Главная / Гуногун / Эмомали Рахмон аз ш. Самарканд/Узбекистон боздид кард

Эмомали Рахмон аз ш. Самарканд/Узбекистон боздид кард

Дар шахри бостонии Самарканд Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон бо Президенти  Чумхурии Узбекистон мухтарам Шавкат Мирзиеёв хамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улугбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгохи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказхои кадима шиносои пайдо карданд.

29172571787_fee6d8aee8_z2

Тавре маълум аст, Расадхонаи ба номи Мирзо Улугбек соли 1428 сохта шуда, кисми асосии он аз девор бо худуди 40 метр ва бо кисми кории аз 20 то 80 дарача иборат буд.

Дар расадхонаи Улугбек соли 1437 Кургон — номгуи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарч гардидааст. Дар хамин чо дарозии соли ситорави 365 рузу 6 соату 10 дакика бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.

Дар планетария дар тахтаи махсус номи Мирзо Улугбек дарч гардидааст ва у дар чахон хамчун донишманди илми астрономи маълум аст.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улугбек аз иншооти мухимтарини асрхои миёна мебошад, ки дар теппаи Кухаки атрофи Самарканд сохта шудааст.

Дар Осорхонаи “Афросиёб” Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон бо нигорахои кадимаву нодири ин иншоот шинос шуданд.

Манзилгохи — Осорхонаи “Афросиёб” аз руи маълумоти сарчашмахои таърихи дар баробари Мароканд пойтахти Сугдиён кадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибки Шохномаи Фирдавси шохи Турон буд.

Дар шахри Самарканд Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон бо таваччух ба таърихи кадимаи ин шахри бостони майдон ва ансамбли ёдгории “Регистон”-ро тамошо карданд.

Ин ёдгори аз мадрасахои “Улугбек”, “Тиллокори” ва мадрасаи “Шердор” иборат мебошад ва он имрузхо ба макони сайру саёхати сокинон ва сайёхон мубаддал гардидааст. Майдони “Регистон” ба асрхои XV-XVI тааллук дорад.

Макони дигари таърихие, ки дар доираи сафари давлати Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон аз он боздид ба амал оварданд, оромгохи Амир Темур мебошад.

Ёдгори соли 1404 аз чониби Амир Темур барои набераи дустдоштааш Мухаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Макбара, баъди марги нобахангоми Султон Мухаммад, меросхури Амир Темур ва набераи дустдоштаи у, соли 1403 огоз гардида буд.

Бунёди макбараро набераи дигари Амир Темур, Улугбек ба охир расонид. Дар вакти хукмронии Темур, макбара ба оромгохи сулолаи Темуриён табдил ёфт.

Дар ин чо оромгохи Амир Темур, Мирзо Улугбек, Мухаммад Султон, Саид Умар, Шохрух Мирзо, Мироншох, Абдулло Мирзо, Абдурахмон Мирзо ва устоди Темур Мир Саид Барака мавчуд аст. Дар атрофи он хонаву хавлихои зиёде сохта шуда буданд.

Девори он бо сангхои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудааст, ки аз нурхои офтоб чило медихад.

emomali-samarqand

Дар даруни макбара санги сари кабрии Амир Темур вокеъ аст ва худи оромгох аз санги мармару оникс ва кисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст.

Кабри асоси бошад, дар кисми поёнии макбара чойгир шудааст.

Дар даромадгохи оромгох навиштачоти “Макбараи Амир Темур. Асрхои XIV-XV” хаккоки шудааст.

18 август дар доираи сафари давлати дар Чумхурии Узбекистон Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон аз шахри Тошкент ба шахри Самарканд ташриф оварда, чойхои таърихию мукаддаси ин шахри бостониро тамошо карданд.

Дар фурудгохи байналмилалии шахри Самарканд Сарвари давлатро намояндагони воломакоми Хукумати Чумхурии Узбекистон истикбол гирифтанд.

Ташрифи Сарвари давлат дар шахри Самарканд аз зиёрати оромгохи нахустин Президенти Чумхурии Узбекистон шодравон Ислом Каримов огоз гардид.

Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон  ва Президенти Чумхурии Узбекистон мухтарам Шавкат Мирзиеёв бо нишони эхтиром ва кадршиноси дар назди маркади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотехаи нек рухашро шод карданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Дуое, ки фариштагони осмони чахорумро ба харакат дармеоварад

Хазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асхоб Абумуаллак буд ва у ба …