Главная / Гуногун / «ЭХ, МЕДОНИ, У ЧИ ХЕЛ ОДАМ?»

«ЭХ, МЕДОНИ, У ЧИ ХЕЛ ОДАМ?»

Таътил сар шуду ба Набичон худо дод. Дар майдончаи   руи хавли, ки афтоби тобистон онро гуё зебу оро дода буд, аз субх то шом футболбози мекард. Вале як чизро хамеша карда исти ба дилат мезадааст. Ба обу арак чулида футбол бози кардан ба дили Набичон зад.

Карор дод, ки мехонад, вассалом. Ва хонд. Чи мегуед, ки  хондан хам ба дилаш зад. Як-ду руз хоб рафт. Хоб хам ба дилаш зад. Истода-истода дилаш дук-дук мезад. «Бас! – амр кард у ба худ. – Вакт тилло. Онро бехуда гузаронидан гунох». Чи кор кунад? Чизе гум кардаги барин менамуд. Харчанд, ки зур зада фикр кард, мурод ба даст наомад. Гамгин шуд. Рузи дигар беихтиёр китобро ба даст гирифту кушод. Ва хонд: «Гамро кор мекушад».

– Рост! – шодона нидо намуд у. – Кор мебояд.

Ва ин буд, ки андешаи ба ягон корхона рафта кор  карданро кард. Ба як тир ду нишон: Хам вакт ройгон намеравад, хам каме пул кор карда ба сару либоси худ сарф мекунад. Лекин дар интихоби чои кор дармонд. Дар шахри Душанбе чи бисёр корхона, кариб чорсадта! Ба кадомаш? Ва у ба хонаи амакаш Усмон Баротов, ки устоди иттиходияи тачрибавию истехсолии «Борчома» шуда кор мекунад, рафт. Амакаш чи хеле ки мегуянд, руи чомадон менишаст. Ба Таллин мепаридааст. Аз ин ру у бе мукаддима сари максад омад:

– Медони, рост ба корхонаи мо рав, – директорамон Кодиров Карим Собирович туро бечуну чаро кабул мекунад. Эх, медони, у чи хел  одам?

– Чи хел одам? – пурсид Набичон.

– Тилло, ха, тиллои тоза. Вакте ки у соли 1981 ба корхонаи шалаки мо директории генерали шуда омад, хеч кас бовари надошт, ки корхонаро аз ботлок кашида мебарорад. Лекин у аз рузхои аввал нишон дод, ки чунин кудрат дорад.

Ва Набичон рафт. Ба дари корхона расид. Мушт барин кампираке дид он чо нишаста. Чуроб мебофт у. Набичон гумон кард, ки у ба дарову баро парвое надорад. Вале хато кард. Кампирак сари рохашро гирифт.

– Ман директорро дидани, – гуфи Набичон ба кампирак, – он кас бисёр одами нагз мегуянд.

– О-о, Карим Собирович дар хакикат чони одам. Медони бо вучуди серкори ва хазору як ташвиш у хамеша табассумкунон ба ман салом медихад, ахвол мепурсад, хушгуи мекунад. Медони барои чи одами хуб аст.

– Не, намедонам.

– Барои он ки бомаърифат аст. Бисёр китоб мехонад. Касе, ки бо китоб дуст аст хайрхох, дилсоф, покиза, накукор, ором, пуртамкин, мехрубону боодоб аст. Оне, ки аз китоб дур аст, дагал, бадчахл, каммаданият ва хатто гапфурушу гайбатчи. Одаме, ки китоб намехонад, мисоли гурба аст.

– Чаро гурба? – хайрон шуд Набичон.

– Мегуянд, ки гурба хама рангхоро факат сиёху сафед мебинад. Хайр, даро, Карим Собирович холо дар хамин бино.

Набичон вориди корхона гашту сахне бидид каб-кабуд, гулу гулзор. Хусну чамоли гулистон мафтунаш кард. Нигохаш аввал ба дарахтони хусну тароват дошта андармон шуд. Сарахои ангур ба сони шаддахои акик назаррабои мекарданд. Аз тамоми долу дарахтон гуё шахду шакар мерехт. Бод шохи дарахтонро кохилона ба чунбиш меовард. Манзараи гулистон табъро хуш мекард. Бахри дилро мекушод. Набичон аз ин манзара чашм намеканд. Марде бар у гузар карду гуфт:

– Зебост-а?

– Ха, зебо, – тасдик намуд Набичон. – Бисёр зебо!

Дахони мард то баногушаш расида, дона-дона карда, гуфт:

– Ин чо пеш ботлоке буд бадбую серпашша. Карим Собирович гулу гулзор карданд.

«Тавба! – дар дил гуфт Набичон. – Дар забони хама Карим Собирович?! Гуё ки асал дошта бошад ин ном. Ё ягон балои худо бошад-ми? Ха, хамин хел барин. Ва онхо аз тарсашон уро таърифу тавсиф мекардагистанд. Ха, ха, аз тарс. Аз тарафи дигар у сардор. Сардор ин арбоб-дия. Шухи накун ба арбоб, арбоб занад ба хар боб».

Вай ба гулхои хархелаву ботароват дида духт. Чанд занбури асал болзанон аз гул ба гуле менишастанд. Буи гулхои навшукуфта форам ба машом мезад. Чашмаш ба зеботарин гулхои чахон – гули садбарг афтод. Бутаи садбарг гуё шох буду гулхои атрофаш хизматгорхояш. Донахои оби руи гулхои садбарг дар зери нурхои офтоб медурахшиданд. Вай ба гулхои зебо ва хушбуй менигаристу дар вучудаш як навъ шодию хурсандие эхё мешуд. Чун гулхо шукуфон  мегашт. Чехрааш, дилаш табассум мекард. Хавасаш рафту гули сурхи калоне биканд. Иттифоко дар ин дам марде хозир  шуд.

«Ух, худо зад! – тарсид Набичон. – Богбон будагист. Назанад-ку нагз».

Гурезам гуяд, пояш намечунбид. Вай  хис кард, ки сония ба сония тапиши дилаш зуртар мешавад. Гуп-гупи он гуё аз кафаси синааш берун меравад ва ба шитироси баргхо мепечад. Омада марде буд назарногир, миёнсол, миёнакад, муи сараш сап-сафед, либосхояш одиякак. Вай дар ру ба руяш карор гирифт. Ва хомушона ба вай чашм духт. Ба у чунин намуд, ки хатто шитирроси баргхо хам хомуш шуданд. Диккати Набичонро бештар чехраи банур ва чашмони дурахшони мард чалб мекарданд.

– Писарам, мебинам, ки гулро дуст медори, – хеле самимона гуфт марди омада. – Лекин дигар гулро канда хайф накун. Хар гул дар буттаи худ зебанда.

Вай шармид. Дандон сафед накарда, гунахкорона ба замин  нигарист. Хичолат ба авзояш давид. Лаб газид. Сурх шуд. «Чи кори нохуб кардам» –  дар дил худро нафрин кард у.

Мардак боз лаб ба сухан во намуд:

– Толстойи бузург фармуда: «Бузургтарин хушбахти бо табиат хамдил будан, бо вай хамсухбат шудану онро  фахмидан аст».

Набичон сар бардошт. Тез-тез мижа мезад.

– Маро бубахшед, – узр хост у, – дигар намеканам.

Мардак чун аз максади Набичон вокиф шуд дар лабонаш табассуми ширине дамид. Чашмонаш аз мехр барк заданд.

– Кори сара карди, – як даста муи сари болои абру афтодаашро ба тартиб оварда гуфт у. – Лекин корхонаи мо се сех дорад: табъ, куттихои картони ва когазхалта. Шунидан кай бувад монанди дидан. Бояд худат дида интихоб куни. Биё, ман ба ту сеххоро нишон медихам.

Харду пасу пеш сеххоро давр заданд. Вай гушу хуш шуда кушиш мекард, ки суханаш уро начакондаву нарезонда дар   хотир нигох дорад.

«Ох, ин богбон хама чизро медонистааст-ку!» – дар дил коил мешуд у. Сеххо бархаво, тозаю озода буданд. Онхо аз рохрав мерафтанд. Нурхои тафсони офтоб аз тиреза гузашта,  дар рохрав бози мекарданд. Коргарон ба у бо тавозуъ салом медоданд. «Ин богбон баобру будааст-ку!» – дар дил мегуфт у. Аз ру ба руяшон зани солхурдае баромад. Богбон дастонашро гирифа вохури кард, холу ахвол пурсид. Зан гуё, ки худи хамин хозир ягон чизи гаронбахои худро пайдо карда бошад, басе шодмон бигашт. Чехраашро табассум зеб медод. Суханони як вакт гуфтаи падараш ба ёдаш омаданд: «Одам бисёр кимат аст. Гапи нагз зани, забони хуш дихи, холу ахвол пурсида исти – рухаш баланд, гайраташ дучанд мешавад».

Онхо ба сахни корхона баромаданд. Богбон дар ру ба руи у истод.

– Чи тавр, корхонаамон ба ту маъкул аст? – пурсид у.

– Ин корхона не, ин олами афсона, – бо вачд мегуяд Набичон.

Богбон аз ин суханони у табассум мекунад ва мегуяд:

– Ана ин муболига, корхонаи мо як корхонаи одди. Хуш, писарам, кадом корро интихоб карди?

Набичон ба симои мехрубононаи богбон бо диккат, гуё аз он чизеро мекофта бошад, чашм духту чавоб дод:

– Ба рости хамаи корхои нишондодаатон чунон шавковар, намедонам кадомашро интихоб кунам. Мумкин ман то пагох фикр кунам.

– Мумкин, – табассум кард богбон, – чаро мумкин набудааст. Набошад пагох соати нухи сахар ман туро ана дар хамин чо интизор мешавам. Хуб? Лекин дер накун!

– Ха, ха, албатта, – гуфт Набичон ва суи баромадгох рох пеш гирифт.

Кампираки дарбон хандон пурсид:

– Хуш, диди Карим Собировичи моро?!

– Не, ман уро надидам.

– Чи хел надиди? О, хозир туро гусел кард-ку?!

– Наход? – чашмони Набичон калон кушода шуд. – Хамин мард Карим Собирович будаанд?

– Бале!

Набичон ангушти хайрат ба лаб бурд.

3 июни соли 1992

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …