Моддаи 30-и Кодекси оила. Эътиборнок донистани акди никох (санатсияи акди никох)
Суд метавонад акди никохро эътиборнок хисоб кунад, агар дар лахзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани акди никох холатхое, ки барои акди никох монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
- Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани акди никохе, ки бо шахси ба синни акди никохи нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатхои зан ё шавхари ноболиг талаб намояд.
- Суд метавонад акди никохи калбакиро хакики эътироф намояд, агар то лахзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки акди никох бастаанд, муносибатхои заношуи ба вучуд омада, онхо барои идомаи хаёти оилави рози бошанд, ба шарте, ки хакики донистани акди никох ба хукукхои шахсони сеюм зарар нарасонад.
- Акди никох пас аз бекор кардани он гайрихакики дониста шуда наметавонад, ба истиснои холатхои вучуд доштани дарачаи хешии байни зану шавхар, ки конун манъ кардааст, ё холате, ки зан ё шавхар дар лахзаи бакайдгирии акди никох дар акди никохи дигари бекорнашуда (моддаи 14 хамин Кодекс) карор дошта бошанд.