Главная / Чамъият / Экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Конуни Чумхурии Точикистон 

Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукукиро бо максади дар онхо ошкор намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия ва андешидани чорахо чихати бартараф намудани ин омилхо ва дар мачмуъ низоми пешгирии коррупсияро дар хамаи сохахои хаёти чомеа танзим менамояд. 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

–    экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки – фаъолият оид ба ошкор намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия дар санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби субъектхои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиони ваколатдор амали гашта, аз натичаи он чихати баррасии хатми ба макомоти дахлдори давлати (минбаъд – субъектхои хукукэчодкунанда) хулоса дода мешавад;

–     арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоихахои санадхои меъёрии хукуки – фаъолияти макоми давлатии тахиякунандаи лоихахои санадхои меъёрии хукуки (вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот) оид ба ошкор намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия дар лоихахои санадхои меъёрии хукуки, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад;

–     экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки – фаъолияти шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки, лоихахои санадхои меъёрии хукуки, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали гашта, аз натичаи он чихати баррасии хатми ба субъектхои хукукэчодкунанда хулоса дода мешавад.

БОБИ 2. АСОСОХОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИ ВА ЛОИХАХОИ САНАДХОИ  МЕЪЁРИИ ХУКУКИ 

Моддаи 4. Принсинхои гузаронидани экспертизаи зиддикорруп­сионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба принсипхои зерин асос меёбад:

  –    асосноки, холиси (бегарази), айният ва имконпазирии санчиши натичахои экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

  –    салохиятнокии шахсоне, ки экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукукиро мегузаронанд;

–      мустакилият ва ба субъектхои хукукэчодкунанда вобаста набудани экспертхо;

–      хатми будани гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

–      хамкори ва мубодилаи иттилоот байни макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) бо шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти дар гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

–      хатми будани баррасии хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

–  шаффофият ва таъмини имконияти шинос шудан бо натичаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

–   масъулияти субъектхои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ваколатдор барои сифати экспертизаи зиддикоррупсиони.

Моддаи 5. Омилхои бавучудоварандаи коррупсия

  1. Омилхои бавучудоварандаи коррупсия – меъёр (меъёрхо) дар санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки, ки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, ба барномахои (стратегияхои) давлати дар самти муковимат ба коррупсия мухолифат дошта, барои зухуроти коррупсия, аз чумла бархурди манфиатхо, вайрон намудани одоби касби ва риоя накардани принсипи шаффофият шароит фарохам оварда, ба макомоти давлатии хукуктатбиккунанда ва шахсони мансабдори онхо берун аз коидахои умуми ваколатхои беасоси фармонфармой ва ихтиёрдори дода, имконияти татбики беасоси истиснохо аз коидахои умумии мукарраршуда, хамчунин хавфи пайдоиши холатхоеро ба вучуд меорад, ки заминаи пешниход намудани талаботи номуайян, ичрояш мушкил ва монеахои сохтаро барои шахсони вокеи ва хукуки эчод мекунад.
  2. Омилхои бавучудоварандаи коррупсия, ки ба хукуктатбик­кунанда ваколатхои беасос васеи фармонфармои, ихтиёрдори ё имконияти татбики беасоси истиснохо аз коидахои умумиро мукаррар менамоянд, инхо мебошанд:

–        васеъ будани доираи ваколатхои додашуда – мавчуд набудан ё номуайянии мухлатхо, шартхо ё асосхои кабули карор, такрор шудани ваколатхо дар байни макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо);

–         муайян кардани салохият аз руи коидаи «хукук доштан» – пешбини намудани имконияти бо салохдиди макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) содир намудани амалхо нисбати шахсони вокеи ва хукуки;

–         интихобан тагйир додани доираи хукукхо – имконияти бо салохдиди макомоти давлати ё макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) беасос мукаррар намудани истиснохо аз коидахои умуми барои шахсони вокеи ва хукуки;

–          озодии аз хад зиёди меъёрэчодкунии санадхои зерконуни – мавчудияти меъёрхои хаволакунанда ва умуми, ки заминаи аз худ кардани салохияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехотро (шахсони мансабдори онхоро) ба вучуд меорад;

–           кабули санади меъёрии хукуки берун аз доираи салохият – аз доираи салохияти худ баромадани макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) дар мавриди кабули санадхои меъёрии хукуки;

–         ихтилофхои меъёри – пурра ё кисман мухолиф будани санади меъёрии хукуки ба дигар санадхои меъёрии хукуки, ки ба шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлати барои озодона интихоб намудани санаде, ки дар холати мушаххас бояд татбик карда шавад, имконият ба вучуд меорад;

–          мукаммалгардонии норасоихо дар конунгузори тавассути санадхои зерконуни бидуни ба таври конунгузори ваколатдор шудан – мукаррар намудани коидахои умумихатмии рафтор дар санади зерконуни дар мавриди набудани санади конунгузори;

–         мавчуд набудан ё нопуррагии расмиёти маъмури – мавчуд набудани тартиби амалисозии харакатхои муайян ё чузъиёти онхо аз чониби макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо);

–          даст кашидан аз расмиёти баргузории озмунхо (музоядахо) – муайян намудани тартиби маъмурии пешниходи хукукхо ва (ё) неъматхои моддию гайримодди;

–          мавчудияти талаботи барзиёд нисбат ба шахсе, ки хукукхои худро амали мекунад – мукаррар намудани талаботи номуайян, ичрояшон мушкил ва захматталаб барои шахсони вокеи ва хукуки;

–         меъёрхои имконияти суйистифода намудани хукукро аз чониби макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ё шахсони мансабдори онхо бавучудоваранда – мавчуд набудани тартиботи аники амалисозии хукукхои шахсони вокеи ва хукуки;

–        номуайянии хукукию лингвисти (забони) – истифодаи гурухи истилоххои беасоси хусусияти муайянкунидошта ва иборахои бисёрмаъни, ки бе тафсири мафхумхои мушаххас кобили кабул ва истифодабари нестанд.

  1. Дар мавридхои мавчуд будани асосхои кофи, номгуи омилхои бавучудоварандаи коррупсия мумкин аст бо рохи ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни мазкур тагйир дода шавад. 

Моддаи 6. Намудхои экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Дар Чумхурии Точикистон экспертизаи давлати ва чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки гузаронида мешавад.
  2. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки, аз чониби субъектхои дар моддаи 8 Конуни мазкур зикргардида ва экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки аз чониби шахрвандон ё ташкилотхои чамъияти гузаронида мешавад. 

Моддаи 7. Объектхои экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Объектхои экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки инхо мебошанд:

–                      конунхои конститутсиони, кодексхо, конунхо ва лоихахои онхо;

–                      карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва лоихахои онхо;

–                      фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва лоихахои онхо;

–                      карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва лоихахои онхо;

–                      санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва лоихахои онхо.

  1. Дастурхо, низомномахо, оинномахо, консепсияхо, стратегияхо, барномахо, дигар санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои онхо, ки бо санадхои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда тасдик мегарданд, хамчунин объекти экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки махсуб меёбанд. 

Моддаи 8. Субъектхои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ваколатдор

  1. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки аз чониби макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот аз чониби Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоихахои санадхои меъёрии хукуки аз чониби субъектхои хукукэчодкунанда гузаронида мешаванд. Ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиони мутахассисоне чалб карда мешаванд, ки дар тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукуки иштирок накардаанд.
  2. Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон метавонад экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва лоихахои онхоро бевосита гузаронад.
  3. Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки, санадхои меъёрии хукукии хусусияти умумихатмидоштаи вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва лоихахои онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 9. Асосхо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Асос барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии лоихаи санади меъёрии хукуки ин тахия намудани лоихаи санади меъёрии хукуки мебошад.
  2. Асосхо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки инхо мебошанд:

–                      мониторинги татбики санадхои меъёрии хукуки аз чониби макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия;

–                      воридшавии санадхои меъёрии хукуки ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон барои бакайдгирии давлати;

–                      мурочиати макомоти давлати ва макомоти махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон дар бораи чой доштани омилхои бавучудоварандаи коррупсия дар санадхои меъёрии хукуки.

  1.                 Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки дар асоси дастури Президенти Чумхурии Точикистон, дархостхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, супоришхои Хукумати Чумхурии Точикистон, пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки аз чониби субъектхои дар моддаи 8 Конуни мазкур зикргардида гузаронида мешавад.
  2.                 Хулосахои экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки метавонанд барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсиони асос гарданд. 

Моддаи 10. Самтхои афзалиятноки гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Ба лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки бояд дар навбати аввал аз экспертизаи зиддикоррупсиони гузаранд, чунин лоихахои тахиягашта дохил мешаванд:

  1. лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба танзими хукуку озодихо ва вазифахои конститутсионии инсон ва шахрванд;
  2. лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба танзими муносибатхои байни макомоту идорахои давлати, аз як тараф ва шахсони вокеи ва хукуки, аз тарафи дигар;
  3. лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба танзими фаъолияти макомоти хифзи хукук;
  4. лоихахои санадхои меъёрии хукукии сохахои истифодаи замин, андоз, гумрук, зиддиинхисори, муфлисшави, фаъолияти иктисодии беруна, назорати асъор, идоракунии молу мулки давлати, инчунин молу мулки гайридавлати, ки дар он хиссаи давлат мавчуд аст;
  5. лоихахои санадхои меъёрии хукукии сохахои хизмати давлати, муносибатхои ичтимоию мехнати, хочагии чангал, захирахои об, хифзи мухити зист, низоми ичозатномадихи ва ичозатдихи, сугуртакунони, танзимкунандаи фаъолияти корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, бучети давлати, фондхои давлати, вогузор намудани вазифахои як макомот ба макомоти дигар;
  6. лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба амали намудани барномахои (стратегияхои) миллии зиддикоррупсиони ва чорахо чихати таквияти муковимат ба коррупсия;
  7. лоихахои консепсияхо, стратегияхои милли ва барномахои давлати;
  8. лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот тахия намудаанд.

Моддаи 11. Вазифаи макомоти давлати оид ба ирсоли ахборот ва мусоидат барои гузаронидани экспертизаи зиддикор­рупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вазифадоранд дар мавриди ошкор намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия дар санадхои меъёрии хукукие, ки сохаи фаъолияти онхоро танзим менамоянд, ба макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ахборот ирсол намоянд.
  2. Макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вазифадоранд, ки хангоми гузаронидани экспертизаи зиддикорупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба экспертхо маълумотхои дахлдорро пешниход карда, ба онхо барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсиони хаматарафа мусоидат намоянд. 

Моддаи 12. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Омилхои бавучудоварандаи коррупсия, ки дар натичаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ошкор карда мешаванд, дар хулосаи экспертизаи зиддикоррупсиони нишон дода мешаванд.
  2. Дар хулосаи экспертизаи зиддикоррупсиони роху воситахои бартараф намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия ба воситаи ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки нишон дода мешаванд.
  3. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки хусусияти тавсияви дошта, хатман мавриди барраси карор дода мешавад.
  4. Хулосаи экспертизаи зиддикоррупсиони аз чониби макомоти дахлдори давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) дар мухлати як мох аз рузи воридшавии хулоса хатман мавриди барраси карор дода мешавад.
  5. Дар сурати рози шудан бо хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва ё лоихаи санадхои меъёрии хукуки макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот лоихаи санади меъёрии хукуки дар бораи ворид намудани тагйиру иловахоро ба санади меъёрии хукуки тахия намуда, дар ин хусус ба субъекте, ки экспертизаи зиддикоррупсиониро гузаронидааст, хабар медиханд. Лоихаи тахиягардида тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад.
  6. Дар сурати рози нашудан бо хулосаи экспертизаи зиддикоррупсиони макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо) ба субъекте, ки экспертизаи зиддикоррупсиониро гузаронидааст, раддияи асоснок ирсол менамоянд. 

Моддаи 13. Экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

  1. Шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур метавонанд экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукукиро аз хисоби маблагхои худ гузаронанд.
  2. Экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукукиро шахрвандон, ташкилотхои чамъияти ё гурухи коршиносон ё ташкилотхои интихобкардаи шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти мегузаронанд.
  3. Ба сифати эксперт шахси вокеие баромад карда метавонад, ки тахсилоти олии хукукшиноси ва собикаи кории на камтар аз панчсола аз руи ихтисос дошта бошад.
  4. Ташкилотхои чамъияти барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки хамон вакт хукук доранд, ки агар дар хайати кормандонашон на камтар аз се шахси ба талаботи дар кисми 3 хамин модда пешбинишуда чавобгуйро дошта бошанд.
  5. Дар хулосаи экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки бояд омилхои бавучудоварандаи коррупсия нишон дода шуда, роху воситахои бартараф кардани онхо пешниход карда шаванд.
  6. Хулосахои экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки хусусияти тавсияви доранд.
  7. Хулосаи экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба субъектхои хукукэчодкунандаи дахлдор чихати барраси пешниход карда мешавад.
  8. Дар сурати аз чониби субъектхои хукукэчодкунанда кабул накардани хулосаи экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба шахрвандон ва ташкилотхои чамъиятии ташаббускори гузаронидани экспертизаи чамъиятии зидикоррупсиони раддияи асоснок ирсол карда мешавад.
  9. Шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти метавонанд дар холати рози набудан ба раддияи хулосаи экспертизаи чамъиятии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва ё лоихахои санадхои меъёрии хукуки ба макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия мурочиат намоянд. 

Моддаи 14. Хамохангсозии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки

Хамохангсозии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва пешбурди корхои тахлилиро доир ба ин масъала макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон амали менамояд. 

Моддаи 15. Ваколати Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он оид ба ошкору бартараф намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия дар санадхои меъёрии хукуки

Дар рафти амали намудани ваколатхои худ Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он хангоми дар санадхои меъёрии хукуки ошкор намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия метавонанд ба субъектхои хукукэчодкунанда чихати бартараф намудани омилхои бавучудоварандаи коррупсия ё ба макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход ирсол намоянд, ки баррасии он хатми мебошад.

БОБИ 3.  МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 16. Чавобгарй барои риоя накарданн талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад. 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                           Эмомали Рахмон

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2012

№925

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …