Главная / Гуногун / ФОИДАХУР

ФОИДАХУР

Зимистон хукмрони менамуд.

Ба киёфааш андух соя андохта. Дилаш хичил, хаставу парешон, зику бедимог. Намедонист додашро ба ки гуяд, аламашро чи хел тоза кунад. Ба дах идора сар халонд, кораш буд нашуд. Дар хама чо чавоби кутоху катъиро шунид: “Нест!”. Болои сухта намакоб боз ин мачлиси дуру дарози серчанчол. Аз нуктаи номаълуми фазои хучра чашм наканда, хомуш менишаст. Хар замон оххои бадард кашида, пай дар пай сигор дармегиронд. Ва хаёлаш, ки дар нуги сузан нишастааст. Хаво хам мисли табъи у тираю дам. Чи хел аз ин вазъият бароям гуфта, фикр мекарду андеша меронд. Вале афсус, на гирехи кор кушода мешуду на гирехи пешонааш…

Вале баъд…

Дари хучра бе так-таку «мумкин» кушода шуду зане чун шери бадхайбат вориди уток гашт. Абрувонаш гирех хурданд.

– Хуй, ин чи гап?! – дод зад бо кахр.

Азиз лолу хайрон монд.

– Ту дар кабинети гарм шину мо дар хона ях кунем?!

Зан бо газаб ва чунон бо овози баланд гап мезад, ки гуё у сардор бошаду зердасти гунохи азим содир кардаро чазо медихад. Нобарори, шуру валвалаи мачлис ва ин гавгои нохаки зан уро девона кард. Хун ба сараш зад. Дилаш гуё сузан халонда бошанд, чиззи кард. Бо вучуди хамаи ин худро ба даст гирифт, ба истикболи мехмон аз чояш бархоста, курсиеро пеш монда, занро мурооти нишастан намуд.

– Рахмат, ман ба рост истодан одат кардаам! – дагалона рад намуд зан.

Охе кашид, ба чояш нишаст. Ба руи зан бо хасрат нигох афканд. Гуиё ким-чие ба ёдаш омад. Ва ба ногах хис кард, ки чехраи зан ба у шинос аст. Ба у дурусттар зехн монд. Ва занро шинохт. Ва худи хамон лахза вачохаташ тагйир ёфт. Ба саропои вай оташи сузони нафрату адоват давида, газабаш дучандон боло гирифт. Шарм не, хаё не, боз ба сари ман дуг мезанад. Лаб зери дандон гирифта, лахзае ба хаёл рафт.

…Мохи декабр хам даромаду аз зимистон дарак набуд. Дар дил шод шуд. Телпак лозим не. Охир, кани пули зиёдати? Вале пеш аз туй доира зада будааст. Зимистон омад. Дер омад. Дер омада бошад хам, шер омад. Барфи калон борид. Хунуке шуд, ки ба кавли баъзехо «санг кафид». Вале барф аз газаб мешурид, дуруя меборид. Тундбоди дайдуи бемурувват бо панчахои газаболудаш ба дарахтхову хонахо ва ба тирезахо ханчол мезад.

– Думи зимистон дароз барин, – гамхоронаю дисузона гуфт модараш. – Телпак бихар, боз саратро хунук назанад. Бе ин хам мазаат не.

– Рост мегуянд, – уро тарафдори кард келинаш. – Холо ин аз нуги хамир фатир. Дар пеш чилаи хурд.

Вай фиребу маншаъа ва чуну чанди бозорро бехад бад медид. Вале ночор бидуни хавсала ба наздиктарин бозор – маркази савдои Маяковский рафт.

Вай телпакро аз назар мегузаронд. Чашмони савдогар, зани хомфарбех, чалак – палак. Ба чор суй хавотиромез нигох мекард.

Азиз ба руи зан чашм андухту суол кард:

– Моли кучо?

– А… чи? Ха, моли Дубай, – чавоб дод савдогари айёр худбоварона. – Ха, мол моли тоза!

Аз он ки савдогар беруву риё моли худиро ба моли Дубай «табдил» дод, кахри Азиз чуш зад. Вале дагалиро ба худ эб надид. Танхо дидаи шубхаомез ба у духт.

– Чи, бовар намекунед? – пурсид савдогар ва сад касам хурд, ки моли Дубай аст.

– Медони, шоир чи гуфтааст?

– Ки? Шокир? – хавотиромез пурсид у. – Кадом Шокир?

– Шокир не, шоир.

– А.. ха… Чи гуфтааст?

– “Мушк он аст, ки худ бибуяд, на он аст, ки аттор бигуяд”.

– Э, шоирон одамони бекор, – даст афшонд у, – хар гапа гуфтан мегиранд.

– Ба шоирон нарас! Нархаш чанд?

– Э, ку аввал ба сартон монен.

Телпакро ба сараш гузошт.

– Охо! – нидо намуд савдогар. – Гуё колаби саратон бошад! Чунон зебид, ки мондан гиред! Э муборак шавад! Насиб кунад!

– Хуб, – гуфт Азиз, – нархаш чанд?

– Э арзони хоки сиёх, – гуфт савдогар. – Хамаги дусад сомони.

Аз ин нархи осмони дахони Азиз воз монд. Боди сард вазида, сару руи уро лесида гузашт.

– Чи? Бе хазл?

– Бе хазл! Гиред, моли сара. Дар дигар бозорхо сесад сомони меистад ин телпак, – гуфт зан ва боз ва сад касам хурд.

– Кимат…

– Кимат?! Эъ, шумо бозорро надида будаед-да. Кимат-а? Холо шумо киматро надидаед! Ин арзон, бехад арзон.

Марде, ки ин лахза аз наздашон мегузашт, лукма партофт:

– Заррае инсоф намондааст!

Савдогарзан ба Азиз гуфт:

– Агар пул надошта боши, телпакро ба чояш мон.

Азиз охи чукур кашида:

– Гап дар пул не, – гуфт. – Дах ангуштро якбора ба дахон андохтан хуб нест. Чи хеле ки бузургон гуфтаанд:

Ризки ту яке, ту дах чаро металаби,

Хар дах ба ту кай расад, худат кози бош.

Савдогарзан дагалона гуфт:

– Рафта, аз хамон бузургонат телпак хар!

Вай савдо карданро бад мебинад. Вале холо илоч надошт.

– Кимат, – гуфт Азиз, – як чи арзон кунед.

– Кучояша арзон кунам. Гиред, моли сара, асил. Ин хел телпака ба тилло намеёби. Бовар кун. Дуруг гуям, ана тори сар Худои таало. Бахт-дия, ту худат чавони заршинос будаи. То охири умрат мепуши. Насибу рузи кунад.

– Э, ин бозоргонхои навруид бало руидаанд. Як забон не, сад забон доранд.

– Э, ман бозоргони чи, додар. Ман, фоидахур.

– Чи?! Фоидахур?

– Ха, ба ман мол медиханд, ба болояш як-ду сомони монда, мефурушам. Аз хамин хисоб зиндагиамро базур нуг ба нуг мекунам, – гуфт савдогар ва боз сад касам хурд.

Ин лахза буд, ки се-чор чавонмард бинои сухбат оростанд. Балан-баланд гап мезаданд. Савдогарзан ба сари онхо дод зад:

– Э усу истен! О, чи гапай! Мемоне савдо кунум ё не?! Ика вак-вак накне!

– Э худут вак-вак накун-е! – гуфт яке аз чавонхо.

– Э усу брен-э! Гушома хурден-ку!

Чавонхо дигар харфе назада, дур шуданд.

Савдояшон холо напухта буд, ки савдогарзан ба савдогарзани хамшафаташ саросема:

– Ноза, нигох кун! – гуфту ба суе давида рафт. Ва лахзае пас гайб зад.

Кахри Азиз чуш зад. О, рост-да: ин чи бехурмати?!

Шояд шикамаш дард мекунаду ба хочатхона давид? О, хочатхона дар дигар тараф-ку?

Садои тап-тапи по уро ба худ овард. Дид, ки чанд савдогари дигар хам ба хар суй давида, пинхон шуданд.

Азиз телпак дар даст лолу хайрон монд. Интизори тул кашид. Се, панч, дах дакика сипари гашту савдогарзан пайдо нагашт.

– О, ин кучо шуд? – эътирозомез пурсид аз Ноза.

– Аз кучо донам? – иллат кард Ноза.

Азиз паст наомада, боз эътироз кард:

– О, ба ту гуфт-ку?!

– Чи гуфт?!

– Надонам, шумо забони якдигарро мефахмед…

Ин лахза савдогарзан хилоли ахмар барин шуда, ангушт ба лаб расонда:

– Тишш! – гуфт.

– Барои чи охир? – тачанг шуд Азиз.

– Андоз меояд! – писхандомез пичиррос зад касе.

– Думуш тарай! – писханд зад дигаре.

– Вакт надошта боши, рав, баъд биё, – гуфт савдогарзан ба Азиз.

Вале у нарафт. Хисси кунчковиаш боло гирифта буд. Мехост бифахмад, ки «андоз меояд» – чи cиррест.

Нигарони тул накашид. Пас аз лахзае ду чавони чорпахлуи тахминан сию ду – сию панчсола омада, аз савдогарзан патент талаб карданд. Савдогарзан патенташро нишон дод.

– Инхо хам аз худатон? – пурсид яке ба молхои савдогари гуреза ишора карда.

– Ха, аз худам, – бо катъият чавоб дод савдогарзан. – Боз аз ки мешуд?!

Чавон бовар мекунад. Ва зан аз дуругаш мефахрад. Чи кадар кувва мебахшад ба у дуруг гуфтан! Чи кадар лаззат мебарад аз дуруг гуфтан!

Вале нафрати Азиз боло мегирад.

– Шумо хизмати хирсона мекунед, – бо газаб мегуяд у ба зан.

Зан чавоби шоистае наёфта, мулзам мемонад. Кормандони кумитаи андоз рафтанд. Пас аз як дам савдогарзан кариб тозон омад. Ва бо лабханди каме кахролуд гуфт:

– Ха, чи бад-бад нигох мекуни?

Вачохати Азиз аз будаш чиддитар гардид.

– То кай мегурези? Патент гири, намешавад?

Инро гуфту ба бало монд. Савдогарзан чашмонашро песонда, дуг зад:

– Ту худатро дон! Патент мегирам, ё не – ин кори ман!

«Ох, савдогари беимон!» – кахри Азиз чуш мезанад. Вале намегузорад, ки он ру занад. Мекушад онро ва гуру чуб мекунад.

– Агар ягон одами беакл…

– Э, хамин ту ба ман акл ёд надода буди! – сухани уро бурида, бо тунди гуфт савдогарзан. – Гапа бисёр накун! Гири – гир, нагири – мон!

– Илочи камтар нест?

– Не! Аз дусад сомони як тин кам не! Худо якта – гап якта!

Азиз лаб зери дандон гирифт. Дар кайди кадом андеша ба атроф назар давонд, ба пеши пояш нигарист. Баъд калла чунбонду рафт…

– Ха, чи ба дахон об гирифтед? – гуфтани зан уро ба худ овард.

– Кубурхо кафидаги? Кубур нест, – бо мулоимати эзох дод Азиз.

Аммо зан паст наомад:

– Пас шумо ин чо номаъкул карда шиштед? Сардор, ки бошед, кубур харед!

Азиз бо нарми гуфт:

– Барои харидани кубур пул лозим.

– Магар ба шумо пул чудо намекунанд?

Азиз сигаретро ба хокистардон пахш карда, аз бом тароша афтодаги барин гуфт:

– Агар шумо патент месупоридед, шояд чудо мекарданд.

– Чи? – чашмони зардашро гурба барин кушода, дуг зад зан. Ва баъд чун дузди ногох ба даст афтода нидо баровард: – Шумо аз кучо медонед?!

Азиз бепарвоёна паси сар хорида, посух дод:

– Дар ёдатон хаст, чанд руз пеш ман аз шумо телпак харидани шудам. Кормандони идораи андоз омаданду шумо гурехтед.

Зан хайратзада ба у чира шуд.

– Ман хамон руз телпак харида натавонистам. Пулам нарасид. Чунки се мох боз маош намегирем.

– Барои чи?

– Барои он ки шумо андоз намесупоред. Барои манфиати худ бе ягон истихола хакки мардумро мехуред, ба ризку рузии муаллимон, духтурон ва фарзандони онхо зомин мешавед. Як шумо мебудед, дарди бахайр мебуд. Дар микёси чумхури гирем, хазорхо нафар бозоргон патент намегирад. Бисёр бозоргонхои калон бо хар роху восита андоз намесупоранд. Шиори хамаи шумо гур сузаду дег чушад. Лекин давидани гусола то кахдон. Ба наздики як шиносамро, ки рохбари фирмае буд, барои пинхон кардани андоз чазои сахт доданд. Акнун сад пушаймон аст. Вале чи суд. Ман бо ин мисол гуфтаниам, ки дар ин дунё хар кас окибат мукофоти амали худро мебинад. Чунон ки дар урфият мегуянд: чав корад – чав медараваду гандум корад – гандум.

Зан аз ин хел ранг гирифтани кор дасту по хурд, дар хичолат монда, алвон барин сурх шуд.

– Дидед, хама кору бори чомеа ба мисоли силсилаи заррин пайвастаги дорад. Бисёр муаллимони нагзу донишманд мактабу донишкадахоро тарк намуда, дар бозор шишта, майда-чуйда мефурушанд.

– Дуруст мекунанд, – бо газаб гуфт зан. – Давлат маош надихад, чи кор кунанд?!

– Давлат аз кучо дихад? Хазинаи давлат хароб. Агар хама андоз месупориданд, хазина пур мегашт, давлат ба муаллимону духтурон маош медод. Ва Точикистон гул-гул мешукуфт, обод мешуд, сатхи зиндагии мардум боло мерафт.

– Тавба, тавба! – гиребонашро дошт зан. – Ин гапа бин, а?!

Баъд маъюс шуда, ба нуктае чашм духтаву гуттавар лахзае ба гирдоби андеша фуру рафт. Сипас пичаашро хамвор карду гуфт:

– Хеч кас нафахмонад, аз кучо фахмем. Эх, одами содда, гулу гумрох, хом!

Сипас хомуш монда, сар ба зер афканд. Ва дар баробари вай уток гарки сукунат гардид.

Зан ба Азиз бо илтимос чашм духт:

– Ба хеч кас нагуед, муаллим.

– Бо як шарт, – гуфт Азиз, аз муаллим ном додани у ба хичолат монда. – Агар аз имруз ба баъд патент супоред.

– Месупорам, хатман месупорам. Аз бало хазар – патент супоридан бехтар. Агар…

– Агарро бо магар тазвич кунем, чи мешавад? – хандида пурсид, Азиз.

Зан китф ба хам кашид.

– Намедонед? Ман медонам. Баччае мешавад, «кошки» ном.

– Фахмидам, – гуфт зан. – Кошки хама патент супоранд.

Пас аз чанд вакт гузори Азиз ба бозор афтоду манзарае дид, хайратангез. Издихоми калоне тул мекашид. Аз магали зане гуш ба комат меомад. Пеш рафту дид, ки хамон зани савдогар.

– Лулиги бас. Як сол боз гурехта мегарди? – мегуфт ба у чавонмарде, ки аз афташ корманди идораи андоз буд. – Акнун ба даст афтоди. Мувофики конун чазо мегири. Пеш даро!

“ – Оббо! Сабак нашуда будааст-да?” – афсусомез дар дил гуфт Азиз.

Чашми зан ба Азиз афтоду лабу лунчаш овезон гашт. Азиз беихтиёр ба забон овард:

– Нагуфта будам, ки бори кач ба манзил намерасад.

Офтоб аз паси як порча абр «Ана ман!» – гуфту баромад. Насими гарму гуворои таскинбахше лабу руи Азизро палмосид.

Зимистон чои худро ба бахор медод.

22 январи соли 1998

10 январи соли 2004

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …