Главная / Илм / Дуруди шариф – салавоти шарифа

Дуруди шариф – салавоти шарифа

Агар касе ин салавоти шарифро як бор бихонад, дар номаи аъмоли у савоби дувоздах хазор дурудро навишта мешавад. Ва хар толиби илме, ки пеш аз шуруъ кардани дарс ин салавотро бихонад, Аллох таоло ба суйи вай бо назари рахмат менигарад ва барои у оташи дузахро харом мегардонад. Ва агар касе, ки баъд аз намозхои фариза ин дурудро бихонад, Худованди таоло он бандаро аз дарёи рахмати Худ саршор хохад кард. Ва хамчунин як фариштаеро меофарад, ки он фаришта то замони киёмат барои он банда омурзиш мехохад. Худованди таоло хонандаи ин дурудро мол ва ризку умри бобаракат ато хохад кард. Ва калби он бандаро аз анвори илму хикмат ороста намуда, аз машаккати дунё дар амони Худ нигах медорад.

Ва агар касе дар шаби чумъа чихил бор ин дурудро хонда, бихобад, чамоли чахонорои Чаноби сарвари олам (с)- ро дар хоб хохад дид.

Агар касеро дар дил орзуву таманнои хубе бошад, пас аз намози хуфтан се маротиба сураи «Ихлос» ва се маротиба «Ояту-л-Курси» ва се маротиба сураи «Фотиха»-ро хонда, баъд аз он ин дуруди муборакро чихилу як бор бихонад, иншоаллох, ба максади худ хохад расид (ба шарте, ки барои нияти бад набошад).

Агар ин дуруди шарифро доимо вирди худ созед, бо анвори хикматхои Илохи ороста гашта, аз рохи суннати расулуллох, (с) набаромада, дар шумори яке аз дустдорони Расулуллох, (с) мансуб хохед шуд.[1] Салавот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало Мухаммадин-набиййи ва ало олихи ва сахбихи ва саллим. Суббухун Куддусун Раббуно ва Раббу-л-малоикати ва-р-рух. Рабби-гфир ва-рхам ва тачоваз аммо таъламу иннака Анта-л-Ааззу-л-Акрам.

[1] «Аллохиинг гузал исмлари ва исми аъзам». Сах. 649.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

botanika_6-

Обсабзхои сабзи якхучайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзхо гурухи калони растанихои дарачаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онхо реша, поя ва барги хакики …