Главная / Чугрофия / ФИШОРИ АТМОСФЕРИ

ФИШОРИ АТМОСФЕРИ

Фишори атмосфсфери чист? Хаво масса ва вазн дорад, бинобар ин ба сатхи хамшафат фишор меоварад. Муайян шудаасг, ки сутуни хаво аз сатхи бахр то сархади болои атмосфера ба хар як сантиметри мураббаи сатхи Замин бо вазни 1 кг 33 г фишор меорад (Хисоб кунед, ки агар масохати кафи дастатон такрибан 60 см2 бошад, хаво ба он бо чи кувва фишор меорад). Ба бадани одами миёнакад хаво бо кувваи бештар аз 14 тонна фишор меорад. Аз сабаби мавчуд будани фишори дохили организм, ки ба фишори хаво кариб баробар аст. одам вазни хаворо хис намекунад. Вале баробари афзудани баланди кас ин вазнро хис мекунад.

Кабати болоии хаво кабати поёниро мефишорад. Бинобар ин хаво хар кадар ба руи Замин наздик бошад, фишори он хамон кадар зиёд аст.

кух

Куввае, ки бо он кабати хавои атмосфсра ба сатхи руи Замин ва ба хамаи ашёи дар он буда таъсир мекунад, фишори атмосфери номида мешавад.

Фишори атмосферй. Одам хангоми ба кух баромадан аллакай дар баландии 2500 – 3000 метр худро бад хис мекунад, нишонахои “дарди кухпаймой” пайдо мешавад – аз нарасидани хаво нафас танги мекунад, cap чарх мезанад. Дар Помири Шарки баландтар аз 4000 м рагхои хунгузар вассъ мешаванд, азбаски paг» бини чукур нест, бештар мекафад ва хун рафтанаш мумкин аст. Одам баъзан аз хуш хам меравад. Ин аз он сабаб аст, ки дар чойхои баланд хаво тунук, фишораш кам ва микдори оксиген хам кам мешавад. Одам дар шароите вокеъ аст, ки байни фишори дохилию берунии баданаш фаркияти калон ба вучуд омад (яъне бораш сабук шуд) ва организм ба ин шароит мувофик нест.

Аз хамин сабаб кабинахои самолётхое, ки дар баландии зиёд парвоз мекунанд, ба таври хавоногузар сахт махкам карда шудааст. Дар онхо  фишори хаво ба таври сунъй ба андозаи фишоре, ки дар сатхи Замин мавчуд аст, нигох Дошта мешавад.

Тагйирёбии фишори атмосфери асосан ба баланди ва харорати хаво вобаста аст. Тачриба нишон медихад, ки баробари хар 100 метр аз сатхи Замин ба боло баромадан фишори хаво ба андозаи 1 сантиметр (10 мм) паст мсшавад. Инчунин хангоми гармшавии хаво фишори он паст шуда, дар вакти чойивазкунии хаво низ тагйир меёбад. Фишори атмосфсриро асосан бо барометр (аз юнонй “барос” вазнини) чен мекунанд. Ду намуди асосии барометр симоби ва анероиди (аз юнони маънояш “бемоеъ”) истифода мегардад. Барометри симоби аз найчаи шишагии яксуроха иборат аст, ки такрибан I м дарози дорад. Найчаро бо симоб пур карда, нуги кушоди онро ба косаи симобдор мегутонанд.

Симоби найча то бо фишори атмосфери баробар шудан ба зарф мерезад, дар кисми болоии он фазои бехаво хосил мсшавад ва баландии сутуни симоб фишори атмосфериро (ба хисоби мм) нишон медихад. Барои чи хамаи симоб нарехт? Барои он ки ба сатхи кушоди симоби косача хаво фишор оварда, онро ба найча тела медихад (расми 67). Агар фишори атмосферй паст шавад, он гох дар найча симоб поён мефарояд (Агар фишори атмосферй баланд шавад, чй холат рух медихад?).

Барометри симоби чадвал дорад. Аз руи баламдии сутунчаи симобии он андозаи фишори атмосфериро бо миллиметрхо муайян мекунанд.

Мукаррар шудааст, ки дар сатхи бахр хангоми 0 будан харорати хаво сутунчаи симобии барометрро ба 760 мм мебарорад. Он хамчун фишори муътадили атмосферй кабул карда шудааст, Агар баландии симоби сутунча аз 760 мм зиёд бошад, он гох фишори баланд, поён бошад, паст мегуянд. Ба воситаи барометр муайян кардан мумкин аст, ки хангоми ба баландй баромадан дар хар 10,5 метр фишор дар сутунчаи симоби тахминан 1 мм паст мешавад. Чи тавр тагйир ёфтани фишорро дониста ба воситаи барометр баландии махалро хисоб кардан мумкин аст.

Барометри симобиро асосан дар стансияхои метеорологи истифода мебаранд. Дар саёхатхо ва экспедитсияхо аз анероид истифода бурдан мувофиктар аст. Кисми асосии он куттичаи металлиест, ки хавои он бароварда шудааст, аз хамин сабаб вай ба тагйироти фишори берун хассос мебошад. Хангоми баланд ё паст шудани фишор куттича фишурда ё васеъ мешавад. Ин тагйирот ба воситаи пружинаи ба куттича часпонда ба тир (мил) дода мешавад, тир дар чадвал фишори атмосфериро бо миллиметрхои сутунчаи симоби нишон медихад. Фишор на танхо дар баланди тагйир меёбад. Он аз харорати хаво низ вобаста аст (бо барометр муайян кунед, ки бо баланд ва паст шудани харорати хаво фишор чи хел тагйир меёбад?).

Савол ва супориш

  1. Сабабхои асосии тагйирёбии фишори атмосферй чист?
  2. Дар кучо фишор баланд аст: дар куххо ё водихои аз сатхи бахр начандон баланд. Чаро? Ба хотир оред, ки баландии мутлаки махали зисти шумо ба чй баробар аст.
  3. Хисоб кунед, ки барои махали шумо кадом фишори атмосфериро муътадил хисобидан мумкин аст?
  4. Муайян кунед, ки баландии нисбии куллаи кухи атрофатон чанд метр аст, агар дар доманаи кух барометр 730 мм. дар кулла 450 мм-ро нишон дихад.
  5. Бо барометр хар руз дар хамон як соат фишори атмосфериро чен кунед ва маълумотро ба дафтари хавосанчи нависед. Диккат дихед» ки агар фишор баланд ё паст шавад, хаво чи хел тагйир меёбад.
  6. Ба бадани шумо хаво бо кувваи 8 тонна фишор меоварад, чаро шумо онро хис намекунед? Ва онро кай хис карданатон мумкин аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …