Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2003, №8, мод.455; соли 2008 №12,  кисми 2, мод.1013, КЧТ аз 22.07.2013с. №1008)

Мачлиси намояндагон кабул намуд – 21 майи соли 2003

Мачлиси милли чонибдори намуд – 16 июли соли 2003

Конуни мазкур асоси хукукии ташкил, хифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, муносибатхои чамъиятиро оид ба татбики амалии хукуку озодихои конститутсионии шахсони вокеи ва хукуки дар мавридхои чустучу ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонахо, барои  дастрасии озодона ба  комёбихои илми ва фархангии чахонию милли танзим менамояд. (КЧТ аз 31.12.08с №479).

kitobdori

  БОБИ I.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода мегарданд:

– китобхона – муассисаи иттилооти, фарханги ва омузишии дорои фонди муташаккили хуччатхо, ки онхоро барои истифодаи муваккати ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасонихои дигари китобдориро ба анчом мерасонад;

– китобхонаи дастраси умум – китобхонае, ки ба шахрвандон ва шахсони хукуки катъи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ва шаклхои моликияташон имконияти  истифодабари аз фонди китобхона  ва хизматрасонии китобдориро фарохам меоварад; (КЧТ аз 22.07.13с №1008).

– фаъолияти китобдори – сохаи фаъолияти иттилооти, ичтимоию фарханги ва омузишие мебошад, ки ба ваколатхои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонахо, ташкилу такмили фондхои онхо, ба рох мондани хизматрасонии китобдори, иттилооти, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонахо, таёр намудан, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандони сохаи китобдори ва таъминоти илмию методии рушди китобхонахо дохил мешаванд;

– хуччат – объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарч гардида, бо максади хифзу мавриди истифодаи умум карор додан ва барои ба замону макон тахвил намудан таъин гардидааст;

– нусхаи хатмии хуччатхо – нусхахои хуччатхои гуногуне, ки бояд аз тарафи тахиягарон ба муассиса ва дигар ташкилотхои дахлдор ба микдори мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон супорида шаванд;

– истифодабарандаи китобхона – шахси вокеи ё хукукие, ки аз хизматрасонии китобхона истифода мебарад;

– системаи марказонидашудаи китобхонахо – муттахид кардани китобхонахо дар вохиди томи сохтори, ки дар асоси фонди умуми ва ягонагии ташкилию техники фаъолият менамояд;

– муассиси китобхона макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки; (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

– фонди китобхона – мачмуи хуччатхои дорои мундарича, таъинот ва мохияти гуногун, ки чамъовари, бахисобгири, коркард, фехристнигори, хифз ва истифодаашон бо максади хизматрасонии китобдори хатми мебошад;
– китобхои нодир – китобхои дастнавис, литографи ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию модди буда, ахамияти хоси таърихи, илми, фарханги доранд ва нисбат ба онхо речаи махсуси чамъовари, бахисобгири, коркард, фехристнигори, хифз ва истифода мукаррар шудааст. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти китобдори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти китобдори ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.(КЧТ аз 29.12.10с №679)

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

Амали Конуни мазкур ба китобхонахое, ки аз хисоби бучети давлати ва ё бучетхои махалли пурра ва ё кисман маблаггузори мегарданд, пахн шуда, дар  бобати танзими масъалахои хифз ва истифодабарии фондхои китобхонахо чун чузъи мероси таърихию фархангии халки точик, нисбат ба хама гуна китобхонахо, сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ва шаклхои моликияташон амал мекунад. (КЧТ аз 31.12.08с №479).

 

Моддаи 4. Намудхои асосии китобхонахо

Макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки ба таъсис додани китобхонахо хукук доранд.

Тибки тартиби таъсисдихи ва шаклхои моликият намудхои зерини китобхонахо мавчуданд:

1) китобхонахои давлати, ки аз чониби макомоти  давлати таъсис дода мешаванд, аз он чумла:

– Китобхонаи милли;

– китобхонаи чумхурияви;

– китобхонахои вазорату идорахо ва ди-ар макомоти давлати;

2) китобхонахои вилоятй, шахри, нохнявй, ки аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлатитаъсис дода мешаванд;

3) китобхонахои  шахрак  ва  дехот,   ки  аз  чониби  макомоти худидоракунии шахрак ва дехот таъсис дода мешаванд;

4) китобхонахои Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, академияхои сохави, пажухишгоххои илмию тахкикотй, муассисахои таълими;

5) китобхонахои  корхонахо,  муассисихо  ва  дигар  ташкилотхо, новобаста аз шакли моликият;

6) китобхонахои иттиходияхои чамъияти;

7)китобхонахои хусуси;

8) китобхонахое, ки аз чониби шахсони вокеи ва хукукии хоричи, ннчунин ташкилотхои байналмилали, тибки шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон таъсис дода шудаанд. (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

 

БОБИ 2.

ХУКУКИ ШАХРВАНДОН ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

 

Моддаи 5. Хукук барои хизматрасонии китобдори

Хар шахрванд катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, сатхи тахсилот, холатхои чисмони ва равони ва молу мулк аз хукуки хизматрасонии китобхона бархурдор мебошад.

Ин хукук таъмин карда мешавад:

– бо рохи таъсис додани шабакаи давлатии китобхонахои дастраси умум, оммави, илми ва махсус;

– бо истифода аз намудхои гуногуни китобхонахо; (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

– бо танзими давлатии таъсиси китобхонахо аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, катъи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ва шаклхои моликият, тахассус ва доираи фаъолияташон.

Хукуки шахрвандон дар сохаи хизматрасонии китобдори нисбат ба хукуки дар хамин соха доштаи давлат ва хама гуна сохторхои он, иттиходияхои чамъияти, созмонхои дини, хизбхои сиёси ва дигар ташкилотхо афзалият дорад.

 

Моддаи 6. Хукук барои фаъолияти китобхонахо

Тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд дар каламрави Чумхурии Точикистон китобхонахо таъсис диханд.

Шахрвандон хукук доранд дар фаъолияти шурохои сарпарастон, истифодабарандагони китобхонахо ва ё дигар навъхои иттиходияхои хонандагон, ки бо мувофикаи рохбарони китобхонахо ва ё муассисони онхо созмон дода мешаванд, ширкат варзанд.

Кормандони китобхонахо хукук доранд бо максади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдори, муттахидии касби, хифзи хукукхои ичтимоию тахассусии худ ассотсиатсияхо созмон диханд.

Дар сурати аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи китобдори, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот чун хуччатхо ва коллексияхои дорои ахамияти махсус ва китобхои нодир сабт шудани моликияти хусусии шахрванд у хукук дорад, ки чихати хифз ва нигохдории онхо аз дастгирии давлат бархурдор бошад. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 7. Хукуки истифодабарандагони китобхонахо

Истифодабарандаи китобхона хукук дорад ба таври ройгон дар хама гуна китобхона тавассути кор кардан бо фехристхо оид ба мавчудияти хуччатхои мушаххас дар фондхои китобхона иттилоот ба даст оварад.

Дар китобхонахои дастраси умум шахрвандон хукук доранд:

-бо пешниходи хуччате, ки шахсиятро тасдик мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд;

-ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдори доир ба фондхои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд;

-ба таври ройгон чихати чустучу ва интихоби манбаъхои иттилоот ёрии машварати гиранд;

-ба таври ройгон ё бо музд аз фондхои китобхонахо ба мухлати тибки коидахои истифодаи китобхона мукарраргардида, барои истифодаи муваккати хама гуна хуччатро дастрас намоянд;

-тавассути абонементи байникитобхонави хуччатхо ва ё нусхахои онхоро аз китобхонахои дигар ба даст оваранд;

-аз дигар навъхои хизматрасони, аз чумла хизматрасонихои музднок, ки номгуи онхо аз тарафи Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.

Дар китобхонахои давлати, вилояти, шахри, нохияви, шахрак ва дехот истифодабарандагони китобхонахо хукук доранд аз хизматрасонии китобхонахо ва гирифтани хуччатхо бо забонхои точики, руси ва дигар забонхои дар каламрави чумхури амалкунанда бахравар гарданд.

Истифодабарандаи китобхона дар холати аз чониби корманди расмии китобхона махдуд кардани хукукхояш хукук дорад ба суд мурочиат намояд.

Истифодабарандагони китобхона, вобаста ба талабот ва шавку рагбати худ, аз хукуки интихоби озодонаи китобхона бархурдоранд. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 8. хукуки гуруххои махсуси истифодабарандагони китобхона

Маъюбон ба хизматрасонии китобдори ва гирифтани хуччат тавассути интиколдихандагони махсуси иттилоот аз китобхонахои махсус ва дигар китобхонахои дастраси умум хукук доранд.

Истифодабарандагоне, ки бо сабабхои кухансоли ва норасоии чисмони наметавонанд бевосита ба китобхона раванд, хукук доранд тавассути шаклхои хизматрасонии гоибона ва ё сайёр, ки маблаггузории он аз хисоби маблагхои бучетхои дахлдор ва маблагхои барномахои давлати таъмин карда мешавад, хуччатхои заруриро аз фондхои китобхонахои дастраси умум ба даст оваранд.

Истифодабарандагони хурдсол ва чавон ба хизматрасонии китобдори дар китобхонахои дастраси умум ва махсус, инчунин дар китобхонахои муассисахои таълими, тибки тартибе, ки дар оинномаи ин китобхонахо муайян шудааст, хукук доранд.

 

Моддаи 9. Чавобгарии истифодабарандагони китобхонахо

Истифодабарандагони китобхонахо вазифадоранд, ки коидахои истифодаи китобхонахоро риоя намоянд.

Истифодабарандагоне, ки коидахои истифодаи китобхонахоро риоя накарда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар хачми тибки коидахои истифодаи китобхонахо муайяннамуда чуброн карда, инчунин дар холатхои бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинигардида, ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

БОБИ 3.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ КИТОБХОНАХО

 

Моддаи 10. Муассиси китобхона

Муассиси китобхона фаъолияти онро маблаггузори карда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти онро назорат менамояд ва инчунин рохбари китобхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Муассиси китобхона хукук надорад, ба истиснои мавридхое, ки дар оинномаи китобхона ва конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, ба фаъолияти эчодии китобхона дахолат намояд.

 

Моддаи 11. Хукукхои китобхонахо

Китобхонахо хукук доранд:

– бо мувофикаи муассисон коидахои истифодабарии китобхонахоро тасдик намоянд;

– хангоми пешниход намудани нашрияхои нодир ва арзишнок, инчунин дигар холатхои дар мукаррароти коидахои истифодабарии китобхонахо дарчгардида маблаги кафолатро муайян намоянд;

– мутобики мукаррароти коидахои истифодаи китобхонахо намудхо ва андозахои чуброни зарари аз чониби истифодабарандагони китобхонахо расонидашударо муайян намоянд;

– ба максади васеъ намудани номгуи хизматрасонии истифодабарандагони китобхонахо ва рушди ичтимоию эчодии китобхонахо, дигар хизматрасониро анчом диханд, ба шарте, ки ба фаъолияти асосии онхо зарар нарасонад;

– дар асоси шартнома бо шахсони хукуки ва вокеи шартхои истифодабарии фондхои китобхонахоро муайян намоянд;

– барои шахрвандон хизматрасонии муздноки китобдори ташкил намоянд;

– истифодаи фондхои китобхонаро аз тарики ичора ба рох монанд;

– мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттиходияхои китобдориро таъсис диханд;

– дар асоси озмун ва дигар асосхо  барои амали гардонидани барномахои давлати ва минтакавии рушди фаъолияти китобдори, дар тахияи стандартхо ва меъёрхои китобдори иштирок намоянд; (КЧТ аз 31.12.08с №479).

– тибки тартиби мукарраршуда хамкорихоро бо китобхонахо ва дигар идораю муассисахои давлатхои хоричи, аз чумла ба рох мондани табодули байналмилалии китобхо, мувофики тартиби муайянгардида ба хайати ташкилотхои байналмилали шомил гардида,  барои амали гардонидани барномахои байналмилалии китобдори ва дигар барномахо ширкат варзанд; (КЧТ аз 31.12.08с №479).

– мустакилона манбаъхои пуррагардонии фондхои худро муайян намоянд;

– тибки тартиби хоричкунии хуччатхо, ки бо муассисони китобхонахо мувофика карда мешавад ва инчунин мутобики санадхои меъёрии хукуки хуччатхоро аз фондхои худ бароварда, ба фуруши музоядави гузоранд. Дар айни замон, китобхонахо сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ва шаклхои моликият хукук надоранд хуччатхои ба объектхои мероси таърихию фарханги тааллукдоштаро, ки низоми хифз ва истифодабарии онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда шудааст, аз хисоб бароварда ба фуруш расонанд; (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

– ба шабакахои гуногуни иттилооти, аз чумла умумичахони, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-хои электронии худро кушоянд. (КЧТ аз 29.12.10с №679)

Китобхонахо дар харидори кардани хуччатхое, ки тибки барномахои давлатии чопи китобхо интишор мегарданд, инчунин дар навбати аввал харидори кардани асноди китобхонахои бархам додашуда хукуки бартариятнок доранд.

 

Моддаи 12. Ухдадорихои китобхонахо

Дар фаъолияти худ китобхонахо баамалбарории хукукхои шахрвандонро, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонахо ба истифодабарандагон тибки оинномахои худ, коидахои истифодабарии китобхонахо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хизмат мерасонанд.

Китобхонахое (сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки ва шаклхои моликияташон), ки дар фондхои худ нашрияхои ахамияти махсусдошта ва коллексияхои ба объектхои мероси милли тааллукдоштаро доранд, барои сабти саривактии онхо дар фехристхои мачмуави ва бакайдгирии онхо хамчун падидаи мероси таърихию фарханги, инчунин барои ворид намудани онхо ба базаи автоматикунонидашудаи маълумот дар доираи барномахои давлатии хифз ва рушди фарханг масъул мебошанд.

Китобхонахо ухдадоранд, ки мувофики тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсисиашон дар назди муассисони худ ва макомоти давлатии омор хисобот диханд.

       Китобхонахои давлати ухдадоранд, ки тибки дархости истифодабарандагон ба онхо оид ба фаъолияти худ барои ташаккул ва истифодаи фондхояшон маълумот пешниход намоянд.
      Китобхонахо чамъовари, бахисобгири, коркард, фехристнигори, хифз ва истифодаи хуччатхоеро, ки ба таркиби фондхояшон дохиланд, таъмин менамоянд.
      Китобхонахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дигар ухдадорихоро низ амали намоянд. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 13. Макоми китобхонахо

Китобхонахои системаи марказонидашудаи давлати, вилояти, шахри ва нохияви аз лахзаи тибки тартиботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шуданашон макоми шахси хукукиро доро мегарданд.

Макоми китобхонахои дигар аз тарафи муассисони онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ КИТОБДОРИ

 

Моддаи 14. Сиёсати давлати дар сохаи китобдори

Асоси сиёсати давлатиро дар сохаи китобдори принсипи фарохам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишхои фархангие ташкил медихад, ки дар китобхонахо чамъ оварда, барои истифодаи умум пешниход карда мешаванд.

Давлат рушди хизматрасонии китобдории гуруххои ахолии аз чихати ичтимоию иктисодй камтар хифзшаванда (кудакон, чавонон, маъюбон, нафакахурон, гурезахо, бекорон, модарони серфарзанд, дехотиён, сокинони минтакахои баландкух ва махалхои ба онхо баробаркардашуда)-ро дастгирименамояд.

Макомоти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот хукук надоранд китобхонахоро ба бинохои ба талаботи хифзи мехнат, нигахдории фонд ва хизматрасониашон номувофик кучонанд, кароре кабул купанд ё амалеро ичро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонахои аз бучет маблаггузоришаванда гардад. Аз руи чунин карорхои макомоти мазкур ва амалхои шахсони мансабдори онхо, ки манфиатхои конунии истифодабарандагони китобхонахоро махдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 15.Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи китобдори

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи китобдори:

–  сиёсати давлатиро дар сохаи китобдори муайян менамояд;

–  барномахои давлатии рушди сохаи китобдориро тасдик мекунад;

–  макомоти ваколатдори давлатиро дар сохаи китобдорй муайян менамояд;

–  маблаггузории давлатии сохаи китобдориро таъмин мекунад;

–  дигар ваколатхоро дар сохаи китобдори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардонад;

– таъсис ва маблаггузории муассисахои таълими оид ба тайёр намудан, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандони сохаи китобдориро ба рох мемонад;
– стандартхои давлатии китобдориро муайян ва ташкили низоми таъминоти иттилоотии фаъолияти китобдориро таъмин менамояд; (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 151. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи китобдори

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи китобдори:

–барномахои давлатии рушди сохаи китобдориро тахия ва барои тасдик ба ХукуматиЧумхурии Точикистон пешниход менамояд;

– нигахдории фонди мавчудаи китобхонахоро назорат ва ба ганитар шудани он мусоидат мекунад;

– ба тахкикоти илми ва таъминоти методии фаъолияти китобдоримусоидат менамоад;

– бахисобгирии давлатии омории китобхонахоро амали мегардонад;

– хамкори ва хамохангсозии фаъолияти китобхонахоро, новобаста аз шакли ташкилию хукукива моликияташон, ба рох мемонад;

– бакайдгирива назорати риояи низоми нигахдорива истифодаи фонди китобхонахоеро, ки хамчун мероси таърихию фарханги эътироф шудаанд, анчом медикад;

– тайёр кардан, бозомузи, такмили ихтисос ва бо кор таъмин намудани кормандони сохаи китобдориро амали месозад; (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

–  дигар ваколатхоро дар сохаи китобдори, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ нашудаанд, амали менамояд.

 

Моддаи 152. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи китобдори

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи китобдорй:

– фаъолияти китобдориро дар худуди шахр, нохия, шахрак ва дехот ба рох мемонанд;

– хамохангсозим робитахои байниминтакави ва байниидоравии хизматрасонии иттилооотию китобдорй, аз чумла, иттилоотонии чомеаро ташкил менамоянд;

– хукуки шахрвандонро ба дастрасии китобхонахо ва хизматрасонии китобдори таъмин менамоянд;

– маблаггузории саривактии китобхонахоро барои тахкими базаи моддию техникии онхо, харидории адабиёти нав ва дигар маводхои иттилооти анчом медиханд;

– дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи китобдори амали мегардонанд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот метавонанд тавассути дастгирии модди китобхонахои гайридавлатиро, ки ба ахоли ройгон хизмат мерасонанд, хавасманд намоянд. (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

 

БОБИ 5.

ШАРОИТХОИ МАХСУСИ ХИФЗ ВА ИСТИФОДАИ

МЕРОСИ МИЛЛИ ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

 

Моддаи 16. Фондхои китобхонахо хамчун объекти мероси милли

Фондхои китобхонахо, ки дар асоси тартиби нусхаи хатмии хуччатхо таъмин карда шуда, инчунин нигохдорандаи хуччатхои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси милли хисобида мешаванд ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд хамчун объектхои мероси таърихию фарханги эълон карда шаванд.

Фонди китобхонахое, ки ба объектхои мероси таърихию фарханги тааллук дорад, тахти низоми махсуси хифзу нигахдори ва истифодабари карор дошта, ба хоричи кишвар баровардан, нусхабардори, чопи электрони ва интиколи матни онхо тавассути шабакахои иттилооти ва дигар воситахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешавад. (КЧТ аз 29.120.10с №679)

Дар холате, ки агар китобхона барои хифзу дастраси умум гардонидани фонди ба объектхои таърихию фарханги тааллукдошта шароитхои заруриро фарохам оварда натавонад, фонд аз таркиби он хорич карда шуда, бо  карори молики он ва пешниходоти макоми ваколатдори давлати дар сохаи китобдори ба таркиби китобхонаи дигар дода мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с №679).

Китобхои нодир бахши махсусан пурарзиши фонди китобхона буда, ба китобхои ягонаи нодир ва коллексияхои китобхои нодир, ки мачмуи хуччатхо ба хисоб мераванд, таксим мешавад. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 17. Китобхона хамчун чузъи мероси таърихию фарханги

Фонди китобхонахое, ки    бо тартиби мукарраршуда объектхои мероси таърихию фарханги дониста шудаанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги нигахдорива химоя карда мешаванд.

Китобхонахое, ки макоми онхо тибки кисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, хукук доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи хатмии маводхои чопии дар худуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Чумхурии Точикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд. (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

 

Моддаи 18. Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон

Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси фархангии халкхои Чумхурии Точикистон ба хисоб рафта, тахти низоми махсуси хифзу истифодабари карор дорад.

Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон муассисаи давлатии фарханги, нигохдорандаи миллии хуччатхо ва бойгонии матбуоти милли, маркази ахамияти чумхуриявидоштаи илмию тадкикоти, илмию иттилооти ва фарханги мебошад, ки аз лихози вазифахои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои хамин шакли китобхонахо мутобикат менамояд.

Вазифахои асосии Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон аз инхо иборат мебошад: (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

– ташкил, хифз, коркарди илми, фехристнигори ва таъмини нигохдории вокеии мачмуаи нисбатан пурраи хуччатхои ватани ва хоричие, ки ахамияти илми доранд;

– таъмини ташкил кардани фонди китобхо ва дигар хуччатхое, ки ба забони точики дар худуди Точикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияхое, ки новобаста ба чои чопашон доир ба Точикистон мебошанд;

– иштирок дар тахия ва татбики барномахои давлатии рушди фаъолияти китобдори, ки чузъи чудонопазири мероси фархангии халкхои Чумхурии Точикистон мебошад;

– анчом додани корхои илмию тадкикоти дар сохаи китобхонашиноси, библиографияшиноси, китобшиноси, фаъолияти иттилооти ва дигар илмхои вобаста ба он;

– идораи умуми ва батанзимдарории фаъолияти китобхонахо бо максади таъмини назорат доир ба амали намудани сиёсати ягонаи давлати оид ба фаъолияти китобдори;

– хамохангсози ва муттахидгардонии фаъолияти хама намудхои китобхонахо дар Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 31.12.08с №479).

– ташаккул ва созмондихии хукуки истифодаи бонкхои иттилооти ва ширкат дар ташкили шабакахои иттилоотию китобдории компютери;

– хизматрасонии китобдори, библиографи ва иттилоотии истифодабарандагони китобхона;

– ба рох мондани фаъолияти тахририю интишори ва иттилоотию рекламави;

– хамкори бо китобхонахои кишвархои хоричи ва ассотсиатсияхои китобдорию иттилооти;

– харид, чамъовари, хифз ва тадкикоти мероси хатти;

– иштирок дар ташаккули сиёсати давлати дар сохаи фаъолияти китобдори;

– ба рох мондани хамкоридар сохаи китобдорй бо чамъиятхои точикон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд;

– ташкили маркази татбики технологияи нави китобдори бо максади тайёр намудан, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандон; 
– ташкили китобхонаи электрони;
– таъмини дастрасии китобхонаи электрони барои истифодабарандагон ва дигар китобхонахо;
– таъмини бехатарии техники, амнияти истифода ва хизматрасонии китобхонаи электрони. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон метавонад тибки конунгузории Чумхурии Точикистон истифодаи муздноки китобхонаи электрониро ба рох монда, маблаги бадастомадаро барои такмили низоми электронии чамъовари, бахисобгири, коркард, фехристнигори, хифз ва истифодаи хуччатхои он истифода барад. (КЧТ аз 22.07.13с №1008)

 

БОБИ 6.

ТАШКИЛИ ХАМКОРИХОИ МУТАКОБИЛАИ КИТОБХОНАХО

 

Моддаи 19. Китобхонахои маркази

Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятшхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар макоми китобхонаи марказиро диханд. Вазифаи китобхонаи марказиро инхо амалименамоянд:

– дар вилоят – китобхонаи марказии вилояти;

– дар шахр – китобхонаи марказии шахри;

– дар нохия – китобхонаи марказии нохияви. (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

Китобхонаи маркази вазифадор аст, ки дар худуди барои хизматрасони фарогирифтаи худ мачмуи нисбатан умумии хуччатхоро ташкил намояд, хифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниход намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон дихад ва ба китобхонахо ёрии методи расонад.

Тибки тартиби мукарраргардида вазифахои китобхонахои марказиро байни якчанд китобхонахо таксим кардан имконпазир аст. Дар ин холат харочоти онхо вобаста ба хачми фаъолияташон аз хисоби бучети махалли маблаггузори карда мешавад. (КЧ Т аз 29.12.10с №679)

 

Моддаи 20. Хамкории мутакобилаи китобхонахо бо макомоти иттилоотии илмию техники ва бойгонихо

Бо максади таъмини истифодаи самарабахши захирахои иттилоотии давлати, китобхонахо бо макомоти иттилоотии илмию техники, бойгонихо, дигар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки маркази иттилоотии маълумоти дарачахои гуногун доранд, хамкори менамоянд.

Тартиби хамкории мутакобила тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва инчунин шартномахои миёни ин муассисахою ташкилотхо басташуда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 7. ТАНЗИМИ ХУКУКИ ДАР СОХАИ  ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРИ

 

Моддаи 21. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии китобхонахо

Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии китобхонахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Молу мулки китобхонахо

Китобхонахо дар асоси хукуки идораи оперативи дорои молу мулки ба онхо вобаста кардашуда мебошанд, ки аз онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода ва ихтиёрдори менамоянд.(КЧТ аз 29.12.10с №679)

Китобхонахои давлати ва дигар китобхонахои дастраси умум барои бехтар намудани хизматрасонии китобдори ба ахоли хукуки ройгон истифодабарии китъахои замин ва бинохои истехсолиро доранд.

Тартиби истифодабарии воситахои молиявии китобхона тибки оинномаи он танзим карда мешавад.

 

БОБИ 8.

ХИФЗИ ИЧТИМОИИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА

 

Моддаи 23. Химояи ичтимоии кормандони китобхонахо

Хифзи ичтимоии кормандони китобхонахо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9.

ХАМКОРИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

 

Моддаи 24. Хукук барои хамкорихои байналмилали

Китобхонахои Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар хамкорихои байналмилалии сохаи фаъолияти китобдори, библиографи, иттилоотони ширкат варзида, оид ба масъалахои марбут ба китобхонахо дар чаласа ва конференсияхои байналмилали иштирок менамоянд.

Китобхонахои Чумхурии Точикистон хукук доранд ба таркиби созмонхои фархангии байналмилали шомил гардида, дар татбики барномахои байналмилалии китобдори ва дигар барномахо ширкат намоянд.

 

Моддаи 25. Хукуки аз фондхои китобхонахо ба хоричи Чумхурии Точикистон

баровардани хуччатхо

Баровардани хуччатхо аз фондхои китобхонахои Чумхурии Точикистон ба хоричи кишвар мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с №479).

 

Боби 10. МУКАРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

   Моддаи 251.Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки мукаррароти Конуни мазкурро риоя намекунад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                       Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе 

1 августи соли 2003

        №32

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …