амалиёти бонкии исломи ичозатнома дорад.

  1. Дархост дар бораи додани розиги барои кушодани намояндагии ташкилоти карзии исломии хоричи аз тарафи Бонки миллии Точикистон дар мухлати як мох барраси карда мешавад.

Моддаи 17. Хусусияти таъсиси филиал, намояндаги ва бонки фаръии ташкилоти карзии   исломи берун аз Чумхурии Точикистон

  1. Ташкилоти карзии исломии ватани бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Точикистон наметавонад берун аз Чумхурии Точикистон филиал, намояндаги ё бонки фаръи таъсис дихад.
  2. Ташкилоти карзии исломи барои гирифтани розигии пешаки ба Бонки миллии Точикистон нусхаи карори макомоти дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндаги, бонки фаръи берун аз Чумхурии Точикистон ва таъини рохбарони онхо пешниход менамояд.
  3. Ташкилотхои карзии исломи доир ба хар гуна тагйирот вобаста ба махалли чойгиршави ё катъи фаъолияти филиал, намояндаги ё бонки фаръии худ Бонки миллии Точикистонро дар муддати дах руз аз санаи кабули карор хабардор менамоянд.

Моддаи 18. Фехристи ташкилотхои карзии исломи ва «равзанахои бонкии исломи»

  1. Бонки миллии Точикистон Фехристи ташкилотхои карзии исломи ва «равзанахои бонкии исломи» (минбаъд-Фехрист)- ро пеш мебарад.
  2. Дар Фехрист маълумоти зерин дарч мегардад: ном, махалли чойгиршави, раками шаходатномаи бакайдгирии давлатии ташкилоти карзии исломи ва ташкилоти карзии анъанави, санаи додан ва бекоршавии он, раками ичозатнома, санаи додан ва бозхонди он.
  3. Дар Фехрист, агар онро Бонки миллии Точикистон зарур шуморад, маълумоти дигари иловаги низ дарч карда мешавад.
  4. Номгуйи ташкилотхои карзии исломи ва «равзанахои бонкии исломи», ки ном, махалли чойгиршави ва намуди ичозатномаро дар бар мегирад, аз чониби Бонки миллии Точикистон хар сол дар мохи январ дар воситахои ахбори омма нашр карда мешавад.
  5. Хама гуна тагйироте, ки ба номгуйи ташкилотхои карзии исломи ва «равзанахои бонкии исломи» дар давоми сол ворид карда мешаванд, аз чониби Бонки миллии Точикистон мунтазам дар воситахои ахбори омма нашр мегарданд.

Моддаи 19. Хакки хизмат ва хирочи ичозатномадихи

Бонки миллии Точикистон барои баррасии дархост оид ба гирифтани ичозатнома хакки хизмат ва хирочи зеринро меситонад:

1) аз бонкхои исломи:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани ичозатнома – 50 нишондиханда барои хисобхо;

– барои додани ичозатнома – 100 нишондиханда барои хисобхо;

2) аз ташкилотхои гайрибонкии исломи:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани ичозатнома – 25 нишондиханда барои хисобхо;

– барои додани ичозатнома – 50 нишондиханда барои хисобхо;

3) аз ташкилотхои маблаггузории хурди исломи:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани ичозатнома:

– аз ташкилотхои амонатии карзии хурди исломи – 7 нишондиханда барои хисобхо;

– аз ташкилотхои карзии хурди исломи – 5 нишондиханда барои хисобхо;

– аз фондхои карзии хурди исломи – 3 нишондиханда барои хисобхо;

– барои додани ичозатнома:

– аз ташкилотхои амонатии карзии хурди исломи – 40 нишондиханда барои хисобхо;

– аз ташкилотхои карзии хурди исломи – 20 нишондиханда барои хисобхо;

– аз фондхои карзии хурди исломи – 10 нишондиханда барои хисобхо;

4)  аз ташкилотхои карзии анъанави:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани ичозатнома – 25 нишондиханда барои хисобхо;

– барои додани ичозатнома – 50 нишондиханда барои хисобхо.

 

Моддаи 20. Бархамдихии ташкилоти карзии исломи

 

Ташкилоти карзии исломи тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бархамдихии ташкилотхои карзи» бархам дода мешавад.

 

Моддаи 21. Бозхонди ичозатнома

 

  1. Ичозатномаи мутобики Конуни мазкур додашуда метавонад танхо бо карори Бонки миллии Точикистон дар асоси як ё якчанд сабабхои зерин бозхонд шавад, агар:

1) ташкилоти карзии исломи дар давоми 12 мох аз рузи эътибор пайдо кардани ичозатнома ба фаъолияти бонкии исломи машгул нашуда бошад ё зиёда аз 6 мох фаъолияташро катъ карда бошад;

2) амалиёти аз чониби ташкилоти карзии исломи ичрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

3) ташкилоти карзии исломи талаботи конунхо, санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ё хама гуна шарту талаботи ичозатномаро вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

4) ташкилоти карзии исломи, бонки исломии хоричи ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи, ки бонкхо ва ташкилоти карзии гайрибонкии исломи чамъияти фаръии онхо мебошанд, дар содир намудани чиноят, аз чумла конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм иштирок намуда бошанд ё аз ичозатнома махрум шуда бошанд;

5) ичозатномаи ташкилоти карзии исломии хоричи ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи (, ки ташкилоти карзии исломи чамъияти фаръии он мебошад) дар кишваре, ки таъсис ёфтааст, бозхонд шудааст;

6) дар гузаронидани назорати бонки бо сабаби пурра ё кисман ба кишвари дигар кучонида шудани ташкилоти карзии исломи монеахо пайдо шаванд;

7) бо сабаби аъзои гурухи чамъиятхо будани ташкилоти карзии исломи ё бо сабаби он ки ташкилоти карзии исломи чамъияти фаръии бонки исломии хоричи ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи буда, дар кишвари таъсисёфтааш ба таври кобили кабул назорат карда намешавад, ба гузаронидани назорати бонки монеахо пайдо мекунад;

8) макоми хоричии назоратии ташкилоти карзии исломии хоричи ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи, ки ташкилотхои карзии исломи ва ташкилоти карзии исломии гайрибонкии чамъияти фаръии онхо мебошанд, барои ташкилоти карзии исломии хоричи ё чамъияти холдингии ташкилоти карзии исломи мудири муваккати ё бархамдихандаро таъин карда бошад.

  1. Бонки миллии Точикистон вазифадор аст дар холатхои зерин ичозатномаи ташкилоти карзии исломиро бозхонд намояд:

– агар муайян гардад, ки ичозатнома дар асоси хуччатхои калбаки ё маълумоти бардуруг гирифта шуда бошад;

– дар дигар холатхое, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бархамдихии ташкилотхои карзи» пешбини намудааст.

  1. Карори Бонки миллии Точикистон дар бораи бозхонди ичозатнома мутобики моддаи мазкур дар шакли хатти бароварда шуда, асосхоеро дар бар мегирад, ки аз руи онхо карор кабул шудааст.
  2. Карор аз чониби Бонки миллии Точикистон фавран дар рузи кабули он ба ташкилоти карзии исломи дода мешавад. Карор дар рузи ба ташкилоти карзии исломи супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар карор мухлати дигари эътибор пайдо кардан мукаррар нагардида бошад, ки он аз 30 руз зиёд буда наметавонад.
  3. Талаби ичрои ин карор нисбат ба ташкилоти карзии исломии хоричи аз чониби филиал ё намояндагии он, ки карор ба вай ирсол шудааст, ичро карда мешавад.
  4. Бозхонди ичозатнома ба гайр аз асосхое, ки дар Конуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
  5. Карор дар бораи бозхонди ичозатнома аз чониби Бонки миллии Точикистон дар давоми як хафта аз рузи кабули он дар воситахои ахбори омма нашр карда мешавад.

 

БОБИ 3.

САРМОЯ

 

Моддаи 22. Сармояи ташкилотхои карзии исломи

 

  1. Сармояи оинномавии ташкилотхои карзии исломи бо пули милли ташкил карда мешавад.
  2. Хадди акали сармояи оинномави барои ташкилоти карзии исломии навтаъсис аз чониби Раёсати Бонки миллии Точикистон бо пули милли мукаррар мегардад.
  3. Карори Раёсати Бонки миллии Точикистон дар бораи тагйир додани хадди акали сармояи оинномавии ташкилоти карзии исломи пас аз 90 рузи интишори расмии он мавриди амал карор дода мешавад.
  4. Барои ташкилотхои карзии исломии навтаъсис – бонкхо ё ташкилотхои карзии гайрибонкии исломи талаботи хадди акали сармояи оинномави, ки дар рузи ба Бонки миллии Точикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани ичозатнома амал менамояд, татбик мегардад.
  5. Сармояи ташкилоти карзии гайрибонкии исломи ва ташкилоти маблаггузории хурди исломи, ки барои гирифтани макоми бонки исломи ба Бонки миллии Точикистон мурочиат намудаанд, бояд аз андозаи хадди акали сармояи оинномавие, ки барои бонки исломии навтаъсис дар рузи ба Бонки миллии Точикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани ичозатнома амал менамояд, кам набошад.
  6. Тартиби хисоби сармояи танзимшаванда ва кисмхои таркибии онро Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ мутобики стандартхои эътирофшудаи байналмилалии назорати хизматрасонихои молиявии исломи мукаррар менамояд.
  7. Ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилоти карзии исломии давлати) наметавонад сармояи худро аз хисоби воситахои бучети давлати, фондхои гайридавлатии бучети, грантхои ба Хукумати Чумхурии Точикистон додашуда, воситахои чалбшуда ва карзи ташкил ва пурра намояд.
  8. Ташкилоти карзии исломи наметавонад даромади софи худро хамчун суди (дивиденди) сахмия байни сахмиядорони (иштирокчиён) худ таксим намояд:

– агар ин гуна амал боиси риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад;

– то пушонидани хамаи харочоти марбут ба таъсисёбии худ.

 

Моддаи 23. Меъёри дороихои софи дохили барои филиалхои бонкхои исломии хоричи

 

Бонки миллии Точикистон барои филиалхои бонкхои исломии хоричии дар Чумхурии Точикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороихо нисбат ба ухдадорихояшонро дар назди резидентхо мукаррар менамояд.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТХОИ КАРЗИИ ИСЛОМИ

 

Моддаи 24. Макомоти идоракунии ташкилоти карзии исломи

 

  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти макомоти идоракунии ташкилоти карзии исломи бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд» ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур муайян карда мешавад.
  2. Идоракунии ташкилоти карзии исломи аз чониби макомоти зерин амали мегардад:

– макоми олии идоракунии ташкилоти карзии исломи – Мачлиси умумии сахмиядорон (иштирокчиён), макоми олии идоракунии фонди карзии хурди исломи – Шурои парасторон;

– макоми идоракуни – Шурои нозирон, ки аз чониби мачлиси умумии сахмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;

– Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи, ки аз чониби Шурои нозирон (Шурои парасторон) мутобики оиннома таъсис дода мешавад;

– макоми ичроия аз чониби Шурои нозирон таъсис дода мешавад.

  1. Макомоти идоракунии ташкилоти карзии исломии давлати ва ваколатхои онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти Конуни мазкур муайян менамояд.
  2. Шурои нозирон дар машварат бо Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи самтхои асосии фаъолияти ташкилоти карзии исломиро муайян намуда, барои назорати татбики он масъул мебошад ва идоракунии онро назорат менамояд. Шурои нозирони ташкилоти карзи дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) муайян намудани хадафхои ташкилоти карзии исломи ва дурнамои он;

2) мукаррар намудани стандартхои идоракунии хавфхо ва хадди акали меъёрхои макбули дохили;

3) муайян намудани хавфхои асосие, ки ташкилоти карзии исломи дучори онхо мегардад ва мукаррар кардани хадди чоизи ин хавфхо;

4) назорати тадбирхое, ки макомоти ичроияи ташкилоти карзии исломи барои ошкор, андозагири, мониторинг ва назорати хавфхо меандешанд;

5) нигахдории низоми мувофику босамари назорати дохили, инчунин мониторинги самарабахши низоми назорати дохилии аз тарафи макомоти ичроияи ташкилоти карзии исломи амалишаванда;

6) мукаррар намудани сиёсати дохили ва сармоягузори, низоми назорати дохили ва меъёрхои ахлок;

7) маъкул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории хурд) бо пешниходи раис ё раиси Раёсати ташкилоти карзии исломи, ба истиснои рохбар ва сармухосиби филиали ташкилоти карзии исломи;

8) тасдики сохтори ташкили ва таъини рохбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти карзии исломи;

9) муайян кардани шартхо ва андозаи музди мехнати раис, муовинони у ва сараудитори ташкилоти карзии исломи;

10) таъини аъзо, муайян кардани шартхо ва андозаи музди мехнати аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи;

11) таъсис ва бархамдихии филиалхо ва намояндагихои ташкилоти карзии исломи;

12) баррасии натичахои аудит ва санчиши дохилию беруни.

  1. Хайати Шурои нозирон наметавонад камтар аз панч нафар бошад. Аъзои Шурои нозирон ба мухлати 4 сол дар Мачлиси умумии сахмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шурои нозирон метавонанд дар даврахои минбаъда аз нав интихоб шаванд.
  2. Аъзои Шурои нозирон метавонанд аз хисоби сахмиядорон (иштирокчиён), аз чумла муассисон ва мутахассисон – коршиносони даъватшуда, ки дорои тахсилоти оли буда, шахсони аз нигохи касби босалохият ва боэътимод мебошанд, интихоб гарданд. Шурои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шуроро интихоб менамояд.
  3. Аъзои Шурои нозирон наметавонанд:

1) дар ягон ташкилоти карзии анъанави ё ташкилоти карзии исломии дигар, ба истиснои чамъияти вобаста, кор кунанд;

2) аъзои оилаи узви Шурои нозирони ташкилоти карзии анъанави ё ташкилоти карзии исломи бошанд;

3) узви Шурои нозирон ё сахмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти карзии анъанави ё ташкилоти карзии исломи бошанд;

4) раис ё узви Раёсати дигар ташкилоти карзии анъанави ё ташкилоти карзии исломи бошанд;

5) хизматчии давлати бошанд (ба истиснои ташкилотхои карзии исломии давлати);

6) синнашон аз си кам бошад.

  1. На камтар аз чор як хиссаи аъзои Шурои нозирон бояд дар низоми бонки собикаи кории зиёда аз сесола дошта бошад.
  2. Аъзои Шурои нозирон, ки дар ягон вазифа кор мекунанд ё сохиби молу мулк мебошанд ва байни ухдадорихо ё манфиатхои  онхо мустакиман ё гайримустаким бархурд ба миён меояд, дар ин бора онхо дар мачлиси Шурои нозирон  изхори акида мекунанд. Дар ин холат онхо аз овоздихи ё иштирок дар кабули карори Шурои нозирон то вучуд доштани бархурди манфиатхо худдори менамоянд.

 

Моддаи 25. Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи

 

  1. Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи оид ба танзими фаъолияти ташкилотхои карзие, ки мувофики принсипхои маблаггузории исломи амал мекунанд, дар назди Бонки миллии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Раиси Бонки миллии Точикистон аъзои Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро аз катори шахсоне, ки дорои тахассуси дахлдор, дониш оид ба маблаггузории исломи ва тачрибаи амали дар бахши бонки, конунгузори ва дигар сохахои ба онхо алокаманд мебошанд, таъин менамояд.
  3. Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ тартиби фаъолияти Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро мукаррар менамояд.

 

Моддаи 26. Ваколати Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи

 

Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) иштирок дар тахияи санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон вобаста ба принсипхои маблаггузории исломи;

2) додани маслихат ба Бонки миллии Точикистон оид ба масъалахои гуногуни бонкии исломи, фаъолияту ахдхои ташкилотхои карзии исломи;

3) тахлил ва тасдики хизматрасонихои бонкии исломии мутобик ба принсипхои маблаггузории исломи, ки ташкилотхои карзии исломи ба муштариёни худ пешниход менамоянд;

4) додани маслихат ба шахсони вокеи ва хукуки оид ба масъалахои маблаггузории исломи;

5) дигар ваколатхое, ки Бонки миллии Точикистон метавонад муайян намояд.

 

Моддаи 27. Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи

 

  1. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи бояд аз шахсоне иборат бошанд, ки метавонанд хамчун коршиноси фаъолияти бонкии исломи ба ташкилотхои карзии исломи чихати ба хукуки бонкии исломи мутобикат кардани фаъолияти онхо машварат диханд.
  2. Ваколатхои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи, тартиби таъсис ва талабот ба аъзои он бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  3. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи ухдадоранд:

1) хангоми баррасии масъалахои дар назди онхо гузошташуда бегараз ва вокеъбин бошанд;

2) доир ба масъалахои баррасишаванда хулосаю тавсияхои сахех, асоснок ва далелнок диханд;

3) дастури мукарраршударо риоя карда, доир ба масъалахои дар назди онхо гузошташуда хулоса ва тавсияхои саривакти диханд;

4) низоми сирри бонки ва тичоратиро нисбат ба маълумоте, ки хангоми ичрои вазифа ба онхо дастрас шудааст, риоя намоянд;

5) хангоми мавчудияти акидахои гуногун одобро риоя карда,  карорхои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи ва Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро вайрон накунанд;

6) расмиёт ва стандартхоеро, ки Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи маъкул дониста, Бонки миллии Точикистон тасдик кардааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 28. Макоми ичроияи ташкилоти карзии исломи

 

  1. Рохбарии бевоситаи фаъолияти чории ташкилоти карзии исломи аз тарафи макоми ичроияи он – Раёсат (макоми дастачамъии ичроия) ё раиси ташкилоти карзии исломи (макоми инфиродии ичроия) ва ё Раёсат ва раиси ташкилоти карзии исломи амали мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти карзии исломи дар як вакт хамчун макомоти ичроия таъсис дода шаванд, он гох раиси ташкилоти карзии исломи вазифаи раиси Раёсати онро ичро менамояд.
  2. Макоми ичроияи ташкилоти карзии исломи барои ичрои карорхои Шурои нозирон ва идоракунии амалиёти харрузаи ташкилоти карзии исломи масъул мебошад. Хайати Раёсати ташкилоти карзии исломи набояд аз се нафар кам бошад.
  3. Раис ва аъзои Раёсати ташкилоти карзии исломи наметавонанд хамчун узви Шурои нозирон ва Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи интихоб шаванд.
  4. Раёсати ташкилоти карзии исломи дорои ваколатхои зерин мебошад:

– татбики самтхои асосии фаъолияти ташкилоти карзии исломи;

– таъмини риояи меъёрхои идоракунии корпоративи ва талаботи идоракунии хавфхои ташкилоти карзии исломи;

– таъмини сатхи зарурии низоми идоракунии ташкилоти карзии исломи, ки масъулият, ваколат ва муносибатхои хамдигарии сохторхои дохили, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти карзии исломиро мукаррар менамояд;

– ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти карзии исломи, мониторинги мутобикат ва самаранокии он.

  1. Раиси ташкилоти карзии исломи дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) аз номи ташкилоти карзии исломи бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо макомоти давлати ва гайридавлати намояндаги мекунад ва шартномахо мебандад;

2) кормандони ташкилоти карзии исломиро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд;

3) дар мачлисхои Раёсати ташкилоти карзии исломи раиси менамояд;

4) ба карорхо ва протоколхои мачлисхои Раёсати ташкилоти карзии исломи имзо мегузорад;

5) вазифахоро дар байни муовинон таксим менамояд;

6) фармону амрхо медихад, ки ичрои онхо барои кормандони ташкилоти карзии исломи хатми мебошад;

7) шартхо ва андозаи музди мехнати кормандони ташкилоти карзии исломиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти карзии исломи, муайян менамояд;

8) барои фаъолияти ташкилоти карзии исломи пурра масъул мебошад;

9) масъалахои дигари фаъолияти ташкилоти карзии исломиро, ки ба салохияти Раёсат, Шурои нозирон, Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи ва Мачлиси умумии сахмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти карзии исломи тааллук надоранд, барраси менамояд.

Хангоми аз чониби як шахс таъсис додани ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории исломии хурд) хамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти карзии исломи бошад.

 

Моддаи 29. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони 

                         рохбарикунанда

 

  1. Кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории исломии хурд) бо розигии Бонки миллии Точикистон баъди дар он аз санчиши тахассуси гузаштанашон ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санчиши тахассусии номзадхо ба вазифаи кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории исломии хурд) бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Аъзои Раёсати ташкилоти карзии исломиро (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории исломии хурд) Шурои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти карзии исломи ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  3. Муовини раиси ташкилоти карзии исломи ва сармухосибро раиси ташкилоти карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои маблаггузории исломии хурд) бо чонибдории Шурои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  4. Рохбар ва сармухосиби филиали ташкилоти карзии исломи ва «равзанаи бонкии исломи» аз чониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти карзии исломи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи ва «равзанаи бонкии исломи» бояд ба талаботи зерин чавобгу бошанд:

1) дорои тахсилоти олии иктисоди, хамчунин дорои тахсилот дар сохаи фаъолияти бонкии исломи ва собикаи кории на камтар аз панчсола аз руи ихтисос дар низоми бонки, ки на камтар аз се соли онро собика дар вазифахои рохбар ё муовини рохбари вохидхои сохтории иктисоди ташкил дихад – барои аъзои раёсат, раис, муовинони у ва сармухосиб;

2) дорои тахсилоти олии иктисоди, хамчунин дорои тахсилот дар сохаи фаъолияти бонкии исломи ва собикаи кории на камтар аз сесола аз руи ихтисос дар сохторхои иктисодии низоми бонки ё тахсилоти дигари оли ва собикаи кории на камтар аз дахсола дар  низоми бонки – барои рохбар ва сармухосиби филиал, инчунин рохбар ва сармухосиби «равзанаи бонкии исломи»;

3) шахси аз нигохи касби босалохият ва боэътимод бошанд;

4) оид ба Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломи дониши кофи дошта бошанд;

5) корманди ташкилоти карзии анъанави ва ташкилоти карзии исломии дигар набошанд;

6) дар хамин ташкилоти карзии исломи пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

7) дар Чумхурии Точикистон зиндаги намоянд.

  1. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст, ки Бонки миллии Точикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони рохбарикунанда на дертар аз се руз аз санаи кабули карори дахлдор хабардор намояд.
  2. Корманди рохбарикунанда, ки бинобар татбики чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони нисбат ба ташкилоти карзии исломи аз вазифа озод шудааст, хукуки ишголи минбаъдаи вазифаи корманди рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломиро надорад.
  3. Рохбар, муовини рохбари макоми ичроия ё сармухосиби ташкилоти карзии исломи, ки дар давраи фаъолияти онхо ичозатномаи ташкилоти карзии исломи бинобар татбики чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд минбаъд вазифахои корманди рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломиро ишгол намоянд.

 

Моддаи 30. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти карзии исломи

 

  1. Ташкилоти карзии исломи  Кумитаи аудит таъсис медихад.
  2. Аъзои Кумита ва раиси он аз чониби Шурои нозирон ба мухлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
  3. Раиси Шурои нозирон, Раиси ташкилоти карзии исломи ё аъзои Раёсати ташкилоти карзии исломи аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
  4. Кумитаи аудит дар назди Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи амал карда, дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) барраси ва тавсияи кабули накшаи солонаи аудит, коидахои хисобдорию назорати онхо ва идоракунии хавфхо дар ташкилоти карзии исломи;

2) додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти карзии исломи;

3) баррасии хисоботи аудитори беруни оид ба хисоботи молиявии ташкилоти карзии исломи ва ба Шурои нозирон додани маълумот оид ба  камбудихои ошкоршуда то даме, ки аз чониби он хисоботи молияви маъкул дониста шавад;

4) талаб кардани хисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти карзии исломи;

5) мониторинги мутобикати фаъолияти ташкилоти карзии исломи ба талаботи конунхову санадхои меъёрии хукуки ва пешниходи маълумот ба Шурои нозирон;

6) баррасии хисоботи ташкилоти карзии исломи, ки ба Бонки миллии Точикистон пешниход мешавад;

7) гузориш оид ба масъалахое, ки аз чониби Шурои нозирон ё Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

8) баррасии  амалиёт ва ахдхои ташкилоти карзии исломи дар заминаи накшахое, ки Кумитаи аудит кабул кардааст, дар асоси дархости:

– Шурои нозирон;

– Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи;

– сахмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти карзии исломи, ки беш аз 10 фоизи сахмияхои овоздихандаро сохибанд ё тибки мукаррароти оинномаи ташкилоти карзии исломи;

9) пешниходи хисобот дар Мачлиси умумии сахмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ хар сол на камтар аз як маротиба.

  1. Карорхои Кумитаи аудит бо аксарияти овозхои аъзои иштирокдошта кабул карда мешаванд. Хангоми баробар будани шумораи овозхо, овози раиси Кумитаи аудит халкунанда мебошад.
  2. Дар ташкилоти карзии исломи сохтори аудити дохили амал менамояд, ки ба он сараудитори дохили рохбари менамояд.
  3. Сараудитори дохилии ташкилоти карзии исломи бояд ба талаботи кисми 5 моддаи 29 Конуни мазкур чавобгуй бошад.
  4. Бонки миллии Точикистон метавонад мутахассиси сохаи бонкии исломиро интихоб намуда, ба у барои дар ташкилоти карзии исломи гузаронидани аудит ё санчиши  риояи принсипхои маблаггузории исломи супориш дихад. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст барои фаъолияти мутахассиси таъиннамудаи Бонки миллии Точикистон шароити мусоид фарохам орад.
  5. Шахси таъиншуда дорои ваколатхои аз чониби Бонки миллии Точикистон мукарраргардида буда, ба Бонки миллии Точикистон оид ба натичахои аудит ё санчиши мутобики кисми 8 моддаи мазкур гузаронидашуда хисобот пешниход менамояд.
  6. Хакки хизмат ва харочоти шахси таъиншуда вобаста ба аудит ё санчиш оид ба риояи принсипхои маблаггузории исломи мутобики моддаи мазкур аз чониби ташкилоти карзии исломи пардохт карда мешавад.
  7. Мутобики кисми 8 моддаи мазкур шахси таъиншуда барои риоя накардани ухдадории махфияти байни чунин шахс ва ташкилоти карзии исломи дар робита ба масъалахое, ки дар бораи онхо аз руи натичахои аудит ё санчиши риояи принсипхои маблаггузории исломи мутобики моддаи мазкур аз чониби он шахс ба Бонки миллии Точикистон хисобот дода мешавад, чавобгар намебошад.

 

Моддаи 31. Ифшо кардани манфиатхои шахси

 

  1. Кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи хангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд хар сол бояд ба таври хатти ба Шурои нозирон оид ба манфиатхои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онхо хочагии умуми доранд, маълумот диханд.
  2. Хангоми аз чониби Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи ё макоми дигари ваколатдори он барраси гардидани масъалаи манфиатхои шахсии молиявии кормандони рохбарикунанда ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи, онхо хукук доранд дар  баррасии масъалаи мазкур иштирок намоянд.

 

Моддаи 32. Тартиби хариди хиссаи иштироки афзалиятнок

 

  1. Хариди хиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти карзии исломи бо розигии Бонки миллии Точикистон сурат мегирад.
  2. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якчоя бо онхо амал карда, мехохад хиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти карзии исломи харидори намояд, ба Бонки миллии Точикистон дархости хатти пешниход мекунад.
  3. Дархост дар бораи хариди хиссаи иштироки афзалиятнок инхоро дар бар мегирад:

1) насаб, ном ва номи падар, шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолияти кори ё касбии шахси талабгори моликшави ба хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок;

2) маълумотнома барои молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри насаб, ном ва номи падар, шахрванди, чойи истикомати доими, фаъолият ё касби молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии хиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онхоро тасдик мекунад;

3) агар шахси талабгори моликшави ба хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок шахси хукуки бошад, нусхаи хисоботи тавозуни ва хисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;

4) номгуй ва махалли чойгиршавии намуди фаъолияте, ки дар он шахси талабгори моликшави ба хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок сохиби хисса мебошад, бо нишон додани андозаи хисса;

5) шартхои хариди хиссаи иштироки афзалиятнок;

6) манбаи конунии маблагхои пулие, ки барои харидори истифода мешаванд;

7) накша ё пешниход оид ба тагйироти кулли дар фаъолият, сохтори корпоративи ё идоракунии ташкилоти карзии исломи;

8) хулосаи пешакии хаттии ташкилоти карзии исломи;

9) дигар маълумоте, ки Бонки миллии Точикистон метавонад талаб намояд.

  1. Бонки миллии Точикистон окибатхои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти карзии исломи ва ба талаботи мукарраршуда мувофик будани талабгори моликшави ба хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 руз аз рузи гирифтани дархост ба дархосткунандагон ба таври хатти дар бораи розиги  бо дархост ё раддия  чавоб медихад. Хангоми радкуни асоси он бояд нишон дода шавад.
  2. Агар Бонки миллии Точикистон дар бораи карори худ дар мухлати  зикршуда хабар надихад, пас ин маънои додани розиги барои хариду фуруши хиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Точикистон хукук дорад хангоми баъдан ошкор кардани гайриканоатбахш будани вазъи молияви ва обрую эътибори моликон бекор кардани ин ахдро талаб намояд.
  3. Бонки миллии Точикистон дархостро маъкул намешуморад, агар:

1) вазъи молияви, манбаи маблагхо, боэътимодии хар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок аз чониби Бонки миллии Точикистон гайриканоатбахш дониста шавад;

2) муайян карда шавад, ки чунин харидори:

– ракобатро ба таври назаррас махдуд менамояд;

– устувории молиявии ташкилоти карзии исломиро зери хатар мегузорад;

– манфиатхои амонатгузорону пасандоздорон ва карздехони ташкилоти карзии исломиро зери хатар мегузорад.

  1. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якчоя бо онхо амал карда, мехохад хиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти карзии исломи то 20 фоиз, 33 фоиз, 50 фоиз ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба хамин хиссаи сахмияхои овоздихандаи ташкилоти карзии исломи ё аз он зиёд намояд, бояд на камтар аз 30 руз пештар Бонки миллии Точикистонро ба таври хатти огох намояд.
  2. Ташкилоти карзии исломие, ки аз пешниходи хариди хиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниходи зиёд кардани хиссаи мавчудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Точикистон огохиномаи хатти равон менамояд.
  3. Ташкилоти карзии исломи дар холати хабардор шудан дар бораи он, ки моликони вай, аз чумла моликони хиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигохи касби босалохият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Точикистонро дар шакли хатти огох менамояд.

 

Моддаи 33. Азнавташкилдихии ташкилоти карзии исломи

 

  1. Азнавташкилдихии ташкилотхои карзии исломи бо розигии пешакии Бонки миллии Точикистон сурат мегирад.
  2. Ташкилоти карзии исломи кабл аз азнавташкилдихи дар мухлати на камтар аз 30 руз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Точикистон дархости пешаки фиристода, маълумоти заруриро манзур менамояд.
  3. Бонки миллии Точикистон ба захирахои молияви, идоракуни ва дурнамои фаъолияти ташкилотхои карзии исломии амалкунанда ва навтаъсис бахо дода, то ба шарту талаботи ичозатномадихи чавобгу гардидани ташкилотхои карзии исломии навтаъсис ба дархости онхо розиги намедихад. Бонки миллии Точикистон ба амали дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар холати риоя нашудани талаботи конунгузории зиддиинхисори розиги намедихад.

 

БОБИ 5.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ  ТАШКИЛОТХОИ КАРЗИИ ИСЛОМИ

 

Моддаи 34. Коидахои умумии фаъолияти ташкилотхои карзии  исломи

 

  1. Ташкилотхои карзии исломи фаъолияти худро мутобики талаботи Конуни мазкур, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  ва ичозатномахои Бонки миллии Точикистон устуворона ва окилона амали менамоянд.
  2. Ташкилотхои карзии исломи корхои зеринро ичро менамоянд:

1) кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигох мекунанд;

2) хангоми пастшавии арзиши дороихо фонди чуброни талафоти имконпазирро тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ташкил менамоянд;

3) хисобдории мувофик ва дигар бахисобгириро ба рох мемонанд;

4) барои ичрои саривактии ухдадорихо ва  чуброни зиён захираи кофи ташкил мекунанд;

5) назорати мукаммал ва самаранокро аз руи хавфхо таъмин менамоянд;

6) барои чуброн дар холатхои зерин чорахои зарури меандешанд:

– бекурбшавии дороихо;

– пардохти ухдадорихо;

– чуброни талафот;

– мукаррароти чуброни талафоти маблаггузории исломи мутобики санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон;

7) бо максади кам кардани хавфхо тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон низоми худии идоракунии хавфхо ва назорати дохилиро ташкил менамоянд;

8) назорати кофиву самараноки хавфхоро таъмин менамоянд;

9) дороихоро вобаста ба хавфи талафот гурухбанди менамоянд.

  1. Ташкилотхои карзии исломи набояд сохторхои гурухиеро, ки ба амали кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил намоянд. Бонки миллии Точикистон коидахоро барои чамъиятхои вобастаи ташкилотхои карзии исломи, аз чумла вобаста ба талабот ба ахдхои байни ташкилоти карзии исломи  ва чамъиятхои вобастаи он, ки хангоми омода кардани хисоботи молиявии мачмуи ба хисоб гирифта намешаванд, мукаррар менамояд.
  2. Бонки миллии Точикистон талаботеро, ки мутобики меъёрхои боби мазкур барои ташкилотхои карзии исломии ватани мукаррар шудаанд, ба филиалхои бонкхои исломии хоричи низ татбик менамояд.
  3. Дар сурати ба раиси ташкилоти карзии исломи маълум гардидани холатхои зерин, у бояд дар ин хусус фавран дар шакли хатти ба Бонки миллии Точикистон хабар дихад:

– меъёри кифоятии сармояи ташкилоти карзии исломи аз андозаи мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон кам гардидааст;

– ташкилоти карзии исломи аз ичрои ухдадорихояш набаромада, мехохад пардохти онхоро боздорад.

 

Моддаи 35. Меъёрхои макбул

 

  1. Бонки миллии Точикистон барои ташкилотхои карзии исломи меъёрхои макбули зеринро мукаррар менамояд:

1) хадди акали сармояи оинномави барои ташкилотхои карзии исломии навтаъсис;

2) андозаи нихоии кисми гайрипулии сармояи оинномави;

3) андозаи нихоии хавф барои як карзгир ё гурухи карзгирони ба хам алокаманд;

4) меъёри кифоятии сармоя;

5) меъёри пардохтпазирии чори;

6) меъёри хавфхои асъори, даромадноки ва хавфхои дигар;

7) меъёри истифодаи маблагхои худии ташкилотхои карзии исломи барои харидани cахмияхои (хиссахои) шахсони хукукии дигар;

8) андозаи нихоии карзи исломи, воситахои маблаггузории исломи, кафолатхо ва замонатхое, ки ташкилотхои карзии исломи ба сахмиядорони (иштирокчиёни) худ додаанд.

  1. Бонки миллии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии худ, амалияи пешкадам ва стандартхои байналмилали, ки Шурои машваратии хизматрасонии бонкии исломи тавсия намудааст, меъёрхои макбул ва тартиби хисоби онхоро барои ташкилотхои карзии исломи мукаррар намуда, хангоми амали намудани назорат онхоро истифода менамояд.
  2. Бонки миллии Точикистон талаботи мутобики меъёрхои боби мазкур муайяншударо, ки нисбат ба ташкилотхои карзии исломи ва бонкхои фаръии онхо дар заминаи назорати  мачмуи татбик мегарданд, мукаррар менамояд.
  3. Бонки миллии Точикистон метавонад меъёрхои макбули дигареро, ки дар тачрибаи байналмилалии танзими фаъолияти бонкии исломи истифода мешаванд, мукаррар намояд.
  4. Бонки миллии Точикистон метавонад нисбат ба меъёри изофапули, мухлати пардохт ва дигар шартхои карздихии исломи, ки дар механизми маблаггузории исломи истифода мешаванд, инчунин чалби маблагхо (аз чумла, амонату пасандоз ва сахмияхо) ё ухдадорихои гайритавозуни низ талабот мукаррар намояд.
  5. Бонки миллии Точикистон метавонад меъёрхои тафрикашудаи меъёрхои макбули идоракунии хавфхо ва тартиби хисобкунии онхоро аз руи намудхои ташкилотхои карзии исломи мукаррар намояд.
  6. Карори Бонки миллии Точикистон дар бораи тагйир додани меъёрхо ва тартиби хисобкунии онхо пас аз се мох баъди кабули он эътибор пайдо менамояд.
  7. Ташкилоти карзии исломи сиёсати дохилии худро бо риояи хадди акал ва нихоии хавфхо, коидахои идоракунии хавфхо, сиёсати сармоягузори ва карздихи, инчунин дигар меъёрхои макбули танзими сармоя, дороихо, суратхисобхои гайритавозуни ва захирахо пеш мебарад.
  8. Ташкилоти карзии исломи сиёсати дохилии идоракунии меъёрхои макбулро дар самтхои зерин тахия ва амали менамояд:

1) дороихои пардохтпазир нисбат ба дороихои умуми ё  ухдадорихо ё тагйирёбии онхо (аз чумла, кафолатхо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти карзии исломи хукуки дар Бонки миллии Точикистон нигохдории кисме аз дороихои пардохтпазири худро дошта бошад;

2) маблаги нихоии тамоми карзхо ва сармоягузорихо ё кисме аз онхо;

3) тасниф ва бахогузории дороихо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороихо дар заминаи чунин тасниф ва баходихи, инчунин мукаррар кардани мухлате, ки дар доираи он даромад аз воситахои маблаггузории исломии гайрифаъол наметавонад хамчун даромад хисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули накд;

4) шартхои кабули амонат, пасандози исломи ва додани карзи исломи ё маблаггузории исломи;

5) мамнуиятхо, махдудиятхо ё шартхои дигари вобаста ба:

– навъи карзхои исломи, сармоягузори ва ухдадорихо, мутобикати дороихо ва ухдадорихо аз руи мухлат ва дигар шартхои онхо;

– мавкеи кушода:

– бо асъори хоричи, металлхо ва сангхои киматбахо;

– сахмияхо ва дигар когазхои киматноки интиколшаванда;

– карордодхои форварди, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар хосилахои ба асъор, сахмияхо, вомбаргхо, металлхо ва сангхои киматбахо ё курбу меъёрхои маблаггузори дахлдошта, ки хавфи онхо сугурта нашуда, аз меъёрхои мукарраршуда зиёд мебошад.

 

Моддаи 36. Хавфи карзхои калон

 

  1. Ташкилоти карзии исломи дар холатхои зерин ба шахси вокеи ё хукуки карзи исломи намедихад, агар:

– маблаги умумии бакияи карзхои асосии ташкилоти карзии исломи ба ин шахс аз 20 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти карзии исломи зиёд бошад;

– маблаги умумии бакияи карзхои асосии калони ташкилоти карзии исломи аз андозаи секаратаи маблаги сармояи танзимшавандаи ташкилоти карзии исломи зиёд бошад.

  1. Мукаррароти кисми 1 моддаи мазкур дар холатхои зерин татбик намегардад, агар:

– ахдхо бо Хукумати Чумхурии Точикистон ва ё тахти кафолати он баста шуда бошанд;

– ахдхо байни ташкилотхои карзии исломи, ки мухлати пардохташон  як сол ё камтар аз он аст.

  1. Бо максади татбики моддаи мазкур шахси зикршуда шахсест, ки ба шахси дигар бевосита ё бавосита вобаста аст, ки:

– устувории молиявии яке аз онхо метавонад ба устувории молиявии шахс ё шахсони дигар таъсир расонад;

– омилхое вучуд доранд, ки метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё хамаи онхо таъсир расонанд;

– устувории молиявии шахси дигар (вобаста ба муносибатхои онхо) вокеан барои баргардонидани карзи исломи ба ташкилоти карзии исломи метавонад таъсир расонад.

 

Моддаи 37. Карзи исломи ба шахсони вобаста

 

  1. Ташкилоти карзии исломи дар холатхои зерин ба шахсони вобаста карзи исломи намедихад, агар:

1) карзи исломи ва шартхои он аз чониби Шурои нозирон ё нисбат ба филиали бонки исломии хоричи – аз чониби рохбари филиал маъкул дониста нашавад;

2) хиссаи даромади ташкилоти карзии исломи аз меъёри даромади чории бозор барои чунин карзи исломи паст бошад;

3) карзи исломии ба корманди рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи додашуда (аз чумла, карзе, ки аз чониби як ё якчанд бонкхои фаръии ташкилоти карзии исломи дода шудааст) аз 30 фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад;

4) мухлати карзи исломи, барасмиятдарории он ва сифати гарави карзи исломи аз карзи исломии мавчуда мохиятан фарк кунад;

5) маблаги умумии хамаи карзхои исломии ба шахси вобаста додашуда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти карзии исломи зиёд бошад.

  1. Шурои нозирон нисбат ба филиали бонки исломии хоричи ё рохбари филиал метавонад додани карзи исломи ва шартхои онро дар холати конеъ будан ба шартхои зерин тасдик кунад:

1) карзи исломи ба стандартхои пардохтпазири, ки аз дигар муштариёни дархосткунанда талаб карда мешаванд, чавобгуй аст;

2) шартхои карзи исломи ба ташкилоти карзии исломи нисбат ба шарти он карзхое, ки ба дигарон дода мешаванд, мувофиктаранд;

3) пешниходи карзи исломи хаматарафа ба манфиати ташкилоти карзии исломи мебошад;

4) дар холате, ки карзи исломи бо гирифтани на камтар аз се ду хиссаи овозхои тамоми аъзои Шурои нозирони ташкилоти карзии исломии дар мачлиси Шуро иштирокдошта тасдик шуда, дар протоколи мачлис зикр гардад.

  1. Ташкилоти карзии исломи дар бораи карзи исломии ба шахсони вобаста додашуда бо максади мониторинги он фавран ба Кумитаи аудити худ хисобот медихад. Хисобот маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– насаб, ном ва номи падари шахси вобаста;

– маблаги карзи исломии ба шахси вобаста додашуда.

  1. Агар ташкилоти карзии исломи карзи исломиро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартхои кисми 1 моддаи мазкур дихад, он гох чунин карзи исломи бояд фавран бекор карда шавад ва маблагхои дар доираи он пардохтшуда ба ташкилоти карзии исломи баргардонида шаванд. Аъзои Шурои нозирон ё рохбари филиали бонки хоричии исломи вобаста ба вазъу холати мавчуда барои пардохти карзи асоси, дигар харочот ва оид ба карзе, ки бо огохи ва розигии онхо бо риоя накардани талаботи кисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахси ва муштарак ба зимма доранд.

 

Моддаи 38. Хавфи асъори хоричи

 

Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ меъёрхои хадди нихоии мавкеи кушодаи асъори ва тартиби хисоби онхоро барои ташкилоти карзии исломие, ки хукуки гузаронидани амалиёти бонкии исломи бо асъори хоричиро дорад, мукаррар менамояд.

 

Моддаи 39. Махдудияти сармоягузори

 

  1. Ташкилоти карзии исломи бе розигии хаттии Бонки миллии Точикистон наметавонад сармоягузориро бо рохи хариди сахмияхо, вомбаргхои ба сахмия алокаманд ва когазхои киматноки дигар ба андозаи зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандааш анчом дихад. Дар холатхое, ки чунин сармоягузори зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаро ташкил медихад, ташкилоти карзии исломи ухдадор аст хангоми зарар надидан дар муддати кутох (на дертар аз як мох) ва дар хар сурат дар мухлати на дертар аз ду соли баъди харидани чунин когазхои киматнок онхоро фурушад.
  2. Мухлати мазкур бо дархости ташкилоти карзии исломи аз чониби Бонки миллии Точикистон метавонад боз то як соли дигар тамдид карда шавад.
  3. Ташкилоти карзии исломи бе гирифтани розигии пешакии хаттии Бонки миллии Точикистон, ба истиснои сахмияхое, ки ташкилоти карзии исломи дар натичаи анчом додани амалиёти бонкии исломи сохиби онхо шудааст, ба сахмияхои дигар ташкилоти карзи ё ташкилоти карзии исломи молик шуда наметавонад. Дар ин холат, агар Бонки миллии Точикистон ба ташкилоти карзии исломи барои нигохдории сахмияхои мазкур розиги надихад, ташкилоти карзии исломи сахмияхоро хангоми зарар надидан дар муддати кутох (на дертар аз як мох) ва дар хар сурат дар мухлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданашон мефурушад.
  4. Ташкилоти карзии исломи хукук надорад сохиби молу мулк гардад, ба истиснои молу мулки манкул ва ё гайриманкуле, ки:

– барои таъмини фаъолияти худ ва ниёзхои ичтимоии кормандон, аз чумла барои таъмини манзил зарур аст;

– барои пеш бурдани фаъолияти бонкии исломи зарур буда, ба  шартхои аз чониби Бонки миллии Точикистон муайянгардида вобаста аст.

  1. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст молу мулкеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкии исломи ба моликияташ гузаштааст, хангоми зарар надидан дар муддати кутох (на зиёда аз се мох) ва дар мухлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурушад.
  2. Ташкилоти карзии исломи кисми зиёдатии молу мулкашро ба ичора дода метавонад, ба шарте ки ин амал ба фаъолияти ташкилоти карзии исломи халал нарасонад.
  3. Ба ташкилоти карзии исломи харидани сахмияхои чамъияти хоричи (гайрирезидент) бе розигии хаттии Бонки миллии Точикистон манъ аст, ба гайр аз холатхое, ки ташкилоти карзии исломи онхоро дар натичаи анчом додани амалиёти бонкии исломи сохиб шуда бошад.

 

Моддаи 40. Речаи кории ташкилоти карзии исломи

 

  1. Ташкилоти карзии исломи бояд ба муштариён дар давоми соатхои кории аз чониби Бонки миллии Точикистон тасдикгардида хизмат расонад.
  2. Дар холатхои зарури, бо максади таъмини суботи низоми бонки ва хифзи манфиатхои муштариён, Бонки миллии Точикистон метавонад ба ташкилоти карзии исломи дар хусуси боздоштани кор ва катъи амалиёт супориш дихад. Дар ин холат, ташкилоти карзии исломи танхо бо ичозати Бонки миллии Точикистон аз нав ба кор шуруъ карда метавонад.

 

Моддаи 41. Ахд ва амалиёти шубханок

 

1.Ташкилоти карзии исломи бо максади ба таври ихтиёри ё гайриихтиёри ба фаъолияти чинояти чалб нагардиданаш бояд хамеша чорахо андешад. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст, дар бораи ичрои хама гуна ахд ва амалиёти шубханоки муштариёни худ (кушиши анчом додани ахд ва амалиёти шубханок) фавран ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм бо тартиби мукарраршуда хабар дихад.

  1. Аз чониби ташкилоти карзии исломи ифшо намудани маълумоти дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда вайронкунии талаботи сирри бонки хисоб нашуда, он барои ин амал чавобгар намебошад.

 

Моддаи 42. Махдудияти амалиёт бо сахмияхо

 

  1. Ташкилоти карзии исломи наметавонад тахти гарави сахмияхои худ ягон хел карз, пешпардохт, кафолатнома ё когази киматнок дихад ё дигар ухдадорихоро ба зимма гирад.
  2. Ташкилоти карзии исломи метавонад сахмияхои худро мутобики санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон харидори намояд.

 

Моддаи 43. Суратхисобхои гайрифаъол

 

  1. Суратхисобхои бонкие, ки сохибаш дар давоми 10 соли охир ба он таваччух зохир накардааст, ба истиснои суратхисобхои пасандози шахсони вокеи, суратхисоби гайрифаъол дониста шуда, маблаги он бо риояи коидахои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигох дошта мешавад.
  2. Ташкилоти карзии исломи дар рузи аввали кории соли ояндаи таквими ба нишонии охирини маълумбудаи сохиби суратхисоби гайрифаъол тавассути почта огохинома ирсол намуда, хамзамон дар на камтар аз ду рузномаи Чумхурии Точикистон дар бораи у эълон нашр мекунад. Агар сохиби суратхисоби гайрифаъол дар давоми як мохи баъди ирсоли огохинома ва нашри эълон аз худ дарак надихад, ташкилоти карзии исломи  суратхисоби гайрифаъолро баста, маблаги онро барои нигохдории минбаъда ба суратхисоби махсуси дар Бонки миллии Точикистон кушодашуда интикол медихад.
  3. Бонки миллии Точикистон маблагхои суратхисоби махсусро ба когазхои киматноки давлати ва дар холати набудани онхо ба дигар когазхои киматнок сармоягузори менамояд. Дар давоми 20 соли дигар хар шахс, бо далели тасдиккунандаи сохибият ба ин маблагхо, метавонад барои гирифтани онхо ба Бонки миллии Точикистон мурочиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Точикистон маблаги дархостнашудаи чунин суратхисобро ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон барои ба амонат нигох доштан дар Хазинадории маркази мегузаронад.

 

Моддаи 44. Нигохдории хуччат ва сабтхо

 

  1. Ташкилоти карзии исломи хуччатхои зеринро аз руи хар як ахд ба мухлати на камтар аз панч сол нигох медорад:

– маълумоти шахси оид ба муштари;

– дархост ва хамаи хуччатхои шартномавии вобаста ба ахдхо (аз чумла, созишномахои карзи ва кафолатхои таъминшуда) ва карорхои ташкилоти карзии исломи дар бораи тасдики ахдхо;

– сабти ахдхо бо шарикон (аз чумла кредитор, дебитор ва кафилон) ва  хуччатхои дигари гувохидиханда, ки барои маъкул донистани ин ахдхо асос шудаанд;

– кушодани суратхисоби бонкии онхо;

– дигар хуччатхое, ки Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ мукаррар кардааст.

  1. Сабтхо дар шакли хатти анчом дода мешаванд. Ташкилоти карзии исломи метавонад сабт, китоби хисобдори, хисобот, хуччат, муросилот (мактубхо), интиколи телеграфи, огохинома ва дигар хуччатхои ба фаъолияти молиявии худ дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, махзани электронии маълумот ва дигар иттилоот) ба мухлати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чои нусхаи асл тавре нигох дорад, ки низоми мувофик ва коидахои пурра баркарорсозии маълумот дар хамон чой вучуд дошта бошад. Ин гуна нусхахои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад оид ба низоми нигохдории хуччатхо санадхои меъёрии хукуки кабул намояд.

 

Моддаи 45. Низоми пардохт

 

  1. Ташкилоти карзии исломи метавонад бо мувофикаи Бонки миллии Точикистон низоми муштараки клирингро барои интиколи маблаг, дигар воситахои пардохт ва хисоббаробаркунихо таъсис дихад.
  2. Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ коидаву усулхои идоракунии низоми мазкур, аз чумла, намудхои хисоббаробаркуниро мукаррар менамояд.
  3. Ташкилотхои карзии исломи дар сурати набудани низоми муштараки клиринг хисоббаробаркунии байнибонкиро бо мувофикаи тарафхо ё мутобики тачрибаи байналмилали анчом медиханд.

 

БОБИ 6.

ХИСОБДОРИ ВА ХИСОБОТИ МОЛИЯВИ

 

Моддаи 46. Соли молияви

 

Соли молиявии ташкилотхои карзии исломи 1 январ огоз ёфта, 31 декабри хамон сол ба охир мерасад. Барои филиали бонки хоричии исломи соли молияви метавонад дигар бошад.

 

Моддаи 47. Пешниходи хисобот

 

  1. Бо максади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотхои карзии исломи Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ коидахои хисобдори, фехрист, шаклхо, тартиби тахия ва мухлати пешниходи хисоботи молиявиро мукаррар менамояд.
  2. Ташкилотхои карзии исломи (ба истиснои ташкилотхои карзии исломии хурд ва фондхои карзии исломии хурд) ухдадоранд ба Бонки миллии Точикистон дар баробари хисоботи молияви инчунин маълумоти зеринро пешниход намоянд:

– оид ба дороихо ва ухдадорихо;

– оид ба риояи меъёрхои макбул;

– оид ба суратхисобхо ва нишондихандахои молияви;

– хисоботи омори дар шакли алохида ва дар шакли мачмуи;

– дигар иттилооти зарури, ки онро Бонки миллии Точикистон талаб менамояд.

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад хангоми зарурат аз хар як бонки фаръи ё чамъияти вобастаи ташкилоти карзии исломи барои амали намудани назорати мачмуи хисобот талаб намояд.

 

Моддаи 48. Асосхои хисобдори ва тахияи хисоботи молияви

 

  1. Ташкилоти карзии исломи бояд коидахои низоми хисобдори, аз чумла бахисобгирии харрузаи харочоту даромадро риоя намояд.
  2. Ташкилоти карзии исломи хисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, хисобот дар бораи фоидаву зиён, хисобот дар бораи гардиши маблагхои пули ва хисобот дар бораи тагйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобики стандартхои байналмилалии хисоботи молияви ва талаботи дигари аз чониби Бонки миллии Точикистон муайяншуда омода менамояд.
  3. Хисоботи молияви вазъи вокеии молиявии ташкилоти карзии исломи ва филиалхои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти карзии исломи, аз чумла хисоботи Шурои нозирони ташкилоти карзии исломиро низ дар бар мегирад.

 

Моддаи 49. Хисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти карзии исломи хисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд ташкилоти карзии фаръии исломи – хисоботи молиявии мачмуии солонаро омода менамояд.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад дигар чамъиятхои вобастаи ташкилоти карзии исломи, аз чумла чамъияти назораткунандаи он ва чамъияти дигари аз тарафи чамъияти назораткунандаи ташкилоти карзии исломи назоратшавандаро муайян кунад, ки ташкилоти карзи бояд оид ба онхо хисоботи молиявии мачмуии солона пешниход намояд.
  3. Филиалхои бонки хоричии исломи маълумот оид ба суратхисобхо ва хисоботи молиявии худро доир ба амалиёти солона омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Точикистон пешниход менамоянд.
  4. Нусхаи хисоботи молиявии солона, аз чумла хисоботи мачмуии солонаи ташкилоти карзии исломи, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор мохи баъди анчоми соли молияви ба Бонки миллии Точикистон пешниход карда мешавад.
  5. Бонки исломии хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи хисоботи молиявии мачмуии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мухлати на дертар аз шаш мохи баъди анчоми соли молиявии он ба Бонки миллии Точикистон пешниход менамояд.

 

Моддаи 50. Нашри хисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти карзии исломи хисоботи молиявии солонаи худ, аз чумла хисоботи молиявии мачмуии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мухлати на дертар аз як мох баъди гирифтани хулосаи аудитори дар на камтар аз ду рузномаи чумхурияви нашр менамояд.
  2. Ташкилоти карзии исломи дар дастгохи маркази ва филиалхои худ нусхаи хисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва руйхати аъзои Шурои нозирони худро дар чойи ба муштариён намоён барои шиносои мегузорад.

 

БОБИ 7.

АУДИТ

 

Моддаи 51. Аудит

 

  1. Бонки миллии Точикистон руйхати ташкилотхои аудиториеро, ки дорои ичозатномаи дахлдор, тахассус ва тачрибаи кофии аудити ташкилоти карзии исломи буда, метавонанд аудити ташкилоти карзии исломиро дар Чумхурии Точикистон гузаронанд, тахия ва нашр менамояд.
  2. Ташкилоти карзии исломи аз руйхате, ки мутобики кисми 1 моддаи мазкур нашр гардидааст, ташкилоти аудиториро интихоб ва таъин менамояд.
  3. Мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» нисбат ба ташкилотхои аудитории хоричие, ки ба руйхати Бонки миллии Точикистон ворид гаштаанд, татбик намегардад.
  4. Мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти аудитори» нисбат ба ташкилотхои аудиторие, ки аудити ташкилоти карзии исломиро дар Чумхурии Точикистон мегузаронанд, бо назардошти Конуни мазкур татбик карда мешавад.
  5. Ташкилоти аудитори ё корманди он бояд молик, корманди рохбарикунанда, аъзои Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи, корманд ё намояндаи ташкилоти карзии исломи набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти карзии исломи манфиат надорад, ба истиснои холатхои доштани амонат ва пасандози исломи дар ташкилоти карзии исломи, метавонад  аудитори он интихоб ва таъин гардад.
  6. Агар ташкилоти аудитори хангоми гузаронидани аудит сохиби чунин манфиат дар ташкилоти карзии исломи гардад, пас хизматрасонии аудитории у катъ карда шуда, ташкилоти карзии исломи ташкилоти аудитории дигарро интихоб ва таъин менамояд.
  7. Ташкилоти аудитори ба ташкилоти карзии исломи хизматрасонихоеро, ки бо вазифахои назорати дохилии ташкилоти карзии исломи алокаманданд, пешниход намекунад, ба истиснои хизматрасонихои таълимие, ки дорои хусусияти доими нестанд.
  8. Ташкилоти карзии исломи наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мухлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
  9. Мутобики стандартхои байналмилалии аудит ташкилоти аудитори аудити ташкилоти карзии исломиро дар асоси назорати мачмуи анчом медихад ва:

1) изхор мекунад, ки ташкилоти аудитори ё ягон корманди он дар ташкилоти карзии исломи ягон манфиат надорад ва талаботи кисми 5 моддаи мазкурро риоя менамояд;

2) дар риоя ва нигохдории коидахои ташкили низоми дурусти хисобдори ба ташкилоти карзии исломи кумак мерасонад;

3) дар пешбурди низому коидахои дурусти назорати молияви ва идоракунии хавфхо ба ташкилоти карзии исломи кумак мерасонад;

4) бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти карзии исломи дар мачлисхои он иштирок менамояд;

5) дар давоми се мохи баъд аз анчоми соли молияви дар бораи мукаммали, холиси ва дурустии хисоботи молияви хулосаи аудитори ва назари аудитори омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти карзии исломи мутобики талаботи Конуни мазкур ба Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи маълумоти муфассал пешниход менамояд;

6) ба Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи ва Бонки миллии Точикистон дар бораи низоми таснифи карзхо ва таъминнокии дороихои (аз чумла карзхои) шубханок тибки талаботи Бонки миллии Точикистон бо нишон додани камбудихо хулосаи ташкилоти аудиториро пешниход менамояд;

7) ба узви Шурои нозирон ва ба Бонки миллии Точикистон дар бораи амали корманди рохбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти карзии исломи, ки аз нигохи аудитор риоя накардани талаботи Конуни мазкур ё дигар санади меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мебошад, хабар медихад;

8) ба узви Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи ва ба Бонки миллии Точикистон дар бораи норасои ё камбудии дар идоракуни ё амалиёти ташкилоти карзии исломи ошкоршуда хабар медихад.

  1. Хангоми тахияи хулосаи аудитори масоили зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

– муфассал будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди рохбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти карзии исломи хангоми аудит талаб шудааст;

– чавобгуй будани ташкилоти карзии исломи ба талаботи низоми назорати дохили ва низоми хисобдори;

– усулеро, ки ташкилоти карзии исломи барои пешбурди китобхои хисобдори, хуччатхо, хисобот ва фарогирии амалиёти зарури оид ба мониторинг ва аудити дохилию беруна истифода мебарад;

– кобилияти кордони ва ба талабот мувофик будани рохбарияти ташкилоти карзии исломи;

– камбудихои чойдошта, эродхо ва тавсияхо барои бартараф кардани онхо, инчунин ичрои тавсияхо ва бартараф намудани эродхои соли гузашта;

– дакик будани хуччатхои ба Бонки миллии Точикистон пешниходшуда ва мувофикати онхо ба мазмуни сабтхо, китобхои хисобдори, низоми хисобдори ва санадхои меъёрии хукукии марбут ба хамин хуччатхо.

  1. Ташкилоти карзии исломи дар мухлати на дертар аз 30 руз баъди дастрасии хулосаи аудитори ва тавсияномаи ташкилоти аудитори нусхаи онхоро ба Бонки миллии Точикистон ирсол менамояд. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст, ки бо назардошти хулосаи аудитори хисоботи молиявии ислохшударо ба Бонки миллии Точикистон пешниход намояд.
  2. Пешниход намудани хулосаи носахехи аудитори ва ё муносибати гаразноки ташкилоти аудитори бо ташкилоти карзии исломи сабаби хорич кардани ташкилоти аудитори аз руйхати Бонки миллии Точикистон мегардад.

 

Моддаи 52. Ухдадорихои иловаги

 

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти карзии исломиро мегузаронад, ухдадорихои зеринро вогузор намояд:

– пешниходи маълумоти иловаги ба Бонки миллии Точикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Точикистон зарур мешуморад;

– пешниходи хисобот, амали кардани бозраси ё ичро намудани коидахои аз чониби Бонки миллии Точикистон мукарраршуда;

– ба Бонки миллии Точикистон пешниходи хисобот дар бораи хисобдори ва назорати дохили;

– таъмини иштироки намояндагон дар баррасии хулосаи аудитории ташкилоти карзии исломи бо даъвати Бонки миллии Точикистон;

– додани хулоса оид ба чавобгу будани чорахои мубориза бар зидди конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ё маблаггузории терроризм, ки ташкилоти карзии исломи мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон андешидааст.

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад аз ташкилоти карзии исломи пешниход намудани хисобот оид ба риояи стандартхои фаъолияти бонкии исломиро аз чониби Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломи талаб намояд. Он хамчунин метавонад аз Кумитаи хизматрасонии маблаггузории исломии ташкилоти карзии исломи маълумоти иловагии алокаманд ба хисоботи ичро намудани стандартхои фаъолияти бонкии исломиро талаб намояд.
  2. Харочоти ичрои ухдадорихои иловаги ба зиммаи ташкилоти карзии исломи вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 53. Масунияти ширкати аудитори

 

  1. Ташкилоти аудитори риояи талаботи махфияти касби ва сирри бонкиро дар ташкилоти карзии исломи арзёби менамояд.
  2. Ташкилоти аудитори барои мутобики талаботи Конуни мазкур пешниход намудани маълумоти дорои сирри бонки ба Бонки миллии Точикистон чавобгар намебошад.
  3. Ба Бонки миллии Точикистон пешниход намудани маълумоти дар бандхои 7) ва 8) кисми 9 моддаи 51 Конуни мазкур пешбинигардида аз чониби ташкилоти аудитори риоя накардани ухдадории сирри маълумот дониста намешавад.

 

БОБИ 8.

МАХФИЯТ

 

Моддаи 54. Сирри бонки

 

  1. Маълумот дар бораи фаъолият ва холати молиявии муштари, ки ба ташкилоти карзии исломи хангоми хизматрасони ва муносибат бо муштари ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштари зиёни модди ва маънави расонад, сирри бонки мебошад.
  2. Маълумоти зерин сирри бонки махсуб мешавад:

– дар бораи мавчудияти суратхисоби бонки, сохибони онхо, дар бораи маблагхои пулии дар онхо мавчуда ва амалиёти бо ин суратхисобхо ичрошавандаи муштариён;

– дар бораи интиколи маблагхои пули аз тарафи шахсони вокеи бе кушодани суратхисоб ва дар бораи фиристандагони (гирандагони) онхо;

– дар бораи маблагхои пули ва ашёи киматбахои муштари, ки дар ташкилоти карзии исломи нигох дошта мешаванд.

  1. Маълумоте, ки ба сирри бонки мансуб мебошад, аз чониби ташкилоти карзии исломи танхо ба шахсони зерин дода мешавад:

1) ба сохиби суратхисоби бонки ва сохиби ашёи киматбахо ё намояндаи онхо;

2) ба фиристандагон ва гирандагони интиколхои пули;

3) ба Бонки миллии Точикистон бо талаби он;

4) ба Палатаи хисоби Чумурии Точикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти карзии исломи дар асоси мактуби Раиси Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон;

5) ба судхо дар асоси карори (таъиноти) суд (судя);

6) ба ичрочии суд дар асоси карори ичрочии суд вобаста ба хуччати ичро;

7) ба бюрои таърихи карз мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

8) ба макомоти тахкику тафтишоти пешаки ва прокуратура аз руи парвандахои чинояти нисбат ба муштариёни ташкилоти карзии исломи – дар асоси карори (таъиноти) суд (судя) мутобики Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон;

9) ба макомоти андоз аз руи масъалаи пардохти андози шахсони хукуки дар асоси мактуби рохбари макомоти андоз бо пешниходи нусхаи фармони макомоти андоз оид ба санчиши онхо.

  1. Мукаррароти мазкур дар холати бо сабабхои гуногун катъ гардидани муносибатхо байни муштари ва ташкилоти карзии исломи низ эътибори худро гум намекунанд.
  2. Маълумот дар бораи сирри бонки дар сурати вафоти муштари дода мешавад:

– ба шахсоне, ки аз тарафи муштари дар васиятнома зикр шудаанд;

– ба судхо, идораи нотариали ва консулгарихои хоричи аз руи парвандахои меросии муштарии фавтида.

  1. Ифшои сирри бонки бе риояи шартхои дар кисми 3 моддаи мазкур мукарраршуда манъ аст, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур.
  2. Ташкилотхои карзии исломи бо максади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонки хукук доранд хадамоти махсус таъсис диханд ва бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи силох» силох ва воситахои зарурии техникиро дастрас намуда, истифода баранд.
  3. Маблагхои дар суратхисоби бонки ё маблагхо ва дороихои дигари дар ташкилотхои карзии исломи нигохдошташаванда дар асоси карори (таъиноти) суд (судя), карори ичрочии суд вобаста ба хуччати ичро хабс карда мешаванд.
  4. Хангоми хабс намудани маблагхои пулии дар суратхисобхои бонки буда, ташкилоти карзии исломи фавран амалиёти додани онро дар доираи маблаге, ки хабс карда шудааст, катъ менамояд.
  5. Хангоми хабс намудани ашёи киматбахои дигаре, ки дар ташкилоти карзии исломи нигох дошта мешаванд, ташкилоти карзии исломи додани онхоро ба сохибонаш катъ менамояд.

 

Моддаи 55. Хифзи сирри бонки аз чониби кормандони ташкилоти карзии исломи ва

                        шахсони сеюм

 

  1. Аз чониби кормандони рохбарикунанда, кормандон ва намояндагони  амалкунанда ё собики ташкилоти карзии исломи пешниход намудани сирри бонки ба шахси сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои тахлили он манъ аст, ба истиснои холатхое, ки мувофики Конуни мазкур ичозат дода шудаанд.
  2. Махдудият хамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Точикистон ва шахсоне, ки аз чониби он барои санчиш мутобики моддаи 58 Конуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба шахсоне, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо такозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустакиман ё гайримустакиман тахкик менамоянд, тааллук дорад.

 

Моддаи 56. Холатхои истиснои

 

Талаботи моддахои 54 ва 55 Конуни мазкур дар холатхои зерин татбик намегарданд:

1) хангоми ичрои вазифахое, ки тибки Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ба ухдаи ташкилоти аудитори вогузор карда шудаанд;

2) нисбат ба маълумот ва хуччатхое, ки тибки Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» аз чониби Бонки миллии Точикистон бинобар ичрои вазифахои он талаб карда мешаванд;

3) хангоми андешидани тадбирхо ва ичрои вазифаю ухдадорихо ё чорахои дигари зидди конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар шудаанд;

4) хангоми додани тасдикнома ё огохинома сабабхои рад кардани пардохти чек бо талаби сохиби конунии он;

5) хангоми пешниходи маълумот дар хусуси карздории муштари чихати муайян намудани эътимоднокии баргашти карз, чекхои калбаки ва оид ба ахдхои дигаре, ки Бонки миллии Точикистон барои таъмини устувории низоми бонки зарур мехисобад;

6) хангоми аз тарафи ташкилоти карзии исломи ошкор намудани маълумот дар бораи ахдхои муштариён бо максади исботи талаби худ дар бахси суди;

7) нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Точикистон мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ба дигар макомоти назораткунанда пешниход мегардад.

 

Моддаи 57. Хифзи маълумоте, ки аз чониби ташкилоти карзии исломи пешниход шудааст

 

  1. Маълумоте, ки аз ташкилоти карзии исломи оид ба муштари, ахдхои муштари ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатхои он бо муштариён чамъ оварда шуда, махфи нигох дошта мешавад, танхо бо розигии ташкилоти карзии исломи ё мувофики Конуни мазкур ошкор карда мешавад.
  2. Дар Бонки миллии Точикистон дастраси ба ин гуна маълумот танхо ба он кормандоне дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
  3. Бонки миллии Точикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотхои карзии исломи гирифташударо пурра ё кисман нашр намояд.
  4. Бонки миллии Точикистон бе розигии ташкилоти карзии исломи тафсилоти амалиёти ташкилоти карзии исломиро ифшо менамояд, агар чунин тафсилот дар хисоботи молиявии аз чониби Шурои нозирони ташкилоти карзии исломи тасдикшуда дарч шуда бошад ё то ин вакт дастраси умум гардида бошад.

 

БОБИ 9.

НАЗОРАТ ВА САНЧИШ

 

Моддаи 58. Назорат ва санчиш

 

  1. Бонки миллии Точикистон аз болои ташкилотхои карзии исломи бо тартиби зерин назорати мачмуи мебарад:

– хисобот, хуччатхо, тавзехот, баёнот, далелхо ва маълумоти аз чониби ташкилоти карзии исломи  тибки Конуни мазкур пешниходшударо барраси менамояд;

– аз ташкилотхои карзии исломи ва бонкхои фаръи ва чамъиятхои вобастаи онхо дар шакли хатти пешниход ва тасдик намудани  маълумоти иловаги, хисобот, хуччатхо, тавзехот, баёнот ва ё далелхоро талаб менамояд;

– дар хусуси вазъи молияви, манбаи маблагхои пули, нуфузу эътибори сахмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти карзии исломи ва оид ба шахсе, ки барои сохиб шудан ба 10 фоизи сахмияхои ташкилоти карзии исломи ва зиёда аз он мурочиат менамояд, маълумот талаб менамояд;

– санчиши ташкилоти карзии исломи, бонкхои фаръи ва чамъиятхои вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин максад аз чониби Бонки миллии Точикистон таъин шудаанд, анчом медихад.

  1. Санчиш баррасии фаъолияти ташкилоти карзии исломиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофикати фаъолияти ташкилоти карзии исломи ба талаботи Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ва  санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистонро дар бар мегирад.
  2. Бонки миллии Точикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санчиши хамачонибаи хар як ташкилоти карзии исломиро анчом медихад, ба истиснои намояндагихо, ки дар мухлати на камтар аз як маротиба дар ду сол санчида мешаванд.
  3. Шахсони тибки моддаи мазкур барои гузаронидани санчиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонки масъул мебошанд. Кормандони рохбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти карзии исломи ё бонки фаръи ва чамъиятхои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба хамаи утокхои кори, аз чумла ба кассахо, хазинахо ва ганчхонахо, китобхои хисобдори, суратхисобхо, хуччатхо, сабтхо, аз чумла сабтхои электрони таъмин намоянд.
  4. Маълумот, аз чумла маълумоти дорои сирри бонки, ки аз чониби санчишгарон талаб карда мешавад, бояд аз чониби ташкилоти карзии исломи сари вакт пешниход гардад. Кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзии исломи вазифадоранд, ки дар гузаронидани санчиш хамачониба мусоидат намоянд.
  5. Бонки миллии Точикистон Шурои нозирони ташкилоти карзии исломиро оид ба натичахои санчиш огох месозад.
  6. Тартиби гузаронидани санчиш, чамъбаст ва пешниходи натичахои он бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  7. Макомоти андоз метавонанд аз руи масъалахои пардохти андоз аз фаъолияти бонкии исломи санчиши ташкилоти карзии исломиро гузаронанд.
  8. Аудити фаъолияти молиявию хочагидории ташкилотхои карзии исломии давлатиро Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон мегузаронад. Аудити ташкилотхои карзии исломи, аз чумла ташкилотхои карзии исломии давлати аз чониби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон дар кисми хизматрасонии маблагхои бучети давлати, фондхои давлати ва карзи давлати гузаронида мешавад.
  9. Макомоти дигари давлати наметавонанд фаъолияти ташкилоти карзии исломиро санчиш намоянд. Муносибати байни онхо ва ташкилоти карзии исломи бо тартибе, ки моддаи 54 Конуни мазкур мукаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 59. Чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони

 

Бонки миллии Точикистон мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» нисбат ба ташкилотхои карзии исломи чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасониро татбик менамояд.

 

БОБИ 10.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 60. Баррасии бахсхо

 

  1. Ташкилотхои карзии исломи метавонанд нисбат ба карорхои Бонки миллии Точикистон, тибки тартиби мукарраргардида ба Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон дар давоми 30 руз аз рузи гирифтани онхо дар холатхои зерин шикоят намоянд:

– агар аризаи онхо барои гирифтани ичозатнома аз чониби Бонки миллии Точикистон рад карда шавад;

– дар холатхои татбики чорахои ислохи ва таъсиррасони.

  1. Пешниходи шикоят ба Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон амали карори Бонки миллии Точикистонро боз намедорад.

 

Моддаи 61. Химояи манфиатхои муштариён

 

  1. Муносибати муштариён бо ташкилоти карзии исломи дар асоси шартнома сурат мегирад.
  2. Мухлат ва меъёри фоидаи карзи исломи, амонату пасандозхои исломи, инчунин хакки хизматрасони аз тарафи ташкилоти карзии исломи дар шартнома бо муштари мукаррар карда мешаванд.
  3. Пеш аз огози хизматрасонихо ташкилоти карзии исломи ба муштарии худ хатман дар бораи талаботи зикргардида, аз чумла дар бораи хакки хизмат, меъёри фоида ва дигар харочоти иловагии муштари хабар медихад.
  4. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст интиколи маблаги муштари ва ба суратхисоби вай гузаронидани маблагро на дертар аз рузи дигари гирифтани хуччати дахлдори пардохт амали намояд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон, шартнома ё хуччати пардохт мухлати дигар мукаррар нашуда бошад.
  5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратхисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хорич кардани маблагхои пули, ташкилоти карзии исломи бояд барои хар рузи таъхир ба муштари аз руи маблаги мухлати пардохташ батаъхирафтода мувофик ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Точикистон чарима дихад.
  6. Шахсони вокеи ва хукуки дар интихоби ташкилоти карзии исломи озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд ташкилотхои карзии анъанави ё ташкилотхои карзии исломи суратхисоби бонкии худро кушоянд.
  7. Ташкилоти карзии исломи ухдадор аст, ки бо талаби аввалини муштари дар бораи доштани ичозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкии исломи, дар бораи хавф ва харочоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алокаманданд, инчунин оид ба тавозуни мухосибави, хисобот дар бораи фоида, зиён ва хулосаи аудитории соли гузашта маълумот пешниход намояд.
  8. Ташкилоти карзии исломи хукук надорад меъёри фоидаи карзхои додашуда, амонатхо, пасандозхо, хакки хизмат ва мухлати амали шартномахои бо муштариён басташударо яктарафа тагйир дихад, ба истиснои холатхое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбини гардидаанд.
  9. Ташкилоти карзии исломи хангоми пешниходи карз ва ё дигар хизматрасони хукук надорад дар назди муштари шарт гузорад, ки ба таври хатми аз дигар хизматрасонихои хамин ташкилоти карзии исломи ё муассисахои он истифода барад.
  10. Нисбат ба талаботи ташкилотхои карзии исломи дар бораи баргардонидани карзхои исломии додашуда мухлати панчсолаи даъво мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 62. Мукаррароти хотимави

 

Мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд» нисбат ба ташкилотхои карзии исломи дар он кисме татбик мегарданд, ки ба мукаррароти Конуни мазкур мухолифат надошта бошанд.

 

Моддаи 63. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 64. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                        Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1108

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисчумхури Точикистон, Владимир Путинро бо зодрузаш табрик намуд

Эмомали Рахмон, раисчумхури Точикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрузаш табрик намудааст.  Бино …