Главная / Чамъият / Экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии шахрсози

Экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии шахрсози

Моддаи 64-и  Карори шахрсози. Экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии шахрсози

  1. Хуччатхои лоихави барои сохтмони объектхо бояд хатман аз экспертизаи давлати гузаронида шаванд, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур.
    2. Экспертизаи давлатии хатмии хуччатхои лоихави дар холатхое гузаронида намешавад, ки мутобики Кодекси мазкур барои сохтмон, тачдид, таъмири асосии объектхо, тайёр намудани хуччатхои лоихавии сохтмон хатми набошад ва гирифтани ичозат барои сохтмон талаб карда нашавад.
    3. Гузаронидани экспертизаи давлатии хатми нисбат ба хуччатхои лоихавии объектхои сохтмоние, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатиро гирифтаанд ва такроран татбик мегарданд ё дар холатхои такмил додани чунин хуччатхои лоихави, ки ба хусусиятхои конструктиви ва дигар хусусиятхои боэътимоди ва амнияти иншоот таъсир намерасонад, талаб карда намешавад.
    4. Номгуи объектхои сохтмониеро, ки барои хуччатхои лоихавии он гузаронидани экспертизаи давлати зарур нест, макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози дар мувофика бо ташкилотхои сохави тасдик менамояд.
    5. Максади гузаронидани экзпертизаи давлатии хуччатхои лоихави, ба истиснои хуччатхое, ки тибки кисмхои 2, 3 ва 4 моддаи мазкур аз экспертиза гузаронидани онхо хатми нест, баходихии мутобикати хуччатхои лоихави ба талаботи регламентхои техники, аз чумла санитарию эпидемиологи, экологи, хифзи давлатии объектхои мероси фарханги, бехатарии сухторнишони, саноати, ядрои, радиатсиони ва дигар намудхои бехатарии бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида мебошад.
    6. Ба ваколати истисноии экспертизаи давлати экспертизаи асосноккунии сармоягузорихо, асосноккунии техникию иктисоди ва хисоби кардани хуччатхои лоихави барои сохтмони объектхое (мачмаахое) дахл доранд, ки:
    – аз хисоби сармоягузорихои давлати ё бо иштироки онхо бунёд мешаванд, хамчунин бе иштироки сармояи давлати бунёд мегарданд, вале мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хиссаи моликияти давлатиро дар хачми махсулоти истехсолшаванда ё хизматрасони пешбини мекунанд;
    – мутобикат ба талаботи меъёрхои давлати оид ба бехатарии санитари, экологи, сухторнишони, таркиш, хифзи мехнат, устувории конструксияхо, пойдории фаъолият дар холати хатарнокии потенсиали ва объектхои аз чихати техники мураккаб, таъмин намудани дастрасии объектхои инфрасохтори ичтимои, наклиёт ва истирохатиро ба маъюбон, новобаста ба сарчашмахои маблаггузории сохтмон талаб мекунанд.
    7. Шахсони вокеи ва хукуки, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии сохтмон чалб карда мешаванд, инчунин макомоти ваколатдори анчомдихандаи экспертизаи давлати вазифадоранд махфияти экспертизаи гузаронидашударо риоя намуда, сирри тичоратии лоихаи баррасишавандаро таъмин намоянд, агар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
    8. Шахсони вокеи ва хукуки, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии хуччатхои лоихавии сохтмон чалб карда мешаванд (аз чумла экспертизаи давлати), бояд дар фаъолияти худ нисбат ба тахлил, арзёби ба манфиатнокии маблаггузорихо ва сифати лоихахо аз субъектони фаъолияти меъморию шахрсози ва сохтмони вобаста набошанд.
    9. Тасдик намудани хуччатхои лоихави ё лоихаи ба озмун омодашуда, додани ичозат барои огоз намудани сохтмон ва амали гардонидани лоихахои меъмори, шахрсози ва сохтмони бе хулосаи мусбии экспертизаи давлати ичозат дода намешавад. Ворид намудани тагйирот ба лоихахои тасдикшудаи меъмори, шахрсози ва сохтмони танхо баъд аз мувофикаи онхо бо макомоти ваколатдори экспертизаи давлати, ки лоихахоро аз экспертиза мегузаронанд, ичозат дода мешавад.
    10. Тартиби гузаронидани экспертизаи байнидавлати мувофики шартномахои байналмилали мукаррар мегардад.
    11. Талаб намудани гузаронидани дигар экспертизахои давлати ё мувофикасозии хуччатхои лоихави, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологи» ичозат дода намешавад.
    12. Мухлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектхо набояд аз як мохи таквими зиёд бошад.
    13. Мухлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектхои мураккаб ва калонхачм тавассути шартномаи тарафайн мукаррар карда мешавад.
    14. Асосхо барои рад кардани кабули хуччатхои лоихавии барои экспертизаи давлати пешниходшуда инхо мебошанд:
    – нопурра будани хуччатхои лоихави;
    – тайёр кардани хуччатхои лоихави аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки, ки ичозатномаи фаъолияти тахияи лоихахоро надоранд.
    15. Натичаи экспертизаи давлатии хуччатхои лоихави, хулосаи мувофик будан (хулосаи мусби) ё мувофик набудани (хулосаи манфии) хуччатхои лоихави ба талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мебошад.
    16. Бахсхо оид ба хулосаи экспертизаи давлати бо рохи суди хал карда мешаванд.
    17. Фармоишгар хукук дорад хуччатхои лоихавиро пас аз ворид намудани тагйироти зарури ба он такроран барои экспертиза пешниход намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …