Главная / Илм / ФАРОШТУРУК дар Канзи Шифо (Китоб)

ФАРОШТУРУК дар Канзи Шифо (Китоб)

faroshturuk-660x330Фароштурук — парандаи маълум аст. Мизочи гушташ дар миёнаи дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: гушташро кабоб карда бихуранд, гиреххои узвхои баданро мекушояд, зардпарвин ва беморихои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезонад. 4,5 грамм гушти хушки онро куфта бихуранд, куввати чашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гушти намакини хушкашро бихуранд, дарди гулуро, ки сабабаш чамъ шудани хун дар мавзеъи халк бошад, шифо мебахшад. Агар инро сухта, хокистарашро бо об даромехта, бо он об гаргара кунанд, барои дарди гулуи мазкур даво мебошад ва хамаи беморихои гадудхои бодомшакли халкро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро бо асал даромехта, ё сухтаи онро бо асал даромехта, бардавом ба ком бимоланд, низ хамин таъсирро дорад.

Бачаашро сухта, соида, бо хунаш сиришта, ба чашм бимоланд, куввати биноии чашмро меафзояд.

Магзи сарашро бо асал сиришта ё саргинаш ва ё хокистари онро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, ба гавхараки чашм фуромадани обро, ки дар ибтидо бошад, шифо мебахшад; кутури чашм, сурхии он ва нохунаки чашмро шифо мешавад. Хамчунин хуни гармогарми он ва саргинаш багоят поккунанда мебошад, барои некуии ранги рухсор ва дафъ кардани доги сафеди пуст хеле давои хубест, инчунин пустро аз догхои дигар пок мегардонад. Агар бо захраи гов даромехта бимоланд, муйи сиёхро сафед менамояд.

Чун чанд руз хар руз 4,5 грамм хокистари ошёни фароштурукро занхо бихуранд, душвории зоиданро осон мекунад. Захраи онро дар бини чаконанд, муйи сар ва ришро сиёх мекунад. Чашмхои онро бо равгани занбак (савсани сафед) ё равгани савсани кухи даромехта, ба нофи занон бимоланд, душвории зоиданро осон мегардонад.

Фароштурук дар як сол ду бор бача меоварад. Агар шиками бачаи якум баровардаи онро чок кунанд, сангреза аз он зохир мегардад: яке якранг ва дигаре гуногунранг. Сангрезаи якранги онро дар пусти гусола, ки дар вакти зоида шуданаш бадани он ба замин нарасида бошад, дар даст муаллак бардошта сарашро бибурранду пусташро чудо карда бигиранд ва дар он пуст он сангрезаро баста, дар гардан ва бозуи гирифтори иллати саръ (припадка) банданд, аз он иллат начот меёбад. Ва санги гуногунранги мазкурро дар харири сафед печонида, бо худ нигох доранд, мартабаи баланд ва бениёзиро сохиб мегарданд.

Ба кавле чун бачаи онро бо заъфарон ва дигар ранг зардранг кунанд, ки дар вакти ранг кардан модар ва падари у набинанд, барои дафъи зардии ранги бачаи худ санги зардпарвинро ба ошёнаш меоваранд. Он санг барои иллати зардпарвин дору мебошад.

Чун сари фароштуруки нар ва мода — хардуро бо оташ сухта, дар шароби мардуме, ки шароб мехуранд, андозанд, он шароб маст намекунад.

Тайёр кардани равгани занбак ин тавр аст. Гулхои савсани сафедро дар зарфе, ки дар он равгани кунчиди тоза ё равгани зайтун рехта бошанд, пур карда, ба офтоб мегузоранд. Баъд аз як хафта ранги гул мепарад, он гулро фишурда дафъ карда, аз гули нав пур менамоянд. Хамин тавр то чор-панч мартаба гулро иваз мекунанд. Баъд гулро фишурда дур мегардонанд — ин равгани занбак аст. Занбак — савсани сафедро мегуянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …