Главная / Гуногун / ФАЙЗИ БОЗСОЗИ

ФАЙЗИ БОЗСОЗИ

ОТАШДИЛ

Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхони зуд–зуд ба завод меомад. Кори дастгохи пармагари ба у маъгул ва либоси равганолуди коргарон бисёр хуш омада буд. Баъди хатми мактаб шогирди пармагар шуд.

Зехни тезу агли расо, ки дошт, зуд касбро азхуд намуд. Рузе, ки вай паси дастгох истода мустагилона ба кор шуруъ кард, фарахбахштарин руз буд барояш. Вай гох ба деталхои тайёр ки аз нурхои офтоб чило медод, нигариста, хушхолона завг мекард.

restrukturizatsiya-kredita-v-vtbХисси масъулият, муносибати дилсузона ба дастгох, масолех боиси он гашт, ки Карим дар мудати кутох мавгеъ ва магоми хешро дарёфт. Мехру шавг ва лаёгати хубашро ба эътибор гирифта, уро аъзои штаби «Прожектори комсомоли» интихоб карданд. Вай бар зидди танбалону коргурезон мубориза мебурд. Беамон, бехотирбини. Газетаи «Хорпуштак», «Барг», ки бо ташаббуси у мебаромад, форигболону танбалон, браккоронро зери тозиёнаи тангид мегирифт. Соли 1981 дар хаёти Карим сахифаи тозае кушоду шуд. Уро ба аъзогии Партияи ленини пазируфтанд. Комсомолон бошанд, пас аз соле уро котиби комитети комсомолии завод интихоб карданд. Масъулияташ боз бештар шуду мушкилихояш низ. Аз комсорги пештара ведомостхои семохаи хаги аъзоги чамънашуда, гарами протоколхои нонавишта «мерос» монда буд.

Акнун у бояд хам талаб мекард, хам рох нишон медод ва хам меомузонд. Ин осон не! Аз тарафи дигар тачрибаю малака надошт. Бист нафар комсомолон ба гайд наистодаро «чуста» ёфту ба мухокимаи комсомолон гузошта, чазо дод ва ба гайд гирифт. Тез–тез гузаронидани вохурию шабнишинихо, омузиши карточкаи шахсии хар як аъзои комсомол Каримро бо аъзоёнаш гарин карданд. Гузаронидани сухбат бо ин ё он аъзои комсомол ва натичаи онро дар муддати муайян санчдан ба хукми анъана даромад.

Карим хислати хосе дорад. У хар як хохишу дархостхои комсомолону чавононро аниг фахмида ба дафтарчааш гайд мекунаду то хал накунад, гарор намегирад. Худаш надонад, аз дигарон ёри мепурсад. Хамеша кушиш мекунад, то мушкилеро осон гардонад.

Боре Карим коргари пешгадами сехи механикии якум Усандод Андамбековро гамгин дид. Рузи дигар бошад, номи у гатори гафомондагон пайдо шуд. Уро даъват намуд, сабаби гафомониро аниг кардани шуд.

– Нохаг ки чазо гирифти, хавсалаи кор мешавад, магар?!

Вогеа ба котиб маълум шуд. Чанде пеш аз комиссияи ноболигон чавони гайсареро ба завод фиристоданд. Тарбияи уро бригадаи Андамбеков ба шефи гирифт. Баъзехо ангушти хайрат газиданд. «Усандод, хушат дар чояш? О, ту чи кор карда истодаи? Киро ба кор гирифти?» Лекин у аз раъяш нагашт. «Мо чунин чавонро тарбия накунем, ки мекунад», – гуфт. Рузе хамин чавон асбобро аз дастгох медуздад. Бригада ин фактро пинхон накарда, чавонро мухокима мекунад, чазои сазовор медиханд. Сардори сех бошад, бо фармони худ тамоми бригадаро аз мукофотпули махрум месозад. Яъне подошти мехнат, – чазо. Чазои нохаг ба сари ташаббус оби хунук мерезад.

Котиб бо сардори сех Кокнаев сухбат кард. Вай худро шахси бо тамоми дилу чон ба кори чамъият бахшида шуда нишон дода, изхор мекард, ки ин корро ба фоидаи истехсолот кардааст.

– Ин чазо ягон роли тарбияви надорад, – мефахмонд бо нарми Карим. – Агар оянда ягон кас рафтори ношоям зохир кунад, онхо уро рупуш мекунанд.

Кокнаев дар гапаш истодагари мекард. Худро хаг баровардани мешуд. Вале… Пас аз чанде аз вазифа озод гардид.

Карим фахмид, ки пешрави, омади кор аз бисёр чихат ба рохбарони чашмикордон вобастааст. Рохбар пеш аз хама бо одамон сару кор дорад, бинобар ба дили онхо бояд рох ёбад.

Охир, дар ягон институт, дар ягон донишкадаи дигари мамлакат одамшиноси барин илми махсус таълим дода намешавад. Тарбия барин кори нозук, – бо доду фарёд задан, беохир насихат кардан буд намешавад. Насихати хуб кор кардан оё ба гуши коргар медарояд, вагте ки у бо масолех ва асбобу анчоми зарури таъмин нест. На хамаи рохбарон махорату гобилияти хушгуфтори, ошкоро сухбат карданро доранд. Хар касе, ки бо одамон кор мебарад ё хамрохи онхо мехнат мекунад, инро бояд хамеша дар хотир дошта бошад. Кор бо одамон санъат аст, бисёр санъати нозук!

САНЪАТИ НОЗУК

Болои мизи кории котиб шумораи газетаи «Комсомоли Точикистон» ва «Комсомолец Таджикистана», ки хуччатхои Пленуми XVI КМ ЛКСМ Точикистон нашр шуданд, меистод. Чо–чои маъруза бо галами сурх хат кашида шудааст. Як чояш ду хати сурх кашида шудааст: «Хар як сарвари комсомолон бояд аз болои худаш кор кунад, хамеша дар чустучу бошад, кушиш намояд, ки ба тарзи нав кор кунад». Харчанд, ки дар ягон чои маъруза фаъолияти комитеит комсомолии завод тангид нашудааст, плани чорабинихо нисбати рафъи камбудихои дар пленум нишондода тартиб дода шудааст. План чи лозим?

Ба кабинет чавоне ворид шуд, дар даст плакате дошт. Чавон ба котиб нигарист: «хуш, чи хел?». Плакат бад набуд. Вале котибро ким–чизе ба ташвиш андохта буд. Ва нихоят лаб ба сухан кушод:

– Ман чунин фикр мекунам: раваду ягон аъзои комитет ба назди Валерий Грядкин, чи хеле ки ин чо навиштаем, плани шахсии дусолаашро то 70–солагии Октябрь ичро карданист равад, у бошад, пурсад: «Хиссаи шахсии ту дар суръатфизои аз чи борат аст?». Оё аъзои комитет ба ин савол чавоб дода метавониста бошад? Мо бояд дар машварати навбати хар як аъзои комитетро гуш бикунем. Рузномааш ба фикрам «Хиссаи ман дар суръатфизои ва азнавсози» шавад бехтар.

Котиб пас аз рафтани чавон гуфт, ки съезди XXVII КПСС мохият, воситаю роххои азнавсозиро дар мархилаи хозираи сохтмони коммунисти муайян кард.

Ин талаб пеш аз хама ташкилотхои комсомолиро вазифадор менамояд, ки шаклу воситахои корбариро нав кунанд, демократияи дохиликомосолиро хамачониба вусъат дода, принсипи рохбарии коллективиро мугаррар намоянд, масъулияти шахсии комсомолонро дар халли вазифахои тараггиёти игтисоди ва сосиалию мадани баланд бардоранд. Комитети комсомолии завод дар асоси ин талаботи съезд услуби корбарии худро аз нав месозад. Гуруххои комсомоли, ки асоси ташкилии коллективхо мебошад, чорикунандаи хамаи идеяхои комсомол дар хаёт аст. Дар завод холо бист гурухи комсомоли амал мекунад. Вале ин кам аст.

Дари кабинет васеъ кушода шуду чавони пахлавончуссае ворид гашт. Вай ду даст пеши бар гирифта хунук табассум намуд, дудаста тамаллугкорона «салому алейк» кард. Сипас кадом хуччатхоро аз киса бароварда ба котиб супорид.

– Холо комсомолам гуй?

Чавон табассуми сохтае карду «ха» гуфта монд.

– О, ду сол пеш вагте ки ба кор омадед, комсомол нестам гуфта будед–ку?

– А, лаббай. Ха, документама гум карда будам. Шарм доштаму «комсомол нестам» гуфтам. Ана дина ёфтаму наздатон омадам. Кора буд кунед, хизмат тани мо.

– Шумо шаш сол боз дар гайд нестед, хаги аъзоги хам насупоридаед. Чи шуморо водор сохт, ки пас аз шаш сол ба гайд даромаданиед?

– Одам беорзу намешавад. Дар дили ман хам як орзуе хона монд. Хамин сол ба шуъбаи шабонаи факултети хугугшиносии университет дохил шудам…

– Орзуятонро ба комсомолон дар мачлис кушоду равшан гуед. Онхо хулоса мебароранд. То мачлис шумо чавоб.

Тарбузи чавон аз багалаш афтид.

– Гумон кардед, ки ман бе шумо зиндаги карда наметавонам? Модом, ки маро намехохед, ман хам шуморо намешиносам! Тед документама!

– Дигар онро дар шаби хобатон мебинед. Ин хуччатхои мугаддасро ба шумо хато карда додаанд. Равед аз ин чо!

Овози у меларзид.

Котиб дуруст рафтор кард. Пахлавон бо ситеза дарро сахт пушиду рафт.

Котиб ба хаёл рафт…

ОДАМОН ВА МЕТАЛЛ

Сехи рехтагари яке аз сеххои мухими корхона ба хисоб меравад. Сех барои комбайнхои машхури «Нива», «Колос» ва «Дон–1500» детальхо истехсол мекунад. Ба ин сех ягона зан дар мигёси мамлакат Зоя Александровна Витряченко сардор аст. Ин зани халиму хоксорро ба иборае «сагиру кабири» корхона ба хуби мешиносанд, ки ин бесабаб нест. Вай бисту панч сол аст, ки рохбарии ин сехро ба ухда дорад. Дар сех зиёда аз дусад нафар коргар мехнат мекунанд. Худ аз худ маълум аст, ки коллектив–коллективи калон буда, сарварии он кори осон нест. Лекин Витряченко аз ухдаи рохбари мебарояд.

Хикоёте ба ёд омад. Вазири подшохи Сосониён Бузургмехрро пурсиданд… Давлатеро медони, ки назарногир, вале бебахост. Чавоб дод: «Хоксори».

Зоя Александровна хам сохиби ана хамин гуна давлати бебахост.

 Баъзан ин ё он мушкили садди рох мешавад. Дар чунин холатхо дар гафлат намемонанд, дасту по гум намекунанд. Зеро хама одамони сохибхунар донишу тачрибаи хубе андухта, хар гуна гирехро ба осони мекушоянд. Мигдор ва сифати чуяни рехта аз бисёр чихат ба харорат вобаста аст. Баъзан бо тагир ёфтани харорат селобаи чуян сахт шуданаш мумкин. Бинобар ин назорати доими ва гатъи, риояи интизоми технологи зарур аст. Хамин хел хам мешавад, ки гохо селобаи чуян дар кура «ях» карда мемонад. Он гох бо дастгохи кафшеркуни хароратро тез мебардоранд. Яъне «ях» об мешаваду селоба аз нав равон мегардад.

Кураи бохашамат фашшосзанон кор мекард. Рехтагар Бачакалон Бачабиев аз тирезачаи махсус ба рафти гудозиш назар мекард. Ин тирезаро вай «хабаркаш» меномад. Тирезачаи «хабаркаш» ба рехтагар имконият медихад, ки ба чараёни мураккаби гудозиш назар кунад. Муайян кардани сифати гудозиш ба тачрибаю малакаи рехтагар вобаста аст. Бачакалон чунон кордида шудааст, ки аз руи ранги гудозиш ба сифати он бахо медихад…

Бачакалон Бачабиев гуё дирузакак ба сехи рехтагари омада буд. Дар амал вай, алакай, ветерани корхона. Гариб си сол боз дар назди кураи оташ. Чавонон хама, «ака» гуфта ба у мурочиат мекунанд. Чои тааччуб нест. Шогирдони у дар хамаи корхонахои республика мехнат мекунанд. – Чанде пеш фахмид, ки шогирдаш Улфатшо Рахматшоев, ки дар заводи «Точиктекстилмаш» кор мекунад, бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Болу пар баровард, рафта уро аз самими галб табрик кард. Улфатшо устодро ба огуш кашида бусид ва гуфт: «Ин мукофоти Шумо хам хаст. Чунки алифбои ин касбро Шумо ба ман омухтед».

Ачибаш ин аст, ки Бачакалон пеш аз завод омадан чи будани рехтагариро харгиз намедонист. Дар ин чо бошад, ин хунарро аз рафигони рус ёд гирифт. Мехнат ва чидду чахди собитгадамона уро зуд аз шогирди ба мартабаи устоди расонд. Зарбулмасали «Турфа шогирде, ки дар хайрат кунад устодро», гуё дар шаъни Бачакалон гуфта шудааст.

Ва мисли у устодони касби худ кам нестанд. Сардори сех ба хагги онхое, ки дар комёбихои сех бештару бехтар хиссагузор шудаанд, чун модар бо ифтихори тамом суханони нек мегуфт. Номи Бачакалон Бачабиев, Владислав Чернов, Сармат Отамбеков, Гамчибек Гиргизов барин коргаронро гаштаю баргашта ба забон мегирифт ва бурдборихои харсоларо ба онхо нисбат медод.

Вагте ки сухан аз кадрхо рафт, Зоя Александровна гуфт:

– Гариб хамаи коргарони сех одамони калонсоланд. Ин аз як чихат хуб аст. Аммо онхо пир мешаванд, ба нафага мебароянд. Ба чои онхо ворисони хагиги лозим, то ки корнамоихои имрузаашон фардо бо рангу мазмуни нав такрор ёбаду гуллахои баланди Мурод фатх гардад. Аммо чавонон ба кори рехтагари дилгарми надоранд. Мо худамон гунахгор. Ба чавонон шароити хуби кору истирохат лозим. Охир чавонони имруза аз чавонони солхои чилу панчоху шастум фарг доранд. Назари онхо ба зиндаги, ба кор дигар аст. Ин тагозои давр, талаботи замон аст.

Масъалаи ба касби рехтагари дилбастаги надоштани чавонон рохбарони заводро низ ба ташвиш овардааст.

Онхо гушиш доранд, ки барои рехтагарон хама шароитхо мухайё, ба натичаи корашон аз чихати модди хавасманд бошанд. Аммо бехбудии шароити сехи рехтагари ва манзилгох ба идорахои болотар, аз чумла ба вазорат дахл дорад. Барои халли ин масъала чидду чахди умум мебояд. Даме, ки лахзахои охирини сухбати мо фаро мерасид, ман ба чехраи кушоду сафеди сардор назар андохта аз дил мегузаронидам: «Синнаш ба 60 расидааст. Оё аз ин сехи калону вазнин ва ташвишхои проблемахои халношуда азоб намекашида бошад». Сардор аз андешаи ман пай бурдаги барин ба коргарон ишора карда ба як навъ эътимод мегуяд:

– Инхо хама гуввати дилу болу пари мананд! Онхо хама дар касби худ «устухон надоранд». Ахлиашонро намегуед. Коллектив, ки ахл шуд, кор сахл мешавад, додар!

НУГСИ ХУД ХАР КАС НАБИНАД, ВОЙ БАР У…

Дуруст мегуянд, ки пешрави, омади кор аз бисёр чихат бо рохбарони чашмикордон вобастааст. Сардори сехи механики Гамчибек Мавлонназаров хаминро дарк намуда, кушиш мекард, ки гобилият ва тамоми гувваташро сарфи кор кунад. Вале на хамеша кораш барор мегирият. Ва хангоме, ки ягон кор ичро нашуда мемонад, хасрат мегуфт: аз ухдааш набаромадам.

Вай тез–тез ба тобеонаш мегуфт, ки вичдон доштан кам аст, вай бояд туро ба изтироб биёрад. Ва хамеша челонгар Никита Кузубро намуна меовард. Боре у аз кор ба хона мешитофт. Шитоб дошт! О, дар хона мехмонон чамъ омада буданд, то ки зодрузи уро гайд кунанд. Аз ним зиёди рох тай шуда буд. Ва… ист! Агиб гашт. Давон ба завод омад. Чаро? Ногох шубха дилашро фишор дод: Сарпуши компресорро нагз пушид ё не? Хадаха ба сех даромаду сарпушро тафтиш кард. Не, хамааш дуруст будааст. Дилаш гарор гирифту боз ба хона шитофт… Ана чист вичдон. Довари дохили.

Акнун худи у бояд вазъияташро аз руи вичдон хал мекард. Вай дигар сарвари коллектив истода наметавонист – хис мекард, ки ба пешравии коллектив халал расонида истодааст. Ва у гарор дод: аз рохбарияти завод хохиш мекунад, ки уро як зина поёнтар фароранд. Пеш аз он назди котиби партком даромад. Фикру андешахояшро гуфт.

– Ин чи хел мешавад? – дар аввал хайрон шуда гуфт котиби партком. – Ана хамин хел рост ба руи худ гадам гузори?

– Танхо хамин тавр? Охир худатон хамеша мегуфтед, ки азнавсозиро аз худ сар кардан лозим аст!

Ва у ариза дод.

Ин рафтори Мавлонназаров ба маънои томи сухан рафтори оличанобона буд. Фагат одами асил метавонад, ки ба руху талаби давру замон ва хаёт мувофиг набудани донишу саводи худро эътироф кунад. Ха, на хар кас ба чунин гадами гатъи чуръат мекунад. Кошки хама хамин хел мешуданд. Афсус, ки бисёрихо аз хаёт агиб мондани худро, аз гатор баромадани худро фахманд хам, хираги карда менишинанд.

Сардори сех Владимир Кокнаев, ки ба гариби аз кор холи карда шуд, дар шароити нав худро тамоман дигар хел нишон дод. Акнун менолад: нохаг уро аз кор гирифтанд, охир тамоман худро ба кор бахшида буд–ку!

Бадбахтии ин одам дар он аст, ки хагигати вогеии худро дарк карда натавонист. У сари вагт звенохои сусти истехсолиро дида натавонист, рухи талаби замонро хам нафахмида. Охиста–охиста услуби кораш ба дагалию зури гузашт.

Вай то ки аз дигарон гафо намонад, рохи осонро ёфт: «Технологияи галамро» истифода бурд. Дар хисоботхо ададхои галбаки гул кард. Дар коллектив хеч кас уро аз ин рох боз надошт. Вай бошад, «то табар омадана кунда осуда аст», – гуён фаъолияташро давом дода, ба ботлоги фиребгари гарг мешуд.

– О, ин чи хел шуд, ки сардоратонро надида мондаед? Ба у ёри нарасонед? – мепурсам аз котиби партком.

– Барои чи? – хайрон шуд у. – Мо ба у ёри расонидани шудем. Ман худам чанд бор назди директор даромадам. Хохиш кардам, ки уро аз кор нагиранд. Ба гапамон гуш накарданд. Лекин бо гуфти худ не, бо талаби замон рафтор карданд.

Ду коллектив – ду рухияи психологи. Дар яке вичдон бедор, дигаре дар хоб. Пас аз кор гирифтани сардор корхо, албатта, тагир ёфта истодаанд. Ба тарафи хуби. Аммо чи гадар вагт зоеъ рафт. Вагтро баргардонида намешавад.

5 декабри соли 1986

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …