Главная / Илм / ЁЗИШИ ПАЙ

ЁЗИШИ ПАЙ

yozishi-payЁЗИШИ ПАЙ (Distorsio), дисторсия, иллатест, ки дар натичаи аз хад зиёд ёзидани пайи бугумхо ба амал меояд. Аксар вакт торхои чудогонаи пай, баъзан худи пай тамоман канда шуда, хатто як пораи устухонеро, ки ба он часпидааст, аз чояш мекучонад.
Бештар Ё. п.-и банди соку панчаи по ба мушохида мерасад; иллат асосан дар вакти ба чойхои нохамвори замин по мондан (аз ин сабаб тоб ва лат хурдани по), инчунин хангоми ба пахлу галтидан (агар попанча ночунбон бошад, чунончи дар лижаронхо) ба амал меояд. Хангоми Ё. п. дарди бисёр сахт пайдо мешавад. Сонитар (дар рузи дуюм) бугум варамида, дар атрофи он хуномос падид меояд.
Ёрии аввалин – таранг бинтпеч кардани банди соку панча. Дар вакти сахт дард кардан попанчаро бо ягон воситаи дастрас ночунбон сохта, осебдидаро зуд назди духтур бурдан лозим аст. Вагарна хатто ёзиши сабуки пай боиси суст шудани он гардида, дар натича попанча тез-тез тоб ва лат мехурад, Ё. п. борхо такрор мешавад.
Ё. п.-и зону зимни ичрои харакатхои зурнорас дар банди зону, мас., ба пахлу кат кардани он, инкишоф меёбад. Нишонахояш чунинанд: сахт дард кардани зону; дар вакти чунбиш зуртар шудани дард. Ёрии аввалин: зонуро таранг бинтпеч карда ба он чабира (тахтачаи шикастабанди) ё дигар чизи ёрирасон бастан. Муоличаро духтур мегузаронад. Ё. п.-и дигар бугумхо кам руй медихад.
Дар аснои дуруст муолича кардани Ё. п. оризаи ногувор боки намемонад. Пешгирии Ё. п. (махсусан барои варзишгарон): хамеша таранг нигох доштани мушакхо; пеш аз бози ба чойхои каблан латхурда печондани бинти эластик (ёзанда); пушидани пойафзоли махсуси спорти; истифодаи зонубандхо ва г.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …