Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №3, мод. 219)

Конуни мазкур асосхои ташкили, хукуки, иктисоди ва ичтимоии  фаъолияти илми ва илмию техникиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, ба фарохам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатхи зехнию фархангии шахрвандон равона шудааст.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:

аккредитатсияи субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники – расмиёте, ки дар натичаи амалигардонии он мутобикати фаъолияти субъектхои сохаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон расман эътироф карда мешавад;

аттестатсияи кормандони илми ва (ё) илмию техникии тахассуси оли – фаъолияти илми, ки анчом додани чорабинихоро оид ба додани дарачаву унвонхои илми дар бар мегирад;

дотсент, профессор – унвонхои илмие, ки бо дархости ташкилоти илми ё муассисаи таълимии тахсилоти касби бо тартиби мукарраргардида аз чониби Комиссияи олии аттестатсиони дода мешаванд;

Кодекси намунавии одоби илми – мачмуи коидаву меъёрхои рафтор, акидаву принсипхои ахлокии ташкили фаъолияти  илми ва (ё) илмию техники, ки муносибатхои чамъиятиро дар сохаи тахкикоти илми  танзим менамояд;

Комиссияи олии аттестатсиони – комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илми ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд;

коллективи муваккатии илми – иттиходияи ихтиёрии шахсони вокеи бе таъсис додани шахси хукуки, ки бо максади амалигардонии фаъолияти илми бо тартиб ва шартхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар асоси шартномави таъсис дода мешавад;

корманди илми (мухаккик) – шахси вокеие, ки дар ташкилоти илми, муассисаи таълимии тахсилоти олии касби ё вохиди сохтории ташкилоти илми кор карда, дорои тахсилоти олии касби мебошад, натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбик менамояд;

корхои илмию тахкикоти – корхои вобаста бо чустучуи илми, анчом додани тахкикот, озмоишхо бо максади афзун намудани дониши мавчуда ва андухтани  дониши нав, санчиши фарзияхои илми, мукаррар намудани конунияти рушди табиат ва чомеа, чамъбасти илми, асосноккунии илмии лоихахо;

корхои тачрибавию конструктори – мачмуи корхое, ки хангоми омодасози ё навсозии махсулот, тахия намудани хуччатхои конструктори ё технологии намунахои тачрибави, омода намудан ва аз озмоиш гузаронидани намунахои тачрибави ва намунахои фоиданок анчом дода мешаванд;

лоихаву барномахои илми ва илмию техники – хуччатхое, ки аз мазмуни кори илмию техники иборат буда, тахкикоти илми, илмию техники, тачрибавию конструктори, маркетингиро бо асосноккунии максаду вазифахо, мухимият, навгони, ахамияти илмию амали ва мувофики максад будани ичрои корхои банакшагирифта дар бар мегиранд;

макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника – макоми давлатие, ки сиёсати давлати ва хамохангсозии байнисохавиро дар сохаи илм ва (ё) илму техника амали менамояд;

макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники – макомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техники дар сохаи дахлдор амали менамоянд;

маърузаи милли оид ба илму техника –  хисоботи харсолае, ки  тахлили холат ва тамоюли рушди илми чахони ва милли, пешниход оид ба такомули иктидори илмию техникии Чумхурии Точикистон, асосноккунии самтхои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;

натичаи илми ва (ё) илмию техники –  махсули  фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардхои нав, ки дар хама гуна хомили иттилооти сабт шудааст;

номзади илм, доктори илм – дарачахои илмие, ки бо дархости шурохои диссертатсиони бо тартиби мукарраргардида ба кормандони илми (мухаккикон) пас аз дифои рисолахои илми дода мешаванд;

рафтори ношоями илми – амали ношоистаи корманди илми (мухаккик), хамчун сохтакории маълумот, касдан тахриф кардани хакикат, азхудкунии муаллифи (асардузди), инчунин харидан ва фурухтани тахкикоти илми (рисолахои илми, лоихахои дипломи, хатмкуни ва курси) бо максади минбаъд дифои ошкори он аз номи худ;

сиёсати давлати оид ба илму техника – интихоби самтхои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онхо, инчунин низоми чори намудани натичаи илми ва (ё) илмию техники дар сохахои хочагии халк;

– субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники – шахсони вокеи ва хукуки, инчунин иттиходияхои онхо, ки фаъолияти асосии онхо ба кашфиёти илми ва истифодаи дастовардхои нави илми ва (ё) илмию техники равона шудааст;

– тахкикоти илми – тахкикоти илмии амали, бунёди, стратеги, ки аз чониби субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар доираи корхои тахкикоти илми, тачрибавию конструктори ва технологи бо усулу воситахои дахлдори илми бо максади ба даст овардани натичахои  илми ва (ё) илмию техники амали мегарданд;

– тахкикоти илмии бунёди – фаъолияти назарияви ва (ё) озмоиши, ки ба андухтани донишхои нав оид ба конуниятхои асосии рушди табиат, инсон ва чамъият равона шудааст;

– тахкикоти илмии амали – тахкикоте, ки бо максади ноил шудан ба хадафхои мушаххас ба истифодаи натичахои тахкикоти илмии бунёди равона шудаанд;

– ташкилоти илми – шахси хукукие, ки корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори, тачрибавию технологиро ичро менамояд ва яке аз макомоти идоракунандаи он мутобики хуччатхои таъсиси шурои илми (илмию техники) мебошад, ки бо тартиби мукарраргардида аз аккредитатсияи субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники гузаштааст;

– унвончуии дарачаи илми – тайёр кардани кормандони илми ва (ё) илмию техникии тахассуси оли, ки дар шакли унвончуии дарачаи илми барои шахсони берун аз аспирантура ва  докторантура бо навиштани рисолаи илми машгулбуда пешбини шудааст;

– фаъолияти илми ва (ё) илмию техники – фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбик намудани дониши нав дар хама сохахои илму техника ва истехсолот барои халли масъалахои технологи, конструктори, иктисоди ва ичтимоиву сиёси, таъмини фаъолияти илм, техника ва истехсолот хамчун низоми ягона, аз чумла тахияи  хуччатхои меъёриву техники бо максади анчом додани чунин тахкикот равона гардидааст;

– хисобот оид ба натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники – хуччате, ки маълумот оид ба татбики кори илмию техники, тахкикоти илми, илмию техники, тачрибавию конструктори, маркетинги, аз чумла иттилоот дар бораи мувофики максад будани ичрои минбаъдаи  корхои банакшагирифта ё оид ба натичаи лоихаву барномаи илми ва илмию техникии анчомдодашударо дар бар мегирад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти илми ва сиёсати давлати оид ба илму техника

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти илми ва сиёсати давлати оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Самтхои афзалиятноки тахкикоти илми ва (ё) илмию техники

  1. Самтхои афзалиятноки тахкикоти илми ва (ё) илмию техники дар Чумхурии Точикистон аз руи натичахои арзёбии холат ва тахияи дурнамои рушди илмию техники, бо максади чалб намудани захирахои давлати ба тахкикоти илмие, ки ахамияти бунёди доранд, барои амалигардонии афзалиятхои рушди ичтимоию иктисоди ва самтхои афзалиятноки фаъолияти илмию техники, тахияи чараёнхои нави технологи ва махсулоти ракобатпазир муайян карда мешаванд.
  2. Самтхои афзалиятноки тахкикоти илми ва (ё) илмию техники  аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохави тахия гардида, бо тартиби мукарраргардида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  3. Интихоби самтхои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иктисодии онхо аз руи зарурати амалисозии барномаи рушди ичтимоиву иктисодии кишвар, инчунин ахамияти самтхои алохидаи рушди илму техника дар давраи кутохмуддат ва дарозмуддат асос меёбад.

Моддаи 4. Максад ва самтхои асосии амалисозии сиёсати давлати оид ба илму техника

  1. Максади асосии сиёсати давлати оид ба илму техника  иборат аст аз:

– рушд, чойгиронии босамар ва истифодаи окилонаи иктидори илмию техникии кишвар;

– афзун намудани сахми илму техника дар рушди сохахои хочагии халк;

– тахкими муносибатхои мутакобилаи илму маориф;

– рушди инфрасохтори инноватсиони;

– афзун намудани самараи истехсолоти чамъияти;

– бехтар намудани вазъияти экологи;

– тахкими  иктидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, чамъият ва давлат.

  1. Самтхои асосии амалисозии сиёсати давлати оид ба илму техника инхо мебошанд:

– ташкил намудани шаклхои гуногуни паркхои технологи;

– муттахид намудани ташкилотхои ихтисоси махдуди илмию лоихави ба ташкилотхои ягонаи илми;

– афзун намудани натичабахшии барномахои максадноки илмию техники;

– ташаккул додани низоми муосири тахсилоти миёна ва олии касби,  бозомузи ва такмили ихтисоси  кормандони илми (мухаккикон);

– такмил додани низоми интихоби лоихахои инноватсиони ва барномахои максадноки илмию техники ба таври озмун.

Моддаи 5.  Принсипхои асосии танзими давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

Танзими давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ба принсипхои зерин асос меёбад:

– эътироф намудани илм хамчун сохаи ахамияти ичтимоидошта, ки сатхи тараккиёти куввахои истехсолкунандаи кишварро муайян мекунад;

–  хифзи манфиатхои шахс, чамъият ва давлат хангоми анчом додани тахкикоти илми;

– баробарии хама субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар назди конун;

– озодии интихоби самтхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, усулхои анчом додани тахкикоти илми барои субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– кафолати рушди афзалиятноки тахкикоти илмии бунёди;

– хамкории ташкилоту муассисахои илми ва муассисахои тахсилоти касби;

– хавасмандгардонии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники тавассути фарохам овардани шароити мусоид ба сармоягузории сохаи илм ва илму техника;

– хатми, бегараз ва босалохият будани экспертизаи давлатии   барномахои илми ва (ё) илмию техники ва лоихахои инноватсионие, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд;

– тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илми ва (ё) илмию техникии тахассуси оли тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– таъмин намудани химояи хукукии натичахои фаъолияти илми;

– хамгироии фаъолияти илми, илмию техники ва таълими тавассути таъсис додани мачмуи таълимию илми ва паркхои технологи дар заминаи муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ташкилотхои илмии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, академияхои сохавие, ки макоми давлати доранд, инчунин ташкилотхои илмии вазоратхо ва дигар макомоти хокимияти давлати.

БОБИ 2.

САЛОХИЯТ ВА ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти илми ва (ё)  илмию техники 

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мансубанд:

– тахияи самтхои асосии сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва ташкили анчом додани он;

– тасдик намудани Номгуйи самтхои афзалиятноки тахкикоти илмии бунёди ва амали;

– тасдики коидахои аккредитатсияи субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– таъсиси мукофотхо дар сохаи илм, стипендияи давлатии илми ва тасдики тартиби додани онхо;

– тасдики коидахои бахисобгирии давлатии лоихаву барномахои илми ва илмию техникие, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд ва хисобот оид ба ичрои онхо;

– тасдики тартиби ташкил ва анчомдихии тахкикоти илми ва корхои тачрибавию конструктори дар асоси шарикии давлат ва бахши хусуси;

– тахия ва тасдики низомнома ва оинномаи Комиссияи олии аттестатсиони;

– тасдики тартиби додани унвони илми (дотсент, профессор);

– тасдики тартиби додани дарачахои илми;

– тасдики низомномаи намунави оид ба шурои диссертатсиони;

– тасдики тартиби бакайдгирии давлатии рисолахои илмии химояшуда;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию   техники  

Ба  ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дохил мешаванд:

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани таклифхо оид ба сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо назардошти максаду афзалиятхои рушди ичтимоиву иктисоди, чамъиятиву сиёсии кишвар;

– татбики сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани коидахои бахисобгирии давлатии лоихаву барномахои илми ва илмию техники, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд, инчунин хамохангсозии онхо;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани Номгуйи самтхои афзалиятноки тахкикоти илмии бунёди ва амали;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани тартиби аккредитатсияи субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, инчунин анчом додани аккредитатсияи онхо;

– тахия ва тасдики низомномаи намунави оид ба озмоишгоххои (лабораторияхои) илми;

–  тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани тартиби ташкил ва анчом додани тахкикоти илми ва ичрои корхои тачрибавию конструктори дар асоси шарикии давлат ва бахши хусуси;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию   техники

Ба ваколатхои макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дохил мешаванд:

– иштирок дар тахияи пешниходхо оид ба ташаккул ва татбики сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо назардошти максаду афзалиятхои рушди сохаи дахлдор;

– иштирок дар тахияи самтхои афзалиятноки тахкикоти илмии бунёди ва амали дар сохаи дахлдор;

– ташкили корхо оид ба тахияи лоихаву барномахои илми ва илмию техникие, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд ва татбики онхо дар сохаи дахлдор;

– тасдики хисоботхо оид ба ичрои лоихаву барномахои илми ва илмию техники дар сохаи дахлдор, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 9. Ваколатхои Комиссияи олии аттестатсиони

Ба ваколатхои Комиссияи олии аттестатсиони дохил мешаванд:

– иштирок дар тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмии тахассуси оли тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани низомномаи намунави оид ба шурои диссертатсиони;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани тартиби додани унвони илми (дотсент, профессор) ва дарачахои илми;

– тахия ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани тартиби бакайдгирии давлатии рисолахои илмии химояшуда;

– хамкории байналмилали дар сохаи аттестатсияи кормандони илмии тахассуси оли;

– гузаронидани нострификатсияи хуччатхои доир ба унвонхо ва дарачахои илми, ки дар давлатхои дигар дода шудаанд;

– тахия ва тасдики шиносномаи тахассусии кормандони илмии тахассуси олии Чумхурии Точикистон, ки аз руи онхо дарача ва унвонхои илми дода мешаванд;

– тахлил ва мониторинги фаъолияти муассисахои илми ва таълимии тахсилоти олии касби оид ба тайёр намудани кормандони илмии тахассуси оли;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

БОБИ 3.

СУБЪЕКТХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 10. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

  1. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники фаъолияти худро дар шакли дастчамъи ё фарди амали менамоянд.
  2. Субъектхои фаъолияти дастчамъонаи илми ва (ё) илмию техники инхо мебошанд:

– ташкилотхои илми;

– иттиходияхои шахсони вокеи ва (ё) хукуки, ки бо максади амали намудани фаъолияти илми ва (ё) илмию техники таъсис дода  мешаванд;

– коллективхои муваккатии илми;

– муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, такмили ихтисос ва бозомузии мутахассисон.

  1. Кормандони илми (мухаккикон), мухандисию техники ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотхои илми, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро анчом медиханд, инчунин олимоне, ки мустакилона фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро амали менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошанд.
  2. Ба субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники озодии эчоди, химоя аз ракобати носолим, хукукхои баробар барои иштирок дар фаъолияти илми ва (ё) илмию техники кафолат дода мешавад. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хукук доранд, ки хизматрасонии озмоишгоххои (лабораторияхои) истифодаи дастчамъиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон истифода намоянд.
  3. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хукук доранд, ки объектхои моликияти зехни, аз чумла хукуки фурухтан ва барои фуруш пешниход намуданро бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода намоянд.
  4. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро дар каламрави Чумхурии Точикистон дар баробари субъектхои дастчамъи ва фарди амали мегардонанд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.
  5. Иштирокчиёни фаъолияти илми ва (ё) илмию техники  инчунин  шахсони вокеи ва хукукие шуда метавонанд, ки хукуки иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд,  аз чумла онхое, ки таъминоти иттилооти, барномави, ташкилию усули ва техникии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро анчом медиханд.
  6. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники вазифадоранд, ки корхои илмию тахкикоти ва тачрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти милли равона шудаанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анчом диханд.

Моддаи 11. Хукуку ухдадорихои корманди илми (мухаккик)

  1. Корманди илми (мухаккик) хукук дорад:

– чустучуи илми ва (ё) илмию техникиро анчом дода, усули тахкикотро дар доираи самтхои тахкикоти ташкилоти илми ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобики тахассуси худ интихоб намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар озмунхои кушод оид ба корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он иштирок кунад;

– бо таклифи тарафи манфиатдор дар тахияи самту афзалиятхои сиёсати давлати оид ба илму техника, анчом додани ташхиси  барномаву лоихахо, арзёби ва пешгуии натичахои ичтимоиву иктисодии амалисозии онхо, тахия намудани санадхои меъёрии хукуки иштирок кунад;

– дар мувофика бо корфармо дар асоси озмун аз хисоби маблаги фондхои илми ва (ё) илмию техники ва сарчашмахои дигаре, ки конунгузории  Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаг гирад;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар тахия ва татбики барномаю лоихахои байналмилали ва байнидавлатии илми иштирок кунад;

– дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли ба сифати рохбари илмии (мушовири) унвончуи унвони илми ширкат варзад;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар озмун барои ишгол намудани вазифаи холии кормандони илми иштирок намояд;

– тибки конунгузории Чумхурии Точикистон гайр аз чойи кори асоси дар коллективхои муваккатии илми ва илмию техники ва (ё) чои кори иловаги кор кунад;

– барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хама намуди захира, аз чумла захираи модди, молияви, мехнати, зехни, иттилооти ва табииро бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чалб намуда, истифода барад;

– ба натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии худ тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хукукхои шахсии молумулки ва гайримолумулки дошта бошад;

– дар мувофика бо корфармо дар конфронсу симпозиумхо ва семинару мачлисхо, аз чумла чорабинихои байналмилалии илми,  ширкат варзад;

– тахассуси илмиашро такмил дихад;

– аз хукукхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти илми истифода намояд.

  1. Корманди илми (мухаккик) ухдадор аст:

– хукуку манфиатхои конунии субъектхои дигари фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;

– фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани хукуку озодихои инсон бе расонидани зарар ба хаёту саломатии одамони дигар, инчунин мухити зист амали гардонад;

– ташхиси барномаю лоихахо ва рисолахои илми, натичахои дигари фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро вокеъбинона анчом дихад;

– талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;

– вазифахои дигарро дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ичро намояд.

 

Моддаи 12. Ташкилотхои илми

 

  1. Ташкилотхои илми метавонанд ба фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсиони, аз чумла татбики хукук ба объектхои моликияти зехни, инчунин ичрои корхои илмию тахкикоти ва тачрибавию конструктори хамчун намуди асосии фаъолият машгул шаванд.
  2. Ташкилотхои илми метавонанд давлати ва гайридавлати бошанд. Тагйир додани шакли моликияти ташкилотхои илми тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  3. Ташкилотхои илми аз ташкилотхо (ё муассисахо)-и илмию тадкикоти, ташкилотхо (ё муассисахо)-и илмии муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ташкилотхо (ё муассисахо)-и тачрибавию конструктори, лоихавию конструктори, лоихавию технологи ва ташкилотхои дигар, ки фаъолияти илми ва илмию техникиро амали мегардонанд, иборат мебошанд.
  4. Ташкилотхои илми фаъолияти худро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсиси амали менамоянд.
  5. Ташкилотхои илми пас аз бакайдгирии давлати аз аккредитатсияи давлати гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон шаходатнома оид ба аккредитатсияи давлати мегиранд.
  6. Ташкилотхои илми хукук доранд, ки барои эхтиёчоти давлати дар ичрои корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва тачрибавию технологи иштирок кунанд.
  7. Дар ташкилоти илми шурои илми (илмию техники) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салохияти онро конунгузории Чумхурии Точикистон  ва хуччатхои таъсиси  муайян мекунанд.
  8. Ба салохияти шурои илми  (илмию техники) мансубанд:

– муайян кардани мавзуи фаъолияти илмии ташкилот;

– омодасозии тавсияхо оид ба таъсис додани вохидхои сохтории ташкилот бо максади таъмини ичрои корхо оид ба мавзуи фаъолияти илмии ташкилот;

– арзёбии натичахои фаъолияти илмии вохидхои сохтории ташкилот, коллективхои муваккатии илми, кормандони алохидаи илмии ташкилотхо ва тасдик намудани накшаи кори илми ва хисобот оид ба фаъолияти ташкилот;

– кабул намудани карор оид ба гузаронидани озмун барои ишголи вазифахои холии кормандони илми;

– ичро намудани вазифахои дигари пешбининамудаи санадхои конунгузори ва хуччатхои таъсисии ташкилот.

Моддаи 13. Академияхои илмхо дар Чумхурии Точикистон

  1. Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта дар тахия ва татбики сиёсати давлати оид ба илму техника ва инноватсия, тахияи самтхои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии тахкикоти бунёди ва амалии илми, корхои илмии барои гирифтани мукофоти илми пешниходшуда, тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи илму техника, муттахидсозии касбии олимон барои таъмини рушди ичтимоиву иктисодии Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд.
  2. Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис, аз нав ташкил ва бархам дода мешаванд.
  3. Ба хайати Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта, ташкилотхои (ё муассисахои) илми ва ташкилотхои (ё муассисахои) хизматрасонии илми ва сохаи ичтимои дохил мешаванд.
  4. Сохтори Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблаггузории ташкилотхои хизматрасонии илми ва сохаи ичтимоии ба хайати онхо дохилшударо оинномаи академияхои илмхои номбурда муайян мекунад.
  5. Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлати буда, дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.
  6. Академияхои илмхои Чумхурии Точикистон тахкикоти илмии бунёди ва амалиро оид ба масъалахои мухимтарини фанхои табии, техники ва гуманитари анчом дода, дар хамохангсозии тахкикоти илмии бунёди, ки аз тарафи ташкилотхои илми ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби аз хисоби бучети давлати маблаггузоришаванда ичро мешаванд, ширкат меварзанд.
  7. Маблаггузории Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  8. Академияхои илмхои Чумхурии Точикистон хар сол ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники оид ба тахкикоти илмии анчомдодашуда ва натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хисобот медиханд.
  9. Натичахои тахкикоти илмии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои сохавии илмхои макоми давлатидошта, ки  бо истифодаи маблаги бучети давлати ичро шудаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба давлат супорида мешаванд.
  10. Академияи илмхои Чумхурии Точикистон дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники омодасози ва нашри маърузаи харсолаи милли оид ба илму техникаро хамоханг месозад.
  11. Ба академияхои илмхои Чумхурии Точикистон, ташкилотхои илмии онхо, ташкилотхои хизматрасонии илми ва сохаи ичтимои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон китъахои замин вобаста карда мешаванд.

Моддаи 14. Академияхои чамъиятии илмхо

  1. Академияхои чамъиятии илмхо дар сохахои дахлдори илму техника тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд.
  2. Академияхои чамъиятии илмхо хукук доранд, ки бо ташкилоту идорахо ва корхонахо шартнома ба имзо расонида, барои онхо  тахкикоти илми анчом диханд ва дар асоси озмун дар татбик намудани барномахои илми ва (ё) илмию техники иштирок намоянд.

Моддаи 15. Коллективи муваккатии илми

  1. Коллективи муваккатии илми бо максади таъмин намудани   ичрои саривактии корхо оид ба халли мушкилоти минбаъдаи  илмию техники ва ичтимоию техники, ичрои корхои илмию тадкикоти, тачрибавию конструктори ва тачрибавию технологи, ки ба таъсис ва азхудкунии намудхои нави махсулот ва технология, карорхои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истехсоли ва ичтимоиву иктисоди  равонагардида таъсис дода мешавад.
  2. Тартиби таъсис додан ва шартхои фаъолияти коллективхои муваккатии илми тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисахои таълимии тахсилоти олии касби

  1. Намуди асосии фаъолияте, ки аз чониби муассисаи таълимии тахсилоти олии касби амали мегардад, дар баробари фаъолияти таълими, инчунин фаъолияти илми,  илмию техники ва  инноватсиони, аз чумла амалисозии хукук ба объектхои моликияти зехни, инчунин   анчом  додани корхои илмию тахкикоти ва тачрибавию конструктори мебошад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, инчунин кормандони илмии онхо дорои хукуки баробари иштирок дар озмунхои лоихахои илми, инноватсиони ва барномахои илмию техникие мебошанд, ки  аз хисоби бучети давлати ва сарчашмахои дигари манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаггузори мешаванд.
  3. Муассисахои таълимии тахсилоти олии касби хукук доранд озмоишгоххои илми, донишкадахои илмию тахкикоти ва ташкилотхои инфрасохтори инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис диханд.
  4. Муассисахои таълимии тахсилоти олии касби хукук доранд баробари дар чараёни таълим чори намудани дастовардхои пешкадами илм, ба он олимони ташкилотхои илмию тахкикоти аз чумла ташкилотхои илмию тахкикотии хоричиро чалб намоянд.
  5. Ба муассисаи таълимии тахсилоти олии касби бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон макоми донишгохи тахкикоти дода мешавад.

БОБИ 4.

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСИ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМИ (МУХАККИК)

Моддаи 17. Тахассуси корманди илми (мухаккик)

  1. Тахассуси корманди илми (мухаккик)-ро муайян мекунад:

– мавчудияти  тахсилоти оли;

– сохиб будан ба тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар доираи аспирантура, докторантура;

– мавчудияти дарачаи илми;

– мавчудияти унвони илми;

– мавчудияти унвони илмии академии узви хакики (академик) ва узви вобастаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ё академияхои сохавие, ки макоми давлати доранд;

– хачм ва сатхи корхои илмии нашршуда, тахкикоту корхои ичрошуда;

– арзёбии чомеаи илми дар сохаи дахлдори дониш.

  1. Корманди илмие (мухаккик), ки унвони илми дорад, хамчун корманди илмии тахассуси оли эътироф мешавад.

Моддаи 18. Тайёр кардани  кормандони илмии тахассуси оли

  1. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли аз чониби муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ташкилотхои илми ва ташкилотхои дигаре, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  хукуки машгул  шуданро бо тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пайдо кардаанд, амали мегардад.
  2. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли инчунин дар муассисахои таълими ва ташкилотхои илмии хоричи анчом дода мешавад.
  3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли дар доираи аспирантура ва докторантура бо максади таъмин намудани шароити зарурии омодасози ва химояи рисолахои илми барои дарёфти дарачаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз руи ихтисос, доктори илм ташкил карда мешавад.
  4. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли дар шакли унвончуии дарачаи илми низ амали  мегардад.
  5. Тартибу шартхои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси оли бо Конуни мазкур ва санадхои конунгузории дигари Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 19. Дарачахои илми

  1. Дар Чумхурии Точикистон дарачахои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз руи ихтисос ва доктори илм эътироф карда мешаванд.
  2. Дарачахои илмие, ки дар кишвархои дигар дода шудаанд, дар Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон эътироф карда мешаванд.

Моддаи 20. Унвонхои илми

  1. Дар Чумхурии Точикистон унвонхои илмии академии узви  хакики (академик) ва узви вобастаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, академияхои сохавии илмхо, ки макоми давлати доранд, инчунин унвонхои илмии дотсент ва  профессор дода мешаванд.
  2. Унвонхои илмии академи ба шахрвандони Чумхурии Точикистон аз руи натичахои интихоботе, ки Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияхои илмхои сохавии макоми давлатидошта анчом  медиханд, дода мешаванд. Шарти мухим барои додани унвонхои илмии академи мавчудияти дарачаи илмии доктори илм ба хисоб меравад.
  3. Тартиби додани унвонхои илми дар академияи чамъиятии илмхо бо оинномаи он муайян карда мешавад.
  4. Унвонхои илмие, ки дар давлатхои дигар дода шудаанд, дар Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон эътироф карда мешаванд.

 

БОБИ  5.

АСОСХОИ АХЛОКИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 21. Принсипхои ахлокии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

Принсипхои ахлокии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникие, ки дар чараёни тахкикот аз чониби давлат дастгири карда мешаванд, инхоянд:

– кобили кабул будани танкид ва мубохиса, муносибати боэхтиромона нисбат ба мунокиз (оппонент), рохбари илми ва унвончу;

– арзёбии хакикати акидахои илми новобаста ба синну сол, чинс, нажод ва нуфузу унвонхои корманди илмии ин акидахоро асосноккунанда;

– дастоварди умуми эътироф шудани натичахои илми ва (ё) илмию техники;

– бегаразии фаъолияти корманди илми (мухаккик);

– ошкоро будани тахлили танкидии тахкикот.

Моддаи 22. Меъёрхои ахлокие, ки фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро танзим    менамоянд

Меъёрхои ахлокии зерин бояд дар чараёни анчом додани тахкикоти илми риоя  шаванд:

– озодии академи хангоми анчом додани тахкикоти илми;

– риояи аники коидахои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илми истифода мешаванд;

– ташкили низоми боэътимоди химоя ва нигохдории маълумоти аввалия;

– хуччатгузории пурраи натичахои мухими илми ва (ё) илмию техники;

– ошкоро будани натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники барои арзёбии танкиди;

– рох надодан ба рафтори ношоями илми;

– таваччух ба навовари дар фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони чавон (мухаккикон);

– пахн накардани натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;

– муковимат намудан ба худкомаги дар илм;

– худдори аз усулхои фишоровари ба мунокизи илми;

– нашри хатмии натичаи корхое, ки аз хисоби маблаггузории давлати ичро мешаванд, ба истиснои натичаи корхое, ки мухри махфият  доранд;

– эътирофи хатмии хатохои илмии худ, ки дар нашрияхои пешина рох дода шудаанд.

Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илми

  1. Ташкилотхои илми ухдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрхои ахлокии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.
  2. Ташкили фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ба мукаррароти Кодекси намунавии одоби илми, ки асосхои ахлокии рафторро дар чараёни фаъолияти илми ва (ё) илмию техники муайян мекунад, асос меёбад.
  3. Тахия ва тасдики Кодекси намунавии одоби илми аз тарафи Раёсати Академияи илмхои Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  4. Кодекси намунавии одоби илми ухдадорихои ахлокии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар бар мегирад:

– масъулияти шахрванди ва ахлокии корманди илми (мухаккик) барои окибатхои ичтимои ва экологии дар амал татбик намудани кашфиёти худ;

– огохонидани чомеа дар хусуси эхтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илми;

– шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва махсули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– масъулияти ахлоки барои тарбия намудани насли чавони кормандони илми дар рухияи инсондусти ва софдилии илми;

– вобаста набудани хакикати илми ба гаразу манфиатхои шахсии корманди илми (мухаккик);

– эътироф намудани хатохои илмии худ бо максади дубора анчом надодани тахкикоти такрории нолозиме, ки харочоти иловагиро талаб мекунад;

– софдили, хоксори ва хушмуомилагии илми;

– рох надодан ба азхудкунии муаллифи (асардузди);

– хифз намудани акидахои худ, новобаста ба хар гуна нуфузу вазъ.

  1. Ташкилотхои илми Кодекси одоби илмиро вобаста ба сохаи худ ва хусусиятхои тахкикоти илмии анчомдодашаванда тахия ва кабул менамоянд.

Моддаи 24. Масъулияти ичтимоии корманди илми (мухаккик)

  1. Корманди илми (мухаккик) гайр аз масъулияти фарди дар раванди фаъолияти илми ва (ё) илмию техники масъулияти ичтимои дорад, ки ба донишу имконияти техники ва робитахои байналмилалии у вобаста аст.
  2. Корманди илми (мухаккик) ухдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба холатхои  зерин пахн кунад:

– окибатхои истифодаи аслихаи муосир;

– хатархо дар сохаи захирахо барои рушди минбаъда;

– окибатхои экологии рушди саноат ва сохаи кишоварзи;

– шахришави ва гайрисаноатикунони;

– тахдиди терроризм ва омилхои дигари хатарнок.

  1. Фаъолияти ичтимоию сиёсии корманди илми (мухаккик) бояд ба тарбияи насли наврас дар рухияи инсондусти, эхтироми арзишхои умумибашари, хифзи сулху субот, тартиботи чамъияти ва пешгири намудани хама гуна шаклхои табъиз равона карда шавад.

 

БОБИ  6.

ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи  25. Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва принсипхои он

  1. Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи таксимоти вазифахои стратеги, коршиноси ва маъмурии идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро дар Чумхурии Точикистон  амали мегардонанд:

– Хукумати Чумхурии Точикистон;

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника;

– макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– Академияи илмхо ва академияхои сохавии илмхои Чумхурии Точикистон;

– Комиссияи олии аттестатсиони;

–  шурои илмии (илмию техникии) ташкилоти илми.

  1. Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси мутобикати принсипхои танзими давлати ва худидоракуни сурат мегирад.
  2. Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники озодии эчодиёти илмиро махдуд намекунад.
  3. Барои ташкилотхои илмии давлати Хукумати Чумхурии Точикистон фармоиши давлатии ичрои тахкикоти илми ва корхои озмоиширо мукаррар менамояд.
  4. Рохбарони ташкилотхои илмии давлати ва ташкилотхои илмии академияи сохавии илмхо, инчунин ташкилотхои  илмии гайридавлати, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онхо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ба принсипхои зерин асос меёбад:

– бартарии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо максади афзун намудани ракобатпазирии иктисодиёти милли;

– шаффофият, бегарази ва баробарии субъектони фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хангоми дарёфти дастгирии давлати;

– самара ва натичабахшии иктисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва инноватсиони;

– рушди самтхои афзалиятноки тахкикоти илмии бунёди ва амали;

– бегарази ва мустакилии экспертизаи лоихаву барномахои илми ва (ё) илмию техники;

– хамгироии илм, маориф ва истехсолот;

– омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтхои афзалиятноки фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

– рушди хамкории илми ва (ё) илмию техники;

– хавасмандкуни ва фарохам овардани шароит барои иштироки сохибкорон дар рушди фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва инноватсиони.

Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

  1. Субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хукуки мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлати, хизмати ё тичорати мансуб мебошанд.
  2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника ва макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар сохаи илму техника, ки чамъовари, бакайдгирии давлати, коркарди тахлили, нигохдори ва ба истифодабарандагон расонидани ахбороти илми ва техникиро амали менамоянд, таъмин мекунанд.
  3. Давлат ба субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дастрас намудани иттилооти мазкур ва хукуки ба даст овардани онро кафолат дода, хукуки ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар сохаи илму техника таъмин менамояд.
  4. Дар сурати бархам додани ташкилотхои илмии давлати, ки дар онхо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии  илми ва  (ё) илмию техники амал мекунанд, макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника ва макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники хифзи махзани маълумот ва заминаи иттилоти, тахвили онхоро бо тартиби мукарраршуда таъмин менамояд.

Моддаи 27. Маблаггузории фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

  1. Бо максади таъмин намудани кафолатхои дахлдори хукуки ва шароити моддии рушди илм хамасола дар доираи имкониятхои вокеии молиявии бучети давлати маблаггузории давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники анчом дода мешавад.
  2. Маблаггузории  фаъолияти илми ва (ё) илмию техники инчунин  аз хисоби маблаги бучетхои махалли, фондхои илми, ташкилотхои илми, сарчашмахои дигари манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  3. Шартнома оид ба татбики лоихаву барномахои илми ва (ё) илмию техники байни субъектхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника ё макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники барои тамоми мухлати амалисозии онхо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонида мешавад.

Моддаи 28. Махдудкунии баъзе намудхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад:

– тартиби анчом додани тахкикоти илми ва истифодаи натичахои илми ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Чумхурии Точикистон, саломатии шахрвандон, мухити зист тахдид карда метавонанд, мукаррар кунад;

– дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки истифодаи баъзе натичахои илми ва (ё) илмию техникиро бо рохи чори намудани низоми махфият нисбат ба онхо ва назорати ичрои он махдуд кунад;

– талаботи сертификатсиони ва метрологиро нисбат ба баъзе намудхои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники чори намояд.

Моддаи 29. Натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

  1. Ба натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мансубанд:

– донишхои наве, ки ба таври назарияви ё озмоиши ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар хар шакл изхор шудаанд ва ё дар хар гуна хомилхои моддии иттилооти сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фарохам меоранд;

– намунаву чараёнхои озмоиши (лаборатори), ки дар асоси донишхои нав таъсис дода шудаанд, инчунин хуччатгузори ба объекту чараёнхои мазкур.

  1. Натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии корманди илми (мухаккик) ва ташкилоти илми нихои, фосилави ва иловаги буда метавонанд.
  2. Ба натичахои нихоии  фаъолияти илми ва (ё) илмию техники донишхо ва (ё) объектхое дохил мешаванд, ки хамчун натичаи тадкикоти илмии бо шартнома ё супориши техники пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
  3. Ба натичахои фосилавии  фаъолияти илми ва (ё) илмию техники донишхо ва (ё) объектхое дохил мешаванд, ки дар чараёни анчом додани тадкикоти илми ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техники пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
  4. Ба натичахои иловагии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники донишхо ва (ё) объектхое дохил мешаванд, ки дар чараён ё дар натичаи анчом додани тахкикоти илми ва (ё) илмию техники тибки  шартнома ё супориши техники таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин хуччатхо пешбини нашудаанд ва танхо бо максадхое истифода бурда мешаванд, ки аз максадхои дар шартнома ё супориши хизмати кайдгардида фарк мекунанд.

Моддаи 30. Арзёбии натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

  1. Арзёбии натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо максади мукоисаи бегаразонаи хачми захирахои сарфшудаи молияви, модди, зехни ва захирахои дигар, муайян намудани натичабахшии илми ва амалии (иктисоди, ичтимои, экологи, мудофиави) тахкикоти ичрошудаи бунёди ва амалии илми ва (ё) илмию техники амали мегардад. Арзёбии натичаи самтхои илми ва (ё) илмию техники хангоми муайян намудани ояндадор будани онхо, кабул намудани карор оид ба давом додан ё катъ намудани маблаггузори, тафрикаи андозаи фонди музди мехнат, инчунин аттестатсияи кормандони илми ва (ё) илмию техникии тахассуси оли истифода мешаванд.
  2. Натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз руи меъёрхои навгони, ахамияти онхо барои илм ва амалия, бегарази ва исботшавандаги арзёби мегарданд. Арзёбии натичаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Хангоми кабул намудани натичаи корхои ичрошудаи илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва тачрибавию технологи макоми ваколатдори давлати дар сохаи илм ва (ё) илму техника ва макомоти ваколатдори сохави оид ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техники арзёбии натичахои фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.

Моддаи 31. Экспертизаи илми ва (ё) илмию техники

Экспертизаи илми ва (ё) илмию техники тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи илми ва илми-техники» анчом дода мешавад.

 

БОБИ 7.

ХИФЗИ ИЧТИМОИ ВА ХАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМИ (МУХАККИК)

Моддаи 32. Хифзи ичтимоии корманди илми (мухаккик)

  1. Музди мехнати корманди илми (мухаккик) – и ташкилотхои давлатии илми ва муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ки фармоиши давлатиро оид ба анчом додани тахкикоти илми аз хисоби бучети давлати ичро менамоянд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохт мешавад.
  2. Таъмини нафака ва таъминоти ичтимоии корманди илми (мухаккик) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Давлат барои корманди илми (мухаккик) шароит мухайё карда, макоми сазоворро барои он кафолат медихад ва бо роххои зайл химоя менамояд:

– барои корманди илмие (мухаккик), ки дорои дарачаи илми мебошад ва дар муассисахои давлати, ташкилотхои илми ва (ё) илмию техники, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзхо оид ба иловапулиро барои дарачаи илми нигох медорад;

– ба корманди илми (мухаккик), ки дар муассисаи давлати фаъолият менамояд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон рухсатии мехнатии асосии харсолаи дарозкардашударо пешниход мекунад;

– имтиёзхои дигарро, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд.

 Моддаи 33. Хавасмандгардонии корманди илми (мухаккик)

  1. Бо  максади  хавасмандгардони  корманди  илми      (мухаккик) – е, ки ба рушди илму техника сахм гузоштааст, метавонад:

– барои гирифтани чоизаи давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи илму техника пешниход карда шавад;

– барои гирифтани мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати, пешниход карда шавад;

– барои гирифтани мукофотхои хамасола барои тахкикоту корхои бехтарини илми, дастовардхои барчаста дар сохаи илм пешниход карда шавад.

  1. Ба корманди илми (мухаккик) ташкилоти илмии давлати бо максади омодасози, бозомузи ва тачрибаомузи дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, марказхои илми ва озмоишгоххои пешкадам, аз чумла ташкилотхои илмии хоричи то муддати як сол рухсати пешниход карда мешавад. Хамзамон, чойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигохдории музди мехнат нигох дошта мешавад.

БОБИ 8.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 34. Хамкории байналмилали дар сохаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники

Хамкории байналмилали дар сохаи фаъолияти  илми ва (ё) илмию техники тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 35. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон     «Дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, к.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор  сокит  дониста шавад.

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                 Эмомали Рахмон

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1197

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …