Главная / Гуногун / ЭХЁ – Очерк

ЭХЁ – Очерк

– Оча?

Модар нигохашро аз берун канда ба духтараш нигарист. Духтараш бо чашм ба суи зане ишора кард. Модар ба он зан дида афканд. Ношинос. Китф ба хам кашид. Духтарак ба гуши модараш пичирос зад: «ба гушвораш нигар». Гушвори бону басо зебо буд. Ин хелашро у бори нахуст медид. Вай максади духтарашро фахмид. «Аз хамин гушвор мехохам».

– Хохарам, пурсидан айб нест, – ру овард модар ба он хонум, – Хамин гушворро аз кучо харидед?

– Нахаридам, апа. Фармоиш додам, сохтанд. Кафаси ном  дорад.

– Созондед? Дар кучо?

– Корхонаи «Ёкут». Ин дар бинои «Рембиттехника». Ба автобуси 13 шинеду ба махаллаи Авул равед…

Бо сокини шахри Душанбе Хайри Мансурова озими корхонаи «Ёкут» мегардем.

– Хуш, хизмат, холачон? – халимона мепурсад кабулкунандаи фармоиш Гулнора Саидова.

– Духтарам туи аруси дорад, – мегуяд Хайри-хола. – Як гушвор мехохам фармоям.

– Мархамат, – хуш  мепазирад таклифи модарро Гулнора. – Кадом намудашро мехохед?

– Кафаси. Лекин намудаш каме  дигар бошад. Мумкин?

– Ба чашм!

Инсон хамеша майли зебои дорад. Чаро ба ин чо наоянд? Меоянду бо чехраи хандон, калбашон пур аз фарах мерафтанд. Ман ба ошёнаи сеюм мебароям. Бо сарвари корхона Хусайн Нарзуллоев бевосита дар дафтари кориаш мусохиб шудам. Ин марди кордону батадбир ба хайси сармухандиси корхонаи «Рембиттехника» фаъолият меварзид. Кораш пешрав буд. Вале уро доим як андеша азоб  медод. Чаро мо точикон, ки таърихи чандинхазорсола дорем, натавонистем мероси худро хифз кунем? Аз тухмату бухтон, аз боду бурон, аз ягмогарон, аз бефархангон, аз чашми бади инсон?

– Медонед, якумаш бепарвои ва хунукназарии мо сабаб шуд. Мардум нони тайёр, оши тайёр, ашёи тайёр ёфта, форигбол шуданд. Дуюмаш – таклид. Пеш аз хама ба мардуми рус таклид намудем. Ха, дар «Калила ва Димна» хаст-ку. Бечора зог муддате аз акиби кабк бидавид ва рафтани у наомухта рафтори худ низ фаромуш кард.

Ду сол кабл Хусейн тасодуфан бо муйсафеде вохурд. Вай алафзори сари рохро об медод. Хамсухбат шуданд. Дунё дидаву суханоро буд у. Хусейн фахмид, ки муйсафед – Махсум Мирзоев сокини дехаи Киргизон буда, синнаш ба шасту ду расида бошад хам, дар лахзахои фориг аз кор ба заргари машгул аст.

– Бобои Махсум, агар мо коргохи заргари кушоем, шумо ба чавонон хунаратонро ёд медихед? – ногох мепурсад аз у Хусейн.

Бобои Махсум мехост «не» гуяду мачрои сухбатро тагйир дихад, аммо забонаш намегашт, кадом як неруе уро бозмедошт. Хол он ки ичрои коре, ки дар пеш меистод, бехад мехнатталаб буд.

– Шумо истехсоли кадом заргарихоро ба рох мондани? – пурсид бобои Махсум.

– Гушвор, чала, дастпона, хусни гардан, коштилло.

– Тамом?

– Эъ, не-е. Харчи халк фармояд.

– Оё ин сангин нест?

– Сангин! Лекин ман пушту панох дорам.

– Кист у?

– Президенти ширкати «Хизмат» Сайфиддин  Тураев.

– Шуд. Савол нест. Ман рози.

Мохи августи соли 1990 коргохи хурди «Ёкут» бунёд ёфт. Он як кисми бинои «Рембиттехника»-ро ба ичора гирифт. Нахуст бист нафар шомили коргох шуданд.

Руз аз руз теъдоди устохо афзуд. Онхо анъанахои заргарии ниёгонро аз худ намуданд. Ба ин васила муяссар шуд, ки аз нукраву тилло махсулоти заргарие бароранд, ки он дар асрхои XIII-XV маълум буд. Харчанде, ки ба онхо соли 1991 хамаги 1,5 килло тилло ва 20 килло нукра доданд, тавонистанд 721 хазор сумина махсулот бароранд. Дар шахрхои Кофарнихон, Кургонтеппа ва Хоруг филиалхои «Ёкут» ба фаъолият шуруъ карданд. Тибки суханони Нарзуллоев, он руз дур нест, ки дар Хучанд ва Кулоб хам филиали «Ёкут» созмон ёбад. Аз 1 январи соли 1992 корхонаи хурди «Ёкут» ба иттиходияи илмию тавлидоти «Ёкут» табдил дода шуд. Холо дар сехи асосии корхона 62 нафар устохои заргар машгули коранд. Дар «деги сех» 34 шогирд мечушад. Як далели мухимро бояд зикр намуд. Холо 17 нафар донишчуён дар факултаи заргарии Коллечи хизмати маишии Точикистон тахсил доранд. Баъди чанде заргарони маълумоти олидор нахустин шуда, дар Точикистон ба кор шуруъ хоханд кард. Бобои Махсум дар хучраи кори машгули офариниш буд. Усто моро ба нишастан даъват кард ва сухбати самимие огоз ёфт.

– Пеш вакт дар хамин дехаи хурдакаки мо устохои бисёре буданд, – бо таассуф накл мекунад усто бобои Махсум. – Устохои заргар, чубтарош, гилкор, чархгар, охангар. Хунармандон хочати мардумро мебароварданд. Лекин солхои 60-ум хамаи онхоро нест карданд. Ин фочиа буд. Ба худ меандешам, ки чаро чунин фочиа рух дод? Ба ин ва даххо саволхои дигар чавоб мечуям. Сад афсус, ки чунин фочиаро ба сари одамон одамон оварданд. Хикмати халки мегуяд, ки: «Заминро об вайрон мекунад, одамро одам». Коре кунем, ки ба сари мардуми мо дигар чунин фочиахо наояд.

Аз у суол кардам, ки дар рузгор чи камбудиву мушкилот доред, чи намерасад?

– Чавони, – посух дод у ва каф ба каф молида изхор дошт: – Эх, кош холо бист сол медоштам!

Вакте ки «Бахту саодати шумо дар чист?» – гуфта  пурсидам «ман си шогирд тарбия кардам, бахти ман хамин» гуфт.

Ба кори устохои собикадор Инон Ёкубов, Хасан Лутфуллоев, Мустафо Каримов, Мухаммад Гаффоров, Бахтиёр Рахимов зехн мемонам. Панч панчаашон – хунар. Нигохашон ором, чидди, хушёр. Чунин мепиндорам, ки инон дар баробари мо зохирнамои мекунанд, то чизе аз ранчи дарун нишон надиханд. Эшон хунархои ниёгонро, эхё менамоянд. Онхо гушворхои садбарг, тутти якчашма ва дучашма, муниса, кафаси меофаранд. Басо мехнати сангин аст ин! Вале мебинам, ки аз руяшон нур меборад ва гуфтаи хазрати Хайём ба ёд меояд:

       Аз ранч кашидан одами хур гардад,

       Катра чу кашад хабси садаф дурр гардад.

– Холо дар сехи мо панч зан кор мекунад. Дар радифи нахустинхо Рисолат Шомирзоева омад, ки пеш мухандиси фабрикаи пойафзол шуда кор мекард, – иброз дошт Хусейн Нарзуллоев.

– Зебои ва хохиши эхёи касби ниёгон маро ба ин даргох овард, – гуфт зимни сухбат Рисолат Шомирзоева. – Як сол кабл ба ин чо омада гушвор фармудам. Гушвораи ангурро усто Шомил Илдаров сохтанд. Гушворро ба гушам овехта ба оинаи баркад нигаристам. Аз шоди дар куртаам намегунчидам. Вале усто боз онро гирифта иловахо даровард.

– Усточон, охир он хело зебо, боз чи илова мекунед? – пурсидам хайрон шуда.

– Дил-дия, хохаракам. Дил каноат намекунад.

Сари мизаш рост истода, ба кораш чашм духта  дарёфтам, ки у ошики ин касб аст. Ха, танхо мухаббати бепоён нисбат ба касбу хунар инсонро ин кадар пурбардошту пухтакор мекунад. Хамон руз ба ин касб дил бохтам.

Мошин моро ба суи Кофарнихон мебарад. Рахорах Хусейн Нарзуллоев аз боби филиали кучаки нохия харф мезанад. Онро Зубайдулло Факиров ташкил карда будааст. Боре у ба дехаи нохияи Чиргатол рафта бо Саидшариф Рахматов ном чавоне вомехурад. Саидшариф ба Киргизистон рафта бо  киргиздухтаре издивоч мекунад. Ва дар хамон чо касби колинбофиро аз худ мекунад. Зубайдулло уро ба чону холаш намонда, ба Кофарнихон меорад. Бо ёрии у 5 дастгохи колинбофи месозонад ва филиали «Ёкут»-ро созмон медихад. Холо 54 нафар шомили ин коргох мебошанд. Аз инхо 32 нафар колинбоф ва 22 нафар заргаранд. Дастгоххои колинбофи хеле содаанд. Чун дастгоххои колинбофии муосир овози гушкаркунанда надоранд. Хаворо ифлос намекунанд.

– Оё ин касб дар байни халки точик нав аст? Не! – мегуяд Зубайдулло Факиров.

Бостоншиносон кайхо исбот карданд, ки касбу хунархои мардуми дар давлати Бохтар ба дарачаи хело аъло то асри мо омада мерасад.

Имруз, ки халк ба суи хунархои волои бобои ва фаъолияти фарди по мениханд, хар шахс мехохад, чон мекохонад, хунархои дасти рушду камол ёбанд.

– Колинхои шумо аз колинхои давлати чи бартари доранд?

– Онхо хеле бадошт ва зебоянд. Ба замми ин масолехи асосии он пасмондахои колинбофони Кайрокум ва махорати устохои мо асту халос. Дастгохи колинбофи низ одди ва ба хама дастрас мебошад.

– Кимати он чанд аст?

– Медонед, ачиб шуд. Мо ният доштем, ки онхоро 5 хазор суми фурушем. Вале харидороне пайдо шуданд, ки ба он 23 хазор сум нарх гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки фирмаи «Ёкут» танхо бо колинбофию заргари махдуд шудани нест. Онхо ният доранд, ки кашидадузи, сузандузи, хонакори ба рох монанд. Месазад, ки мо онхоро дастгири кунем, шароит фарохам орем.

Ру ба шахр меорем. Хусейн Нарузллоев банди андеша. Аз дакикахои аввали бо у ру ба ру шудан ман бо мароки зиёд мушохида мекардам, ки вай ба хама чиз диккаткорона менигарад. Муносибати вай бо хама багоят чиддист. Вай хамеша гарки хаёлу андеша аст.

– Бино даркор, – ох кашида мегуяд у. – Агар коркарди тиллоро хам ба мо месупориданд, нуран алонур мешуд.

– Аз ин зарар намебинед?

– Хеч гох! – вай ба ман чашм духт. – Огози кор нек аст. Ва агар ба мо чой диханду тилло, мо метавонем аз хар як грамм тилло ба чумхури 700-800 сум даромади соф биёрем. Аз як кило то хаштсад хазор сум! Чи тасодуфе, чи оламе, ки об дар кузаву мо ташналабон мегардем. Харзамон менолем, ки мо кашшокем.

– Чаро дар намекубед?

– Сад дар куфтем. Аз дар ронданд, аз тиреза даромадем. Гуё ба мо, 150 килло тилло ва 350 килло нукра чудо карданд. Вале то хол руи якгонтаашро  надидем. Боз дар куфтем. Вале чунин шуд, ки Соиби    ширинсухан гуфта:

        Имшаб ба киссаи дили ман гуш мекуни,

        Фардо маро чу кисса фаромуш мекуни.

Ба андеша меравам. Аё инсон! Чи коре карди ва чи коре хохи кард? Акаллан кори кучаке барои пешрафти миллат, маданият, маърифат, пешрафти аклу фаросат, пешрафти чомеа. Ва хар инсон агар хидмати кучаке ба кадри имкони худ бикунад, катра-катра дарё шавад. Хусейн Нарзуллоев як инсон аст! Ба мардум неки мехохад! Дасташ бигиред мардум. Шом болои сари шахриён чодар мекашад. Ва ман бо хавотир меандешам, ки: «Дасти у мегирифта бошанд?».

3 октябри соли 1992

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …