КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи фаъолияти баходихи (нархгузори)
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, №7, мод. 344; соли 2008, №10, мод.809)
Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 30-уми июни соли 2006, № 335 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 6, моддаи 297) кабул гардидааст.
Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 225 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 7, моддаи 359) чонибдори гардидааст.
Конуни мазкур асосхои хукукии муносибатхоеро, ки хангоми амали намудани фаъолияти баходихи (нархгузори) бо максади мукаррар намудани арзиши бозори ё арзиши дигари объектхои баходихи (нархгузори) ба миён меоянд, ба танзим дароварда, хукук ва ухдадорихои субъектхои фаъолияти баходихиро (нархгузориро) новобаста аз шакли моликияташон муайян мекунад.
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
-фаъолияти баходихи (нархгузори) – фаъолияти сохибкорие, ки аз чониби субъектхои фаъолияти баходихи (нархгузори) барои муайян намудани арзиши бозори ва ё арзиши дигари объектхои баходихи (нархгузори) –(минбаъд –нархгузори) дар санаи мукарраргардида анчом дода мешавад, агар дар конунхо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад;
-нархгузор -шахси вокеи ва хукуки, ки барои амали гардонидани фаъолияти нархгузори ичозатнома дорад;
-объекти нархгузори – объектхои хукуки граждани, ки нисбати онхо фаъолияти нархгузори баргузор шуданаш мумкин аст;
-усули нархгузори – мачмуи амалиёти характери хукуки, иктисодию молияви, ташкилию техники дошта, ки барои муайян намудани арзиши бозори ё арзиши дигари объектхои нархгузори истифода мешаванд;
-нархгузории такрори – муайян намудани арзиши бозори ва ё арзиши дигари объектхои нархгузори дар натичаи пайдоиши бахс байни нархгузору фармоишгар аз як тараф ва шахсони сеюм аз тарафи дигар;
-нархи бозории объекти нархгузори – нархи тахминие, ки бо он объекти мазкур дар бозори кушод дар шароити мавчудияти ракобат харида ва ё фурухта шуда метавонад ва дар холате, ки иштирокчиёни муомилот (харидору фурушанда) барои хулосабарори хамаи маълумоти дастрасбударо доранд ва ба андозаи нархи муомилот ягон холати фавкулодда таъсир намерасонад, дар холатхое,ки:
а) на харидор ва на фурушанда барои харидан ва ё фурухтани объекти мазкур ухдадории хатми надоранд ва ба онхо аз ягон тараф бо максади мачбур кардан барои харидан ва ё фурухтани объекти мазкур таъсир расонида нашудааст;
б) нархи объект дар шакли пули ифода шудааст;
в) иштирокчиёни муомилот аз хусусиятхои объекти муомилотшаванда ба хуби огоханд ва ба манфиати худ рафтор мекунанд;
г) объекти нархгузоришаванда дар бозори кушод, дар шароите, ки хамаи хохишмандони муомилот иштирок намуда метавонанд, пешниход гардидааст;
д) нархи объекти муомилашаванда хамарзиши маблаги пардохтшуда ба объекти нархгузори буда, ба тарафхои муомилот аз ягон чониб дахолат мушохида нагардидааст;
-арзиши дигар – хамагуна арзиши объекти нархгузори, ба истиснои арзиши бозории он (арзиши мувозинави, арзиши бокимонда ва гайра);
-фармоишгар – шахси вокеи ва хукуки, ки аз хизмати нархгузор истифода мебарад;
–хисобот оид ба натичаи нархгузори – хисоботи хаттии ба фармоишгар супоридашавандаи нархгузор дар бораи натичаи кори нархгузори дар шакл ва мазмуне, ки аз тарафи макомоти ваколатдор тасдик шудааст ва ба талаботи Конуни мазкур мувофикат менамояд;
-макомоти ваколатдор – макомоти давлати, ки фаъолияти ичозатномадихи, назорати, хамчунин рохбариро дар сохаи нархгузори амали менамояд.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти нархгузори
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти нархгузори дар Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Прнисипхои асосии фаъолияти нархгузори
Принсипхои асосии фаъолияти нархгузори инхоянд:
-бегарази;
-вокеият;
-боэътимоди;
-босалохияти;
-шаффофият.
Моддаи 4. Субъектхои фаъолияти нархгузори
Субъектхои фаъолияти нархгузори аз як тараф шахсони вокеи ва хукуки мебошанд, ки барои машгул шудан ба фаъолияти нархгузори ичозатнома доранд ва аз тарафи дигар шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки хамчун фармоишгар баромад мекунанд.
Моддаи 5. Объектхои нархгузори
Ба объектхои нархгузори объектхои зерин тааллук доранд:
-объектхои алохидаи модди (ашё), аз он чумла объектхои бесохиб;
-мачмуи ашёхои ташкилдихандаи амволи шахс, аз чумла амволи намуди муайян (манкул ё гайриманкул, аз чумла корхонахо);
-хукуки моликият ва дигар хукукхои моли ба амвол ё ашёхои алохида аз таркиби амвол;
-хукуки талаб намудан, ухдадорихо (карзхо);
-корхо, хизматрасони, иттилоот;
-объектхои гайримодди (аз чумла моликияти зехни);
-дигар объектхои хукуки граждани, ки нисбати онхо дар конунгузории Чумхурии Точикистон имконияти иштирок кардан дар муомилоти граждани пешбини шудааст.
Моддаи 6. Макомоти салохиятдори давлати дар сохаи нархгузори, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, шахсони вокеи ва хукуки оид ба нархгузории объектхои ба онхо тааллукдоштаи нархгузори
Макомоти салохиятдори давлати дар сохаи нархгузори, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, шахсони вокеи ва хукуки дар асоси талаботи пешбининамудаи Конуни мазкур ба нархгузории хамаи объектхои ба онхо тааллукдоштаи нархгузори аз чониби нархгузор хукук доранд.
Хукук оид ба нархгузории объекти нархгузори аз тартиби амали гардонидани хисоботи омори давлати ва хисоботи мухосиби, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, вобаста намебошад. Хамин хукук хангоми нархгузории такрори ба объекти нархгузори низ пахн мегардад. Натичахои нархгузории объекти нархгузори метавонанд барои сахех гардонидани нишондихандахои хисоби мухосиботи ва хисобот истифода шаванд.
Дар холатхои зарури шахсони манфиатдор тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба натичахои нархгузории объекти нархгузори метавонанд шикоят кунанд.
Моддаи 7. Эхтимолияти муайян намудани арзиши бозории объекти нархгузори
Агар дар санади меъёрии хукукие, ки баргузории хатмии нархгузории объекти нархгузориро талаб наменамояд ё дар шартнома оид ба нархгузории объекти нархгузори (минбаъд шартнома) нархгузории мушаххаси объекти нархгузори муайян нашуда бошад, бояд арзиши бозории хамин объект мукаррар карда шавад.
Коидаи номбурда дар мавридхои дар санадхои меъёрии хукуки истифода шудани мафхумхои намуди нархгузориро муайянкунандае, ки дар Конуни мазкур нишон ва ё шарх дода нашудаанд, аз чумла истифодаи мафхумхои «арзиши хакики», «арзиши вокеи», «арзиши мувофик» ва гайра низ татбик карда мешавад.
Моддаи 8. Намудхои нархгузории объектхои нархгузори
Намудхои нархгузории объектхои нархгузори чунинанд:
-нархгузории хатми ва нархгузории ташаббуси.
Нархгузории хатми хангоми ба муомилот баровардани объектхои нархгузории зерин ба амал бароварда мешавад:
-хангоми муайян намудани арзиши объекти нархгузори дар холати хусусигардони, ба ичора додан, ба идоракунии боваринок додан;
-хангоми фуруш ва ё бо тарзи дигар бегона намудани объекти нархгузори;
-хангоми гузашт кардани ухдадории карзии ба объекти нархгузори тааллукдошта;
-хангоми супоридани объекти нархгузори хамчун хисса ба сармояи оинномавии шахсони хукуки, аз он чумла шахсони хукуки бо иштироки сармояи хоричи;
-хангоми муайян кардани арзиши ибтидои барои музоядахо, озмунхо оид ба фуруши объектхои нархгузори;
-хангоми муайян намудани ичорапули барои имзои шартномаи ичораи объектхои нархгузорие, ки амволи давлати мебошанд;
-хангоми муайян намудани зарари объектхои сугурташудаи хукукхои граждани бар асари фаро расидани холати сугуртави, дар холати сугуртаи хатмии объекти нархгузори;
-хангоми пайдоиши бахс оид ба арзиши объекти нархгузори, аз чумла хангоми милликунонии амвол;
-хангоми пайдоиши бахс оид ба андозаи арзиши иншооти ба гаравгузошташуда (иншооти ипотека) дар мавриди карзгирии шахсони вокеи ва хукуки тавассути багаравмонии моликияти гайриманкул (ипотека);
-хангоми тартиб додани шартномаи никох ва таксими амволи зану шавхари чудошаванда бо талаби яке аз тарафхо, ё хар ду тараф дар мавриди пайдоиши бахс оид ба арзиши ин амвол;
-хангоми харидории амвол барои эхтиёчоти давлати;
-хангоми мусодираи амвол ба манфиати давлат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;
-хангоми нархгузории объекти нархгузори бо максади назорати дурусти пардохти андозхо дар мавриди пайдоиши бахс дар бораи хисоб намудани заминаи андозбанди.
Нархгузории ташаббуси дар асоси дархости фармоишгар дар бораи нархгузории хар як объекти ба фармоишгар тааллукдошта тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 2. АСОС БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ НАРХГУЗОРИ
ВА ШАРТХОИ ИЧРОШАВИИ ОН
Моддаи 9. Асос барои нархгузории объекти нархгузори
Асос барои нархгузории объекти нархгузори шартномаи оид ба нархгузории байни нархгузор ва фармоишгар мебошад, ки мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон баста шудааст.
Мувофики шартнома оид ба нархгузори нархгузор ухдадор мешавад, ки барои мукаррар намудани арзиши бозори ё арзиши дигари объектхои нархгузори хизмат расонад, фармоишгар бошад ухдадор аст, ки хакки ин хизматро пардозад.
Дар шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар мумкин аст аз чониби хамин нархгузор нархгузории объекти нархгузории мушаххас, як катор объектхои нархгузори ё хизматрасонии дарозмуддат ба фармоишгар аз руи мурочиати у пешбини шавад.
Дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нархгузории объекти нархгузори, аз чумла нархгузории такрори мумкин аст дар асоси таъиноти суд ё бо карори макомоти ваколатдор аз чониби нархгузор гузаронида шавад.
Суд дар интихоби нархгузор мустакил аст. Харочоти вобаста ба нархгузории объекти нархгузори, хамчунин музди мехнати нархгузор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.
Моддаи 10. Талаботи хатми ба шартнома
Ба шартномаи нархгузори меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар бораи шартномаи муздноки хизматрасони татбик карда мешавад.
Шартномаи байни нархгузор ва фармоишгар дар шакли оддии хатти баста мешавад.
Шартнома бояд маълумотхои зеринро дар бар гирад:
– номи фармоишгар ва нархгузор, сурогаи хукукии онхо;
– номи объекти нархгузоришаванда, махалли чойгиршавии он;
– мухлат ва санаи нархгузори;
– масъулияти тарафхо;
– асоси бастани шартнома;
– намуди нархгузори;
– намуди арзиши (арзишхои) муайяншавандаи объекти нархгузори;
– пардохти пулии ичрои нархгузории объекти нархгузори;
– маълумот дар бораи сугуртаи масъулияти граждании нархгузор;
– шарти махфи нигох доштани нархгузори ва махдудияти ухдадорихои нархгузор;
– маълумоти хуччати тасдиккунандаи хукуки амволии фармоишгар ба объекти нархгузори ё дигар асосхо, ки ба фармоишгар барои бастани шартнома дар бораи нархгузори хукук медиханд.
Дар шартнома ба таври хатми бояд маълумоти оид ба ичозатнома доштани нархгузор барои ичрои фаъолияти нархгузори бо нишон додани раками тартиби ва санаи додани ичозатнома, макомоте, ки онро додааст, хамчунин мухлати эътибори ичозатнома зикр карда шавад.
Шартнома оид ба нархгузории хам объекти ягонаи нархгузори ва хам мачмуи объектхои нархгузори бояд нишондихандаи дакики ин объекти нархгузори (объектхои нархгузори), хамчунин тавсифи онро (онхоро) дар бар гирад.
Оид ба нархгузории объекти нархгузории ба Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли тааллукдошта миёни нархгузор ва шахси аз чониби сохибмулк барои хариду фуруш ваколатдоркардашуда шартнома баста мешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Моддаи 11. Талаботи умуми оид ба мазмуни хисоботи нархгузории объекти нархгузори
Саривакт ба тарзи хатти тартиб додан ва ба фармоишгар супоридани хисоботи нархгузории объекти нархгузори (минбаъд хисобот) аз тарафи нархгузор ба таври мувофик ичро кардани вазифахояш мебошад, ки онхо тибки созишнома ба зиммаи у гузошта шудаанд.
Хисобот набояд ба маънидоди гуногун рох дихад ё ба иштибох андозад. Дар хисобот ба тарзи хатти санаи нархгузории объекти нархгузори, стандартхо дар мавриди нархгузори истифодашуда, максад ва вазифахои нархгузории объекти нархгузори, инчунин дигар маълумотхо оварда мешаванд, ки барои маънидоди пурра ва сахеху равшани натичахои нархгузории объекти нархгузории дар хисобот инъикосёфта зарур мебошанд.
Дар мавриде ки агар хангоми баргузории нархгузории объекти нархгузори на арзиши бозори, балки намуди дигари арзиш муайян шуда бошад, дар хисобот бояд меъёри гузоштани нархи объекти нархгузори ва сабабхои сарфи назар кардан аз имконияти муайян намудани нархи бозории объекти нархгузори нишон дода шавад.
Дар хисобот бояд нишон дода шавад:
-санаи тартиб додан ва раками тартибии хисобот;
-асосхо барои нархгузории объекти нархгузори аз тарафи нархгузор;
-сурогаи хукукии нархгузор ва маълумот дар бораи доштани ичозатнома барои фаъолияти нархгузории хамин намуди амвол;
-фамилия, ном, номи падари фармоишгар ва маълумоти хатмии (реквизитхои) фармоишгар;
-тавсифи пурраи объекти нархгузори, нисбати объекти нархгузории ба шахси хукуки тааллукдошта, маълумоти хатмии (реквизитхои) шахси хукуки ва арзиши мувозинавии хамин объекти нархгузори;
-тартиби ягонаи нархгузори барои муайян кардани намуди дахлдори арзиши объекти нархгузори, асоснок кардани истифодабарии онхо хангоми нархгузории хамин объекти нархгузори, номгуи маълумотхои хангоми нархгузории объекти нархгузори истифодашуда бо нишон додани манбаи ба даст овардани онхо, хамчунин имконпазирии фарзияи нархгузории объекти нархгузори;
-пай дар пай муайян намудани арзиши объекти нархгузори ва андозаи нихоии объекти нархгузори, хамчунин махдудият ва хадди истифодаи натичаи хосилшуда;
-санаи муайян шудани арзиши объекти нархгузори;
-номгуи хуччатхое, ки нархгузор хангоми мукаррар намудани тавсифи микдори ва сифатии объекти нархгузори истифода бурдааст.
Хисобот инчунин дигар маълумотхоеро низ фаро гирифта метавонад, ки ба акидаи нархгузор барои инъикоси пурраи тарзи хисоби арзиши объекти нархгузории мушаххас истифода шудаанд, мухим мебошанд.
Хангоми аз чониби чанд нархгузор нархгузори шудани объектхои нархгузории гуногун, ки ба таркиби объекти нархгузоришаванда дохиланд, хисобот аз тарафи хар нархгузор бо нишон додани объекти нархгузорие, ки аз руи он нархгузориро ба амал овардааст, имзо карда мешавад.
Барои нархгузории намудхои алохидаи объекти нархгузори конунгузории Чумхурии Точикистон намунаи махсуси хисоботро пешбини карда метавонад.
Хисобот бояд сахифа ба сахифа ракамгузори, духта, бо мухр тасдик шуда, аз тарафи нархгузор-сохибкори инфироди ё корманди шахси хукуки, ки нархгузории объекти нархгузориро амали намудааст ва рохбари у имзо карда шавад.
Нусхаи хисоботи нархгузории ичрошуда дар корхонаи нархгузори ба муддати се сол нигох дошта мешавад.
Моддаи 12. Эътиборнокии хисобот хамчун хуччате, ки маълумоти мохиятан исботкунанда дорад
Андозаи нихоии арзиши бозори ё арзиши дигари объекти нархгузории дар хисобот зикрёфта, ки дар асос ва аз руи тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур тахия шудааст, эътиборнок ва кобили тавсия хисобида мешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
БОБИ 3. ХУКУК ВА уХДАДОРИХОИ НАРХГУЗОР
Моддаи 13. Хукукхои нархгузор
Нархгузор хукук дорад:
-мустакилона тарзхои нархгузории объекти нархгузориро мувофики тартиби ягонаи нархгузори истифода намояд;
-хангоми нархгузории хатмии объекти нархгузори аз фармоишгар таъмини дастрасии хачми пурраи санадхои барои ичрои ин нархгузори даркориро талаб намояд;
-барои ичрои нархгузории мазкур шарху эзох ва маълумоти иловагии заруриро аз фармоишгар гирад;
-дар шакли хатти ё шифохи аз шахсони сеюм маълумоти заруриро барои нархгузории объекти нархгузори, ба истиснои маълумоти сирри давлати ё тичоратидошта дархост намояд. Дар мавриди рад шудани дархост оид ба гирифтани маълумот, агар ин ба дурустии нархгузории объекти нархгузори таъсири вокеи расонад, нархгузор онро дар хисобот нишон медихад;
-дар холатхои зарури дар асоси шартнома нархгузорон ё мутахассисони дигарро барои ширкат дар нархгузории объекти нархгузори чалб намояд;
-дар холатхое, ки агар фармоишгар шартхои шартномаро риоя накунад, пешниходи махсулоти заруриро дар бораи объекти нархгузори таъмин насозад ё шароити кории мутобик ба шартномаро таъмин накунад, аз нархгузории объекти нархгузори даст кашад;
-пардохти харочоти вобаста ба нархгузории объекти нархгузори ва хакки хизматро барои нархгузории объекти нархгузори, ки суд таъин намудааст, талаб кунад.
Бо максади инкишофи фаъолияти нархгузори нархгузорон хукук доранд ассотсиатсия, чамъиятхо, ташкилотхои дигари гайритичорати созмон диханд. Хусусиятхои хоси вазъи хукукии ассотсиатсия, чамъиятхо, ташкилотхо тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 14. ухдадорихои нархгузор
Нархгузор ухдадор аст:
-хангоми ичрои фаъолияти нархгузори талаботи Конуни мазкур, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро, ки дар асоси он кабул шудаанд, риоя намояд;
-ба фармоишгар нисбати имконнопазирии иштироки худ дар нархгузории объекти нархгузори бар асари пайдоиши холатхое, ки барои нархгузории холисонаи объекти нархгузори мамоният мерасонанд, хабар дихад;
-дар рафти ба расмиятдарории нархгузории объекти нархгузори хифзу нигохдории санадхои аз фармоишгар ва аз шахсони сеюм кабулкардаашро таъмин намояд;
-бо дархости фармоишгар ичозатнома барои пешбурди фаъолияти нархгузори, маълумот дар бораи доштани сугурта ва хуччат дар бораи тахсилот, ки дар сохаи нархгузори донишхои касбии андухтаашро тасдик мекунад, пешниход намояд;
-дар рафти нархгузории объекти нархгузори, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маълумоти махфии аз фармоишгар гирифтаашро ошкор накунад;
-ба фармоишгар хисоботро дар бораи нархгузории объекти нархгузори пешниход намояд;
-нусхаи хисоботи тартибдодаашро дар давоми се сол нигох дорад;
-дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нусхаи хисобот ё маълумоти онро ба макомоти хифзи хукук, суд ё ба дигар макомоти ваколатдори давлати ва ё ба макомоти махаллии хокимияти давлати дар асоси талаби конунии онхо пешниход намояд.
Моддаи 15. Мустакилияти нархгузор
Нархгузории объекти нархгузори аз чониби нархгузор ба чо оварда шуда наметавонад, агар у муассис, сохибмулк, сахмиядор ё шахси вазифадори шахси хукуки ё ин ки фармоишгар ё шахси вокеии дар объекти нархгузори манфиати молидошта ё бо шахсони номбурда хешони наздик бошанд.
Ба нархгузории объекти нархгузори ичозат дода намешавад, агар нархгузор:
-нисбати объекти нархгузори хукукхои амволи ё ухдадоркунандаи берун аз созишнома дошта бошад;
-муассис, сохибмулк, сахмгузор, карздиханда, сугуртакунандаи шахси хукуки бошад ё ин ки шахси хукуки, муассис, сахмгузор, карздиханда, сугуртакунандаи ширкати нархгузори бошад.
Дахолати фармоишгар ё шахсони дигари манфиатдор ба фаъолияти нархгузор манъ аст, агар ин ба дурустии натичаи нархгузории объекти нархгузори таъсири манфи мерасонида бошад, аз чумла хангоми нархгузории объекти нархгузори ба махдудкунии доираи масъалахои равшаниандозанда ё муайянкунандаи нарх оварда расонад.
Андозаи музди мехнати нархгузор барои нархгузории объекти нархгузори аз андозаи нихоии арзиши объекти нархгузори вобаста шуда наметавонад, агар дар шартномаи нархгузори тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 16. Сугуртаи масъулияти граждании нархгузор
Сугуртаи масъулияти граждании нархгузор шарти таъминкунандаи химояи хукукхои истифодабарандагони хизмати нархгузори мебошад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.
Мавчудияти сугуртанома барои имзои шартнома дар бораи нархгузории объекти нархгузори шарти хатми мебошад.
Сугуртаи масъулияти граждании нархгузор дар шакли бастани шартномаи сугурта доир ба намуди мушаххаси фаъолияти нархгузори (вобаста аз объекти нархгузори) ё аз руи шартномаи мушаххас дар бораи нархгузории объекти нархгузори амали шуда метавонад.
Моддаи 17. Масъулияти нархгузор
Нархгузор масъул аст барои:
-вайрон кардани талаботи санадхои меъёрии хукуки ва усули нархгузори;
-фош кардани маълумоти дорои сирри давлати ё тичоратидошта;
-нодурустии нархгузори;
-беосеб ва пурра нигох доштани хуччатхо ва дигар маълумотхое, ки ба у барои нархгузори дода шудаанд.
БОБИ 4. ХУКУК ВА уХДАДОРИХОИ ФАРМОИШГАР
Моддаи 18. Хукукхои фармоишгар
Фармоишгар хукук дорад:
-аз нархгузор дар бораи талаботи конунгузори оид ба нархгузори маълумоти мукаммал гирад;
-бо санадхои меъёрии хукуки, ки хисобот дар бораи нархгузори ва хулосаи нархгузор ба онхо асос меёбанд, шинос шавад;
-аз нархгузор оид ба усулхои амали намудани нархгузори маълумоти заруриро гирад;
-дар холати вайрон кардани шартхои шартнома аз хизмати нархгузор даст кашад.
Моддаи 19. ухдадорихои фармоишгар
Фармоишгар ухдадор аст:
-барои саривакт ва босифат анчом додани нархгузори тибки шартнома ба нархгузор шароити мувофик фарохам орад;
-барои нархгузори ба нархгузор хуччатхои зарури пешниход намояд, шарху эзох дихад;
-ба фаъолияти нархгузор дахолат накунад, агар он ба дурустии нархгузори таъсири манфи расонад;
-бо талаби нархгузор аз номи худ ба унвони шахсони сеюм барои гирифтани маълумоти зарури оид ба нархгузори дархостхои хатти ирсол намояд.
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ НАРХГУЗОРИ
Моддаи 20. Назорати амали намудани фаъолияти нархгузори дар Чумхурии Точикистон
Назорати амали намудани фаъолияти нархгузориро дар Чумхурии Точикистон макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – макомоти ваколатдор) дар доираи салохияташ, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст, ба рох мемонад.
Моддаи 21. Тартиби ягонаи нархгузори
Тартиби ягонаи нархгузори аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Ичозатномадихи ба фаъолияти нархгузори
Ичозатномадихи ба фаъолияти нархгузори мутобики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.
БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 23. Баррасии бахсхо
Бахсхои байни нархгузор ва фармоишгар дар рафти ичрои шартнома оид ба нархгузори ва (ё) дар бораи боваринокии андозаи арзиши бозори ё арзиши дигари объекти нархгузории дар хисобот мукарраршуда, аз чумла бинобар мавчудияти хисоботи дигари дар бораи нархгузории хамин объект ба миёномада, бо тартиби суди барраси карда мешавад.
Моддаи 24. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе 28 июли соли 2006
№ 196