Главная / Маданият ва санъат / Эътидоли хавфу рачо

Эътидоли хавфу рачо

Эътидоли хавфу рачо

Бидон, ки хавфу рачо дар рохи хак чун ду кадам аст, ки дар рох мерави. Хар вакт, ки як кадам бинихи, агар бар он кадам боз исти, харгиз рох бурида нашаваду бар чой бимони « ва агар як кадам бинихи ва кадами дигарро бардошта ба пеш гузори, рох бурида мешаваду пеш мерави.

 

Маънии хавф аз Худованд тарсидан, маьнии рачо аз  рахмати Худои таъоло умедвор шудан аст. Пас инсон дар рохи хак хамчунин бояд равад: кадаме аз хавф ва кадаме аз рачо, то саломат ба манзил расад. Хар гох, ки шайтон туро ноумед кунад кадами рачо пеш бояд ниход, то ноумед нагарди, зеро ки ноумеди аз рахмати Хак таъоло куфр аст.

 

Дар умед низ чандон набояд рафт, ки бепарво ва эмин шави, ки эмин шудан низ куфр аст. Балки нахуст, яъне аввал кадами хавф дар пеш бояд ниход. Чун кадами хавф дар чой карор гирифт, кадами рачо бояд гирифту дар пеши кадами хавф бояд ниход. Хамчунин мебояд рафт, то ба манзил тавони расид. Аммо бандаро дар тандурусти ва чавони дар макоми хавф бояд буд, то шикастадил шаваду чурьату далери бар маъсият нанамояд, зеро ки даргохи бениёзист, агар ба як нофармони ва ё ба як бебоки биронад, наъузубиллох кучо рави, ки кабулат кунанд.

 

Модари муъминон Оишаи Сидика разияллоху анхо мегуяд:

-рузе Расули акрам (с) ба хонаи ман даромаду гуфт. – Эй Оиша, хеч Таъом дорй?

Он чи дар хона хозир буд, пеши вай овардам ва ман ба кори худ машгул шудам. Чун боз омадам, Расули Худоро дидам, ки  cap ба сачда нихода мегуфт: Тавба кардам ба суи ту ва зори мекард.

 

Гуфтам: – Ё Расулаллох, чонам фидои ту бод, ин чи гиря ва зори аст? Ту сайиди анбиё ва шафеи гунахгорони уммати.

 

Гуфт: – Ё Оиша, таомро дар пешам ниходаму гирдзону нишастам.

 

Чабраил (а) ба наздам омада гуфт: – Ё Мухаммад, бандагон чунин нанишинанд, чунин ки ту нишастаи, бепарвоён нишинанд. Пас агар ман нагирям, ки гиряд ва агар ман нанолам, ки нолад? Намедонам, ки Худованд бо ман чи хохад кард? –

 

Эй бародару хохари азиз, бубин Довуди пайгамбар алайхи-с-салом, ки пайгамбари мурсал буд, ба як назар, ки бе касди у бар зани бегона афтод, уро Худой таъоло сарзаниш кард, У чихил сол гиря ва зори кард, то аз оби чашми у гиёххо баромад, пас аз он оххои гарм кашид, ки аз гармии нафаси у он гиёххо сухтанд, то тавбаи вай ба назди Худованд кабул гардид.

 

Бубинед, ки Довуд (а) аз барои як гунох чихил сол ин навь гиря ва зорй мекард.

 

Эй он касе, ки чихил сол ба хилофи фармон Худоро меозори, оё вакти он наёмадааст, ки пушаймон шавиву тавба куни? То ту корхои худро тамом куни ва баъд пушаймон шави ва тавба куни дер шавад. Дер шуданро дар тавба кардан рох мадех.

То ту зи хама сер шави, дер шавад,

Чун дер шавад дилат зи мо сер шавад.

Он чи шуниди макоми хавф буд ва банда то дар чавони ва тандурусти аст, дар макоми хавф буданаш авлотараст, ки бар нофармонии Хак таъоло далери нанамояд. Аммо чун пир гашт ё бемор шуд, дар макоми рачо будан авлотараст, то шикастадил нашаваду шайтон уро ноумед нагардонад, ки Худованди таъоло бисёр Карим аст.

Хазрати Мухаммади Мустафо (с) дар шаби меъроч аз Хак таъоло талаб кард, ки бор Худоё, хисоби уммати ман ба дасти ман бидех, то касе бар гунохи онхо огохи наёбад.

Фармон омад: Эй Мухаммад, ту мехохи, дигарон бар гунохи умматони ту огохи наёбанд ва ман, ки Худовандам чунон мехохам, ки ту низ бар гунохи умматони худ огох нашави, агар ту гунохи онхоро бидони, аз онхо безор шави. Харчанд ки ту рахмати оламиёни, аммо парвардигори оламиён манам. Агар онхо умматони туанд, лекин бандагони мананд.

Баъд аз он ки Расул (с) аз меъроч боз омаданд, яке аз умматонаш вафот кард. Чанозаи уро хозир карданд. Расули акрам (с) савол карданд, ки карз надорад?

Гуфтанд: – не.

Пас намози чанозаи уро хонданд.

Баъд аз он яке дигар аз умматонаш вафот кард.

Савол карданд, ки карз надорад?

Гуфтанд: – ду дирам карз дорад, аммо чизе дорад, ки карзи вайро бидиханд.

Намози чанозаи вайро низ хонданд.

Баъд аз он яке аз умматони дигараш вафот ёфт.

Савол карданд, ки карз надорад?

Гуфтанд: – Ду дирам карз дорад ва чизе надорад, ки карзашро адо намоянд.

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтанд, ки

намози чанозаи уро намехонам, чунки дар додани карз сусти кардааст.

 

Шохи мардон Алии Муртазо Карамаллоху вачха гуфтанд  ё Расулаллох, ман карзи уро ба зиммаи худ гирифтам, ки адо мекунам. Шумо намози чанозаи вайро хонед.

 

Расули акрам (с) намози чанозаи вайро хонданд. Он гох Чабраил алайхи-с-салом аз назди хазрати Рабул оламин даррасиду гуфт: – Эй Мухаммад (с), Худованд ба шумо мегуяд: баъд аз салом, ки дар шаби меъроч хисоби уммат мехости, ки ба дасти ту дихам ва яке аз умматони туро ду дирам карз буд бар вай намоз намегузори, хисоби уммат чи гуна ба дасти ту дихам? Халимии мост, ки бардошти бори гунохи бандагон мекунад ба иззати ман, ки агар бар он бандаи муъмин намоз намегузориди ман, ки Худовандам шашсад хазор фариштаи мукарабро мефиристодам, то бар вай намоз мекарданд.

 

Расули акрам (с) фармуданд, ки фардои киёмат чун хайронии халк аз хад гузараду руи халоси наёбанд, фарёдкунандае аз зери арш фарёд кунад, ки эй умматони Мухаммад (с), Хак таъоло мефармояд, ки он гунохоне, ки миёни ману шумо буд, хамаро бахшидаму калами авф баркашидам. Мемонад гунох ва хусумате, ки дар байни хамдигари шумост, ки дар дунё якдигарро чабру зулм кардед ё хакки хамдигарро хурдед, ё хамдигарро ранчонидед. Шумо якдигарро бихил кунед ва хама дар бихишт дохил гардед. Х,ама ба якбораги хуруш бароранд, ки Худовандо, якдигарро бихил кардем ва бахшидему хушнуд гаштем. Пас фармон шавад, то дастхои якдигар бигиранду дар бихишт дароянд.

 

Умар (р) гуфт: – Агар фарёдкунандае фардои киёмат фарёд кунад, ки хеч кас дар бихишт намедарояд, магар як кас, гумон барам, ки он ман бошам ва агар гуянд хеч кас дар дузах наравад, магар як кас гумон барам, ки он ман бошам.

 

Илохо, тамомшавии умри моро бар калимаи тавхид ба

поён расон ва хамаи моро аз дузахи сузон бирахону ба бихишти човидон бирасон, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …