Главная / Илм / ЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна

ЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна

ermoleva-zinaida-vissarionovnaЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна (12. 10. 1898, ш. Фролово – 2. 12. 1974, Москва), микробиолог ва эпидемиологи шурави, акад. АИТ ИЧШС (1965; узви вобаста аз 1945). Корманди Ин-ти бактериологияи Шим. Кавказ (1921 – 25), Ин-ти комиссариати халкии ИЧШС ва Ин-ти тибби тачрибави (1925 – 47), Ин-ти антибиотикхо (1947 – 52). Аз с. 1952 то охири умр корманди Ин-ти марказии такмили ихтисоси духтурон буд. Оид ба масъалахои омузиши вабо ва антибиотикхо тадкикот бурдааст. С. 1931 доруи лизотсимро омухта, дар амалияи тиб истифода бурд. Имруз он яке аз дорухои асоси барои табобати беморихои чашм ва халку бини махсуб мешавад. С. 1942 хамрохи Т. И. Балезина бори аввал дар ИЧШС пенитсиллин ва с. 1947 стрептомитсинро хосил кард, дар истехсоли саноатии онхо фаъолона ширкат варзид. Е. яке аз нахустин олимони шурави буд, ки ба омузиши хосиятхои интерферон машгул шудааст. Барандаи Чоизаи давлатии ИЧШС (1943). Бо ордену медалхо сарфароз гаштааст.
Ос.: Холера, М., 1942; Пенициллин, М., 1956; Стрептомицин, М., 1956.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …