Главная / Илм / ЁРИИ АВВАЛИН

ЁРИИ АВВАЛИН

yorii-avvalinЁРИИ АВВАЛИН, тадбирхои оддитарин ва таъчилиеро гуянд, ки барои начот додани хаёти одам ва пешгирии окибати ногувори фалокат ва бемории ногахони то омадани корманди тиб ё то ба муассисаи табобати бурдан ба зарардида расонда мешаванд. Ё. а.-е, ки худи зарардида мегузаронад (агар он имконпазир бошад), худёрирасони ном дорад, мас., гузоштани бандина хангоми захм бардоштан ё шустани меъда бо рохи кай овардан ва г.
Ё. а.-и таъчили махсусан хангоми рух додани холатхои барои хаёт хатарнок (игмо, хунрави, захролуди, гарк шудан, шок, осеби электри ва г.) зарур аст. Натичаи минбаъдаи ёрии тибби ба дуруст расондани Ё. а. вобастаги дорад. Чунончи зуд ва дуруст бастани захм ва чабира хангоми шикастани устухон аксар вакт оризаи хатарнок (шок, сироят ва г.)-ро пешгири мекунад; барои чилавгирии буги гаштан ва ба рохи нафас наафтодани моддаи кай ва хун бемори бехушро ба пахлу мехобонанд.
Ё. а. се гурухи тадбирхоро дарбар мегирад. 1) Фавран катъ кардани таъсири омили зараррасон (чараёни электр, пахш кардани чизи вазнин) ё баровардани зарардида аз шароити ногувор (аз об, бинои оташгирифта ва г.). 2) Расондани ёри вобаста ба хусусияти осеб: бечо шудани устухон, шикасти устухон, захролуди, бехуши, захм, сухтаги, сармозани ва г. 3) Дархол ба беморхона, дармонгох, пункти фелдшери, хатто ба дорухонаи наздик мурочиат намудан (корманди ин муассисахо метавонад ёрии аввалини тибби расонад). Дар баъзе сохахои саноат (мас., чангалбури), ки одамон аз муассисаи тибби дур мебошанд, аз байни коргарон инструктори санитари интихоб мекунанд. у оид ба расондани Ё. а. тайёрии махсусро мегузарад.
Дар сурати ногахон бемор гаштан ё бинобар фалокатхои гуногун сахт осеб дидан (мас., дар наклиёт, хангоми сухтор ва г.), фавран даъват намудани духтури ёрии таъчили зарур аст. Дар ин холатхо нафакат дар чои фалокат, балки хангоми ба муассисаи табобати бурдани чабрдида низ вазъияти барои хаёт хатарнок метавонад рух намояд. Барои рафъ сохтани он факат духтури ёрии таъчили, ки дар ихтиёр мошини махсус дорад, кодир аст. Дар мавридхои зарури аз диг. намуди наклиёт низ метавон истифода бурд. Бо ин максад, мас., ба кузови мошини боркаш шохахои хушк ё хасбеда тунук карда, ба он занбар мегузоранд ё бистар мепартоянд. Осебдидаро бо занбар ё ба даст, стул ва г. шинонда мебаранд.
Барои расондани ёрии дуруст такмили донишу малакахо зарур аст. Дорукуттихо бояд хамеша дар холати даркори нигох дошта шаванд. Дуруст ва сари вакт расондани Ё. а. хатари фалокатро кам мекунад. Ба мураббихои макотиби варзишии кудакон омузондани Ё. а. ахамияти калон дошта, ба осеб бардоштани бачагон рох намедихад; ба ронандагон ва кормандони БДА таълим додани он бошад, натичаи табобати осеби наклиётиро бехтар мегардонад.
Хамеша омода будан ба ёрии хамдигари хислати одами солимакл аст. Бояд дар хотир дошт, ки Ё. а.-и ноухдабароёна аксар вакт натичаи дилхох ба бор намеорад.
Чабрдида низ метавонад ба худ Ё. а. расонад, мас., хангоми хуручи зики дил ба зери забон валидол ё нитроглитсерин партояд, дар мавриди захролудии сабук меъдаро шуяд (кариб 1 л об нушида, сони ангуштро ба халк андохта, кай кунад; ниг. Захролуди, Захролуди аз хурок), чои захмдорро шуяд ва ба он дору молад ва г.
Хангоми руй додани ягон фалокат, захм бардоштан, хунрави, аз хуш рафтан ва г. ёрии шахси дигар хатмист. Дар чунин мавридхо аввалан таъсири омили зарарнокро бартараф кардан лозим аст, мас., ба соя бурдани шахси офтобзада, ба хавои тоза баровардани одаме, ки аз гази губори ангишт захролуд гаштааст, начот додани каси гаркшуда (ниг. Гарк шудан), аз манбаи чараён чудо кардани одаме, ки уро барк задааст, хомуш кардани оташи либоси шахси сухтаистода ва г. Натичаи кумаки минбаъдаи тибби, муолича ва баъзан хаёти зарардида ба чи гуна ичро шудани ин вазифахо вобаста аст. Хусусияти бемори ё осеб ва холати бемор (зарардида)-ро ба назар гирифта, сипас воситаю тадбирхои ёрии аввалинро муайян бояд кард. Хунравии шахси захмдорро боздоштан вазифаи аввалин аст. Бо ин максад захмро мебанданд ё рагхоро бо ангушт сахт зер мекунанд (болотари чарохатро тофтабанди кардан низ мумкин). Сипас зарардидаро ба муассисаи тиббии наздиктарин бояд бурд.
Хангоми баромадан ва шикастани устухон, ёзидан ва кандани пайхо аввал ба узви осебдида тахтача, пустлохи дарахт, картон гузошта, бо чизхои дастрас (мас., тасма, руймол, дока, пораи матоъ) мебанданд. Сони зарардидаро барои тадкики рентгенологи ва расондани ёрии тибби ба духтурхона мебаранд. Дар вакти сармо задан ва аз моддахои химияви сухтан, пеш аз бастани чои зарардида, пустро бо пероксиди гидроген ё оби чушида мешуянд; хангоми аз чизхои тасфон сухтан, чои сухтаро бо латтаи дар спирт (арак) таркарда бастан лозим аст. Дар вакти ба чашм ягон чиз афтодан ё лат хурдан бо руймолча ва дасти ифлос молидани он чоиз нест.
Бемори ногахон аз хуш рафтаро ба пахлу ё пушт хобонда, сарашро яктарафа мекунанд (то ки вакти кай рохи нафас руст нашавад), либосхояшро мекашанд (дар ё тирезаро бояд кушод, ки хавои тоза дарояд). Дар мавриди беморихои шадиди узвхои чавфи шикам (аз он шикам сахт дард мекунад), беморро ором ва ба шикамаш ягон чизи хунук гузоштан лозим; ба у додани дорухои мусхил ё меъдаашро шустан манъ аст.
Дар хона, мошин ё кулвори сайёхи мавчуд будани дорукутти (он бояд барои хар бемори дору дошта бошад) ахамияти калон дорад.
Бо максади расондани Ё. а. ичрои баъзе тадбирхои оддитарин мухим аст. Маълум аст, ки баъди фавти одам узву бофтахо на якбора, балки тадричан мемиранд. Аз ин ру баъзе вазифахои он (аз чумла гардиши хун ва нафаскаши)-ро баркарор кардан имконпазир аст. Организмро, одатан, баъди катъи нафаскаши ва гардиши хун, яъне пас аз 4 – 6 дакикаи марги клиники метавон зинда кард. Пас аз марги клиники марги биологи фаро мерасад. Баъди он пурра баркарор кардани хаёт, аз чумла фаъолияти рухи, номумкин аст (гайри шахсони сармозада ё дар оби хунук гаркшуда). Зарбу лат, захролуди, сармою гармо задан, гарк гаштан, варами гулу, ба рохи нафас афтодани чисми бегона, катъ шудани нафас (дар натичаи задани чараёни электр), маризихои ногахони (сактаи дил, ихтилоли хунгардиши майна ва г.) метавонанд боиси марги клиники шаванд. Хангоми катъ гаштани нафас ва фаъолияти дил намуди зохири, тарзи чойгиршавии сар, дасту пой, бадан тагйир меёбанд (ин холат ба одами хобида хеч монанди надорад); кафаси сина бехаракат шуда, ранги руй ва гардан мепарад; гавхарак васеъ шуда, набз намезанад; гушро ба сари дил монем хам, таппиши он ношунавост. Дар ин холат аз паи аник кардани бемори нашуда, ёрии таъчили расондан лозим.
Барои баркарор кардани нафасгири аввал либосхои танг (галстук, тасма, куртаи таг ва г.)-ро кашида, гиребонро кушодан лозим аст. Агар дар дахони зарардида ягон монеаи нафасгири (луоб, лукмаи хурок, лахтаи хун, дандони сунъи ва г.) бошад, бо ангушт бояд берун кард.
То солхои наздик нафасдихии сунъие (усули Силвестр ва диг.), ки бо рохи харакат додани мушакхои даст, чанбари китф ва кафаси сина (мушакхои нафасгири) амали мегашт, маъмул буд. Вале бо ин тарзи нафасдихи ба шуш хамаги 300 см3 хаво медарояд, холо он ки барои зинда гардондани организм 800 см3 хаво лозим аст (одами солим оромона 600 – 700 см3 хаво нафас мегирад). Бинобар ин (агар асбобхои тибби набошанд) бо усули «дахон ба дахон» ё «дахон ба бини» нафаси сунъи медиханд. Хавое, ки бо ин усул ба рохи нафас меравад, барои зинда гардондани организм кифоя аст (зеро 16% оксиген дорад).
Сари зарардидаро хатталимкон ба акиб хам кардан лозим (бо ин максад ба зери китф болин ё либосашро тах карда мегузоранд), то ки хавои мефиристода ба меъда наравад. Мададгор аз як пахлуи зарардида истода, бо як даст бинии уро медорад ва бо дасти дигар манахро зер карда, дахонашро мекушояд; сипас нафаси чукур гирифта, дахонашро аз болои дока ба дахони зарардида мегузорад ва сахт пуф мекунад; баъд рост шуда, нафасбарории зарардидаро (бисёр суст аст) интизор мешавад (хангоми аз бини нафас додан, дахони зарардидаро бо кафи даст руст кардан лозим аст). Дар 1 дак. 12 – 15 маротиба бояд нафас дод. Дар аввал хавои хар «пуф»-и мададгор зуд ба шуши зарардида меравад, вале баъдтар (чун шуш пур мешавад) хаво мушкил ва кам ворид мегардад. Агар нафаси сунъи асар кунад, кафаси синаи зарардида васеъ шудан мегирад.
Дар сурати аз таппиш мондани дил кафаси синаро масх кардан лозим. Аз нафаси сунъи хун оксигеннок шуда, аз масх кардан дил ба кор медарояд ва оксигенро ба узвхои мухими инсон мебарад. Дар натичаи масх кори дил ва нафаскаши метавонад баркарор шавад.
Дилро чунин масх мекунанд: бо кафи даст сари дили зарардидаро сахт-сахт зер кардан лозим; аз фишорхурии сари дил хун ба шохраг ва шараёнхои шуш чори мешавад. То дафъаи дуюм фишор додан, дил боз хачми аввалаашро гирифта, бо хун пур мешавад. Баъди зер кардани сандуки сина хунро боз ба шохраг ва шараёнхои шуш равон мекунад. Хамин тавр, дилро ба таври сунъи ба харакат медароранд.
Зарардидаро ба ягон чои сахт (фарш, замин ва г.) хобондан лозим. Аз якбора ва вазнро партофта зер кардан, сандуки дил (як дастро руи дасти дигар мондан лозим) чанд сантиметр фишор меёбад ва дар натича дил дар байни сандуки сина ва сутунмухра тазик мехурад. Агар зарардида ба замин дароз кашида бошад, аз пахлу сари зону истода, сандуки дилро фишор медиханд (дар руи кат бошад, болои курсие баромадан лозим). Дар 1 дак. бояд 50 – 60 маротиба сандуки дилро фишор дод.
Фишор додани сандуки дил ва баъди хар 4 – 5 сон. 1 маротиба нафаси сунъи додан (аз дахон пуф кардан), бисёр вакт натичаи хуб медихад (гавхараки чашм хурд шуда, шараёни хоб ба таппиш медарояд, кабудии пуст кам мешавад). Ин амалиётро то мустакилона нафас гирифтани зарардида ва задани набз бояд давом дод. Ин кор кувваи зиёди чисмони ва рухи металабад, бинобар ин 3 наф. машгул шаванд, бехтар аст. Якбора хам аз дахон пуф кардану хам фишор додани сандуки дил чоиз нест, зеро шуш мекафад.
Азбаски устухони пиронсолон нисбатан мурд мебошад, барои нашикастани кабургахо сандуки дилро бояд боэхтиёт зер кард.
Ба харакат даровардани хун ва додани нафаси сунъи боиси мустакил нафас гирифтану кор кардани дил нашаванд хам, то омадани духтур холати беморро бехтар мегардонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …