Энциклопедияи Миллии Точик (http://kitobam.com), ки чилди аввали он ба Шумо пешниход мегардад, боз як дастоварди илмиву фархангии даврони сохибистиклолии Точикистон ва нишони давлату давлатдории навини миллати сохибтамаддун ва куханбунёди точик мебошад.
Мардуми мо хуб медонад, ки китоб дурри гаронбахо, рахнамои некиву накукори, аниси умум, хуллас ганчинаи беинтихои маънави буда, хамчунон як рукни мухими тамаддуни башари ва чузъи чудоинопазири зиндагии инсон, аз чумла миллати точикро ташкил медихад. Китоб бузургтарин муъчизоти олам аст, ки ба одам гизои маънави мебахшад ва ба ин маъни, манбаи нури маънавияти инсон мебошад.
Таърихи миллати мо гувох аст, ки муборизахои кахрамонона ва талошхои фидокоронаи гузаштагони хирадмандамон барои хифзи забон ва фарханги худ, инчунин кашфиёту шохкорихои беназири илму фарханг аз як насл ба насли дигар махз ба тавассути китоб то замони мо расидаанд. Барои миллати фархангпарвар ва сохибтамаддуни мо дар тули таърих китоб барои поку бегазанд нигох доштани забони модари ва бакои минбаъда ёфтани он, тахкиму таквият пайдо кардани истиклоли милли, хувияту худшиноси ва пеш аз хама хастии халки точик хамчун шиносномаи миллат хизмати беназирро анчом додааст. Аз ин чост, ки чахониён точиконро хамчун мардуми китобдору китобдуст, фархангпарвару фархангофар ва сохибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд.
Нахусткитоби халки мо Авесто дар давоми хазорсолахо хамчун махзани беназири хирад ва мояи ифтихори мардуми мутамаддини чахон низ дониста шудааст. Яъне, хануз аз даврахое, ки хат пайдо шудааст, мардуми мо ба таълифу тасниф, чамъовариву ба низоми муайян даровардани офаридахои адабиву таърихи, тиббиву фалсафи, хандасиву риёзи машгул будааст ва ин амал аз анъаноти фарзии онхо ба хисоб мерафтааст. Хануз дар асри X фарзанди фарзонаи халки точик, пири хакимони Машрикзамин – Шайхурраис Абуали ибни Сино китоби «Донишнома»-ро ба забони точики навишт, ки хусусияту мохияти энсиклопеди дошт. Минбаъд икдоми Ибни Сино аз чониби дигар донишмандону мухаккикон идома ёфта, як силсила асархои илмии чомеъ ба вучуд оварда шуданд, ки аз ин радиф китобхои Абурайхони Беруни, Мухаммади Фороби, Насируддини Туси, Хаким Майсариро метавон номбар кард.
Минбаъд дар асри XX китобхои энсиклопедие ба вучуд омаданд, ки тамоми чузъиёти як фан ё як давраи муайяни таърихиро фаро мегирифтанд. Дар кишвари мо низ якчанд энсиклопедихои универсали ва сохави, аз чумла «Энсиклопедияи Советии Точик», «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик», «Энсиклопедияи хочагии кишлоки Точикистон» ва «Энсиклопедияи мухтасари рузгордори» нашр гардиданд. Дар даврони истиклолият аз чониби як гурух олимони точик «Донишномаи Рудаки» ва «Донишномаи Сомониён» таълиф гардиданд, ки аввали ба рузгору осори Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудаки ва дувуми ба даврони тиллоии таърихи точикон, яъне ахди Сомониён бахшида шудааст, ки барои худогохи, тахкими вахдати милли ва рушди тафаккури таърихии мардуми точик ахамияти бузурги илми доранд.
Боиси хушхолист, ки дар остонаи бистумин солгарди истиклолияти давлатии Точикистон китоби муътабар ва муътамади «Энсиклопедияи Миллим Точик» дастраси хонандагон гардид ва он доир ба гузаштаи кишварамон, таърихи давлатдории навини миллиамон, аз чумла дигаргунихои бисёри сиёсиву иктисоди, ичтимоиву таърихи ва тахаввулоти илмиву фархангии дар бист соли охир ба вучудомада маълумот медихад.
Албатта, таълифу таснифи маводи илмию оммави дар шакли энсиклопеди кори нихоят душвор, вале пурифтихор мебошад. Аз ин ру, ба муаллифону мухаррирон ва хамаи онхое, ки дар тахияи ин китоби бунёдии миллиамон сахмдоранд, комёбиву барори корхои эчоди орзу менамоям. Точикон аз кадимтарин халкхои руи дунёянд, ки дар масири таърихи башари бо акду тафаккури хеш, бо заковату истеъдоди баландпояи худ тамаддуни фархангии бой ва ибратомузеро ба вучуд овардаанд.
Чамъ овардану ба низоми муайян даровардани осори илми, таърихи, адаби, фарханги ва фалсафию эътикоди-мазхаби аз даврони кадим, аз ибтидои шукуфоии тамаддуни ориёи, аз замони тадвину таълиф шудани китоби мукаддаси кавмхои ориёи табор Авесто то ин хам анъанаи фарзист, ки инсоният новобаста аз ирку нажоду миллат аз он бахра мебарад. Ба риштаи тахрир кашида шудани асархои энсиклопеди барои мардуми точику форс падидаи нав нест ва асархои энсиклопедия шабехе чун «Бундахиш», «Динкард», «Ал-Конун», «Донишномаи Улои», «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун», «Таърихи Табари», «Сивон-ул-хикмат», «Ал-Фехрист», «Ачоиб- ул-булдон», «Сурат-ул-арз» ва тазкираву баёзхои сершумор намунахои китобхои энсиклопедия монанди кадиманд. Мафхуми энсиклопедия хамчун мачмуаи донишхо, маълумоту иттилоот дар дунёи кадим пайдо шуда бошад хам, асосан дар давраи дуюми тамаддун аз огози асрхои миёнаву давраи Эхё таълифи энсиклопедияи дакик бо маколахои мураттаби алифбои огоз гардид ва аз ин хам ахли илму маърифат ва фарханг ба ин махзани бебахои илму фарханг бештар таваччух намуданд. Энсиклопедияхои «Ларусс» (Франсия, 10 чилд), «Эспос» (Испания, 70 чилд), «Италяна» (Италия, 36 чилд), «Британика» (Англия, 24 чилд), «Макропедия» (Англия, 20 чилд), «Американа» (ШМА, 16 ва 30 чилд), «Энциклопедия Брокгауза» (Германия, 20 чилд), «Большая Советская Энциклопедия» (СССР, 65, 50 ва 30 чилд, 3 нашр) аз нахустэнсиклопедияхои мукаммали дунёянд, ки дигар энсиклопедияхои хурду бузурги давлату халкият ва махалхои алохида ба асоси тачрибаи ин энсиклопедияхо тадвину сохта шудаанд.
Чун китобхои энсиклопедияви тамоми сохахо ва чузъитарин чанбахои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи хамешагии мардум буда, ба хар муносибату зарурат аз онхо истифода бурда мешавад. Хамчунин барои огохии комил доштан аз таърихи вокеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халки хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарханги ва расму ойини пешгузаштагон, вокиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандхои миллати худ энсиклопедияхои бисёрчилда навишта мешаванд. Дар давлатхои мутамаддини дунявии мустакилиродату комиликтисод энсиклопедияхои милли-универсали дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди Милли аломати истиклол, гановати маънави, иктидор ва истикрори мамлакат мебошанд.
Бинобар ин бо Фармони Президенти Точикистон дар давлати сохибистиклол, куханфарханг, мутамаддин, дуняви ва хукукбунёди мо низ ба тахияу тахвини энсиклопедияи миллии бисёрчилда пардохта шуд, зеро дар китобхои энсиклопеди таърихи кишвар, илм, иктисодиёт, хочагии дехот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимхо, хаёту фаъолияти шахсиятхои бузург, ходимони маъруфи чамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, хунармандон ва санъатварони маъруф дарч хоханд шуд. Дар айни замон дар сахифахои «Энсиклопедияи Миллии Точик» бахше аз матолиб оид ба таърихи чахон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги чахони, хаёт ва кору пайкори нобигагони чахони, ки аз чихате ба хаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомузанд, сабт хохад гардид. Зеро «тачрибаи таърихи нишон медихад, ки хеч як халк наметавонад бидуни бахравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатхову кавмхои хамчавор ба сари худ миллати тавонову бофарханг созад ва дар тули хазорсолахо бобакову поянда монда тавонад»! Рохи пешгирифтаи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эхтироми меъёрхои хукуки байналхалки, дахолат накардан ба истиклолияти сиёси ва иктисодии кишвархои гайр, рушду тавсеаи хамкорихо ва робитахои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатхои дунёст, хамеша аз арзишхои милливу фархангии точикон дар тамоми сатххо ва арсахо пуштибони мекунад.
Калима-истилохоти эзохталаби забони точики ва калимаю истилохоти вобаста ба фарогирии доираи мавзуоти умуми-универсали хеле бисёранд, вале «Энсиклопедияи Миллии Точик» танхо маъмултарин истилохотро мавриди шарху тафсири дакик ва мухтасар карор додааст. Дар раванди тахриру тадвини маколахо хатохои маъмулу омии дар давоми солхои гузашта баанъанадаромада ба шакли дуруст ислох шуданд, то ки минбаъд бо истинод ба энсиклопедия сахех талаффуз ва навишта шаванд; Муси – Мусо, Иси – Исо, такви – такво (ба истиснои назм), авф – афв, афродхо – афрод, ашхосон – ашхос, ашъорхо – ашъор, маводхо – мавод, волоият – воло, зарурият – зарурат, лозими – лозима, ичроиш – ичро, Кувайт – Кувайт, Абудаби – Абузаби, аввало – аввалан, содда – сода, одди – оди, фавкулодда – фавкулода, шохигари – шохи ва гайра.
Ё худ, масалан калимаи инобат, ки маънои зори, пушаймони ва тавбаро дошта, солиёни дароз ба маънои калимаи эътибор истифода мегардид, дар китоб ба маънои аслии хеш истифода шуда, дар маънои эътибор корбурд нагардид. Дар тадвину тахияи матни маколоти китоб талаботу нукоти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон» ва Имлои забони точики риоя гардидаанд.
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик аз ибтидои огози кори китоби бисёрчилдаи «Энсиклопедияи Миллии Точик» ба муассисахои илми, идорахои давлати, донишгох ва донишкадахои оли, иттифокхои эчоди, мутахассисони алохидаи тамоми сохахои илму фарханг ва хатто пажухишгоххои хоричию мутахассисини чудогонаи бурунмарзи бо Лоихаи лугатномаи нашри мазкур мурочиат намуда, онхоро ба хамкори ва мадад даъват карда буд, ки дар натича Лугатнома мавриди мухокимаи васеи ахди чамъият карор гирифта то андозае такмил ёфт. Тачрибаи нашр шудани 8 чилди Энсиклопедияи Советии Точик мабни бар такризу накдхои фарово ни дар васоити ахбори омма ба табъ расида собит намуд, ки дар аксари эродхои мутахассисон ва хонандагони оди ба чой дода шудани шахсиятхо дар китоб сухан мерафт. Ба хотири минбаъд чилавгири кардан аз чунин эродхо дар Энсиклопедияи Миллии Точик Карори Хукумати Чумхурии Точикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) «Дар бораи меъёрхои ворид намудани шахсиятхои маъруфи таърихи ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Точик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибки он амал менамояд.
Вобаста ба татбики технологияи навтарини сахифабандию ороиши китоб ва дарназардошти сифати чопи китоб аз аксхо ва расмхои аксаран сиёху сафеди кухнашуда, ки баркарор карданашон гайриимкон буд, сарфи назар гардид. Хамчунин расми шахсиятхое, ки бо вучуди исрори кормандони Сарредаксия акси худро пешниход накарданд, аз чилди аввал берун монданд. Хачми маколахо вобаста ба мавкею манзалати мавзуи пешниходшуда, мухимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловаги барои мухаккикони оянда муайян ва таъйин гардидааст.
Аксари маколахои энсиклопедиро вобаста ба тахассусхои гуногун олимони маъруф навиштаанд. Тамоми маколахои чилди аввали ЭМТ-ро олимон-мутахассисони чудогонаи сохахои гуногуни илм, аъзои Шурои илмию тахририи аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшуда хондаву маъкул дониста, ба чоп тавсия намудаанд.
Чилди аввали китоб чанбаи илмию оммави дошта нахустэнсиклопедияи миллист, ки барои оммаи васеи хонандагон нашр мешавад ва аз ин чихат шояд иштибох дошта бошад. Бинобар ин, аз хонандагони мухтарам самиман хохишмандем андешаву пешниходхои худро дар бораи чилдхои ЭМТ ба нишонии зерин ирсол намоянд: 734018, ш. Душанбе, х. Н. Каробоев 17, факс (992 37) 233 35 70, Е-mail:tojikencyclopedia.сот
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик
ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ЭНСИКЛОПЕДИЯ
Дар «Энсиклопедияи Миллим Точик» маколахо бо тартиби алифбо чой гирифтаанд. Агар номи макола аз ду ё аз ин хам бисёртар калима таркиб ёфта бошад, тартиби алифбоии дохилии ингуна ибора ё номхо аз руи калима ва харфхои минбаъда муайян мегардад: АБДИИ ГУНОБОДИ, АБДИИ ЗОМИНИ, АБДИИ ИСФАХОНИ, АБДИИ КОБУЛИ, ё маколаи АСПИРАТСИЯ баъди маколаи АСП меояд.
Модда ё истилохи асосии энсиклопеди (яъне номи макола) бо хуруфи сиёхи рост навишта шуда, бо максади дуруст талаффуз кардани он бар болои хичои матлуб аломати зада (‘) гузошта шудааст.
Дар маколахои тарчумаихолии энсиклопедия насаб хамчун моддаи асоси бо хуруфи сиёхи рост, вале ном, номи падар бо хуруфоти мукаррари меояд: АБДОЛОВ Назарбек, АБДУВАЛИЕВА Мавчуда Муъминовна.
Дар шакли навишти хозира ному насаб харду бо хуруфи сиёхи рост навишта мешаванд: АБДУГАФФОРИ АБДУЧАББОР, АБДУЛКОДИРИ РАХИМ ва хамин тартиб дар навишти номхои маколахои шархихолии ниёгонамои риоя шудааст: АБДУЛАЗИЗ МАХДУМ, АБДУЛАЗИЗИ МАРОГАИ, АБДУЛМАЛИКИ ЧУВАЙНИ, АБУЮСУФ ЯЪКУБИ АНСОРИ. Агар шахс бо номи худ, тахаллус ё лакабаш шухрат дошта бошад бо хамин номи маъруфаш чой дода шудааст: АБАИ, АБДУЛВОСЕЪ, ЛОХУТИ, РУДАКИ, ЧОМИ. Шахсоне, ки бо номи таркиби шухрат доранд (мисли Нек Лондон), он хиссаи таркибии ном, ки ба падарашон мутааллик аст, дар чойи аввал ва исми худашон дар чойи дуюм гузошта шуд. Чунончи: ЛОНДОН Нек, БОДЛЕР Шарл ва гайра.
Дар маколахои тарчумаихоли баъди ном, номи падар, куния, тахаллус дар кавсайн руз, мох, сол ва чойи таваллуд (агар маълум бошанд) дода мешаванд: АБДУЛАЗИЗИ МАХСУМ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), АБДУЛАХАДХОН (16. 3. 1859, Кармина – 6. 1. 1911, хамон чо), АБДУЛВОСЕИ ЧАБАЛИ Бадеъуззамон ибни Абдуномеъ ибни Рабеи Гарчистони (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1160), АБДУЛГАФФОР МАХДУМИ БУЛБУЛ мутахаллис ба Фавчи (1879, Хучанд – 1979, хамон чо). Чое, ки махали таваллуд ё вафот, ё санаи таваллуд ё вафот нишон дода нашудааст, якин аст, ки муаллиф чунин маълумотро аз маъхазхо пайдо накардааст.
Олимону хакимони маъруфи Юнони Кадим, бо хамон номе, ки дар адабиёти араб ва форс-точик маъмулан дучор меоянд, сабт гардида, номи аслиашон дар кавсайн дода мешавад: АФЛОТУН (Платон), БАТЛИМУС (Птолемей), БУКРОТ (Гиппократ). Вале агар чунин уламо дар байни халк бо номи арабиашон чандон маъруфият надошта бошанд, бо номи аслии юнониашон сабт гардида, шакли муаррабаш дар кавсайн чой дода мешавад: ПИФАГОР (Файсогурис), АРХИМЕД (Арашмидус).
Шоирону нависандагон, адибон, ахди илму фарханги чи муосир ва чи гузашта бо тахаллус, исми адабие, ки интихоб кардаанд, ё ба хамон ном машхуранд, чой дода шудаанд: ЛОИК Шерали, БАХРОМ ФИРУЗ, РАХИМ ЧАЛИЛ, ИКРОМИ Н Чалол, АНОРА Остонова.
Баъд аз тахаллус, исми адаби ё насаб, ном ва номи падари ашхос дар шакли хуччати (шиносномавиаш) дода мешаванд.
Калимахое, ки пас аз номи бо харфхои сиёх навишташудаи макола бо яккахарфхо (харфхои байнашон фосиладор) омадаанд, муродиф ё таъбири дигари хамон ном ё ибораанд: АБАТ, биотон, дифос; АНОР, нор, румон; АБОЗИЯ, ибозия; АСАЛ, ангубин, шахд. Яккахарфи барои нишон додани мансубияти ин истилох ё мафхум ба ягон сохаи илм ё хунар низ ба кор бурда мешавад: АББРЕВИАТУРА дар мусики, АБЛЯТСИЯ, 1)дар техника, АХД, дар хукук ва гайра.