Главная / Биология / Ёрии аввалин хангоми катъ гардидани нафасгири

Ёрии аввалин хангоми катъ гардидани нафасгири

Рефлексхои нафасгири. Вобаста ба холати организм (хоб, кори чисмони, тагйирёбии харорат ва гайра) нафасгирии чукури одам ба таври рефлекси тагйир меёбад. Камонаки рефлексхои нафасгири ба воситаи маркази нафасгири мегузарад. Чунин рефлексхо, ба монанди атса ва сулфа ба амал меоянд.

Гард ё ягон моддаи тундбуй ба ковокии бини даромада, ретсепторхои пардаи луобии онро ба хаячон меорад. Он гох рефлекси мухофизат – атса ба вучуд меояд, ки он нафасбарориисахт ва тези рефлекси ба воситаи бини мебошад. Ба туфайли он аз ковокии бини моддахои ангезанда дур мешавад. Хангоми зуком луоби дар ковокии бини чамъ шуда, низ хамин гуна ангезаро ба вучуд меорад.  Сулфа ин тавассути дахон баровардани нафаси тези рефлектори буда, хангоми ангезиши рохи гулу ба вучуд меояд.

utonuvshemu_pomosch-1

Нафаси сунъи. Нафаси сунъи хангоми ёрии аввалин ба одамони гаркшуда, аз чараёни барк, раъду барк, гази ангиштсанг ва дигар ходисахои ногувор зарардида истифода бурда мешавад.

Хангоми ёри расонидан ба шахси гаркшуда пеш аз хама рохи нафас ва шуши уро аз об фавран холи кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, чабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки сар ва кисми болои бадани у ба поён овезон бошад (расми 61). Сипас дахони гаркшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз рохи нафасаш обро мебароранд. Баъд чабрдидаро  руболо хобонда, гардан, кафаси сина ва шикамашро аз кисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонахояш ягон лулаи нарм гузошта, сарашро ба кафо хам ва чоги поёнашро ба пеш кашидан лозим аст.

Баъд ба дахон ва бинии бо даструмол пушонда ба чабрдида хаво додан лозим аст. Дар як дакика тахминан 16 маротиба хамин тавр хаво медиханд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз хар як «нафас»-и сунъи кафаси синаи чабрдида поён шавад. Бояд давомияти ин хел «нафасбарори» нисбат ба «нафасгири» тахминан ду маротиба зиёд бошад (расми 62). Агар дил кор накунад, ин усулро якчоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст: баъди ба шуш як бор хаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба мукобили сутунмухра 4-5 фишори таконмонанд медиханд. Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2см дар хар дакика 7-9 маротиба фишор медиханд. Пас аз 4-5 маротиба фишордихи боз ба дахон ё бинии чабрдида хаво фиристодан лозим аст. Агар гавхараки чашмони чабрдида хурд, пусти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натичаи хуби додани ёри аст. Ба гаркшуда то мустакилона нафас гирифтан ва ба хуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Ва нихоят, ба бемор чойи гарм дода, ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд.

Саволхо:

  1. Чаро хангоми кори фаъоли мушакхо одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?
  2. Чаро дар хонаи дуруст шамолдодашудаи серодам нисбат ба харвакта одам тез-тез ва чукур нафас мегирад?
  3. Нафаси сунъи чист?
  4. Чи тавр ба чабрдида ёрии зарури расонидан лозим аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …