Главная / Илм / Ёсамин дар Канзи Шифо (Китоб)

Ёсамин дар Канзи Шифо (Китоб)

yosamin-560x330Ёсамин (Жасмин ба забони русси) —  инро есаман гуфтан хам дуруст мебошад, вале на «ёсуман». Ин гулест хушбуй, рангхои сафед, зард, кабуд дорад ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба гайр аз навъи зардаш дигархои он бустони; сахрои ва кухи мебошанд. Кисми сафеди он хушбуй аст ва бисёртар вомехурад, вале кабуди он камёб аст. Растании ин на монанди дарахт рост ва на шоххояш бар руйи замин пахн мебошад, хусусан навъи сафеди он. Навъхои кабуд ва зарди он дар намуди дарахт аст ва дар баъзе сарзаминхо дарахташ калон мешавад. Танаи навъи сафеди он андак печдор, баргхояш андак резаи дарозак ва бар ду чониби шоххои он руйидааст, гулаш хушбуй ва банди гулаш борики миёнхоли аст.

Хуллас, мизочи Ёсамин дар дарачаи дувум гарм ва хушк, хатто то дарачаи севум низ гуфтаанд. Хислатхои шифобахши он: буйидани гули он майнаро кувват мебахшад; дарди сареро, ки аз сарди бошад, сокин месозад, бодхои майнаро дафъ мекунад барои одамони калонсол ва сардмизочон фоида дорад.

Инро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сар ва дардхои узвхои дигари хунукмизоч даво мешавад. Ошомидани гули ин балгам, савдо ва зардобро бо исхол дафъ мекунад, гиреххои баданро мекушояд, бодхои гализро тахлил медихад; иллатхои фолич, кач шудани руй, карахти ва дардхои бугумхоро шифо мебахшад, фарах меоварад, бохро ба харакат медарорад, хамаи навъхои кирми меъда ва рудахоро ихроч мекунад, пешоб ва хайзро равон месозад.

Чун андаке аз гули Ёсамин родар шароб андозанд, микдори ками ин шароб мастии бисёр меоварад. Се руз пай дар пай 7 грамм оби гули инро бинушанд, хунравихои гуногунро катъ мекунад. Баргашро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад, чушиши даруни дахан ва милки дандонро сихат мебахшад.

Инро куфта, ба пушт ва закар гузошта банданд, олати мардиро ба харакат меоварад ва онро калон мегардонад. Агар гули инро бихуранд, бар зидди хамаи намудхои захр тарёк мешавад, инчунин инро куфта гузошта банданд, хамин таъсирро дорад.

Ёсаминро куфта гузошта банданд, доги кунчидакро дафъ ва рухсораро сурх мекунад. Агар дар хаммоми гарм бо гули ин бишуянд, муйро сафед мегардонад, хатто куфта бипошанд хам, хамин тавр таъсирро дорад. Вале гули ёсамин ба одамони гарммизоч зарар дорад, дарди сар мекунад ва агар инро бисёр бихуранд, ранги руйро зард мегардонад. Давои ин зарархояш бунафша, гули сурх ва сирко хурдан аст.

Микдори як бор хурдан аз чирми ёсамин дар як руз то 10,5 грамм аст, аз обаш то 35 грамм мебошад. Ба чойи ин ёсамини зардро истифода баранд, равост. Ва дар гарм кардани бадан ва сафед гардонидани муй навъхои зардаш кавитар аст. Ба чойи хар дуи навъаш ёсамини сахроиро истеъмол фармоянд, чоиз аст.

yasamin_-300x241Аз гули ёсамин равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Ба даруни шиша то нима равгани кунчиди тоза меандозанд ва он равганро аз гули ёсамин пур карда, ба офтоб мегузоранд. Ранг, буй ва куввати гул ба равган гузарад, яъне баъд аз 5-6 руз гулро фишурда дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд. Хамин тарик, 5-6 мартаба гулро иваз намуда, баъд гули охиринро хам фишурда мепартоянд. Ин равган равгани ёсамин хисоб меёбад.

Мизочи равгани ёсамин гарм ва тар аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, пусти баданро мулоим мекунад, варамхои бадан ва моддахои гализи дарунро тахлил медихад, беморихои сардмизочи асабхоро шифо мебахшад, барои одамони кухансол фоида дорад.

Микдори як бор хурдан аз ин равган дар як руз аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар ин равганро гарммизочон бибуянд, дарди сар мекунад ва биниро хуншор мегардонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …