Моддаи 158-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Эълон кардани карор аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз
- Карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз кабулшуда баъди кабули он фавран эълон мегардад.
- Нусхаи карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз кабулшуда дар мухлати се шабонарузи баъди кабул гардиданаш ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо карор кабул гардида буд, инчунин ба чабрдида хангоми шикоят кардани у ва ба прокуроре, ки эътироз оварда буд супорида ё фиристода мешавад.
- Карори аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз оид ба хабси маъмури кабулшуда дар рузи кабул гардидани он ба маълумоти макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) масъули ичрои карор, ба шахсе, ки нисбати у ин карор кабул гардидааст, ба чабрдида, инчунин ба маълумоти прокурор расонида мешавад.