Главная / Биология / Эритроситхо ва хунгузарони

Эритроситхо ва хунгузарони

Сохт ва вазифахои эритроситхо. Вазифаи асосии эритроситхо аз узви нафаскаши ба тамоми хучайрахо ва бофтахои организм кашонидани оксиген мебошад. Инчунин эритроситхо дар дур кардани гази дуоксиди карбонат аз бофтахо низ иштирок мекунанд. Дар таркиби эритроситхо гемоглобин мавчуд аст ва сурхии хун ба он вобаста мебошад. Барои хамин эритроситхоро хучайрахои сурхи хун меноманд.
Гемоглобин, дар навбати худ, аз ду кисм: сафедави – «глобин» ва гайрисафедави – «гемм» иборат аст. Гемоглобин дар шуш ба осони бо оксиген пайваст мешавад ва ранги ин хун сурхи равшан аст, хуни венаги бошад, дорои гази карбон мебошад, бинобарин рангаш сурхи хира мешавад.

erotricit

Эритроситхои хуни одам аз ду тараф фуру хамида ё яктарафа барчаста мешаванд. Эритроситхои одам андозаи на он кадар калон дошта, ба 7,5-8 мкм баробар аст. Микдори эритроситхо дар 1 мм3 ё 1 микролитр хун ба хисоби миёна 4,5-5 миллионро ташкил медихад.
Эритроситхо дар иллики сурхи устухон хосил шуда, кариб 120 руз умр мебинанд. Эритроситхо дар испурч ва чигар захира мешаванд ва дар холати кам шудани микдори хун дар организм аз ин узвхо хун тавассути роххои умумии хунгард ба организм дода мешавад.
Камхуни. Камхуни ба кам шудани микдори эритроситхо дар хун ё ба кам шудани микдори гемоглобин ва баъзан ба хардуи онхо вобаста аст. Камхуни инчунин дар натичаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад. Дар натичаи беморихои сирояткунанда, таъсири нурхои радиоактиви магзи сурхи устухон вазифаи худро гум мекунад, ки сабаби камхуни мегардад. Камхуниро муолича кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз хама хуроки сергизо, хавои тоза ба баркарор шудани микдори муътадили гемоглобини хун кумак
карда метавонанд.
Хунгузарони. Хангоми бемори ё талаф додани хуни зиёд ба одамон хун мегузаронанд. Хунро бошад, аз донорхо мегиранд. Хуни гирифташударо ба зарфхои шишагин ба таври герметики махкам карда нигох медоранд ва барои лахта нашудани хун моддахои махсуси кимиёвиро истифода мебаранд.

Хунгузарониро аз руи гуруххои хун муайян кардан мумкин аст. Асосан чор гурухи хунро фарк кардан мумкин аст. Барои гузаронидани хун хатман ба гурухи хуни хунгиранда ва
хундиханда ахамият додан лозим аст. Хам гурухи хуни онхо ва хам омилхои резусиашон бояд якхела бошанд.
Хар кас бояд гурухи хуни худро донад. Гурухи хуне, ки ирси мебошад, аз падару модар ба насл, фарзандон мегузарад. Онхо доими буда, дар давоми умр тагйир намеёбанд. Кариб 35% ахолии кураи замин хунашон гурухи I буда, 36% гурухи II-ум, 22% гурухи III-ум, 7% гурухи IV-умро ташкил мекунад.

Саволхо

1. Хунгузарони чист?
2. Дар кадом холатхо хун мегузаронанд?
3. Чанд гурухи хун мавчуд аст?
4. Барои чи гурухи хунро муайян мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …