Главная / Илм / ФОХТАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ФОХТАК дар Канзи Шифо (Китоб)

foxtak_-660x330Фохтак парандаест машхур, ки гуррак хам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабутари сахрои майдатар, зери гарданаш тавкхои холмонанд дорад ва руйи болхояш хам пурхол аст.  Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Бехтаринаш чавон ва фарбехи он мебошад.

Хислатхои шифобахши фохтак: гушташро мухарро пухта бихуранд, барои иллатхои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), ларзак, карахти ва дигар беморихои сарди асабони дору мебошад; бодхои гализро тахлил медихад, гиреххои дар бадан баамаломадаро мекушояд.

Хуни фохтакро хангоми нав кушта шудан гармогарм, хусусан хуни боли онро бичаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Саргинашро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад ва инчунин онхоро мепазонад, доги кунчидакро аз рухсора дафъ мекунад.

Гушти фохтакро бардавом бихуранд, бехоби меоварад, дер хазм мешавад, хусусан кабоби он. Ин навъ зарари он бо шакар хурдан ислох меёбад. Агар дар равган пухта, бо сирко ва кашниз бихуранд, безарар мегардад. Саргинашро ба кудаке, кн вакти шаб дар хоб метарсида бошад, биёвезанд, дигар наметарсад. Мор аз овози он мегурезад, инчунин аз дудаш хам мор гурезон мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …