Главная / Гуногун / Дуруд бар Мухаммад (Расулуллох САВ)

Дуруд бар Мухаммад (Расулуллох САВ)

Салавот боиси шафоат:  Расулуллох (с) фармуданд: «Хар кас бар ман чунин дуруд фиристад:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо саллайта ало Иброхима ва ало оли Иброхима иннака хамиду-м-Мачид. Ва борик ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо боракта ало Иброхима ва ало оли Иброхима иннака Хамиду-м-Мачид».

Тарчума: Худоё, дуруд бифирист бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи дуруд фиристодаи Ту бар Иброхим (а) ва бар оли Иброхим (а), ба дурусти ки Ту Сутудашуда ва Бузургвори. Ва баракат дех бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи баракат додаи Ту бар Иброхим (а) ва бар оли Иброхим (а), ба дурусти ки Ту Сутудашуда ва Бузургвори.

Дуруд бар Рассулилох

Пас ман дар рузи киёмат барои у шаходат дода ва шафоат хохам кард».[1]

*              *                *                   *                   *

Анас ибни Молик (раз) ривоят кунад аз он Хазрат (с), ки: «Хар ки хонад ин дурудро як бор, навишта кунад Худои таоло барои вай савоби хаччи макбул ва савоби касеро, ки озод кард бандаеро аз авлоди[2] Исмоил (а). Ва фармояд Худованди таоло: «Эй фариштагони Ман, ин бандаест аз бандагони Ман, ки бисёр хондааст дурудро бар Хабиби Ман – Мухаммад (с), пас, савганд аст бар иззати Ман ва чуди Ман ва чалоли Ман ва бузургии Ман ва иртифои Ман, ки албатта, бидихам вайро ба хар харфе, ки дуруд хонд бар Хабиби Ман – Мухаммад (с), кушке дар бихишт ва албатта, биёяд назди Ман дар рузи киёмат дар зери Ливои Хамд ва нури руяш монанди махтоби шаби чахордахум бошад ва дасти вай дар дасти Хабиби Ман бошад». Ин барои касест, ки хонад ин дурудро дар хар руз, ё дар хар шаб, ё дар шаби чумъа, ё дар рузи чумъа ва барои вай аст ин фазилат. Ва Худо Сохиби Фазли азим аст. Дуруд ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин хайри-л-халоики ва афзали-л-башари ва шафеъи-л-уммати явма-л-махшари ва ало оли сайидино Мухаммадин би адади кулли маълумотика ва салли ало чамеъи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва ала-л-малоикати-л-мукаррабина ва ало ибодиллохи-с-солихин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Ва хар ки бихонад ин салавотро, то охири умр пок шавад аз гунохони худ монанди рузе, ки зоида буд вайро модараш ва берун равад аз дунё бо имон ва барангезонида шавад бо шухадо».

[1] Ин хадисро Табарони ривоят кардааст.

[2] Авлод – фарзандон.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …