Главная / Гуногун / Фаъолият дар асоси шаходатнома

Фаъолият дар асоси шаходатнома

Коидахои андозбандии сохибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаходатнома фаъолият менамоянд

(карори Хукумати ЧТ аз 03.08.2013 № 361, аз 25.01.2017 № 45)

  1. Сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда дорои хукуки истифодаи мехнати кироя буда, метавонад тамоми намудхои фаъолияти сохибкориро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва (ё) Коидахои мазкур махдуд накардааст, анчом дихад.
  2. Андозбандии даромадхои шахсони вокеи, ки фаъолияти сохибкориро дар асоси шаходатнома амали менамоянд, мувофики низомхои махсуси андозбандии мукаррарнамудаи Кодекси андози Чумхурии Точикистон татбик карда мешаванд. Сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда вазифадор аст эъломияхои (хисобхои) андозро тибки талаботи Кодекси андози Чумхурии Точикистон пешниход намояд.
  3. Ухдадорихои андозии сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда аз натичаи фаъолияти сохибкории у вобаста мебошад. 1амзамон меъери андози ичтимоии чунин сохибкори инфироди новобаста аз даромади бадастомада наметавонад аз андозаи хадди зиёдтарини андози ичтимои, ки барои сохибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо назардошти татбики коэффитсиентхои минтакави мукаррар шудааст, камтар бошад (карори Хукумати ЧТаз 03.08.2013 № 361).
  4. Сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда ухдадор аст, ки бахисобгирии мухосибавии даромадхо ва харочотхои сохибкории худро тибки тартиби соддакардашуда, ки Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати тасдик мекунад, амали намояд.
  5. Дар холати хисобаробаркуни бо пули накд сохибкори инфироди вазифадор аст, ки тибки тартиби мукарраршуда мошинхои назорати-хазинавиро бо хотироти фискали истифода барад.
  6. Даромади умумии солонаи сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда аз хамаи намудхои фаъолияти амалишавандаи он наметавонад аз 500 хазор сомони зиёд бошад.
  7. Сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда наметавонад вохидхои махсус дошта бошад.
  8. Агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукаррар накарда бошад, сохибкори дар асосишаходатнома фаъолияткунанда метавонад хамаи намуди фаъолиятро анчом дихад, ба истиснои:

а)  истехсоли молхои зераксизи (ба истиснои нушокихои гайриспирти) ва амали намудани фаъолияти зераксизи;

б)  фаъолияти иктисодии хоричи (ба истиснои воридот ва содироти молхои ниёзи мардум ба маблаги то 500 хазор сомони) (карори 1укумати ЧТаз 03.08.2013 № 361);

в)  фаъолияти бонки ё намудхои алохидаи амалиёти бонки, фаъолияти сугуртави, фаъолият оид ба идоракунии фондхои сармоягузори, фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок (карори 1укумати ЧТаз 25.01.2017№ 45X

г)   фаъолият доир ба истифодабарии каъри замин;

д)  кабул, коркард ва (ё) тахвили металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо, дигар металлхо, консентрат, оханпора ва маъданхо;

е)  фуруши сузишвори, гази моеъ ва табии, таъсиси бозорхо, мехмонхонахо (карори 1укумати ЧТаз 03.08.2013 № 36);

ж) ташкили сеххои охангудози (карори 1укумати ЧТ аз 03.08.2013 № 361).

  1. Дар холате, ки дар давоми соли таквими даромади умумии сохибкори инфиродии дар асоси шаходатнома фаъолияткунанда аз 500 хазор сомони зиёд гардад, ин сохибкори инфироди вазифадор аст, ки ба макомоти андози махали бахисобгирии бакайдгирии худ маълумот пешниход намуда, фаъолияти худро хамчун сохибкори инфироди аз санаи 1 мохи минбаъда тибки тартиби мукарраргардида катъ намояд. Сохибкори мазкур метавонад фаъолияти худро дар асоси низоми дигари андозбандии мукаррарнамудаи конунгузории андоз хамчун шахси хукуки идома дихад.
  2. Вайрон кардани талаботи Коидахои мазкур барои кашидан ба чавобгарие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, асос мебошад.

Боби 4 хорич карда шуд (карори 1укумати ЧТаз 25.01.2017 № 45).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …