Главная / Илм / Ёрии аввалин хангоми зарар дидани скелет

Ёрии аввалин хангоми зарар дидани скелет

Ёрии аввалин дар вакти ёзидани пойхо ва баромадани бугумхо. Дар натичаи харакатхои ночо ё зарбхури мумкин аст пайхои пайвасткунандаи устухонхои бугум зарар бинанд. Дар натича атрофи бугум варам карда дардманд мешавад. Чунин чойи зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд.

Хангоми расонидани ёрии аввалин ба чойи зарбхурда халтачаи ях ё латтаи ба оби хунук тар кардаро гузоштан лозим аст. Хунуккунии чойи зарардида дардро сабук карда, варамкуниро нигох медорад ва хунравии дохилиро кам мекунад. Хангоми ёзиши пойхо чойи латхурдаро сахт докапеч кардан лозим аст.

skelet-300x207Дасту пойи зарардидаро ёзондан, кашидан ё гарм кардан мумкин нест. Баъди ёрии аввалин ба духтур мурочиат кардан лозим аст. Харакатхои ночо боиси бечошавии устухонхо ва баромадани онхо мегарданд. Дар ин холат сараки устухон аз холигии дигар баромада, боиси ёзидан ва баъзан канда шудани бандакхо мегардад, дар натича дарди сахт пайдо мешавад. Ёрии аввалин хангоми баромадани устухонхо аз он иборат аст, ки бугуми зарардидаро дар холати оромии том нигох доштан лозим аст. Дасти баромадаро бо руймолча ё дока ба гардан кашол кардан даркор аст.

Пойро бошад, аз воситахои мавчуда (тахтача, картони сахт) истифода бурда, тахтабанди кардан зарур аст. Барои сабук кардани дард ба бугуми зарардида халтачаи ях ё оби хунук монда, баъд осебдидаро ба духтур бурдан лозим аст.

Ёрии аввалин хангоми шикастани устухонхо. Устухонхо сарфи назар аз бокувватиашон баъзан хангоми захмдоршави, сахт лат хурдан, афтидан мешикананд. Бисёртар устухонхои дасту пойхо мешикананд. Агар ба шикастани устухон гумон пайдо шавад, танхо пурра бехаракат бастани чойи зарардида дардро сабук мекунад ва бечошавии устухонпардахои шикастаро пешгири менамояд, зеро онхо метавонанд бо канорхои тезашон атрофро захмин созанд.

Даст ё пойи шикастаро бо тахтабанди бехаракат нигох доштан мумкин аст. Тахтахои махсуси шикастабанди дар табобатхонахо мавчуданд. Дар чойи вокеа онхоро метавонанд аз тахтача, навдаи дарахтон ва картон тайёр кунанд.

Тахтачаро натанхо дар чойи шикастаги, балки дар кисми сихати пой хам чойгир мекунанд.  Чи тавре ки дар расм нишон дода шудааст, хангоми шикастани банди даст тахтача бояд хам кисми бозу ва хам панчаро дар бар гирад. Дар ин холат устухонпорахои шикаста бечо намешаванд.

Тахтачаро ба дасту пой бо докаи сербар, сачок ва гайра махкам мебанданд. Агар тахтача набошад, дасти шикастаро ба тан ва пойи шикастаро бо пойи сихат докапеч кардан мумкин аст. Тачрибахо нишон дод, ки на хар устухони шикастаро тахтабанд кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз хама устухони кафаси сина, кабургахо, сутунмухра, косахонаи сар ва гайра дохил мешаванд.

Масалан, хангоми шикастани кабурга одам бояд бисёртар чукур нафас бароварда, руяки нафас гирад. Дар вакти шикастани сутунмухра зарардидаро хатман ба чои хамвору сахт ба шикам хобонида, ёрии таъчилиро хабар додан даркор аст.

Дар сурати захмдоршавии косахонаи сар беморро ба пушт хобонда, сарашро бояд охиста боло бардошт, то ки хунравии дохили косахонаи сар пешгири карда шавад.

  1. Дар вакти латхури ва ёзидани пайхо чи хел ёрии аввалин расонидан лозим аст?
  2. Дар вакти баромадани устухонхо чи хел ёри расонидан мумкин аст?
  3. Хангоми шикастани дасту пойхо чи тадбирхо бояд андешид?
  4. Дар вакти шикастани кабургахо, сутунмухра ва косахонаи сар чи хел ёрии аввалин расонидан мумкин аст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …