Главная / Маданият ва санъат / ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ЧОЙХОИ ТАЪКИДШУДА

ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ЧОЙХОИ ТАЪКИДШУДА

ДАР БАЁНИ ЧОЙХОЕ, КИ ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ОН ЧОЙХО ТАЪКИДИ БЕШТАР ЁФТААСТ

Муъминонро чун ту худ фармудаи «саллу алайх»,

Бандаро чофи амоне нест чун «илло ладайх».

Сад дуруду сад дуову сад салом аз мо алаих»

Бод доим ин дуруде, ки фиристодам илайх,

То ки дар чунбиш бувад мохи дарахтон аз сабо.

Абдулхайи Мучахарфи

Аввал. Дар намоз хондан баъд аз ташаххуд дар каъдаи охир ва ба мазхаби Имом Шофеи (paх) дар каъдаи аввал фарз аст ва баъд аз каъдаи охир вочиб.[1]

Дуввум. Дар хини дуо, чи Пайгамбар (с) фармудааст, ки: «Дуо махчуб аст аз баромадани ба осмон, модоме ки бар ман салавот фиристанд, он гох дуо хам рохи салавот аз осмон даргузашта, ба мавкифи ичобат бирасад». Аз амира-л-муъминин Умар (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Намоз ва дуо миёни осмону замин муаллак аст, то он вакт ки салавот бар Пайгамбар (с) фиристода шавад». Бояд ки хангоми огозу анчоми дуо дуруд гуфта шавад, ки дуо мустачоб хохад шуд, иншоаллох.[2]

Саввум. Дар вакти дохил шудан ва баромадан аз масчид.[3]

Чахорум. Дар вакти фориг шудани муаззин аз азон, чунки Расули акрам (с) таргиб додаанд барои он ва он чунин аст, ки хар чи муаззин гуяд, онро бигуяд, магар дар вакти «Хайя ала-с-салот», «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алиййи-л-Азим» ва дар вакти «Хайя ала-л-фалох», «Мо шоаллоху кона ва мо лам яшаъ лам якун» гуяд. Вакте ки фориг шуд, дуруд гуяд ба Набии Карим (с) дуруде, ки дар намоз хонда мешавад ва баъд аз дуруд ин дуоро бихонад:

Аллохумма Рабба хозихи-д-даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-коимати оти Мухаммадани-л-василата ва-л-фазилата ва-д-дарачата-р-рафиъата ва-бъасху макома-м-махмудани-л-лази ваъадтаху ва-рзукно шафоатаху явма-л-киёмати иннака ло тухлифу-л-миод.

Хар кас инчунин кунад, вочиб мешавад барои он кас шафоати он Хазрат (с).[4]

Панчум. Дар вакти шунидани номи он Хазрат (с), чунончи баён шуд.[5]

Шашум. Дар вакти навиштани номи он Хазрат (с), бояд ки пас аз навиштани исми мубораки Расули акрам (с) ибораи «саллаллоху алайхи ва саллам» ва ё «саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам»-ро нависад, ки тамоми мухаддисини киром ва солихини гузашта инро навиштаанд ва дар хадисхояшон ривоят мекунанд аз асхоби киром (раз). Абухурайра (раз) ривоят мекунад, ки Хазрати Рисолат (с) фармуданд, ки: “Хар ки як бор салавот дар китобат бар ман нависад, фариштагон бар вай истигфор мекунанд, то он салавот дар он китоб сабт бошад». Ва он чи ихтиёри уламост, он аст, ки хам салавот ва хам салом сабт созанд ва макрух аст, ки ба яке каноат кунанд. Ва ривоят аст, ки ба рамз нанависанд, балки сарех «саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам» нависанд ва ё «алайхи-с-салавоту ва-с-салом» нависад, ё «салавотуллохи ва саломуху алайх».[6]

Хафтум. Дар шабу рузи чумъа. Хазрати Рисолат (с) фармудаанд: “Хар ки дар ин шабу руз (яъне, чумъа) хаштод бор бар ман салавот фиристад, хаштодсола гунохони у омурзида шавад». Ва баъзе ба ин салавот махсус кардаанд, ки:

Аллохумма салли ало Мухаммадин абдика ва набиййика ва расулика-н-набиййи-л-уммиййи ва ало олихи ва сахбихи ва саллим.

Ва низ Хазрати Рисолат (с) фармудаанд, ки: “Хар ки дар рузи чумъа сад бор бар ман салавот фиристад, Хак таоло дусадсола гунохони уро биёмурзад. Ва хар ки дар рузи чумъа хазор бор салавот бар ман фиристад, намирад, то чойи худро дар бихишт набинад».[7]

Ва дар хадиси дигар омада, ки Хазрати Рисолат (с) фармуд: “Хар ки рузи чумъа сад бор салавот бар ман фиристад, рузи киёмат биёяд ва бо у нуре бошад, ки агар бар хамаи халоик кисмат кунанд, хамаро фаро расад».[8]

Ва дар хадиси дигар Анас ибни Молик (раз) ривоят мекунад аз Хазрати Рисолат (с), ки фармуд: “Хар ки шаби чумъа хаштод бор салавот бар ман фиристад, биёмурзад Хак таоло хаштсадсола гунохони гузаштаву ояндаи уро».[9]

Хаштум. Дар вакти мусофаха[10] ки сабаби магфирати гунохон аст.[11]

Нухум. Дар мохи мубораки шаъбон, ки бар он Хазрат (с) хар ки як навбат салавот фиристад, баробари мекунад бо дах навбат салавот дар моххои дигар.[12]

Дахум. Дар вакти шуруъ намудани хутбахои чумъа ва идхо, аввал хамду сано гуфтан барои Худованди мутаол ва баъд аз он дуруд фиристодан барои Расули акрам (с).[13]

Ёздахум. Хангоми буидани гулхо. [14]

Дувоздахум. Чун ёди гунохони худ кунад ва аз иртикоби маоси пушаймон гардад, дархол калимаи «Ло илоха иллаллоху Мухаммада-р-расулуллох»-ро бар забон ронад ва аз паси он салавот бар рухи пурфутухи Мухаммади Мустафо (с) фиристад, то он гунохон аз баракати калимаи тайиба ва дуруди он Хазрати Рисолат (с) магфур гардад. Чунончи амира-л-муъминин Абубакри Сиддик (раз) гуфт, ки: «Салавот фиристодан бар Хазрати Рисолат (с) махвкунандатар аст гунохонро аз махв кардани об мар сиёхиро аз лавх». Пас, бинобар ин мукаддамот хеч муомилае бандаро бехтар аз мутобиати Хазрати Рисолатпанохи (с) ва мухаббати у нест. Ва чун он Хазрат (с) шабу руз дар андешаи ахвол ва фикри марчау маоли мо буд, авло он, ки мо низ ба васфи камол ва нуути чалоли у пардозем.[15]

Сад хазорон хазор тухфаи тахийёт ва гулдастаи салавот нисори Хазрати оличаноб (с) – он навбодаи бустони саодат ва аъчубаи олами гайб ва шаходат бод, ки манбаи ахлоки Илохи ва махзани асрори номутанохи зоти комилсифоти у бувад.

Аллома Сахови (paх) дар «Кавли бадеъ» боби мустакиле дар бораи дурудхое навиштааст, ки дар вактхои хос хонда мешавад ва дар он ин мавозеъро шумурдааст:

Хангоми фориг шудан аз вузу, таяммум, гусли чанобат ва гусли хайз. Баъд аз намоз, вакти шуруъи намоз, баъд аз намози субху шом. Баъд аз аттахийёт. Хангоми бедор шудан барои намози тахаччуд. Хангоми гузар аз масочид ва дидани онхо. Вакти ворид шудан дар масчид ва хорич шудан аз он. Рузхои чумъа, шанбе ва якшанбе ва панчшанбе. Дар хутбахои чумъаву идайн. Дар хутбахои намози истиско. Намози кусуф ва хусуф ва дар намози чаноза. Хангоми гузоштани майит дар кабр. Дар мохи шаъбон. Хангоми мушохидаи хонаи Каъба ва хангоми рафтан ба Сафову Марва дар хач. Ва хангоми фориг шудан аз лаббайка. Хангоми бусидани хачару-л-асвад. Шомгохи  рузи арафа. Дар масчиди Мино. Хангоми дидани Мадинаи мунаввара. Хангоми зиёрати равзаи мутаххари Хазрати Расули акрам (с). Хангоми видоъ аз он чо. Хангоми гузар аз осори гироми ва гузаргоххо ва киёмгоххои он Хазрат (с) монанди гузар аз Бадр ва гайра. Вакти тичорат ва навиштани васият. Дар хутбаи никох. Дар аввалу охири руз. Хангоми хобидан. Вакти харакат барои сафар. Вакти савор шудан бар маркаб ва савори. Хангоми бехоби. Вакти рафтан ба бозор. Вакти рафтан ба мехмони. Вакти ворид шудан ба хона. Вакти навиштан ва огози чузва ва ё китоб. Хангоми гаму изтироб. Дар сахтихо. Дар холи факр. Хангоми вучуди хатари гарк шудан. Дар замони бемори. Дар аввалу охир ва дар миёнаи дуо. Хангоми садо додани гуш. Хангоми хоб рафтани пойхо. Вакти фаромуш кардани чойи чизе, ки гузошта шудааст. Вакти хоб ба назар расидани чизе. Вакти таом хурдан. Вакти тавба аз гунох. Хангоми пайдо шудани мушкилот ва ниёзхо. Дар хар хол. Замоне, ки ба касе тухмат зада шуда буданд ва у аз он пок аст. Хангоми мулокот бо дустон. Хангоми чамъ шудан дар мачлис ва рафтан аз он. Вакти хатми Куръон ва хангоми дуои он. Хангоми бархостан аз чаласа. Дар хар чое, ки барои зикри Худо чамъе гирд оянд. Дар огози хар сухан. Хангоми зикр ва ёди номи мубораки Расулуллох (с). Хангоми дарс додан. Вакти хондани хадис ва огозу анчоми он. Вакти суханрони ва фатво додан. Ва хангоме ки номи мубораки он Хазрат (с) навишта мешавад.[16]

[1] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват», Сах. 132.

[2] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[3] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[4] «Нидооту-р-Рахмон ли ахли-л-имон». Сах. 247.

[5] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[6] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[7] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[8] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[9] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[10] Мусофаха – бо даст вохури кардан.

[11] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[12] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[13] «Нидооту-р-Рахмон ли ахли-л-имон». Сах. 247.

[14] «Анису-л-воизин». Сах. 245.

[15]«Маоричу-и-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 132.

[16] «Фазоилу-л-аъмол». Сах. 541-542.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …