Главная / Гуногун / ФАРОНСА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ФАРОНСА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Вазъи баьдичангии иктисодиёти Фаронса. Чанг бо Пруссия барои Фаронса нихоят гарон афтод. Мамлакат хароб шуд. Садхо шахру дехахо корхонахои саноатй, бандархо, муассисахои маданй ва гайра ба хок яксон шуданд. Истехсоли мол чандин маротиба кам шуд. Зарари умумии истехсолии пашм аз 15 млрд франкро ташкил кард. Ба замми ин мамлакат бояд ба Пруссия ба маблаги 5 млрд франк товони чанг медод. Ин маблагро давлат мачбур буд, ки аз халк тавассути вомбарг карз бигирад.

Пруссия аз Фаронса вилоятхои аз маъдану ангишт бойи шарки – Элзас ва Лотарингияро кашида гирифт. Ин кор яку якбора Фаронсаро ба мамлакати ашёи ками табиидошта табдил дод. Ва мачбур шуд, ки ангиштро аз давлатхои дигар харида худро таъмнн кунад. Дар аввали хамин давра ба Фаронса лозим омад, ки оханро хам аз хорича бихарад

Дар масъалаи манбаи энергетики ахволи Фаронса бад буд. Бе он иктисодиёти мамлакат тараккй карда наметавонист. Давлатхои дигари сармоядорй дар ин бобат аз Фаронса хеле пеш гузашта буданд.

Сохибкоронн Фаронса асосаи корхонахои хурду миёна месохтанд. Барои хамин моли истехсолкардаи онхо кимат меафтид. Ба чунин мол Фаронса дигар бо мамлакатхои пуркуввати саноатй ракобат карда наметавонист. Фаронса мавкееро, ки дар миёнаи асри XIX дошт, охиста-охиста аз даст дод. Он вакт аз руи истехсолоти саноатй Фаронса баьд аз Англия дар чои дуюм меистод, вале то охири асри XIX ба чои чорум фаромад.

 Аз миёнаи солхои 90-ум cap карда болорзвин саноатии Фаронса аз нав огоз ёфт. Дар солхои 1900-ум истехсоли маъдаии охан 5.4 миллион тоннаро ташкил кард, соли 1913 бошад, истехсоли он то ба 22 миллион тонна Расид. Сохахои дигари саноат хам ру ба тараккй ниходанд. Саноати электротехники, автомобили, химиявй ва тачхизоти кинематографй ба муваффакияти калон ноил шуд. Аз руи истехсоли автомобил Фаронса дар чахон ба чои дуюм баромад.

Сарфи назар аз нотавонии саноат рафти марказонидани истехсолот ва ташкилсбии итгиходияхои инхисории Фаронеа вусьат меёбад. Ин раванд. пеш аз хама, дар он сохахое, ки дар ин вакт ру ба тараккй буданд, ба назар мерасид. Сохахои алохида кариб бо пуррагй дар дасти ин ва ё он инхнеор буданд. Саноати маъданкоркунй асосан дар дасти ду инхисори пуриктидор буд – “Комите де Форж” ва “Шнейдер – Крезе”. Дар саноати ангишт консернхои “Кюлман” ва “Сен-Гобен”, дар саноати автомобилбарорй ширкатхои “Рено” ва “Пежо”, дар кинематог рафия “Пате-Синема” ва гайрахо хукмронй мекарданд.

Дар Фаронса инхисорхои калон бе банкхо вучуд дошта наметавонистанд ва баръакс. Бинобар ин дар байни онхо аллакай хамкорй баркарор гардид.

Ба марказонидани истехсолот ва ба вучуд омадани ширкатхои инхисори нигох накарда Фаронеа аз давлатхои пуриктидори сармоядорй хеле акиб мемонд. Мо инро дар содироти молии он хам дида метавонем. Дар ин бобат дар чои якум пашм, дар чои дуюм газвор, дар чои сеюм абрешим, дар чои чорум шароб, дар чои хаштум маснуоти химиявй ва танхо дар чои дахум автомобил меистод. Аз руи суръати марказонидани истехсолот Фаронеа аз ИМА. Германия ва Англия акиб мемонд.

Мохняти империализми Фаронса. Сохибкорони Фаронса сармояи банкиро дар саноат нагузошта, бештар ба хоричи кишвар мебароварданд. Давлатхои дигари империалистаи, аз он чумла, Англия, ИМА ва Германия бошанд, ба хорича хам мол мебароварданду хам сармоя. Ин мамлакатхо ба хорича пулро бештар барои он мебароварданд, ки корхонахоро дар наздикии бозорхо сохта, аз истехсоли моли онхо даромади бештар бигиранд. Фаронса бошад, дар тичорати хоричй бештар ба судхури машгул буд. Сармоядорони Фаронса ва худи давлат хам ба давлатхои хоричй пул карз дода, аз онхо фоизи баланд меситониданд. Бо хамин максад маблаги умумии сармояи ба хорича баровардаи Фаронса то соли 1914 зиёда аз 60 млрд франкро ташкил кард. Ин маблаг иисбат ба соли 1890 кариб се баробар зиёд аст.

Барой даромади калон гирифтан Англия сармояашро асосан ба мустамликахояш мебаровард. Вале Фаронса бошад, ба мустамликахои худ нихоят кам пул сарф мекард. Дар ибтидои асри XX аз 35 млрд франки содиркардааш танхо 3 миллиардашро дар мустамликахо маблаггузорй карда буд, ки он аз 10 фоизи ин маблаг камтар аст.

Фаронса сармояро ба хорича дар шакли вомбарги давлатй хам мебаровард, ки он фоизи калони даромади судхурй медод. Дар солхои 1909 1913 сармояи судхурии солонаи Фаронса тахминан 1 млрд 800 млн франкро ташкил кардааст.

Судхури ба сармоядорон даромади калон медод, вале барои давлатй Фаронса он дар рохи тараккиёти куввахои истехсолкунандаи мамлакат монеаи бузург буд. Судхурй Фаронсаро дар холати нимсаноатию нимкишоварзй нигох медошт.

Сохти сиёсин Фаронса. Баъди шикасти Коммунаи Париж Мачлиси Милли худро Мачлиси Муассисон номида, фаъолияташро давом дод. Тарафдорони сохти шохии мамлакат тавассуги парламент дар Фаронса мутлакиятро баркарор карданй буданд, вале ба онхо ин кор муяссар нашуд. Сарвазир Тиер нагз мефахмид, ки баркарор карданй хокимияти мутлака норозигии мардумро ба вучуд хохад овард. Барои хамин дар мавкеи махфуз доштани сохти чумхурияти истод, харчанд дар сохта чумхуриятй на хама тарафхояш ба у маъкул буд. Махз бо хамин сабаб Тиер озодии матбуотро махдуд кард ва Горди Миллиро бархам дод.

Дар интихоботи иловагии солхои 1872-1873 чумхуриятхохон галаба карданд. Онхо аз 150 ваколатномаи вакили 128-гояшро ба даст дароварданд.

Мутлакиятхохони Фаронса бо рохи осоишта орзуи худро амалй карда натавонистанд. Барой хамин ба табаддулоти давлати тайерй диданд. Онхо ният доштанд, ки ба тахти шохии Фаронса граф Шамборро бо унвони Генрихи V шинонида, граф Парижскийро меросхури точу тахти шох зълон кунанд. Мохи октябри соли 1873 бо сардории граф Шамбор бояд табаддулоти давлати ба амал меомад, вале аз он ахди чомеаи чумхуриятхох бохабар шуда, пеши рохашро гирифт. Табаддулогчиён аз халк сахт тарсиданд. Граф Шамбор аз рохбарй ба табаддулот даст кашид.

Хайати Мачлиси Милли, ки кисми зиёдаш мутлакиятхох буд, мустакилиятро дар Фаронса аз нав баркарор карда натавонист. Барой хамин мачбур шуд, ки ба чонибдории чумхурй овоз дихад. Хамин тарик 30 январи соли 1875 Фаронса чумхурй эълон гардид. Худи хамон сод Конститутсияи Чумхурии Фаронса кабул карда шуд. Дар аввал сохти чумхуриятии Фаронса махдудиятхои зиёд доишт. Вале охиста-охиста дар онхо системаи сиёсии бисёрхизби ташаккул ёфт ва ин давлат то аввали асри XX пурра бо рохи чумхуриятй дохил гардид.

Сиёсати хоричии Фаронса. Сарфи назар аз камкувватии худ империализми Фаронса барои забт кардани мустамликахо неруманд буд. Чангхои мустамликазабткунии Фаронса, ки дар зарфи зиёда аз 20 сол кам шуда буданд, аз огози солхои 90-ум аз нав кувват гирифтанд. Ин вакт Фаронса аввал Гвинеяю Дагомея ва баъд дар Сахрои Кабири Африка Тимбуктуро забт кард. Дар ин давра Фаронса протекторати худро бар Чанубу Шаркии Осиё хам чорй намуд.

Соли 1898 дар чанг бо Судон Фаронса ба ракобати сахти Англия дучор шуд. Ин ракобат кариб буд, ки ба чанги байни онхо оварда расонад.

Мохи апрели соли 1904 Фаронса бо Англия Созишномаи “Антанта”-ро имзо гузошт. Баъди ин он бар зидди Германияву Италия ва Австро-Венгрия ба чанг тайёрй дидан гирифт. Дар Доираи ин паймон Фаронса бо Русия низ созишнома баст. ‘Антанта” ба Фаронса имконият дод, ки Марокашро забт кунад, яъне Англия ба Фаронса дар кори ишгол кардани ин давлат монеъ нашуд.

Соли 1910 хукумати Фаронса барномаи бузурги сохтмони флоти харби-бахрии худро кабул кард. Барой хубтар амалй кардани ин барнома ба вазифаи вазири флоти бахри Дилкассе таъйин гардид. Ин адмирал бо сиёсати зиддигерманиявии худ машхур буд ва кори харбии бахриро хеле хуб медонист. Бе иштироки фаъолонаи у дар лашкар ислохот хам гузаронида шуд.

То ин вакт Фаронса яке аз мамлакатхои калонтарини мустамликадори чахон буд. Вай на танхо мустамликахояшро аз даст додан намехост, балки ният дошт аз хисоби ишгол кардани мустамликахои нав худудхои империям Фаронсаро боз хам васеътар кунад. Барои пиёда намудани хамин ният Фаронса ба чанги дар пешистода босуръат тайёрй медид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …