Ёри додан бар зулмкардашуда
Ривоят мекунад хазрати Умар (р): Аз Расул (с) пурсидам, ки ё Расулаллох, дусттарини мардумон назди Аллох таьоло кист?
Пайгамбар (с) фармуданд, ки дусттарини мардумон назди Аллох таъоло шахсе аст, ки ба мусулмонон манфиат расонад.
Боз пурсидам, ки ё Расулаллох, бехтарин кори бандагон кадом аст?
Фармуданд, ки бар дили бандагон хушвакти расонидан, гурусна бошад, сер гардонидан, барахна бошад, пушок пушонидан. Ба гаме гирифтор бошад, аз гам халос гардонидан, карзе дошта бошад, ба карзи он ёри расонидан. Ба чое хочате дошта бошад, хамрохи он равад. Агар бо ин тарика дар хакки бародари муъмин неки кунад, савоби якмоха дар масчид нишаста ибодат карданро дар номаи аъмоли у нависанд.
Хар ки бар мазлуме ёри расонад, Аллох таъоло калами уро бар пули сирот мустахкам гардонад.
Расули акрам (с) фармуданд: хар ки бар мазлуми гамнок ёри расонад Аллох таъоло ба девони аъмоли он банда хафтоду се савоб бинависад. Як савоби он аз барои ислохи дунё ва хафтоду ду савоб аз барои укбо, яъне аз барои киёмат захира бошад.
Пайгамбар (с) фармуданд: хар ки мазлумеро аз золим халос кунад ва хочати мазлумеро барорад, Аллох таъоло он бандаро магфират кунад ва хачи кабулкардашуда дар номаи аъмоли у нависад.
Расули акрам (с) фармуданд: хар мусулмоне, ки бародари муъминро аз гам халос карда дили уро хурсанд гардонад, Аллох таъоло гамхои киёматро рузи махшар аз дили он банда дур ва уро дохили бихишт гардонад.
Хар мазлуме, ки аз бародари мусулмон ёри талабаду он шахс ба фарёди у нарасад ва ба у ёри накунад, дар кабр сад тозиёнаи оташинро чашмдор бошад.
Хикоят. Ривоят мекунад Билол разияллоху анху, ки рузе як насрони назди Расули акрам (с) даромада гуфт: – Ё Мухаммад, агар ту Расули бархак боши, шахсе ба ман зулм кардааст, ёри расонида хакки маро аз он золим гирифта дихед.
Расули акрам (с) гуфтанд: Бар ту кадом шахс зулм кардааст?
Гуфт: – Абучахд бинни Хашом, (у подшохи бадбахттарини кофирон буд). У моли маро гирифтааст.
Расули акрам (с) хостанд, ки назди Абучахд раванд, чанд нафар аз сахоба, ки хозир буданд, ба у гуфтанд: – Ё Расулаллох, хозир Абучахд дар хоб аст, мабодо бедор шуда дар газаб шаваду ба Шумо зараре расонад?
Расул (с) ба суханони онхо гуш накарда, ба хонаи Абучахд рафта дари уро куфтанд.
Абучахд дар газаб шуда, аз хона баромада дид, ки Хазрати Расули акрам (с) бар дар истода аст.
Гуфт: Ё Мухаммад, хуш омади ба хона даро!
Расул (с) гуфтанд, ки, эй Абучахд, моли ин насрониро гирифти, зуд моли уро ба дасташ супор.
Абучахд гуфт: – Моли уро ба дасташ медихам.
Хазрати Расули акрам (с) гуфтанд: – Суханро дароз макун, моли уро бидех.
Абучахд ба гуломи худ гуфт, ки хамаи моли насрониро бароварда бидех.
Гулом молхои насрониро оварда дод.
Расули акрам (с) ба насрони гуфтанд, ки хамаи моли худро гирифти?
Насрони гуфт: – Хамаи моли худро гирифтам, магар як занчири ман боки мондааст.
Расули акрам (с) гуфтанд: – Эй Абучахд, занчири уро ёфта бидех.
Абучахл харчанд, ки тараддуд кард, занчир мавчуд нашуд. Ба чояш бехтар аз он дод.
Зани Абучахл гуфт: – Эй Абучахл, ба ятими Абутолиб ин микдор тавозеъ мекуни.
Абучахл гуфт: – Он чи ман мебинам, агар ту медиди, ин суханро ба ман намегуфти.
Занаш гуфт: – чи диди?
Абучахл гуфт – Боз маро дар байни мардум шарманда накуни.1 Дидам, ки Мухаммад (с) ба ду дасти худ гардани ду шери гурронро гирифта истода буд ва он шерхо ба ман ханда мекарданд, аз ин чихат тарсида моли насрониро дода тавозуь мекардам.
Он насрони аз Расули акрам (с) ин муъчизахоро дида, дархол мусулмон шуда, дар рохи ислом дохил гардид. Ин хама аз ёри додани мазлум буд.
Илохо, ба хурмати Хазрати Расули акрам (с) чамиъи мазлумонро аз дасти золимон рахои бахшида, золимонро тавфик арзони фармои, омин.