Главная / Илм / ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН

ЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН

ambulatoriyaЁРИИ ТИББИИ БЕРУН АЗ БЕМОРИСТОН, як навъи маъмули кумаки тибби. Онро асосан дармонгоххо, амбулаторияхо, диспансерхо, бунгоххои фелдшерию акушери, бунгоххои тибби, стансияхои ёрии тиббии таъчили ва г. мерасонанд. Муассисахои Ё. хангоми мурочиат кардани беморон, инчунин ба шахсоне, ки дар хона, корхона, наклиёт, чойхои чамъияти бемор шудаанд ва осеб дидаанд, ёри хоханд расонд (ниг. Ёрии тиббии таъчили). Гайр аз ин Ё. ба одамони солими тахти назорати диспансери карордошта ва шахсоне, ки ба духтур – момодоя барои маслихату машварат мурочиат мекунанд, расонда мешавад.
Муассисахои Ё. гайр аз вазифаи асоси инчунин пешгири ва кам кардани беморию садамот, мухофизат ва тахкими тандурустии мардумро бар ухда доранд. Бо ин максад онхо шароити мехнат, зиндагони, истирохати ахолиро меомузанд, тадбирхои зарури андешида, дар амал татбик менамоянд. Сари вакт дар беморхона бистари кардани беморон ва осебдидагон, инчунин гузарондани экспертизаи кобили мехнат будани онхо низ вазифаи муассисоти Ё. мебошад.
Ташкили дурусти кори муассисахои Ё. аз хамкории онхо бо дигар муассисоти тибби, муттасили дар рафти муоличаи беморон, ягонагии амалиёти муоличавию профилактики вобаста аст.
Аксари муассисахои Ё. ба ахоли аз руи таксимоти махал хизмат мерасонанд.
Ё. бо рохи бунёд намудани поликлиникахои калони беморхонадор ва мустакил, аз чумла поликлиникахои бачагона (дар шахрхо) ва амбулаторияхои духтури (дар дехот) таракки меёбад. Поликлиникаи беморхонахои маркази нохияхо, ки аз руи 10 – 15 ихтисос беморонро кабул мекунанд, инчунин поликлиникахои вилояти зинаи асосии расонидани хама намудхои Ё. ба ахли дехот гардиданд. Барои дар дехот вусъат додани шуъбаи ёрии таъчили, ки дар назди беморхонахои маркази нохия ташкил меёбанд, диккати калон дода мешавад. Минбаъд сохтмони поликлиника ва амбулаторияхои нав (пеш аз хама дар кишлокчойхо), таъмини онхо бо лавозимот ва тачхизот, наклиёти санитари, вусъат додани умури тибби (аз чумла умури пешгирии беморихо) дар назар аст. Дар базахои клиникии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва институтхои тадкикоти илми, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб марказхои маслихату ташхис таъсис ёфтаанд, ки ба туфайли ин ахоли аз кумаки мутахассисон бахравар мегардад. Дар муассисахои Ё. теъдоди шуъба ва кабинетхои махсус пай дар пай меафзояд. Дар поликлиникахои шахрие, ки дар назди беморхонахои калон вокеъ гаштаанд, марказхои маслихату ташхиси дорои шуъбахои эндоскопи, лабораторияхо, кабинетхои ташхиси радиоизотопи ва г. ташкил меёбанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …