Бузургеро пурсидам дар маънии ин хадис, ки «Аъдо адувукка нафсука аллати байна чанбайка (душмантарини душманхоят нафси туст, ки дар синаи туст).
Гуфт:
– Ба хукми он ки хар он душманеро, ки бо вай эхсон куни, дуст гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш куни, мухолифат зиёдат кунад.
Фариштахуй шавад одами ба кам хурдан,
В-агар хурад чу бахоим, бияфтад у чу чамод,
Муроди хар ки барори, мутеи амри ту гашт.
Хилофи нафс ки фармон дихад, чу ёфт мурод.